Принт

Хуршеди гумрукро қапиданд

Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар дар вил.Хатлон дар соҳаи нақлиёт Хуршед Ашӯров (писари Кӯлобӣ Ашӯров, собиқ муовини сардори раёсати ВКД дар вил.Хатлон), подполковники бахши гумруки фурӯдгоҳи байналмилалии ш.Қурғонтеппаро, ки бе қайди давлатӣ тиҷорати компютерҳоро ба роҳ мондааст, боздошт кардааст. Ин манбаъ ба хабарнигори СССР гуфт, ки зидди Хуршед тибқи моддаи 316-и Кодекси ҷиноии ҶТ, яъне баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад. Эҳтимол аст, нисбати ӯ боз тибқи 1 моддаи дигари ҳамин кодекс парванда боз шавад. Ин манбаъ моддаи дувумеро, ки Хуршед муттаҳам дониста мешавда, то анҷоми тафтишот зикр накард, вале гуфт, ки ӯ муддати 1 сол бе сабти расмӣ аз хориҷи кишвар маҳсулоти техникӣ-компиютеру қисмҳои онҳоро ворид мекардааст.

Баҳодур Уроқов

СССР, Қӯрғонтеппа

 

Матлабҳои дигар