ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Сен 28 2016

Императории шарр

Дар солҳои “ҷанги сард” нерӯҳои стратегии атомии ИМА ва СССР ҳамеша дар ҳолати омодабоши комили ҷангӣ қарор доштанд. Моҳи сентябри соли 1983 ҷанги атомӣ миёни ин 2 кишвар қариб ба вуқӯъ мепайваст. Дар яке аз ин ҳолатҳо, ки шаби 26.09.1983 сар зад, полковник Станислав Евграфович Петров-сардори маҳаллии фармондеҳии марказии системаи огоҳкунӣ аз ҳуҷуми мушакии шӯравӣ, ки дар шаҳраки ҳарбии “Серпухов-15” воқеъ шуда буд, ҷанги ҷаҳонии атомиро миёни 2 кишвар пешгирӣ кард

Душанбе, Сен 26 2016

С.4

14.05.1955 Иттиҳоди Шӯравӣ, Албания, Болгария, Венгрия, Олмони Демократи (ГДР), Полша, Руминия ва Чехословакия дар пойтахти Полша-шаҳри Варшава созишномаи ҳарбиро ба имзо расониданд, ки дар таърихнигории муосир бо номи Созишномаи Варшава (СВ) маъруф аст. Инчунин Ташкилоти созишномаи Варшава таъсис дода шуд, ки барои 36 сол ҷаҳонро ба ҷаҳони 2-қутба табдил дод.

Ҷумъа, Авг 26 2016

13.08.2016 мардуми Ҷумҳурии Куба, ки дар қисмати болооби баҳри Кариб ҷойгир аст, зодрӯзи қумандони овозадори Ҷазираи Озодии Амрикои лотиниро бо тантана ҷашн гирифт. Ба ин муносибат, бо ташаббуси писараш Алекс Кастрои суратгир, дар шаҳри Гавана намоишгоҳи бузурге ташкил шуда, дар он аз сарчашмаҳои гуногун расму сару либос ва дигар анҷоми Фидел Алехандро Кастро Рус машҳур бо номи қумандон Фидел Кастро ба намоиш гузошта шуд.

Ҷумъа, Авг 12 2016



Дӯсти бузурги СССР
Арманд Хаммер яҳудитаборро бешак метавон беҳтарин дӯсти СССР гуфт. Ӯ 2 ақидаи зоҳиран бо ҳам зид-капитализм ва марксизмро дар худ 1 кард. Хаммер аз сӯе яке аз доротарин шаҳрвандони ИМА ва аз сӯи дигар марксисти қавиэътиқоде будӣ. Ӯ ба таъбири баъзе аз муаррихин 2 бор таваллуд шуд. Бори аввал соли 1898 дар оилаи яҳудиёни муҳоҷири одессагӣ дар ИМА ва бори 2-ум соли 1921 дар утоқи кории Владимир Ленин дар Кремли Маскав. Ин тоҷири капиталист дар симои хӯҷаинони нави Кремл беҳтарин ва содиқтарин ҳамкоронро ёфт.

Чоршанбе, Авг 03 2016

"Ҷанги бузург"

1.08.1914 Олмони кайзерӣ бо Русия эълони ҷанг кард. Ҷанге, ки билохира сари ин 2 кишварро хӯрд ва чун яке аз бузургтарин хунрезиҳо дар таърихи инсоният барои ҳамеша сабт шуд. Ҷанги ҷаҳонии 1 аз васеъмиқёстарин ва хунинтарин даргириҳои мусаллаҳона дар таърихи башарият аст. Ибораи ҷанги ҷаҳонии аввал (ҶҶА) танҳо баъди оғози Ҷанги ҷаҳонии 2 дар таърихнигорӣ мавриди истифода қарор гирифт. То ин вақт ҶҶАро дар Аврупо "Ҷанги бузург" меномиданд ва дар таърихнигории СССР бошад аз он ҳамеша чун "ҷанги империалистӣ" ном мебурданд.

Чоршанбе, Июл 27 2016

Фюрери баландиқбол

20.07.1944 дар қароргоҳи Фюрери олмонӣ, ки бо “Хонаи гург” маъруф буд, аз ҳама суиқасди маъруф ба ҷони Гитлер ба вуқуъ пайваст. Полковники ситоди нерӯҳои захиравии артиши пиёданизом, граф Клаус Шенк фон Штауффенберг ва ноиби ӯ обер-лейтенант Вернер фон Хефтен ба ҷони сарфармондеҳи олии худ суиқасд карданд. Дар арафаи с.1944 қисмате аз генералҳои немис ва афсарони олирутбаи артиш шикасти яқини Олмонро дар ҷанг пешбинӣ намуда, ба хотири нигаҳдории Рейхи 3 аз шикасти дар пеш истода бо ҳам забон 1 карданд то Гитлерро нобуд кунанд ва бо кишварҳои ғарбӣ сулҳи сепаратиро ба имзо расонанд.

саҳ 29 аз 33

Китобҳо

Flag Counter