ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июл 31 2019

Ин матлаб тибқи хоҳиши 1 нафар капитани БДА ҶТ омода шуд...

Пайрави Гегел

Карл Маркс яке аз файласуфон ва мутафаккирони барҷастаи қарни XIX таъсири фаровон дар зиндагии теъдоди зиёде аз мардуми дунё дошт. Аз ҷумла, мо-тоҷикон 70 сол тобеъи ақидаи Ӯ қарор доштем. Мегӯянд, Отто фон Бисмарк-канслери Олмон дар мавриди Маркс гуфта буд: "Ин ҳисобдор (бухгалтер) ҳоло дунёро ба гиристан вомедорад".

Карл Генрих Маркс 5.05.1818 дар шаҳри Трири Олмон ба дунё омада, падараш аз яҳутаборони украинӣ буд ва аҷдодаш замони малика Мария Тереза ба Трир кӯч бастанд. Падараш ҳуқушинос буд ва барои аз даст надодани кору вазифа с.1824 ба дини масеҳият гаравид ва Карлро ҳам масеҳӣ кард. Карл с.1835 ба Донишгоҳи ш.Бон дохил шуда, ба омӯхтани ҳуқуқ оғоз кард. Маҳз дар ин айём дили духтари яке аз баронҳои немисро тасхир ва бо Женни фон Вестфален издивоҷ кард. Ҳини донишҷӯӣ дар Донишгоҳ ба романтизм ва сотсиализми Сен-Симон ошно шуд. Баъди чанде бо хоҳиши падар Донишгоҳро тарк карда, шомили Донишгоҳи пурнуфузи Берлин ва ба фалсафаи Гегелу Фейрбах ошно шуд ва дигар аз ақоиди ин 2 файласуф пайравӣ мекард. С.1839 аввалин кори илмии ҷиддии худро бобати таърихи фалсафаи эпикурӣ ва скептик навишта, баъди 2 сол, замоне ҳанӯз ба синни 30 нарасида буд, пеш аз мӯҳлат имтиҳоноти худро супорида, кори докториро муҳофизат ва Донишгоҳро хатм мекунад.

Журналист

Баъди хатм мехост ба ҳайси омӯзгор дар Донишгоҳ фаъолият кунад, лек ҳаводиси баъдӣ ба ин нияти ӯ монеъ шуданд. С.1842 ба ҳайси журналист дар "Rheinische Zeitung" (“Газетаи Рейн”) ба кор пардохт. Рӯзнома аз манофеи буржуйҳо ва гегелчиёни чапгаро дифоъ мекард. Мутаассифона, бештари мақолаҳои ӯ зери сензураи сахт ба чоп намерасиданд ё нопурра чоп мешуданд.

Чоршанбе, Июл 24 2019

20.07.1944 дар қароргоҳи Адолф Гитлер, ки бо “Хонаи гург” маъруф буд, аз ҳама суиқасди маъруф ба ҷони ӯ ба вуқӯъ пайваст. Полковники ситоди нерӯҳои захиравии артиши пиёданизом граф Клаус Шенк фон Штауффенберг ва ҷонишини ӯ обер-лейтенант Вернер фон Хефтен ба ҷони сарфармондеҳи олии худ суиқасд намуданд. Бори аввал онҳо ният доштанд 6 июл амалиётро доир кунанд. Дар ин рӯз бомби тайёркардаро ба қароргоҳи Гитлер оварданд, лек ӯ дар вақти муайяншуда ба машварат ҳозир нашуд. Кӯшиши дуввум, 15 июл мебоист иттифоқ меуфтод. Клаус дар “Хонаи гург” маърузаашро ба охир расонид. 1 соат пеш аз машварати фюрер суиқасдчиён фармони амалиёти Валкирияро содир карданд, аммо ин бор низ кӯшиш бе натиҷа анҷом ёфт. Клаус баъди маъруза барои тамос бо Олбрихт берун рафт ва вақте баргашт Гитлер дар толор набуд ва боз ногаҳонӣ машваратро тарк кард. Клаус фавран Олбрихтро аз қазия огоҳ кард ва фармони амалиёт бекор карда шуд. Ахир ба суиқасдчиён аён шуд, ки 20 июл дар қароргоҳи "Хонаи гург" машварати навбатӣ бо Фюрер баргузор мегардад. Фон Тресков ва афсари зертобеи ӯ майёр Иоахим Кун бомбҳоро омода карданд ва Клаус расониданд. Таркиши 2 бомб дар бинои маҳкам, ки аз 2 кг маводи тарканда иборат буд, ба Фюрер ҳеҷ умед боқӣ намегузошт. Дар қароргоҳи ӯ Клауси маъюб тавонист бо дасти чапи нисбатан солим танҳо қисмати таркандаи 1 бомбро ба кор дарорад. Гарчи таркиши 1 бомб бомби 2-умро низ ба кор медаровард, лек Клаус бо сабабҳои ноаён онро аз кифаш берун овард. Маҳз ин сабаби наҷоти ҷони Гитлер гашт.Дар ин машварат масъалаи мусаллаҳгардонии “ихтиёриёни халқӣ” баррасӣ мешуд ва Клаус бе восита бо таъсиси ин нерӯҳо машғул буд. Бо ҳамроҳии Клаус ба қароргоҳ инчунин сардори алоқаи артиши олмонӣ генерал Фелгибел ва обер лейтенант Хефтер, ки ҳар 2 шомили ташкилоти суиқасдчиён буданд, ҳозир шуданд.

Чоршанбе, Июл 17 2019

 

Бузургтарин набарди тонкӣ

12.07.1943 дар рафти муҳорибаи Курск, дар назди деҳаи хурди Прохоровка бузургтарин набарди тонкии ҷанги ҷаҳонии 2 ба вуқӯъ пайваст. Худи ин ҳарб яке аз муҳорибаҳои бузурги ҶБВ буда, 5.07.1943 оғоз шуда, то 23 август идома ёфт. Ин ҷанг дар таърихнигории шӯравӣ маъруф аст ва онро муҳорибае, ки ба куллӣ вазъияти ҷангро тағйир дод, ном мебаранд. Аз ҳар 2 тараф дар он 4 млн аскар, 69.000 тӯп, 13.000 тонк ва 12.000 тайёра ширкат варзиданд. Ба андешаи муаррихони немис, тобистони с.1943 ба Фюрер бори охирин муяссар шуд, дар Фронти шарқӣ ҳамаи нерӯҳояшро дар 1 мушти зарбазан ҷамъ орад. Он шабу рӯз дар ғарби Рейхи 3-ум вазъият муташанниҷ шуд. Нерӯҳои олмонӣ дар Африқои шимолӣ чун ҳеҷ кумаке аз Олмон намеёфтанд, тобистони с.1943 ба амрикоиҳо таслим шуданд ва нерӯҳои амрикоӣ-инглисӣ ба Итолиё таҳдид мекарданд. Сабаби дигаре низ вуҷуд дошт ва Гитлерро бисёр хавотир намуда буд. Баъд аз пирӯзӣ дар Сталинград Артиши Сурх (АС) нерӯи азиме пайдо карда буд ва Сталин ба ҳуҷуми навбатӣ тайёрӣ медид. Тибқи маълумоти немисҳо ин ҳуҷум маҳз дар наздикиҳои Курск бояд сар мешуд. Гитлер метарсид, ки ҳуҷуми ногаҳонии АС метавонад мисли тарма ҳама чизро аз сари роҳ бардорад. Лиҳозо, дар Берлин қарор доданд, барои пешгирии ҳуҷум худашон амалиёти таҳоҷумӣ гузаронанд ва аввалин шуда, зарба зананд. Амалиёти немисҳо дар ҳоли пиёда мешуд, ки нерӯҳояшон аз АС 3 баробар камтар буданд. Бо вуҷуди ин Фюрер ба амалиёт розӣ шуд. Гитлер ният дошт бо тонкҳои наваш хатти фронтро рахна кунад. Тонкҳои немисии "Паланг" (Тигр) ва "Юзпаланг" (Пантера) он шабу рӯз нерӯи азиме буданд. Дар Курск беҳтарин ва яккачинтарин қисмҳои тонкии олмонӣ, мисли дивизияҳои тонкии СС "Викинг", корпуси 2-уми тонкии СС ширкат варзиданд ва бештари тонкҳои нав низ дар ин қисмҳо тақсим гардида буд. 

Чоршанбе, Июл 10 2019

 

Аз масъули саҳифа: Ин матлаб бо дархости хонандаи СССР-Ҷоншоев Бунёд, омӯзгори Гимназияи №1-и н.Дӯстӣ пешкаши хонандагон мегардад...

Сиёсати шарқӣ ё "Ostraum"

Усулҳои умумии сиёсати миллигароёни олмонӣ нисбати СССР ва халқҳои маскуни он, ҳанӯз дар солҳои 1920-30 муайян шуда буданд. Тибқи ин усулҳо СССР ба сифати мустамликаи олмонӣ таҳти унвони "Ostraum" матраҳ мешуд. Баъди сари қудрат омадани фашистон дар с.1933 "сиёсати шарқӣ” ба яке аз асоситарин самтҳои сиёсати давлатии Рейхи 3-ум табдил ёфта, дар Олмон марказҳои зиёди илмӣ таъсис дода шуданд, ки муносибатҳои қавмӣ ва сиёсати миллии ҳукумати СССРро мавриди омӯзиш қарор доданд. Дар авохири майи с.1941 вазорати таблиғоти Рейхи 3-ум ҳуҷҷатеро бо номи "Иқдомоти пешгирона зидди Русия" тартиб дод. Тибқи ин ҳуҷҷат, ба артиши олмонӣ дастур дода шуд ҳамвора таъкид кунанд, ки душмани Олмон халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ нестанд ва немисҳо барои озод кардани онҳо аз юғи болшевикон ба Русия қадам ранҷа кардаанд. Тибқи сиёсати шарқии Рейхи 3-ум, дар ҳудуди ҷамоҳири Осиёимиёнагии СССР мебоист рейхскомиссариати "Туркистон" таъсис дода мешуд. Албатта дар оғоз Фюрер ва дову дастааш ҳамкорӣ бо мардуми таркнажоди СССРро пешбинӣ накарда буданд. Чун туркон мардуми "ғайриориёӣ" маҳсуб меёфтанд, мебоист барои нозиҳо хизмат мекарданд. Лек баъди шикасти олмониҳо дар назди Маскав ва ҳуҷуми зимистонаи Артиши Сурх сиёсати Фюрер нисбат ба ақвоми таҳҷоии СССР тағйир кард. Немисҳо дарк карданд, "блитскриг" ба нокомӣ дучор шуд ва ҷанг зидди СССР тӯлонӣ хоҳад буд. Аз ин лаҳза, давраи нави сиёсати олмонӣ нисбати миллатҳои СССР оғоз шуд. Фармондеҳии олии Вермахт қарор дод, дар ҳайъати артиши олмонӣ дастаҳои мусаллаҳи хориҷиро аз ҳисоби қавму миллатҳои ғайрирус таъсис диҳад. Ин дастаҳо мебоист таҳти фармони афсарони немис меҷангиданд, то талафоти низомиёни олмониро камтар кунанд.

Чоршанбе, Июл 03 2019

Оғози раванди сулҳ

27 июн дар кишвари мо чун Рӯзи ваҳдати миллӣ ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ин рӯз, 22 сол қабл тарафҳои даргири ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бо миёнҷигарии СММ дар пойтахти Русия созишномаи сулҳро ба имзо расониданд ва ба ҷанги хонумонсӯзи 5-сола хотима доданд. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз воқеаҳои мудҳиш дар таърихи кишвари тоза ба истиқлол расидаи мост ва тибқи омори расмӣ беш аз 150.000 кушта ва ҳазорон тани дигар бе ному нишон шуданд. Аз с.1998 ин рӯз чун ҷашни давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва бо қарори Парлумони миллӣ рӯзи истироҳат эълон шудааст. Ба имзо расонидани чунин созишнома, он ҳам баъди қатлу куштори 5-сола ва ҳиҷрати зиёди мардум ба Афғонистон кори содае набуд. Бо вуҷуди ин, сарони ҳукумат ва мухолифин тавонистанд кинаҳоро канор гузоранду ба созиш бирасанд. Гуфтугӯҳои тарафайн аз апрели с.1994 оғоз шуданд. Майи с.1995 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари нерӯҳои мухолифин Сайид Абуллоҳи Нурӣ дар Кобул бо ҳам дидор намуданд ва раванди сулҳ оғоз шуд. Дар дидори аввал, тарафайн созишномаи оташбасро боз ба муҳлати 3 моҳ дароз намуданд. Дар маҷмӯъ то имзои созишнома ҳукумат ва мухолифин 9 бор бо ҳам дидор намуданд. Яке аз дидорҳои муҳим, декабри с.1996 боз ҳам дар Маскав ба вуқуъ пайваст. Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ санади воридшавии мухолифин ба ҳукуматро имзо карданд. Тибқи санад 4498 размандаи мухолифин вориди сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва 5377 тани дигар авфи мутлақ мешуданд. 

Комиссияи муштарак

Барои пиёда кардани Созишномаи сулҳ тарафҳо дар дидори 9-ум комиссияи муштараке созмон доданд, ки Комиссияи Оштии Миллӣ ном гирифта, дар раванди пиёда кардани сулҳ нақши бориз дошт. КОМ аз 26 нафар иборат ёфта буд, ки 13 тан намояндаи мухолифин ва 13 кас намояндаи ҳукумат буданд.

Чоршанбе, Июн 26 2019

Барбаросса

«Барбаросса» (ба хотири императори германиҳо Фридрих Барбаросса) маҳз чунин унвон гирифт амалиёте, ки бо он Олмони фашистӣ чун одати ҳамешагӣ бе эълони ҷанг ба СССР ҳамла кард. Банақшагирии амалиёт 21.07.1940 оғоз ёфт. Лоиҳаи амалиёт, ки зери роҳбарии генерал Ф.Паулюс кашида шуда буд, 18.12.1940 бо директиваи №21-и Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Олмон (Вермахт) тасдиқ карда шуд. Умуман, қарори ҳамла ба СССР ва нақшаи умумии амалиёти ояндаро Фюрери олмонӣ пас аз ғалаба бар Фаронса 31.07.1940 ба генералҳои худ иброз кард: “Умеди Англия танҳо Русия ва Амрикост. Агар умед ба Русия барбод равад Америка низ аз Англия даст мекашад, чун торумори Русия ба пурзӯршавии Япония дар Шарқи Дур меорад. Агар Русия торумор шавад Англия охирин умеди худро аз даст медиҳад. Он вақт дар Аврупо ва дар Балкан мо ҳукмронӣ хоҳем кард. Дар натиҷа Русия бояд аз байн бурда шавад. Муддат: баҳори соли 1941. Ҳар чи зудтар Русияро торумор кунем барои мо беҳтар. Амалиёт танҳо вақте маъно пайдо мекунад ва натиҷа медиҳад, агар мо бо 1 зарбаи тезу пурзӯр тамоми давлатро аз байн бибарем”.Тибқи нақшаи амалиёт қисми асосии артиши шӯравӣ мебоист дар ғарбтари дарёҳои Днепр ва Двинаи Ғарбӣ торумор шуда, ақибнишинии онҳо ба шарқи кишвар бояд пешгирӣ карда мешуд. Дар рӯзи 8-уми амалиёт артиши олмонӣ бояд ба мавзеи Каунас, Барановичи, Лвов ва Могилев-Подольский мерасид. Дар рӯзи 20-уми амалиёт немисҳо мебоист ба соҳилҳои Днепр баромада, мавзеҳои Мозир, Рогачев, Орша, Витебск ва Великие Лукиро ишғол мекарданд. Баъди ин дар амалиёт таваққуфи 20-рӯза эълон карда мешуд, то нерӯҳо аз нав ҷо ба ҷо карда шаванд, аскарон дам гиранд ва базаҳои таъминотии нав ташкил карда шаванд. Дар рӯзи 40-уми ҷанг бошад, тибқи нақша марҳилаи 2-уми амалиёт сар мешуд. Дар ин давра немисҳо бояд Москва, Ленинград ва Донбасро ишғол карда, диққати хос ба ишғоли Маскав дода мешуд. Фармондеҳии олмонӣ гумон доштанд, Артиши Сурх (АС) барои ҳимояи Маскав кулли қувваҳои боқимондаи худро дар ин самт ҷамъ меорад ва ин ба немисҳо имконият медиҳад, ки дар 1 зарба онҳоро торумор кунанд.

саҳ 2 аз 31

Китобҳо

Flag Counter