ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Май 10 2018



Амалиёти Берлин
9 май яке аз ҷашнҳои бисёр пуршукӯҳ дар собиқ СССР ба шумор мерафт ва имрӯз низ дар аксари кишварҳои Иттиҳоди собиқ онро чун рӯзи ғалаба бар Олмони гитлерӣ чун иди шарафу номус  васеъ ҷашн мегиранд. Заминасози ин рӯз амалиёти берлинии Артиши Сурх буд, ки 23 рӯз аз 16 апрел то 8.05.1945 идома ёфт ва чун бузургтарин муҳорибаи ҷанги ҷаҳонии 2 ба китоби Гиннес ворид шуд. Дар амалиёти Берлин аз 2 ҷониб зиёда аз 3,5 млн сарбоз, 52.000 тӯп ва миномёт, 7750 тонк ва 11 000 ҳавопаймо ширкат доштанд. Дар натиҷа Артиши Сурх ба масофаи 100 то 220 км ба ғарб пешравӣ ва пойтахти Олмонро ишғол намуд.

Пирӯзӣ ё Сибир
Гитлер мехост бо ҳар васила Артиши Сурхро аз пешравӣ боз дорад ва бо англисҳову америкоиҳо сулҳи сепаратӣ бандад.

Панҷшанбе, Май 03 2018


1 май дар замони собиқ СССР чун Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон ҳамасола бо тантанаҳои зиёд ҷашн гирифта мешуд. Мардуми зиёд бо шиорҳои гуногун дар бештари шаҳрҳои собиқ Иттиҳод ба кӯчаҳо рехта, роҳпаймоиҳо доир мекарданд. 1 май имрӯз низ дар бештари ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, албатта бо номҳои гуногун ҷашн гирифта мешавад. Дар Руссия ва Тоҷикистон онро чун Иди Баҳор ва Меҳнат, дар Қазоқистон чун Иди якдилии халқҳои Қазоқистон, дар Белорус ва Қирғизистон чун Рӯзи Меҳнат ҷашн мегиранд. Умуман, дар собиқ СССР 1 май пеш аз ҳама иди коргарон маҳсуб меёфт ва таърихи пайдоиши он низ ба ҳаракати коргарӣ рабти бевосита дошт.
Ошӯби Хеймаркет Иди 1 май дар шакли имрӯзаи худ дар нимаи қарни XIX дар ҳаракати коргарӣ арзи вуҷуд пайдо кард. Асоситарин талаби коргарон дар он шабу рӯз ҷорӣ кардани рӯзи кории 8-соата буд ва маҳз ин талаб заминасози ояндаи иде ба номи 1 май шуд.

Панҷшанбе, Май 03 2018

Посух ба Мирзоамин Аминов аз деҳаи Искандаркӯли н.Айнӣ, ки дар шумораи гузаштаи СССР мепурсид, “бурду бохти инқилоби Октябрии с.1917 ва ин, ки Инқилоб ба мо чӣ дод?” бинависем.

Ҳар инқилоб ҷанбаи манфиву мусбати худро дорад ва дар ин раванд инқилоби Октябрии с.1917 ҳам истисно нест. Аз сӯе ҳар инқилоб албатта сабабҳои воқеии худро дорад ва агар ин иллатҳо мавҷуд набошанд, инқилобе ҳам ба вуҷуд нахоҳад омад. Инқилоби Октябрии Руссия ҳам сабабҳои воқеии худро дошт, ки феврали с.1917 оғоз гардид ва Октябр идомаи инқилоби февралӣ буд. Болшевикон аз ҳама беҳтар тавонистанд шароити сиёсии онрӯзаро дарк кунанд ва билохира мардум аз онҳо ҷонибдорӣ кард.

Панҷшанбе, Апр 26 2018


Аз ҳуқуқшинос то инқилобӣ
Владимир Улянов Ленин яке аз барҷастатарин сиёсатмадорон ва ходими давлатии шӯравӣ дар қарни ХХ аст. Ленин инчунин поярези марксизм-ленинизм буда, аввалин ҳизби коммунистиро дар Руссия роҳандозӣ кардааст. Ленин 22.04.1922 дар ш.Симбирски Руссия, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омад. Падараш бозраси мактабҳои халқӣ буду модараш низ зани таҳсилкарда. Владимир солҳои 1879-1887 дар гимназияи Симбирск таҳсил ва онро бо медали тилло хатм кард. Лаҳзаи тақдирсоз дар зиндагии ӯ с.1887 шуд. Дар ин сол ҳукумати вақт бародари бузурги Ленин Александрро барои ширкат дар қатли император Александри III ба қатл маҳкум кард. Марги бародар таъсире сахте дар Владимири ҷавон гузошт ва роҳи ояндаи ӯро муайян кард. Соли 1887 ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Қазон дохил шуд, аммо бо сабаби ширкат дар тазоҳуроти донишҷӯён баъди 1 сол аз Донишгоҳ хориҷ карда шуд. Соли 1888 оилаи Уляновҳо ба Самара кӯчиданд ва маҳз дар ин шаҳр ошноии ӯ бо адабиёти марксистӣ иттифоқ уфтод. Баъди чанде ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи Санкт-Петербург супорида, с.1891 ба таври экстернӣ факултаи ҳуқуқшиносии онро хатм мекунад.

Панҷшанбе, Апр 26 2018


Поягузори Рейхи саввум Адолф Гитлер 20.04.1889 дар шаҳраки Браунау-ам-Инн, ки дар марзи Олмон ва Австрия қарор дошт, ба дунё омад. Падари Гитлер Алоис Шиклгрубер мӯзадӯзӣ мекард ва тибқи баъзе маълумот чанде қабл аз таваллуди Фюрери олмонӣ, насабашро иваз ва фомили Гитлерро барои худ ихтиёр кард. Баъзе аз муаррихон бар инанд, ки агар падари ӯ исми фомилашро иваз намекард, қисмати Адолфи ҷавон ҳам комилан дигар мешуд. Он вақт мардум мебоист ба ҷои "Хайл Гитлер", "Хайл Шиклгрубер" фарёд мекашиданд. Ӯ с.1905 дар ш.Линц мактаби миёнаро хатм кард ва мехост рассом шавад. Бо ин мақсад озими ш.Вена-пойтахти Австрия шуда, ҳуҷҷатҳояшро ба Академияи санъат супорид, аммо дар имтиҳони вурудӣ муваффақ нашуд.

Чоршанбе, Апр 18 2018


Нақши Георгий Василевич Чичерин дар тақсими миллӣ-маҳаллии Осиёи Миёна калон аст. Болшевикон дар қатори тақсимоти миллӣ, инчунин тақсимоти иқтисодиро низ дар назар гирифта буданд ва тибқи назарияи дуввум дар ОМ мебоист 2 ҷумҳурии аз нигоҳи иқтисодӣ пурзӯр таъсис дода мешуд. Чичерин дар ҳамкорӣ бо ховаршиносони маъруфи рус лоиҳаи мустақими худро ба Бюрои сиёсӣ пешниҳод кард. Тибқи лоиҳаи ӯ, ки бар асли тақсими иқтисодии ОМ барпо гашта буд, дар ҳудуди собиқ аморати Бухоро ва қисмате аз хонигарии Қӯқанд мебоист РСС Тоҷикистон таъсис меёфт. Мутаассифона, дар Маскав ба ин лоиҳа ризоият надоданд ва он танҳо дар коғаз боқӣ монд. Муносибати ӯ бо Сталин низ чандон хуб набуд.

саҳ 42 аз 60

Китобҳо

Flag Counter