ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Фев 20 2020

Қарзи башардӯстона

Зи чашми хештан омухтам оини ҳамдардӣ,

Ки ҳар узве ба дард ояд, ба ҳолаш дида мегиряд.

Замоне бо амри тақдиру даъвати Ватан-СССР, теъдоде аз аскарбачаҳою афсарбачаҳои тоҷику тоҷикистонӣ, қарзи башардӯстонаи худро дар Афғонистони ба пойгоҳи тохтутози манфиатхоҳон қарордошта, бо сарбаландӣ адо карданд. Теъдоде аз онҳо аз тири нохалафону дасисаи бегонагон дар ин қаламрав ба шаҳодат расиданд, зумраи дигар 31 сол муқаддам - 15 феврали соли 1989, зимни хуруҷи неруҳои Шӯравӣ аз хоки Афғонистон, бо ҷароҳатҳои хунину тани  афгору беҳол ба Ватан баргаштанд, ки то ба имрӯз дарду доғи он ҷанги хонумонсӯз дар қалбу ҷигар  доранд...  Санаи хуруҷи неруҳои собиқ Шӯравӣ аз хоки Афғонистон, ҳамчун санаи таърихӣ ҳамасола дар қаламрави собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, бахусус Тоҷикистон низ пуршукуҳ таҷлил мегардад. 

“Аскарбачаҳои ҷанги Афғон”

Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ин санаи муҳим, ки дар қароргоҳи Ташкилоти ҷамъиятии “Маъюбони ҷанг дар Афғонистон” дар шаҳри Душанбе бо иштироки маъюбони ҷанги Афғонистону меҳмонон доир гардид,  баромадкунандагон аз он рӯзҳои сахту мушкил ва ҷонфидоиву ҷоннисории “Аскарбачаҳои ҷанги Афғон” (ибораи Бозор Собир) ёд оварда, аз парокандагиву нотифоқии имрӯзаи собиқ ҷанговарони интернатсионалист изҳори нороҳатию нигаронӣ мекарданд. 

Раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Маъюбони ҷанг дар Афғонистон”, полковники мустаъфӣ Ҳикматулло Мирзоев, аз саҳму нақши Ташкилоти мазкур дар беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии собиқадорони ҷанг бо ифтихор сухан ронда, аз он изҳори таассуф кард, ки имрӯз ветеранҳои ҷанги Афғонистон ба ҷамъияту гуруҳҳо ҷудо гардида, чунин омил миёни онҳо нотифоқию парокандагӣ эҷод кардааст.

Чоршанбе, Фев 12 2020

Дзержинскии сонӣ

9 феврали соли 1984 баъди бемории тӯлонӣ котиби аввали ҲК ИҶШС, Юрий Андропов аз олам чашм пӯшид. Андропов яке аз пурмуаммотарин чеҳраҳои сиёсии авохири СССР ба шумор мерафт ва марги ӯ сару садоҳои зиёдро дар ҷомеаи шӯравӣ эҷод кард. Ӯро мешавад охирин эҳёгари суннатҳои фаромӯшшудаи кишвари Шӯроҳо унвон кард. Андропов аз зумраи ангуштшумор сиёсатмадорони шӯравӣ ба шумор мерафт, ки вазъияти ногувори Иттиҳоди Шӯравиро дарк мекард  ва кӯшиш кард кишвари Шӯроҳо аз хатари қарибулвуқӯъ ҳифз кунад. Давраи ӯ дар СССР бисёр кӯтоҳ вале аҷибу бисёр ғарбибе буд.                                                                                                     

  Ситораи сиёсии Андропов бо таъини ӯ ба ҳайси роҳбари вақти КГБ ба ҳамагон ҷилвагар гардид. Юрий Андропов то ин вақт ҳатто як рӯз ҳам дар ин ниҳод фаъолият накарда буд ва кам касе гумон мекард, ки рӯзе роҳбарии ин ниҳодро ба зимма мегирад. Аз ин болотар Андропов дар таърихи фаъолияти КГБ баъди Феликс Дзержинский шояд самараноктарин роҳбари ин ниҳод ба шумор мерафт. Замони роҳбарии ӯ КГБ-и СССР ҳеҷ кӯтоҳӣ дар анҷоми вазифа намекард ва тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаи шӯравиро таҳти назорат қарор дода буд. Пеш аз Андропов ба КГБ Владимир Семичастний роҳбарӣ мекард. Аммо миёнаҳои моҳи майи соли 1967 Брежнев якбора дар як нишасти Бюрои сиёсӣ ӯро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи роҳбари КГБ холӣ кард ва Андропов раиси КГБ гардид.                                                                                                                                       

Мегӯянд худи Андропов зидди ин амалкард баромад ва дар нишасти Бюрои сиёсӣ иброз намуд, ки “Шояд ин корро накунед. Ман ҳеҷ тасаввуре дар бораи кор дар ин ниҳод надорам”.

Чоршанбе, Фев 05 2020

Бархе аз хонандагон ва муаллифони доимии Газетаи мардумии СССР тайи чанд моҳи ахир дар мавриди сарвати ҷамъкардаи Амир Олимхон ва оқибати он дар саҳфаҳои рӯзнома баҳсу талош доранд. Меҳрубон Салимшоев, таърихнигори мо тасмим гирифт дар бораи боигариҳои охирин амири манғитӣ-Олимхон бо такя ба маъхазҳои воқеӣ матлабе омода намояд ва бо ҳамин ба ин баҳс нуқта гузорад. 

Сарвати ҳангуфт

Амирони манғити Бухоро дар 150 соли ҳукмронии худ анбӯҳи сарват ғундошта буданду ин ҳама сарват дар таҳхонаҳои Арки Бухоро мафҳуз буд. Тибқи оморҳои мавҷуд, дар авохири ҳукумати амир Олимхон аҳолии аморати Бухоро 3 миллион нафарро ташкил медод ва ин 3 миллион нафар муваззаф буданд ба буҷаи аморат андоз супоранд. Бар замми ин, дар соҳилҳои дарёи Зарафшон конҳои истихроҷи тилло мавҷуд буда, тиллои аз ҳама бештар аз ин конҳо ба даст меомад. Даромади солонаи буҷаи амир 30 миллион тангаи тилло буд ва хароҷоти амир бошад 3 миллион тангаи тиллоро ташкил медод. Яъне, ҳар сол буҷаи амири Бухоро 27 миллион тангаи тилло даромади холис дошт. Аммо соли 1920 аморати Бухоро дар вазъияти ногуворе қарор гирифт. Инқилоби сурхи болшевикӣ ба ин шаҳри қадима рӯз аз рӯз наздиктар мегардид. Тобистони соли 1920 лашкариёни сурх аллакай дар остонаи аморат қарор доштанд.

Чоршанбе, Янв 29 2020

 

Дидори махфиёна

Дар авохири моҳи октябр ва аввали моҳи ноябри соли 1923 барои роҳбарияти ҳизби болшевикӣ маълум гардид, ки Владимир Ленин поярези инқилобӣ Октябрӣ нафасҳои охиринашро сипарӣ мекунад. Баъди дарёфти ин ҳақиқат миёни роҳбарияти ҳизби болшевикӣ бо ташабусси Иосиф Сталин дидори махфионае сурат гирифт. Дар ин дидор Калинин, Бухарин, Тротский, Каменев ва Риков ширкат варзиданд. Сталин ба ҳозирин иттилоъ дод, ки доҳӣ рӯзҳои вопасини ҳаёташро паси сар мекунад ва мумкин аст ҳар лаҳза дунёи фониро падрӯд гӯяд. Калинин низ дар ин дидор баромад кард ва гуфт, ки марги доҳӣ набояд барои ҳизб амри ғофилгирона бошаду бояд фикри дафни доҳиро кард.                                       

Маросими дафн, гуфт Калинин, бояд тавре амалӣ гардад, ки дунё назирашро надида бошад. Сталин аз Калинин ҷонибдорӣ кард ва иброз намуд, ки баъзе рафиқон аз музофот зиддӣ сӯзонидани ҷасади доҳӣ мебошанд ва мегӯянд, ки илми имрӯз қудрат дорад ба василаи мумиёӣ кардан тани мурдаро мӯҳлати зиёд нигаҳ дорад, то шуури меҳнаткашон ба ин фикр, ки Ленин дигар дар миёни мо нест, одат кунад.                                                                                                                 

 Аммо Тротский зидди ин пешниҳоди Сталин баромад. Ӯ иброз намуд: "Пештар турбати Сергей Радонежский ва Серафим Саровский вуҷуд доштанд, акнун турбати Владимир Илич. Ман бисёр мехостам бо ин рафиқон, ки ба гуфтаи Сталин пешниҳод мекунанд Ленинро мумиёӣ кунем, шинос шавам. Ман ба онҳо мегуфтам, ки онҳо бо марксизм ҳеҷ рабте надоранд”. Бухарин низ зидди ин пешниҳод баромад кард.

Чоршанбе, Янв 22 2020

 

Самти афзалиятнок

22 январи соли 1969 хизматчии оддии Артиши Шӯравӣ Виктор Илин ба ҷони котиби аввали КМ ҲКИШ Леонид Илич Брежнев сӯиқасд кард. Он шабу рӯз аввалин кишвари Шӯроҳо кайҳонавардони худро бо тантана истиқбол мекард.            Кайҳон ҳамеша яке аз самтҳои афзалиятноки давлатӣ буда аз абарқудратии СССР дарак медод. Ҳайати киштиҳои кайҳонии Союз-4 ва Союз-5 нав аз фазо ба замин фуруд омада, мардуми зиёде дар Маскав ба истиқболи онҳо баромада буд. Он шабу рӯз кайҳонавардони шӯравӣ боз ғалабаи навбатӣ ба даст оварда, ду киштӣ дар фазои озод ба ҳам васл гаштанд. Дар ҳамон лаҳазоте, ки кайҳонавардони қаҳрамонро дар майдони ҳавоии ҳукуматии "Внуково-2" пешвоз мегирифтанд, ҷавоне либоси милиса бар тан, бе ҳеҷ мамониати ба Кремл наздик мешавад ва дар сафи милисаҳои пояндаи роҳ қарор мегирад.                                                                                                                   

Аввалин террори советӣ 

Авохири солҳои 60 уми қарни ХХ-умро мешавад мавҷи амалҳои террористӣ дар дунё номид. Дар ҷаҳон ташкилотҳои террористии зиёд монанди ЭТА дар Испония, "Бригадаҳои сурх" дар Итолия, "Артиши ҷумҳурихоҳи Ирландия" дар Бритония, фаластиниҳо дар Ховари Миёна фаъолият мекарданд. Аммо дар СССР тинҷӣ ва оромӣ ҳукмфармо буда, шаҳрвандони шӯравӣ ҳамаи ин даҳшатро танҳо аз оинаи нилгун медиданд. Вале ҳамин дидан низ таъсири манфии худро гузошт. Ба андешаи таърихнигори хадамоти махсус Олег Хлобустов, ҷавони оддии шӯравӣ Виктор Илин маҳз таҳти таъсири воқеаҳои Ғарб қарор гирифта, даст ба ин иқдом зад.   

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз соли 1946 аз ҷониби худи Сталин Шӯъбаи мубориза бо терроризм ё шӯъбаи "Т" таъсис додашуда буд. Баъди анҷоми ҶБВ дар Украинаи Ғарбӣ ва Ҷамоҳири назди Балтик, дастаҳои мусаллаҳи "Бародарони ҷангалӣ" пайдо шуданд. Барои мубориза бо онҳо Муллои гурҷӣ ба генерал Абакумов дастур дод, ки дар чаҳорчӯби КБД шӯъбаи "Т" ро таъсис диҳад.   

Панҷшанбе, Янв 16 2020

 

Гинеколог

    9 январи соли 1996 дастаи ҷангиёни чечен бо сарварии Салман Радуев ба шаҳри Кизляри Доғистон зада даромаданд. Дастаи ҷангиён аз 256 ҷангӣ иборат буда, тибқи иттилои чеченҳо дар Кизляр базаи чархболии нерӯҳои рус қарор дошт ва русҳо ҳамавора аз ин ҷо ҳудуди Ичкерияро бомбаборон мекарданд. Аммо ин маълумотҳо тасдиқ нагардиданд ва чеченҳо дар майдони ҳавоии Кизляр танҳо ду чархболи МИ 8 и вайронаро пайдо карданду халос.        Чеченҳо чархболҳоро сӯзонданд ва баъди даргирии шадид бо нерӯҳои муҳофизатии майдони ҳавоӣ ба ҷониби шаҳри Кизляр ақиб нишастанд. Майдончаи ҳавоӣ дар канори Кизляр ҷойгир гардида буд. Ҷангиён вориди шаҳр шуданд ва дар даргириҳои аввалин 35 нафарро аз даст дода, дар таваллудхонаи Кизляр мустақар гардиданд. Чеченҳо аз биноҳои гирду атроф мардумро гаравгон гирифта ба бинои таваллудхона интиқол медоданд. Дар натиҷа Радуев тавонист 3700 нафарро гаравгон гирад. Радуев баъдан иддао кард, ки онҳо нақша надоштанд касеро гаравгон гиранд, аммо вазъият чунон пеш рафт, ки ӯ барои наҷоти дастааш чорае ҷуз гирифтани гаравгонон надошт. Дар зимн маҳз ба хотири тасарруфи таваллудхона Радуев баъдан бо тахаллуси "гинеколог" маъруф гардид.

Талаби ҷангиён

   Баъди гирифтани гаравгонон Радуев аз Маскав талаб кард нерӯҳои худро на танҳо аз Чеченистон, балки ба пуррагӣ аз Қафқози Шимолӣ берун барорад. Табиист, ки Елтсин наметавонист ин талаби ҷангиёнро иҷро кунад. Русҳо дар Будёновск аллакай як бор ба шикасти нангин мувоҷеҳ гардида буданд ва ин дафа ба ҳар васила мебоист дастаи Радуевро торумор мекарданд. Бинобар ҳамин фармондеҳии русҳо дар Доғистон ба ҳеҷ гуфтушунид бо ҷангиён розӣ нашуданд. Аммо бахти Радуев баландӣ кард ва роҳбарияти Ҷумҳурии Доғистон баъди гуфтушунид розӣ шуд ҷангиёнро то сарҳади Ичкерия гусел намояд. Ҷангиён бештари гаравгононро озод карданд ва бо 230 гаравгон субҳи 10 январ савори 9 автобус ҷониби сарҳади Чеченистон роҳ пеш гирифтанд.

саҳ 7 аз 41

Китобҳо

Flag Counter