ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июн 01 2022

4 ИЮНИ СОЛИ 1925 БЮРОИ СИЁСИИ КМ РКП (Б) ДАР БОРАИ СОХТМОНИ РОҲИ ОҲАНИ ТИРМИЗ – ДУШАНБЕ ҚАРОР ҚАБУЛ КАРД.

Сохтмони роҳи оҳани Тирмиз – Душанбе дар мубориза барои роҳсозӣ дар Тоҷикистон нақши бағоят калон бозид. Сохтмони роҳи оҳани мазкурро ҳанӯз дар солҳои 1923 – 1924 Ҳукумати Республикаи Халқии Советии Бухоро ба миён гузошта буд. Ҳайати вакилони РАСС Тоҷикистон дар съезди 1 – уми ПК (б) Ӯзбекистон, 6 – 12 феврали соли 1925 чунин таклиф ба миён гузошта буд.

Ҳукуматҳои РСС Ӯзбекистон ва РАСС Тоҷикистон дар нимаи дувуми моҳи феврали соли 1925 ба Бюрои Сиёсии КМ РКП (б) муроҷиат карда буданд, то ба сохтмони роҳи оҳани Тирмиз – Душанбе иҷозат диҳад ва ёрии зарурии моддӣ расонад.

4 июни соли 1925 Бюрои Сиёсии КМ РКП (б) дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тирмиз – Душанбе қарор қабул кард. 16 апрели соли 1926 СММ – и СССР дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тирмиз – Душанбе (дарозиаш 225 км) қарор қабул намуд. Сохтмони тамоми роҳи оҳани мазкур барои 4 сол муқаррар гардид.

23 феврали соли 1927 Бюрои Сиёсии КМ ВКП (б) бо сардории Валериан Владимирович Куйбишев «Дар бораи давоми додани сохтмони роҳи оҳани Тирмиз – Душанбе» қарор қабул намуд. Дар ин қарор гуфта мешавад, ки сохтмони роҳи роҳани мазкур дар муддати солҳои 1928 – 1939 ба охир расонда шавад. Ба Комиссариати халқии почтаю телеграф ва Госплани СССР супориш дода шуда буд, ки ин роҳи оҳан ба рӯйхати роҳҳои навбати якум дохил карда шавад.

Дар солҳои 1926 – 1927 ба сохтмон аввалин муҳандисони бинокор ва коргарони баландихтисос омаданд. Сохтмон дар шароити ниҳоят душвор давом мекард.

Чоршанбе, Май 25 2022

 «Се чиз пойдор намонад: мол бе тиҷорат

ва илм бе баҳс ва мулк бе сиёсат».

                                                                    Саъдӣ

 

ЛАҚАЙ ҚАРМИШЕВ

Ин ном дар арсаи сиёсии Тоҷикистони шуравӣ аз миёнаи солҳои 50 – уми асри гузашта рӯ зад ва дар зарфи чиҳил соли он дар фазои иттилоотии кишвар дар гардиш буд. Дар ин давра ҳукумати вақт ва мардум ӯро чун шахсияти воқеӣ, раҳбари кордони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, абармарди арсаи сиёсат шинохтанду эътироф намуданд. Фарзанди қобили хонаводаи кӯҳистони ҷануб аз доираи мактаби ибтидоиву ҳафтсола то ба қуллаҳои баланди давлатии ҳукумати шуравӣ қомат афрошт.

Ин марди наҷибу номварро аз солҳои 60 – ум медонаму эҳтиромашро қоилам. Аз даврае, ки ӯ директори совхози гӯсфандпарварии «Кангурт» - и собиқ вилояти Кӯлоб буд. Ҳамасола ману додарам, се моҳи таътили тобистонаро дар деҳаҳои Найистону Оби Ширин, дар хонаи бузургбародарони модарам мегузарондем. Рӯди дар тобистон камоби Тоҳир (Бурдон) макони калағутзанӣ ва моҳидориамон буд. Давоми рӯз УАЗ – ики директори совхоз Лақай Қармишевро то ба чанд бор дида ҳавас мебурдем. Ҷавонмарди босалобату бошавкат бо мӯйҳои қиргуни мавҷдораш ба зарба метофт.

Бо тақозои замон, соли 1989 ба симати нозир – корманди дастгоҳи марказии Комитети назорати халқии ҶШС Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба фаъолият пардохтам. Бароям хушоянд буд, ки Лақай Қармишев солҳои 1972 – 1984 роҳбари аввали ин ниҳоди калидии ҷумҳурӣ буд ва дар зарфи 12 соли раҳбарӣ обрӯву манзалати ташкилот ва кормандонашро бамаротиб боло бурд. Аз боби мартабаи роҳбарӣ, бузургманишӣ ва эътибори ин марди даврон байни кормандони солор зиёд мегуфтанд. Аз хусуси эҳтиром гузоштан ба кормандони қаторӣ, эътирофи ҳамкорон, муносибати мақомдорони сатҳи аввали вазорату кумитаҳо, идораву муассисаҳои давлатӣ бо инспекторони кумита, ҳифзи моликияти ҷамъиятӣ ва ҳоказо қиссаҳои зиёд дар миён буд. Бо ин ҳама баробар иқрор мекарданд, ки ин шахсияти босубот воқеан, сиёсат дошт.

Чоршанбе, Май 18 2022

 

Солҳост, ки дар хусуси диловарии ҷанговарони Ватани паҳновари шуравӣ, бавижа тоҷикону тоҷикистониён дар корзори Ҷанги Бузурги Ватании соли 1941 – 1945 хома мекашам. Ва ин мавзуъ доманаи чиҳил сол бо ман ҳамрадиф гаштааст. Ошноҳо ва нафарони огаҳ ҳини дидору нишастҳо бештар аз ин боб сухан меороянд.

Ин раҳ низ гуфтори ёрон аз мавзӯи болозикр ғел хӯрд. Возеҳтараш аз сарбозони зӯрманде, ки дар ҷабҳа аз як по маҳрум монданд. Гуфтам, аз наздикони банда ва хонаводагӣ Сафар Ғаюри кангуртӣ, баъдан раиси хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара ва Ҷалол Маташи ургутӣ, корманди соҳаи бонкдорӣ дар ноҳияҳои Кангурт, Балҷувон, Даштиҷум ва ниҳоят хазинадори шифогоҳи Қарияи Боло бо протез (пои сунъӣ) мегаштанд. Дар ҷабҳаи кор низ обруманд буданду сазовори ҳурмату эҳтироми умум.

- Насли калонсол, онҳое ки дар замони шуравӣ умр ба сар бурдаанд, китоби «Достони марди ҳақиқӣ» - и нависандаи ҷаҳонзеб Борис Полевой ва филми ҳамномашро дар бораи ҳавонаварди советӣ, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Алексей Маресевро хуб медонанд, - гуфт Наимҷон.

Устод Давлатхӯҷа Назиров, доктори илми фалсафа, профессор, ки дар маҳфил ҳузур дошт, - фаҳмонд, Алексей Петрович Маресев командири звенои полки авиатсияи қиркунанда, ёрдамчии командири полк ва штурмани полк ҳанӯз дар аввали ҷанг 4 самолёти фашистонро маҳв намуда буд. Моҳи марти соли 1942 самолёти Маресев дар набарди ҳавоӣ оташ гирифт. Бо парашют ба замин фуромад. Фурудгоҳаш дар маҳалли ишғолнамудаи гитлерчиён буд. Маресеви сахт маҷруҳшуда 18 шабонарӯз гаваккашон ба хатти фронт расид.

Баъд аз ампутатсияи ду пой (аз зону поён) бо протез роҳ гаштанро омӯхт ва бо хоҳиши худаш моҳи июни соли 1943 ба саф баргашт ва дар ҷангҳои ҳавоӣ боз 7 самолёти душманро зада ғалтонд. Боқӣ худатон китоб хонед…

- Ман, Ғаюр Сафарро мешинохтам, марди ҳақиқӣ буданд, суханашро идома дод онҷониб. Дувумиро намедонам, аммо бо ҷавонмарде ошноӣ ва қаробат доштам, ки аз ду пой, дар он ҷанг маҳрум мондаву як умр бо протез мегашт. Ӯро ном Ғиёс Раҳмонов, сокини деҳаи Қизил Муҳоҷири ноҳияи Фархор буд.

Чоршанбе, Май 04 2022

Иди Якуми Май, аз ҷумлаи он ҷашнҳоест, ки дар саросари кишварҳои ҷаҳон таҷлил мешавад. Дар мамлакатҳои гуногун онро бо тарзҳои мухталиф ном мебаранд:

Иди байналхалқии заҳматкашон, Рӯзи коргар, Иди кор, Рӯзи якдилии коргарони тамоми ҷаҳон, Рӯзи азназаргузаронии қувваҳои заҳматкашони ҳамаи мамлакатҳо ва ғайра.

Қарори ҳамасола гузаронидани ҷашни Якуми Майро конгресси дуюми Интернатсионал, ки моҳи июли соли 1889 дар Париж доир гардида буд, қабул намуд. Ин қарор ба хотири пос доштани хотири шаҳидони қиёми коргарони корпартофтагони шаҳри Чикаго, ки 1 майи соли 1886 рух дода буд, қабул гардид. Ҳамин тариқ ҳанӯз соли 1890 аввалин намоишҳои коргарӣ дар Австро - Венгрия, Белгия, Олмон, Дания, Испания, Италия, ИМА, Норвегия, Фаронса ва дигар мамлакатҳо доир шуд. Дар Англия ин намоиши неруи коргарӣ дар замон муваффақ гардид, ки бо пирӯзии аввалини худ даст ёбад: рӯзи кории 8 – соата дар тамоми кишвар таъмин гардид.

Минбаъд ҳаракатҳои якумайӣ пурра характери умумихалқии зиддиипериалистӣ гирифтанд. Доираи таҷлили он рӯз аз рӯз васеъ мешуд. Соли 1891 аввалин ҷашни Якуми Май дар Россия – дар Петербург доир гардида, сипас дар дигар шаҳрҳо – Тула, Варшава, Лодзӣ, Винос, Қазон, Киев, Нижний Новгород, Тбилиси, Гомел, Харков ва ғайра бо суръат паҳн шуд.

Ҳаракатҳои коргарӣ таҳти шиорҳои «Нест бод ҳукумати истибдодӣ!», «Зинда бод ҷумҳурият!» гузашта, дар онҳо садҳо ҳазорон коргарон иштирок менамуданд. Дар намоиши якумимаие, ки баъди инқилоби буржуазии февралии соли 1917 доир гардид, акнун мардум таҳти шиори «Ҳамаи ҳокимият ба Шуроҳо!» ба майдон баромаданд.

Ҷашни фархундаи Якуми май ҷовидонист ва ҷовидон дурахшон боқӣ хоҳад монд.

Зинда бод Якуми Май – иди бедории заҳматкашони тамоми сайёраи замин!

 

ИДИ МО

Фарорасии баҳорон ва омад – омади иди 1 - уми Майро ҳамасола пурсаброна интизорӣ мекашидем.

Чоршанбе, Апр 27 2022

 ДУ ШАХСИЯТЕ, КИ ДУНЁРО ЛАРЗОНДАНД

«Барои наҷоти давлат як одами бузург кифоя аст»

(Волтер)

АСОС

Барои журналисти ҳирфаӣ, бобати пешниҳод ё пешгирии ин ё он мавзуъ, қаҳрамон, хоҳ таърифию хоҳ танқидӣ баҳона (сабаб, асосе) даркор меояд. Бе фарқ, он матлаб хоҳ дар тавсифи худӣ бошад ва ё хайр.

Ин карат асоси муътамад пайдо намудем. Кадомин шахсият дар ин рӯзҳо, возеҳтараш ҳамин ҳафта ба дунё омадаанд. Ва аз он миён, рафтем сари мавзуи ду шахсияти оламшумул, ки дар асри ХХ рух намудаву бо падид омаданашон дар ақсои олам шӯру шаре барангехтанд. Аввалиро ному насаб Ленин Владимир Илич, доҳии пролетариати ҷаҳон, дувумиро Гитлер (Шиклгрубер) Адолф мебошад.

Аз он ваҷҳ, ки зодаву парвардаи даврони Ҳукумати Советӣ (СССР) ҳастам, аввалӣ - Владимир Илич Ленин бароям дӯсту бузургвор (ҳамчунон барои миллионҳо нафар сокинони дунё низ), дувумӣ Адолф Гитлер душман, ситамгар, ғаддор маҳсуб меёбанд.

 ***

ЛЕНИН

Аз хурдӣ дар бораи асосгузори давлати Советӣ В. И. Ленин (Улянов) бисёр хондаву шунидаем. Зеро акси Володяи хурдакак дар китоби «Алифбо» - и барои синфи 1 мақом дошт. Хуллас то соли 1991, то замони барҳам рехтани давлати абарқудрати Шуравӣ дар борааш мехондему медонистем. Аммо баъди аз байн рафтани давлати СССР оҳиста – оҳиста омӯзиши ҳаёту фаъолияти Ленин аз барномаи мактабҳои миёна, ҳунаристону донишгоҳҳо бардошта шуданд. Бо гузашти беш аз 30 сол бисёр маълумот аз хотираҳо зудуда гаштанд. Аз ин рӯ, нахуст ба қомусҳо рӯ овардем. Инак шингиле аз рӯзгори ин одами наҷиб.

Владимир Ленин 22.4.1870 дар Симбирск, Уляновск ба дунё омадаву 21.1.1924 фавтида, то ҳол ҷасади ӯ дар назди девори Қасри Кремли шаҳри Москва маҳфуз дошта мешавад. Ӯ ҳамагӣ 54 сол умр дида, дар дунё давлати абарқудрату паҳноварро созмон додаву роҳаташро надид. 

Ин ҷо дар хусуси чи хел ва бо ёрдами киҳо коммунистони советӣ ҳукумати подшоҳии Русро шикастанд намеафзоем. Ҳукумати нав, ҳукумати коргару деҳқон – пролетарҳо унвон гирифт. Ва онҳо шиори ёдмоне доштанд:

Чоршанбе, Апр 20 2022

 

Кайҳоннавардӣ

Соли 1932 дар шаҳри Москва Гурӯҳи омӯзиши ҳаракати реактивӣ (ГИРД – Группа изучения реактивного движения) таъсис ёфт, ки он як сол пас таҳти роҳбарии С. П. Королёв нахустин ракетаҳои моеъии советиро (ихтирои М. К. Тихонравов ва Ф. А. Сандер) ба парвоз овард.

Охири соли 1933 дар базаи муассисаҳои болозикр нахустин Институти тадқиқотии илмии реактивӣ созмон дода шуд. Ин се ташкилот дар тараққиёти техникаи ракетии советӣ нақши асосӣ бозиданд. Дар охирҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939 – 1945) Олмон ракетаи моеъии V-2 - ро (конструксияи В. фон Браун), ки дурии парвозаш ба 250 – 300 км мерасид, истифода бурд.

Пас аз ҷанг иқтидори потенсиалии аслиҳаи нав бисёр мамлакатҳоро водор намуд, ки техникаи ракетии худро тараққӣ диҳанд. Дар натиҷа ракетаҳои пуриқтидори баллистикии байниқитъавӣ ва дигар намудҳои ракетаҳои зарядашон ядроӣ ихтироъ карда шуданд. Ин, дар навбати худ, боиси ба вуҷуд омадани базаи техникаи кайҳоннавардӣ гардид.   

 

Радифи маснуи замин ва Гагарин

Дар Иттиҳоди Шуравӣ 4 октябри соли 1957 сар дода шудани нахустин дар дунё радифи маснӯи Замин давраи нави кайҳониро оғоз намуд. 12 апрели соли 1961 Юрий Алексеевич Гагарин аввалин шуда дар атрофи Замин парвози кайҳонии мадориро анҷом дод ва ба давраи бевосита ба кайҳон роҳ ёфтани инсон асос гузошт.

 

Ба Моҳ

Дигар санаи муҳими таърихии кайҳоннавардӣ экспедитсияи якум ба Моҳ мебошад, ки 16 – 24 июли 1969 Н. Армстронг, Э. Олдрин ва М. Коллинз (ИМА) ба ҷо оварданд. Як қатор давлатҳо – СССР (аз с. 1957), ИМА (1958), Фаронса (1965), Япония ва Чин (1970), Англия (1971) ва ғайра аппаратҳои кайҳонии мухталиф сохтанд...

 

Королёв – асосгузори космонавтика

Асосгузори кайҳоннавардии амалӣ С. П. Королёв мебошад. Ба тараққиёти техникаи ракетиву кайҳонии шуравӣ бюроҳои конструктории М. К. Янгел, Г. Н. Бабакин, А. М. Исаев, С. А. Косберг ва дигарон саҳми калон гузоштанд.

саҳ 9 аз 60

Китобҳо

Flag Counter