ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Дек 26 2018


Фирори бузург
Моҳи августи с.1991 тамоми ҷамоҳири Иттиҳод (ғайр аз Русия ва Қазоқистон) эълон карданд, ки аз ҳайати Иттиҳод мераванд. Бо вуҷуди ин то оғози декабри с.1991 раванди ҷустуҷӯи роҳҳои наҷот барои СССР идома дошт. Абарқудрати собиқ бо суръати кайҳонӣ сӯи пошхӯрӣ ҳаракат мекард ва Горбачев дигар илоҷе надошт. Миёнаҳои ноябр барои бақои СССР дар шакли нав ва дар танҳоӣ 7 ҷумҳурии шӯравӣ-Русия, Беларус ва 5 ҷумҳурии Осиёи Миёна талош мекарданду халос. Дигар ҷумҳуриҳо аслан дар раванди гуфтушунидҳо ширкат намекарданд. Нуқтаи охиринро дар ин раванд референдуми Украина гузошт. Ин референдум 1.12.1991 баргузор шуда, бештари шаҳрвандони Украина аз соҳибистиқлолии кишварашон ҳимоят карданд. Украина комилан соҳибистиқлол шуд. Мегӯянд, Елтсин ва Шушкевич сахт тарафдори боқӣ мондани СССР буданд, лек Кравчук калимаи "Иттиҳод"-ро ҳатто шунидан намехост. Маҳз ба ин хотир референдуми Украина доир карда шуд. Бо вуҷуди ин президенти Русия Б.Елтсин аз ин реферундум ҷонибдорӣ карда, соҳибистиқлолии Украинаро ба расмият шинохт.

Панҷшанбе, Дек 20 2018


Айёр ва чолок
25.12.1989 Николай Чаушескуро бо ҷурми генотсиди халқи румин, аз байн бурдани моликияти давлатӣ, ташкили амалиёти ҳарбӣ зидди мардум ва берун бурдани 1 млрд доллар ба хориҷ аз кишвар айбор карданд. То оғози с.1990 дар Руминияи шӯравӣ ӯро "бӯсаи нарми замини ватан", "оташи зинда", "Княз Гратсий", "писари Офтоб", ҳатто "худои ҷаҳонии мо" меномиданд. Ӯ с.1965 дар раъси Ҳизби Коргарии Руминия қарор гирифта, роҳбари Руминия шуд, лек аз соири роҳбарони коммунисти Аврупо каме фарқ дошт. Вай 26.01.1918 дар уезди Олтони Руминия ба дунё омад. Дар Руминия то имрӯз мардуми ин уездро айёр ва чолок меноманд. Баъди хатми мактаби ибтидоӣ ба Бухарест-пойтахти Руминия омад. Он шабу рӯз дар Руминия ҳаракатҳои сиёсӣ бисёр фаъол шуда, фашистон, сотсиал-демократҳо ва коммунистон дар якҷоягӣ зидди давлат баромад мекарданд. Нерӯи аслӣ дар дасти гурӯҳҳои ҷиноӣ буд ва онҳо бераҳмона мардуми дороро ғорат мекарданд. Дар 15-солагӣ бо тамоми вуҷуд ба ин мубориза шомил шуда, тамоми вақти худро дар митингҳо сипарӣ карда, с.1933 бори аввал аз сӯи полис дастгир шуд.

Чоршанбе, Дек 12 2018


Сарзамини бунбаст
Роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ ба хотири вежагиҳои замини кӯҳистонӣ, яке аз мушкилтарин роҳҳои автомобилӣ дар дунёст. Он, ки бо Роҳи Калони Помири Ғарбӣ маъруф аст, Бадахшонро бо пойтахти кишвар-ш.Душанбе бипайваст. Ин роҳ то ҳадде мушкил ва хавфнок аст, ки дар солҳои аввали истифодаи он ҳар ронандае дар ин масир 3 бор рафтуо мекард, ордендор мешуд, лек бар замми мушкилот, сохтмони он низ беназир буд. Тоҷикон кореро анҷом доданд, ки дар таърихи ҷаҳонии роҳсозӣ то ин дам ва ҳатто баъд низ як навъ рекорд маҳсуб меёфт. Ин роҳи мушкил дар зарфи 104 ё тибқи баъзе маълумотҳо дар 106 рӯз сохта шуд. То авохири асри 19 Бадахшон сарзамини бунбасте буд ва мардумаш бо соири манотиқ роҳи доимӣ надоштанд. Аз ин манотиқи кӯҳистонӣ ба ҳамвориҳо, танҳо роҳи оврингӣ вуҷуд дошт, ки он ҳам танҳо дар фасли тобистон фаъол буду 1 моҳ тӯл мекашид. Дар зимистон ин роҳ хавфи зиёд дошт ва касе ҷуръат намекард дар сармо роҳии марказ шавад. Вазъ танҳо бо омадани русҳо ба ин минтақа тағйир кард. Бори нахуст марти с.1891 дар нишасти махфии Ситоди генералии артиши рус дар Санкт-Петербург, подполковник Бранислав Громбчевский бо маърӯзаи "Манофеи мо дар Помир.

Чоршанбе, Дек 05 2018


Амалиёти "Дропшот"
3.11.1945 президенти ИМА Гарри Трумэн лоиҳаи "Троян"-ро ба имзо расонид. Тибқи лоиҳа ИМА мебоист 1.01.1950 ҷанги атомиро зидди СССР оғоз мекард. Декабри с.1945 дар Маскав машварати вазирони корҳои хориҷии давлатҳои иттифоқчӣ доир шуд. Котиби давлатии ИМА Бирнс, ки дар нишаст ширкат дошт, баъди бозгашт ба ИМА гуфт, “ҳангоми дидор бо Сталин итминон пайдо кардам, ки сулҳи дарозмуддат дар Аврупо фаро хоҳад расид”. Аммо Трумэн ӯро сахт интиқод кард, ки "Барои мо сулҳ бо СССР лозим нест". Бояд гуфт, ки Трумэн аз оғози ба сари қудрат расидан нақшаи ҷанги навро зидди СССР дар сар мепарварид. Ҳанӯз ҳин и бозгашт аз конфронси Потсдам дар киштии "Аугуста" ӯ ба сарфармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Аврупо генерал Эйзенхауэр фармон дода буд, нақшаи ҷанги атомиро алайҳи СССР омода кунад. Аввалин бахши нақшаи "Троян" амалиёти "Дропшот" буд. "Дропшот" с.1949 вақте Трумэн дубора ба маснади президенти ИМА омад, омода карда шуд. Тибқи нақша амрикоиҳо мебоист дар давраи аввал 300 бомби атомии 50 киллотонна ва 200 000 тонн бомбҳои оддиро болои 100 шаҳри СССР мепартофтанд.

Чоршанбе, Дек 05 2018


Ҷанги саввум
Ҷанги шӯравию финн 30.11.1939 оғоз шуд ва дар таърихнигорӣ бо "ҷанги зимистона" маъруф асту даргирии 3-ум миёни ин 2 кишвар будӣ. Сабаби асосии ҷанги нав миёни 2 кишвар масоили марзӣ шуд. Роҳбарияти шӯравӣ мекӯшид дар арафаи ҷанги ҷаҳонии нав дар Аврупо марзи давлатиро аз Ленинград дуртар барад. Он шабу рӯз марзи давлатии СССР бо Финляндия ҳамагӣ дар 18-километрии Ленинград мегузашт ва дар сурати сар задани ҷанги нав Ленинградро хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Маскав дар ивази кӯчонидани марз ба финҳо навоҳии дигари фарохеро дар Корелияи Шарқӣ пешниҳод кард, лек дар Хелсинки ин пешниҳодро рад карданд ва ҷанг ногузир шуд. Баҳонаи бевоситаи ҷанг ҳаводис дар назди деҳаи Майнила шуд. 26.11.1939 дар қарибиҳои ин деҳ гурӯҳи сарбозони шӯравӣ мавриди тирборон қарор гирифта, дар натиҷа 3 тан сарбоз ва 1 афсари шӯравӣ ҳалок ва 7 нафари дигар захмӣ шуданд. Ҷузъиёти ҳодиса то ҳол норӯшан боқӣ мондааст. Баъзе бар ин боваранд, ки тарафи шӯравӣ худаш ин тирборонро тарроҳӣ намуда буд. Бо вуҷуди ин, баъди 2 рӯз СССР созишномаи сулҳро лағв ва 30 ноябр амалиёти ҳарбиро зидди Фин оғоз намуд.

Чоршанбе, Нояб 28 2018


Аз фронти 2-ум то Созмони милал
28.11.1943 дар ш.Теҳрон-пойтахти Эрон дидори таърихии 3 лидери кишварҳои иттифоқчӣ дар ҷанг алайҳи Олмон - СССР, ИМА ва Англия иттифоқ уфтод. Интихоби Теҳрон низ баъди музокироти тӯлонӣ ба амал омад. Дар оғоз Черчилл барои дидор ш.Қоҳираро пешниҳод кард, лек Сталин ин пешниҳодро напазируфт. Баъди ин Истамбул ё Бағдод пешниҳод шуд. Аммо ин 2 шаҳр низ пазируфта нашуданд. Ахир, қуръа болои Теҳрон афтид ва дидор дар ин шаҳр доир шуд. Ин нахустин дидори Сталин, Рузвелт ва Черчилл дар рафти ҷанг буд ва бо “конфронси Теҳрон” дар таърихнигории муосир маъруф аст. Роҳи омадани 3 роҳбар ба Теҳрон низ гуногун буд. Сталин охирҳои моҳи ноябр бо поезди №501, ки бо хатсайри Маскав-Сталинград-Боку ҳаракат мекард, махфӣ ба пойтахти Озарбойҷон омад. Аз Боку ба Теҳрон бошад бо тайёра парид. Роҳбари ИМА Рузвелт бошад, тавассути киштӣ ба бандари Орани Алҷазоир омад ва аз инҷо ба Қоҳира парвоз кард. Дар Қоҳира бо Черчилл ҳамроҳ гашт ва ҳар 2 якҷо ба Теҳрон омаданд. Ҳар 3 роҳбар бо намояндагони худ 28 ноябр ба Теҳрон омаданд. Сталин ба Рузвелт пешниҳод кард, дар бинои сафорати СССР маскан гузинад ва роҳбари ИМА низ пешниҳоди ӯро пазируфт. Черчилл бошад дар намояндагии Англия, ки рӯ ба рӯи сафорати СССР ҷойгир буд, маскун шуд. Асоситарин масъалае, ки тарафҳо дар рафти конфронс баррасӣ карданд, ифтитоҳи фронти 2-ум шуд.

саҳ 36 аз 60

Китобҳо

Flag Counter