Принт

Декрети сулҳ

16.06.1920 Антанта ба муҳосираи иқтисодии Русия хотима дод ва аввалин кишвари Шӯроҳо акнун метавонист каме озод нафас кашад. Баъд аз ғалабаи Инқилоби октябрӣ ҳукумати ленинӣ “Декрети сулҳ”-ро эълон кард ва ба тамоми иштирокчиёни Ҷанги ҷаҳонии 1 пешниҳоди сулҳ дод. Аммо ба ин пешниҳоди болшевикон танҳо Олмон ва иттифоқчиёнаш посухи мусбат доданд.

Русияи шӯравӣ баъди ин бо Олмон дар Фронти шарқӣ оташбас эълон кард ва аз ҷанг берун омад. Ин кори болшевикон барои иттифоқчиёни собиқи Русия, кишварҳои Антанта (Англия, Фаронса, ИМА ва иттифоқчиёнашон) хуш наомад. Ин кишварҳо ҳанӯз бо Олмон дар ҷанг буданд ва берун шудани Русия аз ҷанг нерӯҳои зиёди олмониро озод мекард ва онҳо метавонистанд зидди ин кишварҳо мавриди истифода қарор гиранд. Ба хотири ҳалли ин мушкил 3.12.1917 иттифоқчиён дар конфронси махсус ҷамъ омада, қарор доданд ҳудуди собиқи импературиро миёни худ тақсим кунанд. Ҳар кишвар дар ҳудуди таъингардиааш мебоист бо ҳаракатҳои миллӣ-демократии он минтақа алоқа барқарор мекард. Тибқи ин тақсимбандӣ Англия Қафқоз ва манотиқи казакнишин, Фаронса бошад Украинаю Қрим соҳиб шуд. 1.01.1918 Япония низ бо баҳонаи муҳофизати шаҳрвандони худ нерӯҳои ҳарбиашро ба Владивосток равона кард. Президенти ИМА Вудро Вилсон бошад 8.01.1918 дар муроҷиаташ ба Конгресси ИМА гуфт: “Бояд артиши олмонӣ аз ҳудуди Русия берун шуда, истиқлоли кишварҳои назди Балтика ва Украина ба расмият шинохта шавад". Немисҳо низ ором наменишастанд ва моҳи феврали соли 1918 оташбасро бо болшевикон зери по зада, амалиёти ҷангиро оғоз карданд. Немисҳо бо иттифоқчиёнашон тайи моҳҳои феврал-майи соли 1918 Полша, кишварҳои назди Балтик, Украина ва Қафқозро гирифтанд. Артиши олмонӣ 1.03.1918 Киев, 1 май Таганрог ва 8 май Ростовро фатҳ кард. Немисҳо бо фармондеҳи артиши бузурги казакии Дон, генерал Краснов ва Ҷумҳурии Халқии Кубан иттиҳоди ҳарбӣ-сиёсӣ бастанд. Ин амалкарди Олмон болшевиконро дар вазъи ногувор қарор дод ва онҳо ночор ба шартҳои сулҳи Брест тан доданд.

Протоколи махфӣ

Баъди имзои созишномаи Брест тарафи олмонӣ аз Русия хотирҷамъ шуд ва аз ҷанг дар 2 фронт халос шуд. Нерӯҳои олмонӣ дар фронти Шарқӣ 1 млн 045 нафарро ташкил медоданд, ки ин 20% тамоми нерӯҳои ҳарбии олмониро ташкил медод. Аммо фармондеҳи олмонӣ аз ин вазъият истифода набурд. Немисҳо баъди имзои сулҳи Брест нерӯҳои зиёди худро дар навоҳии ишғолкардаашон нигаҳ дошта, зидди итифоқчиён истифода набурданд. Бештари муаррихин амалкарди фармондеҳии олмониро хатои стратегии онҳо медоданд, ки сабаби шикасташон дар ҷанг шуд. Билохира, немисҳо таслим шуданд ва 11.11.1918 сулҳи Компйен ба имзо расид. Созишномаи сулҳ, ки миёни иттифоқчиён ва Олмон ба имзо расид, 1 протоколи махфӣ низ дошт, ки тибқи он нерӯҳои ҳарбии олмонӣ мебоист дар манотиқи ишғолкардаашон дар шарқ боқӣ мемонданд. Ин нерӯҳо тибқи протоколи махфӣ бояд бо нерӯҳои Антанта ҷойгузин мешуданд, лек немисҳо ба ин протокол амал накарда, тамоми манотиқе, ки аз он ҷо нерӯҳояшонро мебароварданд фавран аз ҷониби Артиши Сурх ишғол мешуданд. Немисҳо пешакӣ дар ин маврид бо болшевикон ба ҳамдигарфаҳмӣ расида буданд. Иттифоқчиён тавонистанд танҳо дар Севастопол ва Одесса артиши олмониро бо нерӯҳои худ ҷойгузин кунанд. Хадамоти ҷосусии олмонӣ низ дар ҷанги шаҳрвандии Русия алайҳи Артиши сафедҳо фаъолияти густардаеро роҳандозӣ карда буд. Немисҳо ҳатто мувафақ шуданд дар Сибир ташкилотеро аз ҳисоби асирони ҷангии олмонӣ ва венгер таъсис диҳанд ва ин ташкилот мебоист роҳи оҳани Транссибириро ишғол мекард. Аммо инқилоби ноябрӣ дар худи Олмон ин нақшаҳоро мутаваққиф гузошт. Олмон ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонист шикастро дар ҷанг таҳаммул кунад ва дар ҷустуҷӯи иттифоқчии нав буд. Ба диди бархе олмониҳо Русияро ба ҳайси номзади аввал дар рӯйхати ин иттифоқчиёни нав баррасӣ мекарданд. Моҳҳои апрел-майи соли 1919 намояндагони ҳукумати болшевикӣ Л.Красин ва Я.Петерс махфӣ аз пойтахти Олмон дидан карданд. Ҳини ҳуҷуми Артиши Сурх ба Полша бошад немисҳо барои кумак ба болшевикон қариб 5000 коргарро (аксарият мутахассисони соҳаи ҳарбӣ) ба Артиши Сурх сафарбар намуданд.

Инқилоби сохтаи Олмон

Рӯзномаи бонуфузи англисӣ “Таймс” инқилоби октябрии болшевиконро бо мақолаи “Инқилобе, ки дар Олмон сохта шуд” истиқбол кард. Аслан дар тамоми кишварҳои Антанта инқилобро аз зовияи душманиашон бо Олмон менигаристанд. Ин кишварҳо ҳукумати болшевикиро ба расмият нашинохтанд ва зидди Русия санксияи байналмилалии иқтисодиро ҷорӣ карданд. Инчунин як қатор кишварҳои бетараф низ дар пайравӣ аз Антанта муносиботи дипломатиашонро бо Русияи Шӯравӣ қатъ карданд. Мисли Аргентина, Бразилия, Юнон, Дания, Испания, Куба, Норвегия, Парагвай, Руминия, Таиланд, Шветсария ва Ҳабашистон. Раванди таҳрими байналмилалии Русияи шӯравӣ декабри соли 1918 бо қатъи муносибати дипломатии Маскав бо Дания ва Норвегия ба анҷом расид. Ҳукумати болшевикӣ танҳо дар Олмон сафир ва дар ИМА 1 намоянда дошту халос. Комиссари корҳои хориҷии ҳукумати болшевикӣ Лев Тротский тибқи протоколи дипломатӣ хост сафирони хориҷиро аз таъини худ огоҳ кунад. Тротский шахсан ба дидори сафири англис Бюкенен рафт, аммо сафир Тротскийро ҳатто ба ҳузур напазируфт. Дере нагузашта Лев барои ин кораш бо 1 даста гул аз ношиносе қадрдонӣ шуд, ки дар миёнаш мактубчае буд, бо 1 ҷумла: “Офарин! Аз Шумо сипосгузорем!” 21.11.1917 Тротский ба тамоми сафирони хориҷӣ нота дар бобати анҷом додани ҷангро ирсол мекунад, аммо сафирон аз ин нота низ сарфи назар карданд. Антанта бо иддаои ин, ки Русия масъулиятҳои иттифоқчигии худро аз 5.09.1914 вайрон кард, ШКХ (Совнарком)-ро ба ҳайси ҳукумати қонунӣ қабул накард. Баъди имзои сулҳи Брест аввалин дастаҳои нерӯҳои иттифоқчиён ба хоки Русия ворид мегарданд. Иттифоқчиён вуруди нерӯҳояшонро ҳифзи шаҳри Мурманск ва роҳҳои оҳан аз ҳуҷуми немсиҳо қаламдод карданд. Аввалин шуда 6.03.1918 ба Мурманск дастаи баҳрнавардони англис дар теъдоди 170 нафар бо 2 тӯп ворид мегардад. 

Муаллифи таҳримҳо

Аввалин таҳримҳоро бошад иттифоқчиён баъди оғози ҷанги граждании Русия ба роҳ монданд. Он шабу рӯз Русия гирифтори гуруснагии сахт шуда буд ва таҳримҳо ба пиндори соҳибонаш мебоист миёни аввалин кишвари Шӯроҳоро мешикастанд. Аммо дар Ғарб на ҳама мехостанд ҳукумати болшевикиро аз байн бардоранд. Умуман барои ғарбиён Русияи муттаҳиду пурзӯр лозим набуд ва мекӯшиданд ба осиёби ҳар 2 тараф об резанд. Баъди оғози ҷанги Русияи шӯравӣ бо Полша сарвазири англис Ллойд Ҷорҷ гуфт: “Фикри саркӯбии болшевизм бо нерӯи ҳарбӣ-девонагии маҳз аст... ва умед бастан ба онҳо низ (Деникин, Колчак, чехҳо ва полякҳо) маънои сохтмон дар рӯи реги равонро дорад". Аслан Ҷонс зидди таҳримҳои иқтисодӣ баромад мекард, лек ин таҳримҳо ахир бо исрори амрикоиҳо роҳандозӣ шуданд. ИМА муносибати дипломатии худро дар ҳол баъди инқилоби октябрӣ қатъ кард. 27.02.1918 сафорати амрикоӣ аз Петроград ба Вологда ва 25 июл ба Архангелск интиқол дода шуд. 14.09.1918 бошад сафорати амрикоӣ Русияро ба пуррагӣ тарк кард. 10.10.1919 бошад иттифоқчиён муҳосираи иқтисодии Русияро оғоз карданд. Бо вуҷуди ин Видро Вилсон чандон моил ба ҷорӣ кардани таҳрим набуд. Он шабу рӯз дар Мексика инқилоб ҷараён дошт ва Видро тамоми диққати худро ба ин кишвар равона карда буд. Аммо котиби давлатии ИМА Роберт Лансинг Русияи шӯравиро чашми дидан надошт. Лансинг инқилоби ҷаҳонии болшевиконро рӯъё ва хаёл намедонист. Маҳз Ленсинг муаллифи асосии таҳримҳо шуд. Рӯзномаҳои амрикоӣ ҳар рӯз аз гуруснагии дар Русия иттифоқ уфтода мақола менавиштанд ва акс чоп мекарданд. Мегӯянд, ҳини мутолиаи 1 рӯзнома котиби давлатии ИМА ба фикри ҷори кардани таҳримҳо меуфтад. Ӯ президентро розӣ мекунонад аз истифодаи нерӯҳои олмонӣ барои мубориза бо болшевикон даст кашанд ва зидди Русия таҳрими иқтисодӣ ҷорӣ кунанд. Вилсон билохира ба ин исрори котиби давлатиаш розӣ мешавад, аммо талаб мекунад, ки Петроград бо ғизо таъмин карда шавад.

Меҳрубон Салимшоев,

Муаррихи СССР

 

Матлабҳои дигар