Принт

Команданте 90 сола шуд

13.08.2016 мардуми Ҷумҳурии Куба, ки дар қисмати болооби баҳри Кариб ҷойгир аст, зодрӯзи қумандони овозадори Ҷазираи Озодии Амрикои лотиниро бо тантана ҷашн гирифт. Ба ин муносибат, бо ташаббуси писараш Алекс Кастрои суратгир, дар шаҳри Гавана намоишгоҳи бузурге ташкил шуда, дар он аз сарчашмаҳои гуногун расму сару либос ва дигар анҷоми Фидел Алехандро Кастро Рус машҳур бо номи қумандон Фидел Кастро ба намоиш гузошта шуд.

 

Фидел 13.08.1926 дар шаҳри Бирони вил.Оренте (маънояш шимол) дар оилаи заминдори бузург ба дунё омадааст. Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Гаванаро хатм кардааст. Ақидаҳои озодихоҳонааш аз ҳамин Донишгоҳ оғоз шуда, ба дигар кардани сохти иҷтимоии солҳои 50-уми асри 20 ӯро оварда расонид ва дар вазифаҳои баланди ҷамъиятиву ҳизбӣ, давлативу байналмилалӣ фаъолият кардааст.  

Таваллуди команданте

Аввали январи соли 1959 Фидел дастнигари Амрико-Фулхенсио Батистаро сарнагун сохта, роҳбари инқилобчиёни Куба эълон мешавад. Яке аз дӯстону ҳамфикрони Че Геваро (Эрнесто Рафаэль Гевара де ла Серна) дигар қумандони машҳур бо лақаби Че аст. Ин ҳамон Че Гевароест, ки баъдан барои озодии мазлумони Аргентина фавтида буд. Номи Че Гевара ба ҳадде муборак ва муқаддас аст, ки дар борааш садҳо филм бардоштаву миллионҳо кӯдакро ба номаш гузоштаанд. Имрӯз низ футболкаву кулоҳҳои бо исму сурати Че Геваро аз ҳама пурхаридортарин буда, ҳатто шӯҳрати Мессиву Роналдоро паси сар гузоштаанд!

То соли 2006 Фидел Кубаро роҳбарӣ карда, бино бар сабаби беморияш қисмати калидии ҳукуматдориро ба бародараш Раул месупорад. Соли 2008 аз ҳамаи вазифаҳои давлатӣ озод шуда, 19.04.2011 аз вазифаи ҳизби роҳбарикунандаи кишвар низ мебарояд. 

Сигораи 90-метраи Фидел

Дар зодрӯз ба қумандон туҳфаҳои махсуси зиёде тақдим намуданд. Яке аз чунин туҳфаҳои хеле ҷолиб ба 90-солагии Кастро ин сигори 90-метраи аз тарафи тамокупеч (торседор)-и машҳури Амрико Хосе Кастелар буд, ки 120 соат аз 80 кг беҳтарин барги тамокуи кубагӣ печонида шуда буд. Аҷоиби кор дар он аст, ки қумандон 30 соли охири умраш тамоман сигор намекашад. Дигар туҳфаи хотирнишин, ин макети зодгоҳи қумандон буд, ки дар он мавзеи айёми кӯдакии Кастро чашмрас сохта шудааст. Ҳамчунин матбуоти даврӣ ҳолномаи командантеро аз рӯзҳои аввали шӯришгарӣ то ба инқилоби Куба расиданашро чоп кардаанд. Овардаанд, ки қумандон беш аз 600 суиқасдро аз сар гузаронида, лоиқ ба китоби рекордҳои Гиннес аст ва яке аз шоҳмотбозони шинохтаи Куба, Чили, Никарагуа ва Гренада ба ҳисоб меравад.

Шамсиддини Муқим,

мухбири махсуси “СССР”, дар Россия

PS: Ҳайъати эҷодии СССР ба қумандон Кастро тани сиҳатро орзу намуда, гуфтанием, ки: “Садсола шаведу баъд аз он...ҷавон шавед!”. Мо Метавонем!

Воқеан ҳам чанд сол қабл журналисти маҳаллӣ Муъмин Аҳмадӣ дар ш.Кӯлоб бо 1 қаровули дӯконе сӯҳбат ороста буд, ки ӯ, яъне посбони нимабомжу нимакӯчагард, дар солҳои 60-70-уми асри 20, муҳофиз-телехи шахсии Фидел Кастро аз ҷониби афсарони ГРУ СССР будааст. Ҳар нафаре, ки дубора нишонии ин мардро ёфтаву бо ӯ сӯҳбат кардаву ба редаксия меорад, соҳиби ҳаққи қалами хубе хоҳад шуд. Мо Метавонем!

 

Матлабҳои дигар