ХАБАРИ ДОҒ

Босмачӣ ва ҳаракати босмачигарӣ ҳанӯз ҳам яке аз баҳсҳои доғ миёни муаррихони ватанӣ боқӣ монда, дар ироаи ин масъала андешаҳои мутафовит доранд. Иддае чун пештара босмачиҳоро роҳзану ғоратгар муаррифӣ кунанд, гурӯҳе онҳоро чун қаҳрамон ва муборизони роҳи озодӣ медонанд. Дастаи саввуми муаррихон низ ҳастанд, ки ба масъала нигоҳи беғаразона доранд. Аммо ҳама бар ин назаранд, ки атрофи босмачӣ ва ҳаракати босмачигарӣ афсонаҳои зиёд бофта шудаанд.

Вожаи “босмач” решаи туркӣ дорад ва маънояш “яғмогар”, “ҳуҷумкунанда” аст. Ин ҳаракат ҳанӯз пеш аз омадани болшевикон дар Осиёи Миёна вуҷуд дошт. Баъзе аз муаррихин пайдоиши босмачиёни аввалинро ҳатто пеш аз омадани русҳо ба ин манотиқ зикр кардаанд. Ба фикри онҳо афроди норозӣ ва хунгарм ба дастаҳои алоҳида муттаҳид шуда, ба роҳзаниву яғмогарӣ машғул буданд. Омадани русҳо ашхоси дигари норозиро ба сафи босмачиён ҳамроҳ кард. Аммо ин ҳаракат рушди чандон надошт ва танҳо омадани болшевикон ба ОМ ба пайкари он нафаси тоза дамид. Тибқи маълумотҳои муаррихон иштирокчиёни ҳаракати босмачигарии зиддиболшевикӣ дар оғоз бо ин ном сахт мухолифат карда, лақаби босмачиро ба худ таҳқир меҳисобиданд. Аммо баъдан бо ин ном одат карда, ҳатто бо он фахр ҳам мекарданд. Оғози ин ҳаракатро зидди ҳукумати Шӯроҳо муаррихин пас аз барҳам додани Мухторияти Туркистон (давлате, ки аз ҷониби касе эътироф нашуда буд) дар моҳи феврали соли 1918 нисбат медиҳанд. Ин давлат дар ҷои собиқ хонигарии Қӯқанд (ҳудуди имрӯзаи Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон) таъсис ёфта буд ва ҳамаги 3 моҳ арзи вуҷуд кард. Аммо муаррихи рус Александр Андреев таъсиси аввалин дастаҳои босмачиёнро ба январи с.1918 рабт медиҳад, яъне замоне ки Мухторияти Туркистон ҳанӯз аз ҷониби болшевикон торумор нашуда буд. Ба гуфтаи ӯ, январи с.1918 дар Қӯқанд аввалин азназаргузаронии дастаҳои босмачиён ба вуқӯъ пайваст. Ҳини азназаргузаронӣ, барои лашкари навтаъсис рутбаҳои ҳарбӣ муайян карда шуданд. Лашкари нав аз “унбошӣ”, “юзбошӣ”, қурбошӣ”, “лашкарбошӣ” ва “амири лашкарбошӣ” иборат ёфта буд. Аммо баъдан вақте ҳаракати босмачигарӣ шакли оммавӣ гирифт ва асоси ҷангиёни дастаҳоро деҳқонони оддӣ ташкил мекарданд, ин унвонҳо қариб аз эътибор соқит шуданд. Ҳукумати Шӯроҳо ноябри с.1917 бо шӯриши болшевикон ва эссерҳо зидди Ҳукумати муваққат дар Тошканд ба ОМ қадам ранҷа кард. Болшевикон апрели с.1918 Туркистонро Ҷумҳурии шӯравӣ эълон карда, истиқлоли Бухоро ва Хиваро ба расмият шинохтанд. Баъди ин ҳаракати “Шӯрои исломӣ” дар Қӯқанд Анҷумани IV-и Фавқулоддаи умумимусалмониро даъват кард ва Мухторияти Туркистон (Автономияи Қӯқанд)-ро таъсис дод. Ба ҳукумати муваққати нав узбекҳо, қазоқҳо, тоторҳо ва 1 яҳудӣ шомил шуданд. Барои ҳифзи мухторият дастаҳои мусаллаҳ (милитсия)-и маҳаллӣ созмон дода шуданд ва ба онҳо Ҳоҷӣ Муҳаммад Иброҳим Ҳоҷиев, ки баъдан бо лақаби “Кичик Эргаш” (Эргаши хурд) маъруф шуд, сарварӣ мекард. Январи с.1918 бошад болшевикони Тошканд аз роҳбарияти мухторияти Қӯқанд талаб карданд, ки ҳукумати Шӯроҳоро бипазиранд. Аз Қӯқанд ҷавоби рад доданд ва болшевикон ҷангро сар карданд. Баъди шикаст Эргаш бо боқимондаи дастаҳояш ба кӯҳҳои атрофи Қӯқанд паноҳ бурд ва маҳз ин дастаҳо босмачиёни аввалро ташкил доданд. Маркази мубориза низ дар оғоз водии Фарғонаро дар бар гирифта буд.

Сабабҳои пайдоиш

Сарвари болшевикон Владимир Ленин дар тезизҳои маъруфаш “Оид ба масоили миллӣ ва мустамликавӣ” ҳанӯз дар Анҷумани II-и интернатсионали коммунистӣ гуфта буд, ки ягона роҳи наҷот барои миллатҳои мутеъ, ақибмонда ва заиф (роҳбарияти болшевикӣ халқҳои ОМро маҳз ба ҳамин даста дохил мекард) ин ҳамроҳ шудан ба ҳайати иттиҳоди ягонаи федеративӣ ба шумор меравад. Ӯ дар ин асари худ инчунин қайд карда буд, ки болшевикон бояд ба ҳаракати озодихоҳонаи буржуазӣ-демократӣ дар канораҳои импературӣ кумак кунанд, аммо ба ҳар васила бояд ин ҳаракатро тағйири ранг дода, онро коммунистӣ гардонанд. Ва болшевикон бо ин дастуроти доҳии худ ба ғасбӣ ОМ оғоз карданд. Маскав дар тасхири ин манотиқ аз ҳама зиёд ба тарзи зиндагии патриархали (кӯҳнашуда)-и мардуми маҳаллӣ, ки бештар ба ислом такя мезад, мухолифат мекарданд. Ин ҳама эътирози мардуми маҳаллиро аз ҳокимияти нав ба бор меовард. Аммо бо вуҷуди ин муаррихони шӯравӣ ба ҳеҷ ваҷҳ намепазируфтанд, ки яке аз сабабҳои асосии рушди босмачигарӣ иштибоҳи худи болшевикон буд. Яке аз болшевикон Георгий Сафаров, ки иштирокчии бевоситаи ин воқеаҳо буд, соли 1921 китоберо бо номи “Инқилобӣ мустамликавӣ (таҷрибаи Туркистон)” нашр кард. Ӯ мегуфт, ки ҳукумати шӯравӣ дар ОМ хусусиёт ва ранги мустамликавӣ дошт. Ин болшевики собиқадор яке аз сабабҳои асосии паҳн шудани ҳаракати босмачигариро буҳрони иқтисодӣ муаррифӣ мекард. Ин буҳрон натиҷаи сиёсати ғалати болшевикон дар минтақа будӣ. Маҳз ин сиёсат боис шуд, ки хоҷагии қишлоқ заиф ва оммаи васеъи деҳқонон муфлис шаванд. Лек баъдан китоби Сафаров мавриди танқиди ҳамаи олимони шӯравӣ қарор гирифт ва худи муаллиф ба ҷурми “душмани халқ” с.1942 ба қатл расид. Ба фикри дигарон, босмачигарӣ ҳаракати худҷӯш алайҳи бедодгарӣ ва ситами ҳокимияти нав ва Артиши Сурх буда, баъдан дар солҳои 1921-22 ба ҷанги шаҳрвандӣ миёни ҷонибдорон ва мухолифини ҳокимияти нав табдил ёфт. 

Оғозу анҷом

Ба ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон ин ҷанг дар ҳудуди солҳои 1920-21 кӯчид. Пас аз шикаст дар Бухоро амир Олимхон ба Душанбе гурехт ва ин мавзеъро қароргоҳи худ дониста, алайҳи болшевикон “ҷиҳод” эълон кард. Аммо вазъият дар Бухорои шарқӣ каме фарқ дошт. Амири манғитӣ дар ин манотиқ миёни мардум эътибори зиёд надошт. Дастаҳои мусаллаҳи амир низ, ки саросемавор аз қабоили маҳаллии турк таъсис ёфта буданд, чандон муҳаббате ба мардум надоштанд. Аз сӯи дигар Артиши Сурх бо шиорҳои озодӣ ва баробарӣ дар сарҳади Бухорои шарқӣ қарор дошт ва ҷавонбухориён низ дар маркази аморат қудратро дар даст гирифта буданд. Баъди чанде болшевикон ба Бухорои шарқӣ “Отряди экспедитсионии Ҳисор”-ро фиристоданд. Ин дастаи ҷангии савора аз 4500 ҷанговар иборат буд ва танҳо 17 нафар мусалмон дошт. Артиши савораи сурх дар муддати кӯтоҳ ба наздикиҳои Душанбе расид. Амири шуҷоъ чун ҳарвақта рӯ ба гурез ниҳода, муҳофизати Душанберо ба ӯҳдаи Эшони Султони дарвозӣ вогузошт. Эшон ҷангро бохт ва бо чанде аз муридонаш ба кӯҳистон фирор кард. Роҳбарони боқимондаи тарафдорони амир низ ба кӯҳҳо гурехтанд. Аз ҷумла, Иброҳимбек ҳамроҳи хусураш, беки лақайҳо Қаюм Парвоначӣ. Баъди пирӯзӣ гарнизонҳои Артиши Сурх дар шаҳрҳои Бухорои шарқӣ ҷой гирифта, сурхҳо ба мусодираи озуқаворӣ барои “эҳтиёҷоти инқилоби ҷаҳонӣ” оғоз карданд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо то нисфи ҳосили ғаллаи онсола мусодира шуд. Сурхҳо қариб 5 млн пуд ғалла аз мардум мусодира карданд. Дар шаҳрҳо бошад ситодони артишӣ ҳама дар мадрасаву масҷидҳо ҷойгир шуда, ин низ ба шӯълаи хашми мардум равған мерехт. Билохира, мардуми ба танг омада, дар авохири баҳори с.1921 хест, ки танҳо с.1926 аз ҷониби болшевикон саркуб карда шуд. Анварпошшои турк, Давлатмандбийи тоҷик ва Иброҳимбеки лақай тавонистанд с.1922 Душанберо аз сурхҳо бозпас гиранд ва Артиши Сурхро аз Бухорои шарқӣ берун кунанд, аммо сурхҳо баъд аз чанде бозгашта, Анвару Давлатманд дар задухурде кушта шуда, Иброҳимбек ба Афғонистон гурехт. Бо ин вуҷуд, ҳаракати босмачигарӣ дар Тоҷикистон то авохири солҳои 30 идома дошт. Баъдан тактикаи босмачиён тағйир ёфт. Онҳо дар навоҳии душворгузари кӯҳӣ ё биёбонҳо мустақар шуда, ба навоҳии сераҳолии водиҳо юриши савора мебурданд ва болшевикон, комиссарҳо, кормандони шӯравӣ ва тарафдорони ҳукумати навро ба қатл мерасониданд. Онҳо аз ҷанги рӯёрӯ бо қисмҳои бузурги Артиши Сурх ҳазар карда, ногаҳон ба дастаҳои хурди сурхҳо ҳамла карда, боз тез ақиб менишастанд. Охирин ҳамлаи босмачиён ба ҳудуди Тоҷикистон моҳи сентябри с.1941 ба қайд гирифта шудааст. Он шабу рӯз босмачиён дар н.Мурғоби ВМКБ кӯшиши рахна кардани марзро намуданд ва дар натиҷаи задухӯрд 5 сарҳадбон бо ҳамроҳии 1 политрук ба ҳалокат расиданд. Талафоти босмачиён бошад 64 нафарро ташкил дод. Аммо охири ҳаракати босмачигариро бештари муаррихон ба созишномаи иттиҳодии миёни Маскав ва Лондон, ки соли 1942 ба имзо расид, рабт медиҳанд. Тибқи ин созишнома тарафи англис ӯҳдадор шуд, фаъолияти ҳар навъ дастаҳои мусаллаҳи зиддишӯравиро дар қаламрави таҳти итоаташ пешгирӣ кунад.

Меҳрубон Салимшоев,

Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter