ХАБАРИ ДОҒ

Октябр: Инқилоб ё табаддулот?

  • Чоршанбе, Нояб 09 2016

Болшевики махмалин

Инқилоби октябрӣ, ки моҳи октябри с.1917 дар Русия иттифоқ уфтод, яке аз рӯйдодҳои сиёсии бузурги асри 20 буда, таъсири амиқ ба ҷараёни ояндаи таърихи ҷаҳонӣ гузошт.

Ба таъбири журналисти амрикоӣ-Ҷон Рид "ҳар кас дар бораи болшевизм ҳар фикре дошта бошад, ин далели баҳснопазир аст, ки инқилоби рус яке аз рӯйдодҳои бузург дар таърихи инсоният ба шумор рафта, сари қудрат омадани болшевикон бошад - воқеаи аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, аст". Инқилоби февралии рус бе иштироки фаъоли болшевикон доир шуд. Феврали с.1917 ҳизби болшевикӣ (РСДРП) 1 ташкилоти сиёсии ба касе номаълум, теъдоди аъзояш дар тамоми қаламрави империя ҳамагӣ 24.000 нафарро ташкил мекард. Ленин ва Тротский сарварони ҳизби болшевикӣ низ феврали с.1917 берун аз кишвар қарор доштанд. Ленин танҳо 3 апрел вориди Петроград шуд. Лек бо вуҷуди ин, сарварони ин ҳизби кучак (хоса, Ленин) вазъиятро ба дурустӣ фаҳмида, дар муддати кӯтоҳ қудрати сиёсиро дар яке аз бузургтарин императориҳои дунё соҳиб шуданд. Ленин хуб дарк кард, ки Ҳукумати муваққат наметавонад ба ваъдааш вафо кунаду аз ҷанг берун омада, заминро ба деҳқонон тақсим намояд. Ин ҳолат мардумро ногузир боз ба шӯриш вомедорад. Дар натиҷаи инқилоб Ҳукумати муваққат сарнагун ва империяи собиқ ба Ҷанги шаҳрвандӣ мубтало шуд ва дар кишвари Русия ҳукумате сари қудрат омад, ки онро Анҷуман 2-уми умумирусиягии Шӯроҳо таъсис дод ва аксаряти кулли вакилони онро болшевикон (РСДРП(б)) ва иттифоқчиёни онҳо эссерони чап ташкил медоданд. Дар ин Анҷуман, ки соати 22:40 дақиқаи 25 октябри (7 ноябри) с.1917 ифтитоҳ ёфт, болшевикон ба ҳозирин эълон карданд, ки қудрат дар кишвар иваз шуд, аммо сарвари меншевикон-интернатсионалистҳо Ю.Мартов гуфт, ки болшевикон дар мавриди ҳокимият бояд бо дигарон машварат кунанд, то кишварро аз ҷанги шаҳрвандӣ наҷот диҳанд. Ӯ пешниҳод кард, дар кишвар 1 ҳокимияти демократӣ дар асоси созиши болшевикон бо аҳзоби дигари сотсиалистӣ рӯи кор оварда шавад. Аз номи болшевикон А.Луначарский, ки ӯро Тротский "болшевики махмалин" меномид, баромад карда гуфт, ки фраксияи болшевикон бо пешниҳоди Мартов ҳеҷ зиддият надорад. Аммо вакилони дигари меншевик ва эссерони рост ғасби худсаронаи қудратро аз ҷониби болшевикон маҳкум ва толори Анҷуманро тарк карданд. Вакилон бовар доштанд, ки "моҷарои болшевикон" дер намепояд ва мекӯшиданд аз диди сиёсӣ болшевиконро мунзавӣ гардонанд, лек дар асл бо рафтани худ роҳро барои болшевикон боз карданд. Ҳукумати навро як қатор ташкилотҳои миллигаро, қисмати начандон калони меншевикон-интернатсионалистҳо ва қисме аз анархистҳо ҷонибдорӣ карданд. Ноябри с.1917 ҳукумати нав инчунин аз ҷониби аксарияти Анҷумани фавқулоддаи вакилони деҳқонон тарафдорӣ шуд. 

Хонаи қартагӣ

Вақтҳои охир бархе муаррихини ғарбӣ ва собиқи шӯравӣ ақидаеро роҳандозӣ кардаанд, ки тибқи он Инқилоби октябрӣ 1 "табаддулоте" беш набуда, аз таҳкурсии ҷиддии иҷтимоӣ-иқтисодӣ бархурдор набуд, аз ин рӯ, наметавонист сохти ҷамъиятии босубот ва ояндадорро таъсис диҳад. Ба таъбири муаррихи амрикоӣ М.Миллер: "Агар коммунизм билохира чун хонаи қартагӣ чаппа шуд, ба ин хотир аст, ки он ҳамеша хонаи қартагӣ буд". Аммо инқилоби Октябрӣ замина ва сабабҳои худро дошт. Чун ҳеҷ инқилоб бе заминаву сабаб сар намезанад. Маҳз ин заминаҳо инқилоби сотсиалистиро дар Русия ба вуҷуд овард. Инчунин бояд гуфт, ки намояндагони макотиби гуногуни таърихнигорӣ замина ва сабабҳои ғалабаи инқилоби сотсиалистиро дар Русия ҳар кадом ба таври худ менависанд. Таърихнигории шӯравӣ инқилобро чун натиҷаи табиии рушди муносибатҳои капиталистӣ қаламдод мекард. Муаррихини ғарбӣ бошанд, баръакс инқилоби Октябриро натиҷаи заъфи капитализми рус медонистанд. Бо вуҷуди ин, онҳо заминаҳои хусусияти иқтисодидоштаро инкор намекарданд ва аксарият сабабҳои иқтисодиро дар нақши зиёди давлат дар ҳаёти иқтисодӣ, дараҷаи баланди ҷамъ шудани капитали молиявӣ, монополизатсияи истеҳсолот, болоравии танзими давлатӣ-монополистӣ дар солҳои ҷанги аввали ҷаҳонӣ... арзёбӣ мекарданд. Дар тавзеҳи заминаҳои иҷтимоӣ-сиёсии инқилоб низ муаррихини шӯравӣ ва ғарбӣ ҳамфикранд ва фарқи бузурги иҷтимоию маданиро миёни “болоҳо” ва “поинҳои” ҷамъияти рус қайд мекунанд. Инчунин заъфи сиёсии буржуазияи рус, ки натавонист дар шароити давлати диктатурӣ, таҷрибаи муборизаи сиёсӣ ва идоракунии давлатиро гирд оварад. Кулли муаррихин дараҷаи баланди ҷамъшавии синфи коргарро дар марказҳои калидии иқтисодӣ-сиёсии кишвар ва иқтидори инқилобии коргаронро қайд мекунанд. Яке аз заминаҳои дигари инқилоб ба диди онҳо, мушкилоти замин ва ҳал нашудани масъалаи аграрӣ буда, ин масъала ба рафтори деҳқонон, аксарияти аҳолии Русия таъсири бевосита дошт. Лек нақши коргарону деҳқонон дар инқилоб ба назари муаррихин боз тафовутҳои зиёд дорад. Муаррихини шӯравӣ нақши синфи коргарро дар инқилоби сотсиалистӣ ҳалкунанда медонанд, аммо ғарбиҳо, баръакс нақши асосиро ба деҳқонон қоил буданд.

Деҳқонон ва сотсиализм

Дар навбати худ таърихнигорони шӯравӣ низ тадриҷан аҳамияти нақши деҳқононро дар инқилоби сотсиалистӣ дар Русия қайд мекарданд. Дар давраи баъдишӯравӣ таърихнигорон-аграрникҳо пешниҳод карданд, ҳар 3 инқилоб дар Русия пеш аз ҳама чун инқилобҳои деҳқонӣ баррасӣ гарданд. Акнун деҳқонон чун асоситарин нерӯи иҷтимоӣ ва менталитети деҳқонӣ бошад чун омили муҳимтарин, ки сабаби марги капитализму ғалабаи болшевикон дар инқилоб баҳодиҳӣ мешуд. Аксарияти деҳқонони рус зидди ҳуқуқи моликияти шахсӣ ба замин буданд. Ингуна муносибат аз сохти крепостноӣ маншаъ мегирифт. Баъди озод шудани деҳқонони рус ананаҳои ҷамоатӣ дар онҳо мустаҳкамтар шуда, давлат низ дар ин кор саҳмгузор буд. Баъди барҳам додани ҳуқуқи крепостноӣ давлат маблағҳои пардохти замин (маблағе, ки деҳқонони рус баъди озод шудан барои истифодаи замин баъди ислоҳоти с.1861 бояд ба заминдор медоданд)-ро танҳо аз ҷамоат метавонист биёбад. Маҳз ба хотири ҳамин тибқи ислоҳоти аграрӣ заминро асосан ҷамоатҳо гирифта, миёни аъзои худ тақсим мекарданд. Ин ҳолат ташаккулёбии ҳисси моликияти шахсӣ ба заминро дар деҳқонон душвор мекард. Дар оғози асри 20 83,2% заминҳои саҳмӣ дар қисмати аврупоии Русия дар истифодаи ҷамоатҳо қарор доштанд. А.И.Герцин назарияи сотсиализми деҳқонии русиягиро поярезӣ намуд ва якчанд насли халқчиён (народникҳо) кӯшиш карданд ин назарияро дар амал тадбиқ диҳанд. Ин андешаи деҳқонон с.1905 ҳини интихобот ба Думаи давлатӣ баръало намоён шуд. Аммо подшоҳ Думаи 1 ва 2-ро пароканда намуд ва ба П.Столипин фармон дод, ислоҳоти аграриро роҳандозӣ кунад. Мақсали асосии ислоҳоти Столипин заиф сохтани ҷамоатҳо ва пурзур кардани ҳисси моликияти шахсӣ ба замин дар миёни деҳқонон равона шуда буд. Аммо ҷамоатҳо боз устувор боқӣ монданд. Тибқи омор то с.1917 дар Русия 43 млн деҳқонони ҷамоатчӣ ва 5 млн деҳқонони соҳиби мулки хусусӣ буданд. Баръакс напазируфтани моликияти хусусӣ пурзӯр гардид, чун дар рафти ислоҳот кулакҳо заминҳои беҳтаринро аз ҷамоатҳо берун оварда ба моликияти хусусӣ табдил медоданд. 

Номаи Дурнов

Ним сол қабл аз оғози ҷанги ҷаҳонии 1, вақте осмони империя беғубор менамуд ва ҳосили фаровони с.1913 шиддати низои иҷтимоиро дар деҳот паст кард, сенатор П.Н.Дурнов-собиқ вазири корҳои дохилии Русия ба Николаи 2 бо номае муроҷиат кард. Ӯ дар нома подшоҳро аз оқибатҳои бади ширкати Русия дар ҷанги оянда зидди Олмон аз сӯи Антанта ва имкони вуқӯи инқилоб дар пайи ин ҷанг огоҳ мекард. Ӯ ҳатто тақдири инқилобро пешгӯӣ намуда буд. Ин нома 3 тезиси асосиро дар бар мегирифт. Ба андешаи ӯ: “Дар Русия аз ҳама заминаи мусоид барои садама ва изтироби иҷтимоӣ ҳаст”; “оммаҳои мардум бе ҳеҷ шубҳа ба сотсиализми бешуурона эътиқод доранд” ва “ҳар навъ ҳаракати инқилобӣ ногузир ба ҳаракати сотсиалистӣ табдил хоҳад гашт”. Бояд гуфт, ки Дурнов ба хотири огоҳии худ вазъияти кишварро дақиқтар аз Ленин, ки он ҳангом дар муҳоҷират буд, арзёбӣ мекард. Ленин дар арафаи асри 20 халқчиёнро, ки ба хотири хусусиёти хоси Русия муътақид буданд, ки кишвар метавонад аз капитализм бо такя ба ҷамоат “ҷаҳида гузарад”, сахт танқид мекард. Аммо таҷрибаи с.1905 ва талабҳои деҳқонон оид ба нест кардани моликияти хусусисозии замин ба Ленин таъсири сахт гузоштанд. Марти с.1917 Ленин ҳини тасвиби фарзияи табдилёбии инқилоби буржуазӣ ба инқилобӣ сотсиалистӣ навишта буд: “ Дар Русия ғалабаи пролетариат дар ояндаи наздиктарин, танҳо дар шароити тарафдории оммаи азими деҳқонон аз синфи коргар имконпазир аст”. Аз ин маълум мегардад, ки Ленин мавқеи деҳқононро шарти асосии ғалабаи пролетариат меҳисобид.

Меҳрубон Салимшоев,

Муаррихи СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter