ХАБАРИ ДОҒ

Молдавани зебо

10.11.1982 қалби Леонид Илич Брежнев-котиби генералии ҲКИШ, Раиси Раёсати ШО СССР аз тапидан бозмонд. Ӯ аз с.1964 то с.1982 роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравиро ба ӯҳда дошт ва 18 соли ҳукумати ӯро иддае “асри тиллоӣ” ва гурӯҳе даврони “рукуди” аввалин кишвари Шӯроҳо меноманд. 

 

Брежнев с.1906 дар ш.Каменски вил.Днепропетровски Украина ба дунё омад. Соли 1927 Техникуми заминсозии ш.Курск ва с.1935 Донишкадаи металлургии Днепродзержинскро хатм кард. Соли 1932 узви комсомол шуд ва баъди чанде ба кори ҳизбӣ сар кард. Дар рушди мансабии ӯ Никита Хрушев нақши зиёд бозид. Хрушев, ки дар авохири солҳои 30 вазифаи котиби аввали КМ ҲК Украинаро ишғол мекард, ба Брежнев кумаки зиёд кард ва Леониди ҷавон дар муддати кӯтоҳ тавонист дар ниҳодҳои ҳизбии вилояти Днепропетровск зинаҳои калидиро тай кунад. Дар аввали солҳои 50 бошад бо ёрии Хрушев ӯ ба ниҳодҳои марказии ҳизбӣ ворид ва ба вазифаи котиби аввали КМ Молдавия пешбарӣ шуд. Соли 1952 дар Анҷумани ХIX-и ҲК Леониди ҷавон мавриди таваҷҷӯҳи Сталин қарор гирифт. Ба гуфтаи шоҳидон Сталин ӯро “молдавани зебо” ном ниҳод. Соли 1957 ӯ аъзои Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ ва с.1960 раиси Раёсати ШО СССР таъин шуд. То с.1962 вазъияти Хрушёв дар ҳизб устувор буд, аммо баъд сиёсати ғалати иқтисодӣ, ислоҳотҳои номуваффақи аппарати ҳизбӣ ва суханрониҳои бемулоҳизаи Котиби аввал, ҳаммаслакони ӯро безобита карданд. Брежнев он ҳангом зоҳиран аз Хрушев ҷонибдорӣ мекард, аммо дар қафо ба сафи мухолифони Никита Сергеевич ҳамроҳ шуд. Ба ин мухолифат Алексей Косигин, Александр Шепелев ва Николай Подгорний сарварӣ мекарданд. Хрушев, ки аз бозиҳои пасипардагии Иличи 2 огоҳӣ надошт, с.1963 ӯро ба ҷои Флор Казлов котиби 2-уми КМ, яъне ҷонишини расмии худ таъин намуд. 14.10.1964 вақте Хрушёв дар истироҳат қарор дошт, суиқасдчиён Кумитаи марказиро ҷамъ карда, ӯро аз мансаб канор заданд. Леонид акнун Котиби аввали ҲК ва Косигин Раиси Шӯрои Вазирони кишвар таъин шуд. Аслан таъини ӯро ба мансаби котиби аввали КМ ҲК бештари собиқадорони ҳизбӣ чун амри муваққат медонистанд. Дар зинаҳои болотарини ҳизби коммунист гумон мерафт, ки Брежневи 58-сола баъди чанде ҷояшро холӣ мекунад ва қудрат ба каси дигар меафтад. Воқеан, Леонид аз истеъдоди фавқулоддае бархурдор набуд. Ӯ на сарвари ғоявии бузург ва на арбоби барҷастаи хоҷагидорӣ будӣ ва ҳамеша дар нақшҳои 2-ум фаъолият дошт. Аз ин ҷиҳат касе гумон намекард, ки вай тавонад бозии сиёсии худро роҳандозӣ кунад. Аммо ӯ аз шонси ба даст омадааш 100% истифода бурд ва тадриҷан ҳамаи рақибони сиёсии худро канор зада, афроди ба худ содиқро дар вазифаҳои калидӣ гузошт.

Кишвари сементӣ

Дар 18 соли ҳукмронии ӯ иқтисоди СССР дувуним маротиба боло рафт, хароҷоти давлат дар соҳаи иҷтимоӣ 3 баробар афзуд. Маҳз дар давраи Брежнев суръати сохтмони манзил дар аввалин кишвари Шӯроҳо ба 60 млн метри мураббаъ расида, давлат хонаҳои сохташударо бе пул тариқи навбат ба шаҳрвандон тақсим мекард. Шумораи одамоне, ки бо хонаи ройгон таъмин шуданд, 162 млн нафарро ташкил дод. Дар замони Брежнев истеҳсоли нерӯи барқ низ зиёд шуд ва с.1980 ин нишондод дар қиёс бо с.1940 26,8 баробар зиёд буд. Барои мисол, дар ИМА дар ҳамон давра истеҳсоли нерӯи барқ 13,67 баробар афзуда буд. Инчунин дар давраи Леонид азхудкунии конҳои асосии нафту газ дар Сибир оғоз ёфта, сохтмони системаи лӯлаҳои содиротии нафту газ ба роҳ монда шуданд. Ногуфта намонад, ки ин лӯлаҳо то ба имрӯз асоситарин манбаи ғанисозии буҷаи Руссия ҳастанд. Дар соҳаи иҷтимоӣ низ 18 соли ҳукумати Брежнев дар аввалин кишвари Шӯроҳо бесобиқа буданд. Дар давраи ӯ даромадҳои ҳақиқии аҳолӣ 1,5 баробар афзуда, теъдоди аҳолӣ низ рушди бесобиқа дошта, аҳолии РСФСР 12 млн нафар зиёд шуд. Тибби бепул яке аз асоситарин ифтихороти СССР дар соҳаи иҷтимоӣ будӣ. Дар кишвар диспансеризатсияи сатосарии аҳолӣ, аз ҷумла, кӯдакон ҷорӣ шуда буд. Дастрасӣ ба илм низ комилан ройгон буда, солҳои 70 дар макотиби олии СССР 4,6 млн донишҷӯ бепул таҳсил мекард. Рушд дар дигар соҳаҳо низ дида мешуд, масалан, дар тракторсозӣ. Иттиҳоди Шӯравӣ тракторҳои худро ба 40 кишвари дунё содир мекард. Хоҷагии қишлоқи кишвар низ бо трактору комбайнҳо пурра таъмин буд. Соли 1980 СССР аз рӯи ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ ҷои 1-ро дар Аврупо ва ҷои 2-ро дар ҷаҳон, баъд аз ИМА ишғол мекард. СССР дар соҳаҳои кайҳонӣ, энержии атомӣ ва КҲС дар ҷаҳон пешсаф буд. Дар соҳаи илми шӯравӣ миллионҳо нафар заҳмат мекашиданд. Соли 1975 кормандони илмии СССР чоряки кормандони илмии дунёро ташкил медоданд. СССР аз рӯи теъдоди гирандагони ҷоизаи Нобелӣ дар ҷаҳон ҷои 6 ва 7-ро ишғол мекард. Олимони шӯравӣ дар физикаи ядроӣ, истеҳсоли лазер ва илми кимиёӣ яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон буданд. Ба забоншиносони шӯравӣ муяссар шуд, ҳатто хатти мардуми майа (яке аз қабоили ҳиндуи Амрикои Ҷанубӣ)-ро рамзкушоӣ кунанд. Элементҳои химиявии 104, 105, 106, 107 ва 108-и ҷадвали Менделеев низ дар СССР ба даст оварда, сипас пешкаши ҷаҳониён шуданд. Аммо дар қатори инҳо яке аз ифтихороти дигари СССР семент будӣ. Аввалин кишвари Шӯроҳо аз ҳама зиёд дар ҷаҳон семент истеҳсол мекард. СССРи солҳои 70 аз бештари кишварҳо бо ин фарқ мекард, ки қариб ҳамаи чизи барои зиндагӣ зарурӣ, сар аз тайёраву ракет то ҷӯробу тагпӯшро дар дохили худаш истеҳсол мекард. Албатта ҷӯробу тагпушаш сифати зиёд хубе надошт, аммо истеҳсоли ватанӣ буданду арзону дастрас. Инчунин, 5-солаи 8-ум (1966-1970), ки ба аввали ҳукумати Иличи 2-ум рост омад, муваффақтарин 5-сола дар таърихи СССР буда, он дар таърихнигории шӯравӣ 5-солаи “тиллоӣ” муаррифӣ шудааст. Мафҳуми рукуд бошад бори аввал соли 1986 дар Анҷумани XXVII ҲКИШ аз забони Горбачев садо дод: “Дар солҳои роҳбарии Брежнев зуҳуроти рукудӣ ба ҳаёти ҷомеа ворид шуда, ин зуҳурот ҳам соҳаи иқтисодӣ ва ҳам соҳаи иҷтимоиро фаро гирифта буд”. Аммо бештари шаҳрвандони шӯравӣ дар бораи ин фикр намекарданд, чун боварӣ ба фардои нек дошта, бо сиёсати ҳизбу ҳукумат 100% розӣ буданд.  

Ҳукумати пирон

Воқеан, аввали ҳукумати Брежневро метавон беҳтарин давра дар ҳаёти Иттиҳоди Шӯравӣ муаррифӣ кард. Соли 1965 дар СССР ислоҳоти иқтисодӣ оғоз шуданд, ки баъдан бо ислоҳоти Косигинӣ маъруф шуданд. Мафҳумҳое чун “бозор”, “даромад” ва “самаранокӣ” бори аввал дар долонҳои ҳукуматӣ садо доданд. Мутаассифона, баъди чанде ин ислоҳот ба ихтилоф миёни қонунияти иқтисодӣ ва дастуроти сиёсӣ дучор гардиданд. Яке аз сабабҳои буғӣ кардани ислоҳот воқеаҳои “Баҳори Прага” дар с.1968 шуд. Маҳз баъди саркубии баромадҳои мардумӣ дар Чехословакия миёни роҳбарияти шӯравӣ боварие маъмул шуд, ки ҳар гуна кӯшиши такмил додани сотсиализм ногузир ба канор рафтан аз марксизм оварда мерасонад ва арзишҳои капиталистӣ вориди кишварҳои сотсиалистӣ мешаванд. Яке аз сабабҳои дигари заъфи ҳукумати Брежнев, инчунин синну соли роҳбарони аввали кишвар буд. Худи Илич 18 соли дароз сари қудрат буд, ҳатто баъди исрори ӯ ҳаммаслакон ба канор рафтанаш розӣ нашуданд. Вазири молияи ҳукумати Брежневӣ, Гарбузов 25 сол, сарвари ВКХ Громико 28 сол ва котиби аввали КМ ҲК Литва-Снечкус бошад 30 сол дар курсиҳои худ фаъолият карданд. Ахир, Брежнев бозичаи дасти ҳаммаслакони пири худ қарор гирифта, онҳо нигаҳдории мавқеъи шахсии худро аз рушд ва ояндаи кишвар пеш гузоштанд.

Зокирҷон Бобоев,

таърихшинос, н.Ҳисор

бо акси Брежнев

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter