ХАБАРИ ДОҒ


Аз Кизляр то Первомайск
9.01.1996 дастаи 256-нафари ҷангиёни чечен бо сарварии Салман Радуев ба шаҳри Кизляри Доғистон дарафтод.

Тибқи иттилои чеченҳо дар Кизляр базаи чархболии нерӯҳои рус қарор дошт ва русҳо ҳамвора аз ин ҷо ҳудуди Ичкерияро бомбаборон мекарданд. Аммо ин маълумотҳо тасдиқ нашуданд ва чеченҳо дар майдони ҳавоии Кизляр танҳо 2 чархболи МИ 8-и вайронаро ёфтанду халос. Онҳо чархболҳоро сӯзонда, баъди даргирии шадид бо нерӯҳои муҳофизатии майдони ҳавоӣ ба ҷониби ш.Кизляр ақиб нишастанд. Майдончаи ҳавоӣ дар канори Кизляр ҷойгир шуда буд. Ҷангиён вориди шаҳр шуда, дар ҳарбҳои аввалин 35 нафарро аз даст дода, дар таваллудхонаи Кизляр мустақар шуданд. Онҳо аз биноҳои атроф мардумро гаравгон гирифта ба бинои таваллудхона роҳӣ мекарданд. Дар натиҷа Радуев тавонист 3700 нафарро гаравгон гирад. Ӯ баъдан иддао кард, ки онҳо нақша надоштанд касеро гаравгон гиранд, лек вазъият чунон пеш рафт, ки барои наҷоти дастааш чорае ҷуз гирифтани гаравгонон надошт. Дар зимн маҳз ба хотири тасарруфи таваллудхона ӯ баъдан бо тахаллуси «гинеколог» маъруф шуд. Баъди гирифтани гаравгонон аз Маскав талаб кард, нерӯҳои худро на танҳо аз Чечня, балки ба пуррагӣ аз Қафқози Шимолӣ берун барорад. Табиист, ки Б.Елтсин-президенти вақти ФР наметавонист ин талаби ҷангиёнро иҷро кунад. Русҳо дар Будёновск аллакай 1 бор ба шикасти нангин мувоҷҷеҳ шуда буданд ва ин бор ба ҳар роҳ мебоист дастаи Радуевро торумор мекарданд. Аз ин рӯ, фармондеҳии русҳо дар Доғистон ба ҳеҷ гуфтушунид бо ҷангиён розӣ нашуданд. Лек бахти ӯ баландӣ карду роҳбарияти Ҷумҳурии Доғистон баъди гуфтушунид розӣ шуд ҷангиёнро то марзи Ичкерия гуселонад. Ҷангиён бештари гаравгононро озод карда, бо 230 гаравгон субҳи 10 январ савори 9 автобус ҷониби марзи Чечня роҳ пеш гирифтанд. Роҳи бозгашти ҷангиён қад-қади сарҳади Чечня мегузашт ва ӯ ният дошт дар наздикиҳои деҳаи Первомайское, ки то марзи Ичкерияи мустақил 300 метр масофа дошт, сарҳади Доғистону Чеченро гузарад, лек дар наздикиҳои сарҳад дастаи ҷангиён аз ҷониби нерӯҳои ҳавоии Русия мавриди тирборон қарор гирифт. Чархболҳои рус мошини кормандони БДАи Доғистонро, ки ҷангиёнро ҳамроҳӣ дошт, ҳадаф қарор доданд, сипас пули болои рӯди Терекро хароб карданд. Роҳи ҷангиён ба Ичкерия тариқи ин масир дигар имкон надошт. Радуев аз русҳо талаб кард, роҳи дигаре барояш муҳаё кунанд ё пулро барқарор, аммо ҷавоби рад гирифт. Баъди чунин ранг гирифтани кор ӯ 36 тан милисаи дигарро низ (кормандони ОМОН и Новосибирск) гаравгон гирифта дар Первомайск қарор кард.
Омодагӣ
4 рӯзи баъд (аз 10 то 14 январ) тарафҳо ба даргирии оянда фаъолона омодагӣ медиданд. Ӯ бо қумандонҳояш-Турпал Атгиреев, Хункар Исрофилов ва Айдамир Абалаев дар 4 рӯз Первомайскро сахт мустаҳкам кард. Ҷангиён хандақҳои зиёде кофта, онҳоро бо роҳҳои зеризаминӣ бо ҳам пайваст карданд. Русҳо низ дар ин муддат нерӯи зиёдеро гирдогирди Первомайск ҷамъ оварданд. Гурӯҳи зарбазани русҳо аз 2500 ҷанговар, 32 тӯп ва миномёт, 3 дастгоҳи реактивии «Град», 54 БМП, 22 БТР, 4 БРДМ ва якчанд тонку чархболҳои ҷангӣ иборат ёфта буд. Шаби 14 январ яке аз дастаҳои 35-нафараи Радуев тавонист муҳосираро рахна намуда, ба Чечня паноҳ барад. Акнун ҳамроҳи ӯ танҳо 185 ҷангӣ боқӣ монда буд. Ӯ ва қумандонҳояш қасам хурданд, ки то охир истанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ таслим нашаванд.
Авразия
Елтсин ва ҳукуматаш низ дар вазъи сахт қарор доштанд. Радуев дар Первомайск мардуми зиёди доғистониро гаравгон гирифта буд ва ҳукумати Доғистон аз Маскав дархост мекард ба ҳеҷ ваҷҳ ҷони гаравгононро ба хатар наяндозанд. Аммо русҳо наметавонистанд ӯро низ мисли Басаев бо 2 дасти адаб раҳо кунанд. Хоса, ҳарбиён ба саркӯб кардани ҷангиён, новобаста аз хатари ҷонӣ барои мардуми гаравгон, манфиатдор буданд. Фармондеҳии нерӯҳои русиро дар Первомайск ҷонишини аввали директори ФСБ Виктор Зорин ба ӯҳда дошт. 15 январ бо баҳонаи қатли гаравгонон аз ҷониби Радуев нерӯҳои рус нахустин ҳамлаи худро ба Первомайск оғоз карданд. Зорин барои гирифтани Первомайск 9 гурӯҳи ҳамлагарро таъсис дод. Ба ин гурӯҳ дастаи таъиноти махсуси «Витяз» (Баҳодур), дастаҳои махсусӣ вокуниши фаврии СОБР ва ҷузъу томҳои бригадаи 22-и алоҳидаи таъиноти махсуси ГРУ дохил мешуданд. Ҷанговарони гурӯҳи «Алфа» дар хатти 2-уми ҳамла қарор доштанд ва мебоист гаравгононро озод мекарданд. Ҷанговарони «Витяз» тавонистанд хатти аввали ҷангиёни Радуевро ишғол кунанд, лек дастаҳои дигар натавонистанд хатти мудофиаи чеченҳоро шикананд. Ҷангиёни Радуев баъди чанде витязчиёнро низ боздоштанд. Русҳо бо истифодаи БМП ва БТРҳо шаби 16 январ тавонистанд билохира вориди Первомайск шаванд ва ҷанг акнун дар кӯчаҳои ин деҳа аланга дошт. Аммо ҷангиёни ӯ ин бор низ тавонистанд русҳоро боз доранд ва соатҳои 5-и субҳ нерӯҳои русӣ қариб ба пуррагӣ аз деҳа берун карда шуданд. Русҳо тавонистанд танҳо дар 2 хонаи канори Первомайск мустақар гарданд. Ба иттилои чеченҳо, русҳо дар ин ҳамла 34 нафарро аз даст доданд. Онҳо инчунин 8 БТР-ро аз кор бароварданд. Талафоти Радуев бошад 7 тан буду 9 нафар маҷрӯҳ. Инчунин 15 нафар гаравгон ба ҳалокат расиданд. 16 январ бошад дар бандари Трабзони Туркия ҳодисае рух дод, ки ба воқеаҳои Первоймайск рабти бевосита дошт. Дар ин рӯз дастаи террористони чечен бо сарварии М.Токҷанов, ки худро яке аз ҷанговарони баталёни Басаев муаррифӣ мекард, киштии мусофиркашӣ «Авразия»-ро гирифтанд. Бештари мусофирони Авразия сайёҳони рус буданд. Токҷанов аз Русия талаб кард, ки муҳосираи Первомайскро қатъ карда, нерӯҳои худро аз Қафқози Шимолӣ барорад.
Рахна
Вазъияти Радуев рӯз аз рӯз муташанниҷ шуда, ҷангиён дарк мекарданд, ки бояд ҳарчи зудтар муҳосираро рахна кунанд. Аз беруни хати мудофиа низ чанд дастаи чеченҳо ният дошт ба кумаки ӯ биояд, аммо русҳо тавонистанд ҳуҷуми онҳоро зада гардонанд. Ӯ ва Турпал-Алӣ Атгиреев баъди машварати зиёд қарор доданд шаби 19 январ амалиёти наҷотбахшро амалӣ созанд. Чеченҳо бо худ 170 гаравгонро ҳамроҳ гирифта пои бараҳна субҳи барвақт ҷониби сарҳади Ичкерия рафтанд. Сари роҳи Радуев дар хати мудофиаи русҳо ҷанговарони бригадаи 22-и таъиноти махсус сангар гирифта буданд. Русҳо ҷангиёни ӯро дер диданд. Чеченҳо тавонистанд бо ҳамлаи шадид мудофиаро рахна намуда, аз болои лӯлаи гази дарёи Терек гузаранд. Русҳо наздики 50 ҷанговарро талаф доданд. Талафоти ӯ бошад тибқи иттилои чеченҳо 70 нафарро ташкил дод, аммо манобеъи русӣ кушта шудани 150 ҷангиро таъйид мекунад. Радуев инчунин тавонист 82 гаравгонро, ки дар миёнашон 29 хизматчиёни ОМОН-и Новосибирск буданд, ба Чеченистон гузаронад. Баъди 1 моҳи воқеъаҳо ГосДуми Русия барои озод шудани милисаҳои Новосибирск, бо қарори хос ҷангиёни асири Радуевро сафед кард. Русҳо дар Первомайск 11 нафар ҷангиро асир гирифта буданд, ки 4 нафари инҳо дар асорат ҳалок шуданд ва 7 нафари боқимондаро ба ивази озодии ОМОН-и Новосибирск озод карданд. Русҳо инчунин ҷасади 36 ҷангиро ба чеченҳо баргардониданд. Радуев, Исрофилов, Атгиреев ва Абалаев барои юриш ба Кизляр бо мукофоти олии Ичкерия-ордени «Номуси миллат» ва унвони Генерали бригада қадр шуданд.


Меҳрубон
Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter