Принт

Зарба ба сармоядорӣ


Тиллои русӣ
Замони сари қудрат омадани болшевикон Русияи подшоҳӣ яке аз қарздортарин кишвари дунё ба ҳисоб мерафт. Русияи подшоҳӣ беш аз 60 млрд рубл қарздор буд, ки дар маҷмӯъ 90% маҷмӯи маҳсулоти дохилиро (ММД) ташкил медод. Сеяки Захираи бузурги тиллои импературӣ то соли 1917 аллакай харҷ, ё дар бонкҳои хориҷӣ ба гарав гузошта шуд. Ҳангоми ба сари қудрат омадани болшевикон захираи тиллои Русия 1100 тоннаро ташкил медод. Қиммати ин тилло бошад 733 млн доллари ИМА нархгузорӣ шуд.

Соли 1918 барои пӯшонидани қарзҳои хориҷӣ бо қурби расмӣ ба Русия зиёда аз 1108 тонна тилло зарур буд. Аз 1100 тонна тиллои русӣ болшевикон 98 тоннаашро чун ҷуброни зарари ҷанг ба Олмон фиристоданд. 505 тонна тиллоро артиши Колчак ғанимат гирифт ва болшевикон баъдан, танҳо 323 тоннаашро баргардониданд. Ҳамин тариқ дар ихтиёри болшевикон, танҳо 890 тонна тиллои русӣ боқӣ монда буд. Соли 1923 захираи тиллои Русияи шӯравӣ тақрибан 400 тоннаро ташкил дод. Яъне болшевикон 490 тонна тиллоро истифода бурданд. Табиист, ки онҳо наметавонистанд, ин ҳама пули ҳангуфтро бипардозанд. Барои мисол, танҳо пардохти яксолаи қарзҳои хориҷии Руссия 500 млн рубли тиллоиро тақозо мекард. Дар чунин вазъият ҳукумати болшевикон ба таъбири имрӯза Русияро «банкрот» эълон карда, ҳамаи ӯҳдадориҳои молии ҳукумати собиқро бекор кард. Ба андешаи Ленин, ин амалкард аввалин зарба ба сармояи бонкӣ ва молиявии умумиҷаҳонӣ буд. Ҳукумати болшевикон эълон кард, ки ӯҳдадориҳои қарзии ҳукумати пешин дар назди шаҳрвандони кишвар, танҳо баъди мубодилаи коғазҳои қимматноки пешин бо коғазҳои қимматноки шӯравӣ маҳфуз мемонанд.
Албатта кишварҳои қарздиҳанда ба ҳеҷ ваҷҳ намехостанд аз сармояҳои худ даст бардоранд. Баъди анҷоми ҷанги гражданӣ аввалин кишвари Шӯроҳо зери муҳосираи қарзӣ қарор гирифт. Ҳеҷ ташкилоти қарзии дунё намехост бо ҳукумати болшевикӣ муомила кунад ва ин вазъи ногувори болшевиконро боз ҳам сангинтар кард. Ба болшевикон муяссар шуд, танҳо соли 1922 муҳосираи қарзиро каме сабуктар кунанд. Апрели соли 1922 ҳангоми конфронси Генуя, намояндагони СССР дар шаҳри Раполлии Итолиё бо намояндагони Олмон дидор карданд ва созишномаи ҳамкориро миёни СССР ва Олмон ба имзо расониданд. Он бо «созишномаи Раполлӣ» дар таърихнигории имрӯза маъруф аст. Бо имзои ин созишнома тарафҳо ӯҳдадор шуданд, шароити мусоидро барои муносибати иқтисодӣ фароҳам созанд ва Олмон милликунонии моликияти шахсӣ ва давлатии олмониро дар СССР ва лағви қарзҳои хориҷиро эътироф кард. Баъди имзои созишнома аввалин кишвари Шӯроҳо тавонист қарзҳои кӯтоҳмуддат барои воридоту содирот ба даст орад. Тадриҷан замони пардохти ин қарзҳо зиёд карда шуд ва қарздиҳандагони дигар ҳам вориди майдон гардиданд. Акнун СССР соҳиби қарзи хориҷӣ шуд ва дар авохири соли 1926 қарзи хориҷии аввалин кишвари Шӯроҳо 210 млн рублро ташкил намуд.
Саховати граф
Соли 1925 охирин намояндаи ҳарбии рус дар Фаронса, граф Алексей Игнатев ба СССР 225 млн. франки фаронсавиро ҳадя кард. Фаронса тирамоҳи с.1924 СССРро ба расмият шинохт. Аввалин намояндаи шӯравӣ дар ин кишвар, муҳандиси собиқ ва корманди ҳизбии боистеъдод-Л.Б.Красин таъйин шуд. 17.11.1924 Красин шахсан Игнатевро ба ҳузур пазируфт ва графи сахӣ 225 млн франкро, ки муродифи 70 млн. рубли тиллоии русӣ буд, дар ихтиёри ҳукумати Шӯравӣ қарор дод. Дар иваз граф аз Красин хост ба ӯ ва завҷааш иҷозаи баргаштан ба ватан диҳанд. Умуман, Фаронса яке аз асоситарин талабкорони Русияи подшоҳӣ буд. Рӯзномаи олмонии «Руле» октябри соли 1924 маблағи умумии қарзҳои Русияи подшоҳиро ба Фаронса 18 316 256 673 франки тиллоӣ зикр карда буд. Инчунин шаҳрвандони фаронсавӣ низ дар Русияи шӯравӣ аз дороии хусусиашон маҳрум шуда буданд ва маблағи зарарашон 7 049 366 923 франк арзёбӣ мешуд, лек сафорати шӯравӣ баъди дарёфти маблағ ба аҳдаш вафо накард ва Игнатевро ба Русия бознагардонид. Игнатев то соли 1937 дар Париж боқӣ монд. Он гоҳ завҷаи граф Наташа тавонист ба дохили бинои сафорат ва ба утоқи кории сафири СССР роҳ ёбад. Кормандон мехостанд ӯро аз утоқи сафир берун кунанд, аммо ӯ фарёд зад: “Рафиқ намоянда! Шумо ваъда дода будед ва ҳеҷ коре накардед. Ман маҷбурам шахсан ба рафиқ Сталин муроҷиат кунам. Ман ҳамаи воқеаро ба иттилоъи ӯ мерасонам, аммо мактубамро, на тариқи сафорати шумо, балки тариқи МИДи Фаронса мефиристам».
Баъди 2 рӯзи воқеа Игнатевро ба ҳамсараш ба сафорат даъват карда, шиносномаи шӯравиро дода, ба СССР гусел карданд.
Меросбар
Қарзи ҳукумати подшоҳӣ то авохири асри ХХ аҳамияти худро нигоҳ дошт. Талабкорон интизор буданд, ки Русия қарзҳояшро баргардонад. Соли 1996 ҳукумати Елтсин бо Фаронса созишномаи пардохти қарзро ба имзо расонид ва соли 2000 бо пардохти 400 млн. доллари ИМА ӯҳдадориҳои Русияи подшоҳиро дар назди Фаронса иҷро кард. Аслан гоми нахустинро дар ин водӣ Михаил Горбачев гузошт. Горбачев соли 1986 бо Маргарет Тетчер (сарвазири Бритониё) созишномаи ҳаллу фасли қарзи Русияи подшоҳӣ дар баробари Бритониёро ба имзо расонид. Тибқи ин созишнома ҳукумати Англия аз ҳисоби 5,5 тонна тиллои Николаи II, ки дар бонкҳои англисӣ нигаҳдорӣ мешуданд, зарари шаҳрвандони худро пардохт намуд.


Меҳрубон Салимшоев, муаррихи СССР

Матлабҳои дигар