ХАБАРИ ДОҒ


24.02.1921 дар Петроград корпартоӣ ва тазоҳуроти коргарон бо талабҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ оғоз шуданд. Кумитаи петроградии РКП(б) баромадҳои коргаронро ҳамчун ошӯб муаррифӣ кард ва дар шаҳр вазъияти ҳарбӣ ҷорӣ карда шуд. Роҳбарони тазоҳурот ба ҳабс гирифта шуданд. Ин рӯйдодҳо сабаби шӯриши гарнизони Кронштадт шуд, ки баъзе аз муаррихин онро ба «инқилоби саввум» таъбир кардаанд.

Ин бор зидди ҳукумати шӯравӣ матрос (баҳрнавард)-ҳо, ки моҳи октябри соли 1917 дар пирӯзии болшевикон ва ба қудрат расидани онҳо нақши калидӣ доштанд, сар бардоштанд. Матросҳо 26 феврал аз Кронштадт ба Петроград, барои таҳқиқи корпартоиҳо ҳайати вакилони худро фиристода, баъди бозгашт маҷлиси умумӣ даъват карда, вазъияти дар Петроград баамаломадаро ба иштирокчиёни маҷлис шарҳ доданд. 1.03.1921 дар майдони Якорнии Кронштадт гирдиҳамоии 15.000-нафараи мардумӣ доир шуд. Ба он дар Кронштадт раиси КИМ (ВЦИК) Михаил Калинин ташриф оварда, кӯшид, гирдиҳамомадагонро ором созад ва пешниҳод намуд, матросҳо аз талаботи сиёсӣ даст кашанд, аммо онҳо ӯро гӯш накарданд. Баромади болшевики дигар, комиссари флоти Балтик Н.Кузмин низ натиҷае надод. Баъд аз ин Калинин Кронштадтро бе ҳеҷ мамониат аз ҷониби матросҳо тарк кард. Аммо матросҳо Кузмин ва раиси шӯрои Кронштадт П.Василевро ба ҳабс гирифтанд. Гирдиҳамоии матросҳо бо қабули қарор дар мавриди дастгириии коргарони Петроград ба анҷом расид. Дар ин қарор матросҳо аз ҳукумати болшевикӣ талаб карданд, то тамоми намояндагони аҳзоби сотсиалистӣ аз маҳбас озод ва интихоботи нави Шӯроҳо баргузор карда шуда, институти комиссарон ва шӯъбаҳои сиёсӣ барҳам дода шаванд, озодии сухан, ҷамъомадҳо ва иттиҳодҳо ба тамоми ҳизбҳо дода шавад, савдои озод таъмин карда шавад, ба деҳқонон иҷозаи озодона истифода аз заминҳояшон ва маҳсулоти истеҳсолкардаашон дода шавад. Ба ибораи дигар матросҳо барҳам додани диктатураи озуқавориро талаб карданд. 1.03.1921 дар қалъаи Кронштадт “Кумитаи муваққатии инқилобӣ” (ВРК) таҳти сарварии матрос С.Петриченко таъсис дода шуд. Ба кумита инчунин ҷонишини ӯ Яковенко, старшинаи мошинӣ Архипов, устои заводи электромеханикӣ Тукин ва мудири мактаби 3-уми меҳнатӣ И.Орешин шомил шуданд. Баъдан теъдоди аъзои ин Кумита ба 15 нафар расонида шуд. Шӯришгарон бо истифода аз дастгоҳҳои радиоии пурзӯри киштиҳо фавран қарори гирдиҳамоии худро ба ҳама ҷо паҳн ва аз мардум дархости кумак карданд. ВРК кӯшиш мекард аз хунрезӣ ҷилав гирад ва масоили ихтилофиро бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл кунад. Барои пешгирӣ аз фитна Кумитаи ҳарбӣ-инқилобӣ (КҲИ) қарор дод коммунистони фаъолро ба ҳабс гирад. Дар Кронштадт он шабу рӯз теъдоди коммунистон 2680 нафарро ташкил менамуд. Беш аз 900 нафар коммунист аз сафҳои РКП(б) берун омада, ба шӯришгарон ҳамроҳ шуданд. Сарварони матросҳо барои ҳукумати шӯроҳо, аммо бе диктатураи коммунистон баромад мекарданд. Аслан ақидаи демократияи беҳизбӣ аз ақоиди болшевикони собиқ, ки бештари аъзои КҲИ ва иштирокчиёни шӯриш аз ҷумлаи онҳо буданд, сарчашма мегирифт. Онҳоро шиорҳои озодихоҳонаи инқилоб ҷалб кард, аммо таҷрибаи тоталитарии болшевизм маъюсашон карда буд. Сарварони Кронштадт умед доштанд оммаи васеъи коргаронро, ки дар вақташ аз қафои болшевикон рафта буданд, ба тарафи худ ҷалб кунанд. Матросҳо худро “идомадиҳандагони роҳи Октябр” муаррифӣ карда, ҳаракати худро “инқилоби саввум” меномиданд. Ин нукта дар мақолае, ки 15.03.1921 дар рӯзномаи шӯришгарон “Известия ВРК” таҳти унвони “Тамоми ҳокимият ба шӯроҳо, на ба ҳизбҳо” чоп шуда буд, баръало намоён мегардид.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter