Принт

Анҷумани тақдирсоз


12.03.1990 дар Маскав Анҷумани III-юми вакилони мардумии СССР ба кор сар кард. Анҷуман дар таърихи собиқ Шӯравӣ нақши вежае гузошт ва ба яккатозии ҲК ИШ хотима дод. Дар он бо тағйиру иловаҳо ба Сарқонун нақши роҳбарикунандаи ҲКИШ аз Сарқонун ҳазф карда шуд ва дар аввалин кишвари Шӯроҳо бисёрҳизбӣ ҷорӣ карда шуд. Инчунин Анҷуман мақоми Президенти СССРро таъсис дод ва мақоми раиси Шӯрои Олиро низ интихобӣ кард. Бояд гуфт, ки ҳатто дар Сарқонуни сталинӣ, ки с.1936 қабул шуда буд, моддае дар бораи нақши вежаи ВКП(б) набуд.

Албатта ин маънои онро надошт, ки муаллифони ин Сарқонун зидди мақоми роҳбарикунандаи ҳизбашон буданд, лек ҳам худи Сталин ва ҳам Николай Бухарин, ки дар омодасозии Сарқонуни с.1936 нақши вежа дошт, ба хубӣ мефаҳмиданд, ки ин кор оқибати хубе нахоҳад дошт. Сарқонуни с.1936 бори аввал дар СССР интихоботи умумӣ, баробар, мустақим ва пинҳониро ҷорӣ кард. Дар сурати пазируфтани нақши роҳбарикунандаи ВКП(б) дар Сарқонун, ин интихобот моҳияти худро аз даст дода, интихоботро аз интихоб маҳрум мекунад, лек дар замони Леонид Брежнев вазъият зиёд муташанниҷ шуда буд. Рӯйдодҳои Чехословакия дар с.1968 Брежнев ва кулли роҳбарияти СССРро «талхакаф» кард. Болшевикони собиқадор дар ҳол хатареро, ки ба онҳо замони ҷанги гражданӣ ва ошӯби Кронштадт таҳдид мекард, фаҳмиданд. Шиори инқилобиёни чех низ мисли матросҳои Кронштадт «Шӯроҳои бе коммунист» буд. Брежнев қарор дод, бо мустаҳкам кардани нақши роҳбарикунандаи ҲКИШ дар Сарқонун ҳукумати ҳизбашро аз хатарот ҳифз созад. Бо ҳамин, банди 6-и Сарқонуни СССР арзи вуҷуд пайдо кард. Бори аввал масъалаи барҳам додани яккатозии идеологӣ ва сиёсии ҳизби ҳоким (ҲКИШ) баҳори соли 1989, дар рӯзҳои интихоботи вакилони мардумии СССР ба миён омад. Вукалои зиёд аллакай он замон зарурати гузаштан ба системаи бисёрҳизбӣ ва бекор кардани банди 6-ро талаб доштанд. Мубориза барои бекор кардани банди 6 дар Анҷумани I-уми вакилони халқии СССР, ки маймоҳи с.1989 доир шуд, шиддат гирифт. Дар натиҷаи баҳсҳо вакилони мардумӣ ба 2 даста тақсим шуданд. Гурӯҳи аввалро мӯътадилҳо бо сарварии М.Горбачев, гурӯҳи 2-ро бошад радикалҳо, ки дар шакли Гурӯҳи вакилони байниминтақавӣ (МДГ) муттаҳид намуданд. Ба гурӯҳи 2-ум Юрий Афанасев, Гавриил Попов, Борис Елтсин, Виктор Палм ва Андрей Сахаров роҳбарӣ мекарданд. Сарварони ин гурӯҳ роҳбарияти мухолифинро дар кишвар ба зимма гирифта, хоҳони пурра нест кардани системаи сиёсии шӯравӣ буданд. Намояндагони ин гурӯҳ дар Анҷуман талаб карданд, банди 6-и Сарқонун пурра бекор карда шавад. Яке аз асоситарин тарафдорони барҳам додани банди 6 академик Сахаров шуд. Маҳз бо тақозои ӯ ин масъала барои баррасӣ ба Анҷуман пешниҳод шуд, лек вакилони байниминтақавӣ ин бор ба мақсад нарасиданд. Фурсати навбатӣ декабри с.1989 дар Анҷумани II-и вакилони халқӣ фароҳам шуд. Намояндагони вакилони байниминтақавӣ пеш аз оғози кори Анҷуман аз вакилони дигар ва мардуми кишвар даъват карданд, ба хотири бекор кардани банди 6 даст ба коршикании умумӣ зананд. Сахаров дар аввалин ҷаласаи Анҷуман талаб кард, масъалаи мазкур ба дастури кори Анҷуман ворид карда шавад, лек радикалҳо ин бор низ ба ҳадаф нарасиданд. Горбачев тавонист вакилонро розӣ созад, ки ин масъаларо баррасӣ накунанд. Лек Сахаров ва тарафдоронаш ба муборизаашон идома дода, феврали с.1990 Маскавро мавҷи эътирозоти мардумӣ фаро гирифт. Асоситарин талаби эътирозгарон бекор кардани банди 6 шуд. Горбачев таслим шуд. 5.02.1990 дар Маскав пленуми васеъи ҲКИШ доир шуд ва дар он Горбачев гуфт, ки бояд мақоми Президенти СССРро таъсис дода, банди 6-ро бекор кунанд. Ба нақл аз Анатолий Собчак «дар пленум тамоми баромадкунандагон бар зидди бекор кардани банди 6 баромад карданд ва баъдан ҳама бо 1 овоз ба тарафдории ин кор овоз доданд».


Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

Матлабҳои дигар