Принт

8 март



Иди 8 март ҳамеша бо баҳор, зебоӣ ва латофату таровати занона алоқаманд аст. Дар ин рӯз одат шуда, ки мардон ҳамаи занон-модарон, бибиҳо, ҳамсарон ва духтаронро табрик гӯянд ва гулу дигар тӯҳфаҳо тақдимашон созанд. Аммо ин ид аз оғоз ингуна набуд. Дар оғоз Рӯзи байналмилалии занон бештар ранги сиёсӣ дошт ва чун 1 рӯйдоди сиёсӣ қаламдод мешуд.

Таърихи пайдоиши он низ бо инқилобҳо ва мубориза барои баробарҳуқуқии занон алоқаманд аст. Бори аввал 8.03.1857 дар Ню Йорк коргарзанони фабрикаҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарорӣ барои баргузории 1 митинги эътирозӣ ҷамъ шуданд. Он шабу рӯз занони ғарбӣ 16 соат меҳнат карда, аз ҳеҷ ҳуқуқе бархурдор набуданд. Занони аввалин профсоюзи худро таъсис дода талаб карданд, рӯзи кориашон то 10 соат кам ва ҳақмуздашон зиёд шавад. Баъд аз 50 сол, дар охирин якшанбеи февралмоҳи с.1908 занони Ню Йорк боз ба кӯчаҳо рехта, ин бор хостори ҳуқуқи ширкат дар интихобот шуданд. Соли 1910 бошад дар пойтахти дания-шаҳри Копенгаген Конфронси 2-уми байналмилалии сотсиалистон доир шуд. Дар ин конфронс занони амрикоӣ ба сотсиалистони немис-Роза Люксембург ва Клара Цеткин дидор карда, баъди баррасии авзоъ Клара пешниҳод намуд, рузи байналмилалии занонро таъсис диҳанд. Ӯ ба иштирокчиёни Конфронс «тезисҳои» худро пешкаш ва иддао намуд, ки ин рӯзи занон баҳонаи хубе барои гузаронидани гирдиҳамоиҳо ва роҳпаймоиҳо хоҳад шуд ва билохира занони дунёро барои муборизаи сиёсӣ муттаҳид хоҳад кард. Дар оғоз санаи баргузории рӯзи занон чандон мушаххас набуд. Ин идро дар кишварҳои ғарбӣ дар рӯзҳои гуногуни моҳи март ва май ҷашн мегирифтанд. Бори аввал рӯзи занон 19.03.1911 дар Дания, Олмон, Австрия ва Шведсия таҷлил гардид. Дар ин рӯз занон гирдиҳамоии оммавӣ доир ва талаб карданд, ба онҳо ҳуқуқи интихобот ва ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда дода шаванд. Дар Русия рӯзи занонро бори аввал 2.03.1913 қайд карданд. Дар Санкт Петербург занони рус ҷамъ омада, тарафдории худро аз сотсиалистзанони аврупоӣ иброз карданд. Соли 1914 бошад ҷашнгирии Рӯзи байналмилалии занон ба якшанбе, 8 март рост омад. Маҳз аз ин вақт санаи аниқи иди занон 8 март муаян карда шуд. 8.03.1917 (23 феврал бо солшумории юлианӣ) занони Петроград 1 қатор митингҳои худҷӯш доир карданд. Худи ҳамон рӯз коргарзанони фабрикаҳои дӯзандагии шаҳр низ корпартоӣ эълон намуданд ва ин аввалин корпартоие шуд, ки Русияро ба инқилоби февралӣ оварда расонид. Баъди пирӯзии болшевикон ва роҳандозии ҳукумати Шӯроҳо, Рӯзи байналмилалии занон 8 март иди давлатӣ эълон карда шуд. Бо вуҷуди ин қариб 45 сол 8 март бештар танҳо аз ҷониби занон эътироф шуда буд. Занон дар ин рӯз гирди ҳам омада, дар маҷлисҳояшон кор ва дастовардҳои худро баррасӣ мекарданд. Танҳо с.1965 ҳукумати Шӯравӣ бо қарори худ 8 мартро дар сатҳи ҳукуматӣ эътироф ва с.1966 онро рӯзи истироҳат эълон кард. Соли 1977 бошад иди занон воқеан байналмилалӣ шуд. Дар ин сол СММ бо қарори худ, таҳти №32/142 8 мартро рӯзи мубориза барои ҳуқуқҳои занон эълон ва аз ҳамаи кишварҳо даъват кард, онро расман эътироф кунанд. Дар СССР дар ин рӯз 1 расми идона низ ҷорӣ буд. Дар ин рӯз дар чорабиниҳои ботантана давлат дар назди ҷомеа аз татбиқи сиёсати худ нисбат ба занон ҳисобот медод. Аммо рафта-рафта Рӯзи байналмилалии занон рангу бори сиёсии худро аз даст дод ва ба 1 иди хонаводагӣ табдил ёфт. Баъди пошхурии СССР Рӯзи байналмилалии занон дар бештари кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон чун иди давлатӣ боқӣ монд. Аммо дар Аврупо онро ҷашн намегиранд. Имрӯз бошад Рӯзи байналмилалии занон дар 32 кишвари дунё ҷашн гирифта мешавад.



Зокир Бобоев,
таърихшинос, н.Ҳисор

Матлабҳои дигар