ХАБАРИ ДОҒ

Марги Гагарин-совершенно секретно!

  • Душанбе, Март 06 2017


27.03.1968 дар натиҷаи садамаи ҳавоӣ аввалин кайҳоннаварди дунё Юрий Алексеевич Гагарин ба таври мармуз ба ҳалокат расид. Аслан ӯ дар ин парвоз нақши дуюмдараҷа дошт ва фармондеҳи тайёра, полковник Владимир Серёгин таъин шуда буд. Серёгин яке аз қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва вазифаи командири полкро ба ӯҳда дошт. Ҳукумати Шӯравӣ фардо рӯзи дигар баёнияи расмие содир кард ва дар он сабабҳои садамаи ҳавоиро шарҳу тавзеҳ дод.

Дар баёния гуфта мешуд, ки садама ҳангоми парвози тамринии қиркунандаи УТИ МиГ-15 рух додааст. Барои таҳқиқи ҳодиса комиссияи давлатӣ созмон дода шуд, аммо баъди 6 моҳ Кремл парвандаи садамаи Гагарин ва Серёгинро қатъ кард ва тамоми асноди ин ҳаводис зери тамғаи махфӣ қарор дода шуд. Набудани маълумоти расмӣ дар мавриди ин қазия, дар навбати худ ҳангомаҳои зиёде эҷод кард. Баъзеҳо мегуфтанд, ки Гагарин ва Серёгин 18 рӯз пештар ҳангоми парвоз дар гирди Моҳ ба ҳалокат расидаанд ва дар тайёра аслан ҳузур надоштанд.
Соли 1990 дар Венгрия китобе нашр шуд, ки муаллифаш иддаъо мекард, Гагарин кайҳоннаварди аввалин набуд, балки аввалин фотеҳи кайҳон шахси дигаре буд, ки ба ҳалокат расид. Гагарин, ба гуфти муаллифи ин асар, аз ин қазия огоҳ буд ва виҷдонаш ӯро сахт азият медод. Ахир, ба азоби виҷдон тоб наовард ва даст ба худкушӣ зад.
«Зонд - 4»
Асоситарин сабаби ин гумон он буд, ки дар он шабу рӯз Иттиҳоди Шӯравӣ киштии навбатии бесарнишини худро, ки бо истилоҳи «Зонд» маъруф буданд, ба фазои кайҳонӣ баровард. Ин киштиҳоро инчунин Л1 ё 7К-Л1 низ меномиданд. Тасхири кайҳон он шабу рӯз яке аз нишонаҳои асосии абарқудрати СССР ба шумор мерафт ва Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳар васила мебоист худро пешсаф мекард. Дар ин самт СССР танҳо дар симои ИМА 1 рақиб дошту халос. Амрикоиҳо моҳи октябри соли 1968 парвози «Аполлон-7»-ро бо 3 кайҳоннавард ба нақша гирифта буданд. Тибқи нақша кайҳоннавардон мебоист 11 рӯз дар кайҳон мемонданд. Дар тобистони соли 1969 бошад амрикоиҳо мехостанд кайҳоннавардонро ба сатҳи Моҳ фарорад. Ва дар роҳбарияти болоии СССР аз ин нақшаҳои амрикоиҳо ба хубӣ огоҳ буданд. Бо вуҷуди ин соҳаи кайҳони шӯравӣ барномаи кайҳонии худро дошт ва тасхири Моҳ яке аз самтҳои асосии ин барнома буд. Киштиҳои бесарнишини Л1 ва 7К-Л1 чандин дафъа гирди Моҳ давр заданд ва бо муваффақият ба замин баргаштанд. Аммо «Зонд-4» бо сабабҳои номаълум ба сатҳи Моҳ бархурд. Роҳбарияти соҳаи кайҳонӣ иброз дошт, ки ин киштӣ бесарнишин буд. Бо вуҷуди ин суқути Зонд боиси сару садоҳое гардид, ки гӯё Гагарин ва Серёгин маҳз дар ин киштӣ қарор доштанд ва дар Моҳ ба ҳалокат расиданд. Чун марги кайҳоннаварди аввалинро намешавад махфӣ нигаҳ дошт, садамаи ҳавоии дурӯғине роҳандозӣ шуд. Баъди садама ҷасади Гагарин ва Серёгин пайдо нашуда, дар ҷои ҳодиса танҳо қисмате аз ҳуҷҷатҳо ва болопӯши кайҳоннавардро ёфтанду халос. Марги Гагаринро танҳо бо пайдо кардани планшет ва талони хӯрокааш муайян карданд.
 Хатои сарнишин
Аммо мутахассисони соҳа, ки қазияи садамаро таҳқиқ кардаанд, назари дигаре доранд. Ба андешаи онҳо сабаби асосии садама хатоии сарнишинони тайёра ба шумор меравад. Масалан, генерал-лейтенант Петр Базанов дар ёддоштҳояш менависад: «4 дақиқа пеш аз парвози МиГи Гагарин парвозро тайёраи АН-10, ки сарнишинаш генерал Кирасанов буд, мегузарад. Кирасанов баъдан қисса мекард, ки дар навоҳии парвоз фронти атмосферӣ бедодӣ дошт. Чизеро дидан намешуд. Ва вақте Гагарин ва Серёгин вориди ин «ҷаҳаннам» гардиданд, дар ҳол вазъиятро хабар доданд ва хостанд бо як гардиши тунд аз миёни абрҳо берун оянд. Вақте ҳам, ки аз миёни абрҳо берун шуданд, барои ба эътидол овардани тайёра «баландӣ» барояшон нарасид. Ростӣ, Гагарин, чун халабони қиркунанда тайёрии хуб надошт. Ӯро барои кори дигар омода карда буданд. Юрий ҷавони бисёр ҷасур буд ва нотарсона ба ҳар куҷое, ки амр кунанд, мепарид. Аммо дар омодасозии парвоз хатоиҳои зиёде ба чашм расиданд ва Бюрои сиёсӣ маҷбур шуд, таҳқиқотро дар ин қазия манъ кунад».
Роҳбари собиқи гурӯҳи аэродинамикии комиссияи давлатӣ, профессор Арсений Миронов бошад мегӯяд: «Ба Гагарин намешавад эрод гирифт, чун ӯ ба сифати шогирде, ки аз ҷониби таълимдиҳандааш мебоист санҷида мешуд, қарор дорад. Аммо дар бобати Серёгин-командири полк бошад, қазияаш фарқ мекунад. Он рӯз дар замин ва дар ҳаво ҳадди ақал 9 маврид дастуруламали бехатарии парвозҳо вайрон карда шуд. Гагарин ва Серёгин натиҷаи ниҳоии обу ҳавоиро интизор нашуданд. Бо ин амалкард тамоми ҷадвали парвоз дигаргун гардид. 4 тайёраи дигар дар қатори қиркунандаи Гагарин дар навоҳии ҳамсоя дар парвоз буданд». Ҳамаи ин ба вуқуъи садама саҳмгузор гардид ва аввалин кайҳоннаварди дунё ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расид.


Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter