ХАБАРИ ДОҒ


Нимаи дуввуми қарни 20-ро метавон тараннуми коммунизм дар дунё номид. Ҳаракати коммунистӣ сар то сари дунёро фаро гирифта буд ва қитъаи Амрико низ аз он истисно набуд. Соли 1959 Фидел Кастро бо нерӯҳои чирикиаш президенти Куба Батистаро сарнагун кард ва дирафши коммунистӣ болои ин ҷазира барафрохта шуд. Миёни нерӯҳои Кастро коммунистони кишварҳои гуногуни қитъаи Амрико ҳузур доштанд ва ҳар кадом орзӯи пирӯзии коммунизмро дар кишварашон доштанд. Яке аз ин муборизони ҷавон Эрнесто Че Гевера буд.


Эрнесто Гевара зодаи Аргентина буд ва маҳз барои таъкиди аргентинӣ буданаш исми кӯтоҳи “Че”-ро, ки дар Аргентина маъруф буд, ба номаш изофа кард. Че пинҳонӣ ба Куба омада буд ва бо Кастро риштаи дӯстӣ барқарор кард. Баъди чанде Че яке аз фармондеҳони нерӯҳои Кастро гашт ва ҳангоми ғалабаи коммунистон рутбаи фахрии коммендантеро доро буд. Моҳи феврали соли 1959 Че Гевара бо декрети президентӣ шаҳрванди Куба (бо ҳуқуқҳои зодаи Куба) эълон карда шуд. То Че ин ифтихорро танҳо 1 нафар хориҷӣ, генерали доминиканӣ Максимо Гомес дар қарни ХIX соҳиб шуда буд. Ғалабаи коммунистон дар Куба ба Че Гевара ва коммунистони дигари амрикоӣ нерӯи тоза бахшид. Кастро низ дар ин амр бо Че мувофиқ буд ва ҳар 2 мекӯшиданд дунёро саросар сурх кунанд. Моҳи апрели соли 1965 Че бо ҳамроҳии дастаи ихтиёриёни кубагӣ ба қораи Африқо омад. Дар Конго он шабу рӯз шӯриши қавми Симба аланга гирифта буд ва Че бо Кастро қарор доданд ба шӯришгарон кӯмак кунанд. Дастаи Че аз 150 ихтиёрии кубагӣ (ҳамаашон сиёҳпӯст буданд) иборат ёфта буд. Аммо дар Конго Че ба шикаст мувоҷҷеҳ гардид ва билохира маҷбур шуд Конгоро тарк кунад. Че Гевара чанд сол дар Чехословакия зиндагӣ кард ва ахир моҳи июни соли 1966 бо исрори зиёди Кастро дубора озими ҷазираи Озодӣ шуд. Кастро барои Че нақшаи инқилоби навро ин бор дар Боливия тарроҳӣ кард. Баҳори соли 1966 бо фармони Кастро коммунистони боливигӣ ба харидани замин дар ҷангалзорҳои Боливия сар карданд. Дар замини харидашуда мебоист базаҳои партизанӣ созмон меёфтанд. Че моҳи ноябри соли 1966 пинҳонӣ ба Боливия омад. Гериляи Че дар Боливия 11 моҳ идома кард. Аввалин задухӯрд миёни дастаи Че Гевара ва артиши Боливия 23 марти соли 1967 рух дод. Президенти Боливия Рене Барентос аз ҳузури чирикиёни коммунист сахт ба ваҳшат уфтода аз ИМА мадад хост. Дар Вашингтон қарор доданд, зидди Че нерӯҳои махсуси зиддичирикии СРУро сафарбар кунанд. Ҳукумати Боливия барои сари ЧЕ Гевара 4200 доллар мукофотпулӣ таъин кард. Билохира моҳи октябри соли 1967 Че Гевараи маҷрӯҳ асир карда шуд ва баъди маълум шудани ному насабаш роҳбарияти Боливия (албатта бо дастури амрикоиҳо) Черо ба қатл расонид.


Зокирҷон Бобоев, таърихшинос, н.Ҳисор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter