ХАБАРИ ДОҒ


Бо садо додани хабари мудҳиши ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ ба СССР, 22.06.1941 сар то сари мамлакати Шӯравӣ сафарбаркунӣ оғоз шуд.

Рӯзҳои аввал милёнҳо нафар ҷавонмардону духтарон дар комиссариатҳои ҳарбӣ аз қайд гузашта, ихтиёран ба ҷабҳа рафтанд. Қатъи назар аз вазъияти сангин ҳукумати вақт нафаронеро, ки дар ақибгоҳ зарур буданд, брон (баргаи имтиёзи ба ҷанг нарафтан)-ро дода, ба корзор рафтани онҳоро мавқуф гузошт. Иддае баҳри дарёфти брон, ба гуфте худро ба сад дар мезаданд. Хушбахтона, буданд ҷавонмардоне, ки дар фикри ҳар чи зудтар аз брон халос шудану ба ҷабҳа рафтанро меандешиданд.
Қаҳрамони индафъаинаи рӯзнома аз зумраи ҳамин пурдилонанд. Давлат-писари бобои Сайдалӣ Соқии сарихосорӣ соли аввали ҷанг ба 17 қадам монда буд. Аммо, дар хоҷагӣ ӯ аллакай одами даркорӣ, мутахассиси зӯр ҳисоб мешуд. Он овон Давлати ҷавон дар МТС-и н.Данғара ҳамчун тракторчӣ заҳмат мекашид. Барои ақибгоҳ он айём ронандаи трактор шахси бағоят камёфт буд. Биноан, аксари чунин мутахассисону кормандонро брон медоданд. Шурӯъ аз с.1941 ҳаёти мутахассиси ҷавон ҳоли мокуро мемонд. Комиссари ҳарбии ноҳия иддао дошт, ки мисли ӯ донандаи техника дар фронт чун боду ҳаво зарур аст ва Давлат бояд ҳатмӣ дар ҷабҳа бошад. Аммо сардори МТС аз фармони комиссар сар мепечид: «Кӣ ғалларо медаравад, кӣ заминро шудгор мекунад? Охир, тракторчиҳо ангуштшуморанд, онҳо дар ақибгоҳ ҳам заруранд…».
Ҳамин хел аскариравии ӯ то ба чанд моҳу сол мавқуф монд. Аммо комиссар ҳамоно аз раъяш намегашт. Давлат бори охир даъватнома гирифт ва ба комиссариати ҳарбии ноҳия рафт. Боз ҳамон аҳвол, комиссарро бо сардори МТС болои баҳсу мунозира дарёфт. Субҳи рӯзи дигар Давлат қарори қатъӣ баровард, ба ҷабҳа меравад. Биноан бухчаашро сари китф партофта, ихтиёрӣ бо комиссариати ҳарбии н.Данғара омад. Рӯ ҷониби комиссар бо қатъият гуфт: «Ман ба ҷанг меравам!». Он рӯз, 2.03.1943-ро ӯ дар лавҳаи хотир нақш баста. Ҳамин тавр, Давлати 19-сола моҳи июни с.1943 шомили муҳорибаҳои шадид гашт. Армияи Советӣ акнун паёпай шаҳру деҳоти сарзамини хешро аз истилогарони фашистӣ озод мекард. Тоҷикписар дар ҳайати полки 25-уми артиллерияи қиркунанда ба сӯи ғарб пеш мерафтанд. Шаҳру деҳоти сарзамини Украина ва Белоруссияро аз душман озод карда, ҳудуди Полшаро низ аз душманон вораҳонданд. Сарбозону афсарони қисми онҳо дар рахнаи хати мудофиаи душман дар дарёи Висла ва ишғоли 17 шаҳри хурду калони Германия саҳм гирифтанд.
Соли 1944 пурдили тоҷик дар набардҳо 2 маротиба захмдор шуда, дар госпиталҳо табобат ёфт. Бори нахуст 20.03.1944 аз панҷаи пои рост, бори дигар аз шикастапораҳои тири тӯпи фашистон аз зонуи пои чап ва сараш ярадор шуд. Ӯ ҳар дафъа пас аз сиҳат шудан боз ба хати пеши ҷабҳа равон мешуд. Давлатро тарсу ҳарос набуд. Тайи ин солҳо ӯ ҷангозмой шудаву рустамона бар зидди фашистон муборизаи беамон мебурд.
Сарбози қаторӣ Давлат Сайдалиев ҷангкунон то Берлин расид ва рӯзи Ғалабаро дар лонаи фашистон, бо ҳамяроқонаш тантана намуданд. Баъди зафар боз 2,5 сол дар хизмати ҳарбӣ монд. Ӯро 6.01.1948 ба хона рухсат доданд. Диловарию мардонагии Давлатро фармондеҳӣ бо раҳматномаҳо, ордену медалҳои зерин: ордени Ситораи  Сурх, ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи 2, медалҳои «Барои шуҷоат», «Барои ишғол кардани Берлин», «Барои озод кардани Варшава», «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», медалҳои ҷашнии зиёде сарфароз намуданд. Давлат пас аз бозгашт ба ҷои кори пештарааш омада сари фармони трактори тасмачархаш нишаст. То замони ба нафақа баромадан хизмати софдилона анҷом дод. Сипас чанде ба ҳайси таъмиргар заҳмат ба бор дошт. Меҳнати шоёни ӯро Ҳукумати вақт бо ифтихорномаҳо, ордену медалҳо қадр намуд: медал «Барои меҳнати шуҷоатнок» (1970), «Барои меҳнати шоён» (1971), ордени «Шарафи меҳнат» (1975), ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1981), медали «Ветерани меҳнат» (1983)…
Сарбози матин бо ҳамсараш Саломат Раҳмонова соҳиби 6 писару 4 духтар шуданд. Волидайн фарзандони хешро дар мактаб хононда ба камол расонданд. Зану шавҳар зиндагии хушеро аз сар гузаронданд. Ҷангозмой Давлат моҳи сентябри с.1996, дар синни 72 солагӣ аз дунё гузашт. Аз ӯ номи нек, фарзандону ҷигарбандонаш ба ёдгор монданд.

Руҷӯъ
Пешорӯи аҳли башар, собиқ ҷумҳуриҳои СССР, ҳамчунон Ҷумҳурии Тоҷикистон 72-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизми Германия меистад. Насли имрӯза бояд қаҳрамонии Армияи Сурх, сарбозони диловар, заҳматкашони ақибгоҳ, хизмати шоёни сарлашкарон ва Сарфармондеҳи Олӣ, сардори давлати Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Сталинро фаромӯш насозанд. Ва ҳар бор, ҳамасола ин идро ботантана ҷашн бигиранд ва ёди ҷанговарони шуҷоъ кунанд. Қаҳрамониҳои сарбозон, диловарони тоҷик, заҳмати падару бобоҳоямонро дар ақибгоҳ ба ҳеҷ ваҷҳ набояд аз ёд барорем. Иди Зафар ин ҷашнест, ки дар таърих чун ғалабаи тамоми халқу миллатҳои СССР дар қалби одамизод асрҳои аср боқӣ хоҳад монд. Дар ин ҳолат мебоист мисли японҳо рафтор кард. Онҳо дар бораи Ҷанги дуюми ҷаҳон бештар аз 100 ҷилд китоб ба табъ расондаанд. Ин ҷониб 35 сол боз дар бораи корнамоиҳои сарбозони диловар-шаҳрвандони Тоҷикистон дар размгоҳҳои ҶБВи солҳои 1941-45 қаламфарсоӣ дорам ва аз ин ба баъд ҳам дар ин кори нек саҳм хоҳам гирифт. Аз ёд наравад, ки дар размгоҳҳои он ҷанг, алайҳи фашистони гитлерӣ аз Тоҷикистон, зиёда аз 300.000 нафар (25%-и аҳолӣ) ҷавонмардон баҳри дифои марзу буми давлати хеш бархостанд. Пас аз хотимаи ҷанг доманаи 100.000 нафар ба зодбуми хеш барнагаштанд. Ин дар ҳолест, ки с.1941 аҳолии РСС Тоҷикистон тақрибан 1 млну 300.000-ро ташкил медод. Пас, хулоса ин аст, ки беш аз 7%-и аҳолии Тоҷикистон дар ин ҷанги хонумонсӯз нобуд гаштаанд:
Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад.


Умар Алӣ,
адиб

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter