ХАБАРИ ДОҒ


Дар авохири моҳи октябр ва аввали ноябри с.1923 барои роҳбарияти ҳизби болшевикӣ аён шуд, ки В.Ленин поярези инқилоби Октябрӣ нафасҳои охиринашро сипарӣ мекунад. Баъди дарёфти ин ҳақиқат миёни роҳбарияти ҳизби болшевикӣ бо ташаббуси И.Сталин дидори махфие сурат гирифт. Дар ин дидор Калинин, Бухарин, Тротский, Каменев ва Риков ширкат карданд. Сталин ба ҳозирин иттилоъ дод, ки доҳӣ рӯзҳои вопасини ҳаёташро мегузаронад ва мумкин аст, ҳар лаҳза бимирад. Калинин дар ин дидор баромад карда гуфт, ки марги доҳӣ набояд барои ҳизб амри ғофилгирона бошад ва бояд фикри дафни доҳиро кард. “Маросими дафн, - гуфт Калинин, бояд тавре гузарад, ки дунё назирашро надида бошад”. Сталин аз ӯ ҷонибдорӣ карда гуфт, ки “баъзе рафиқон аз музофот зидди сӯзондани ҷасади доҳиянд ва мегӯянд, ки илми имрӯз қудрат дорад ба василаи мумиёӣ кардан тани мурдаро мӯҳлати зиёд нигаҳ дорад, то шуури меҳнаткашон ба ин фикр, ки Ленин дигар дар миёни мо нест, одат кунад”.

Лек Тротский зидди пешниҳоди Сталин баромада, гуфт: "Пештар турбати Сергей Радонежский ва Серафим Саровский вуҷуд доштанд, акнун турбати Ленин. Ман бисёр мехостам бо ин рафиқон, ки ба гуфтаи Сталин пешниҳод мекунанд Ленинро мумиёӣ кунем, ошно шавам. Ман ба онҳо мегуфтам, ки онҳо бо марксизм ҳеҷ рабте надоранд”. Бухарин низ зидди ин пешниҳод баромад карда гуфт: “мумиёикунии Ленин таҳқири хотираи ӯст ва ин ақида комилан зидди ҷаҳонбинии доҳист”. Аммо зиддияти ҳаммаслакон ба Сталин таъсире нарасонд. Дар ин вохӯрӣ қарор доданд тани беҷони Ленинро мумиёӣ ва барои ҳамеша нигаҳдорӣ кунанд. Яке аз касоне, ки зидди мумиёикунонии Ленин баромад, Надежда Крупская-зани доҳӣ буд. Крупская вақте хабари мумиёикунониро шунид дар рӯзномаи “Правда” бо эътироз ба коргарону деҳқонон муроҷиат кард: "Рафиқон коргарон ва деҳқонон! Ман аз шумо 1 хоҳиши калон дорам. Ғаму андӯҳи худро ба парастиши берунии шахсияти Илич равона накунед. Барои ӯ обида насозед. Мехоҳед номи Ленинро зинда нигаҳ доред? Ба номи ӯ боғчаи кӯдакон, хонаҳои истиқоматӣ, мактабҳо, китобхонаҳо, бемористонҳо... бисозед". Аммо ҳарфҳои Крупскаяро дигар касе гӯш накард. Дар ҳол баъди марги Ленин, 22.01.1924 табиб Абрикосов тани ӯро барои 6 рӯз то маросими дафн мумиёӣ кард, аммо баъди чанде КИМ СССР қарор дод: “Тобути Ленинро дар дахмаи махсус нигаҳ дошта, дахмаро барои зиёрати мардум дастрас намуда, марқадро назди девори Кремлин дар майдони Сурх бунёд кунанд”.
10.03.1924 уламо А.И.Абрикосов, В.П.Воробев, А.Дешин, Л.Вейсброд ва Н.Савелев барои муоинаи доҳӣ вориди марқад шуданд. Ҳини муоина яке аз онҳо ба шиками Ленин 1 кг намак чошид ва Савелев бошад бо ёрии шпритс ба дохили лабони доҳӣ равғани турунҷ ворид намуд. Мумиёикунонии навро профессорон В.Воробев ва А.Збарсикй анҷом доданд. Тани Ленинро аввал дохили вон (ванна), ки бо маҳлули сефоизаи формалдегид пур карда шуда буд, андохта мумиёикунонӣ сар шуд. Тамоми моҳи апрел Воробев маҳалҳои сиёҳшудаи пӯсти доҳиро дар рӯ ва танаш сафед кард. Сипас танашро дохили ваннаи бо спирти 20% пуркардашуда ворид намуданд. Баъди ин ба ванна глитсирин ҳамроҳ карданд. Охирҳои апрел кор қариб ба охир расид ва акнун мебоист танро барои мондан дар ҳавои кушод омода кард. Ин кор то моҳи июл идома ёфт. Ҳар рӯз Иличи мумиёишударо чанд соат дар ҳавои кушод нигаҳ медоштанд. 4 рӯз қабл аз анҷоми расмии корҳо ба толори ёдбудӣ комиссияи хос, ки аз коршиносони патологоанатом иборат ёфта буд, даъват карда шуд. Ин комиссия дар зарфи 4 рӯз бо диққат тани Ленинро таҳқиқ карда, ба хулосае омаданд, ки онро мешавад барои намоиши умумӣ қарор диҳанд. Баъди чанде марқадро "Мавзолей" ном гузоштанд. Мақбараи нави доҳӣ дар оғоз чӯбӣ буд ва с.1930 онро аз санги хоро сохтанд. Мавзолей дар қатори толори ёдбудӣ боз аз зали мошинӣ ва электронӣ иборат ёфта, ҳарорати якхелаи мақбара ва тозагии ҳавои онро таъмин мекунад. Солҳои тӯлонӣ ҳолати тани Ленинро Озмоишгоҳи сохторҳои биологӣ назорат мекунад. Кормандони озмоишгоҳ дар 18 моҳ 1 бор муоинаи пурраи тани доҳиро анҷом медиҳанд. Тани доҳиро 2 ҳафта дар маҳлули хос тар мекунанд ва сипас аз нав пӯшонида боз ба толори ёдбудӣ бармегардонанд. Мағзи сари доҳӣ бошад ҷудо аз тани ӯ дар сейфи хоси Донишкадаи мағз ҳифз мешавад. Ин Донишкада махсус барои омӯзиши мағзи сари доҳӣ бунёд ёфта, баъдан мағзи сари Сталин, Киров, Орҷоникидзе, Горкий ва як қатор нобиғаҳои дигари аввалин кишвари Шӯроҳо ба ин Донишкада барои омӯзиш фиристода шуданд. Ногуфта намонад, ки то кунун Ленинро дар Мавзолей беш аз 120 млн одам зиёрат кардаанд.

Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter