Июли с.1941 фармондеҳии олмонӣ артиши худро вазифадор кард, нерӯҳои шӯравиро дар соҳилҳои Двингаи Ғарбию Днепр муҳосира ва шаҳрҳои Витебск, Оршаю Смоленскро ишғол кунад. Ба ин васила роҳ ба сӯи Маскав боз мешуд. Ба артиши олмонӣ дар ин ҳарб фелдмаршал фон Бок фармондеҳӣ мекард. Фармондеҳии шӯравӣ аз ин нақшаи немисҳо огоҳ шуд ва ният дошт немисҳоро дар ин самт шикаста, пешравиашонро сӯи пойтахти кишвар боз дорад. Гурӯҳи тонкии Гот ва Гудериан 10 июл бе кумаки нерӯҳои пиёданизом ҳуҷумро оғоз карда, дар муддати кӯтоҳ Орша, Смоленск ва Кричевро тасарруф намуданд. Лек Артиши Сурх 21 июл ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашт ва тавонист Смоленскро дубора пас бигирад. Задухӯрд ранги тӯлонӣ гирифт. 8 август немисҳо дубора ба ҳуҷум гузашта, бори дуввум Смоленскро гирифтанд. Нерӯҳои зиёди Артиши Сурх ин дафъа муҳосира ва пурра торумор шуданд. Аммо немисҳо низ талафоти зиёд доданд ва нақшаҳояшон барои ишғоли Маскав ҷомаи амал напӯшид. Ҳарби Смоленск ба немисҳо собит кард, ки нақшаи Барбаросса амалӣ нахоҳад шуд ва ҷанг ба зимистон тӯл мекашад.