ХАБАРИ ДОҒ

Суди вилояти Лебапи Туркманистон дар аввали моҳи июли 2017 беш аз 40 кадри литсейҳои туркиро ба мӯҳлати аз 12 то 20 сол суд кард. Ин афрод ба ҳамкорӣ бо ҳаракати рӯҳонии фирории турк Фатҳулло Гюлен айбдор мешуданд. Онҳо аз ҷумлаи беш аз 50 касонеанд, ки моҳҳои май ва июн бо ҷурми алоқа бо ҳаракати Гюлен дастгир шуданд.

1 манбаъ аз ҳукми суд гуфтааст, ки дар айбномаи онҳо ғайр аз ҳамкорӣ бо созмони ғайриқонунӣ, ҳамчунин моддаи 135-уми КҶи Туркманистон, яъне иттиҳоми ҳамҷинсгароӣ илова шудааст. Дар байни онҳо соҳибкорони бонуфуз низ будаанд. Бо ҳукми суд амволи онҳо ба фоидаи давлат мусодира хоҳад шуд. Ин аллакай 2-умин суди гурӯҳии кадри мактабҳои Гюлен дар Ашқобод аст... Мақомоти Туркия мӯътақиданд, ки Гюлен аз ҳисоби шогирдонаш 1 шабакаи монанд ба "давлат дар дохили давлат” сохта, дастпарваронаш бо ёрии якдигар мансабҳои муҳими давлатиро соҳиб мешаванд ва дар ҳар мақоме, ки бошанд, на ба манфиати давлат, балки ба манфиати ӯ кор мекунанд.

Аз Гаспринский то Зиё Гёк-Алп
Пантуркизм ҳаракати сиёсиест, ки дар авохири қарни 20 дар нимҷазираи Қрим ба вуҷуд омад. Он мақсад дошт, тамоми ақвоми туркро, ки дар империяи Усмонӣ, Чин, Русия, Эрон ва Афғонистон зиндагӣ мекарданд, дар 1 иттиҳоди сиёсӣ 1 кунад ва давлати ягона туркиро созмон диҳад. Санаи таъсисёбии пантуркизмро муаррихон с.1883  меҳисобанд. Дар ин сол мубаллиғи қримӣ Исмоил Гаспринский (Исмаил бей Гаспаролы) шумораи аввали газетаи "Тарҷумон"-ро нашр кард, ки дар Боғчасарой-пойтахти хонигарии собиқи Қрим чоп ва миёни ақвоми турктабори Русия паҳн карда мешуд. Баъди чанде "Тарҷумон" ба Озарбойҷон ва Осиёи Миёна ҳам нуфуз кард ва миёни зиёиёни туркгарои ин манотиқ шӯҳрат ёфт. Яке аз иқдомоти ӯ кӯшиши таъсиси забони ягонаи туркӣ шуд. Вай мекӯшид бо ҳазфи калимоти эронӣ ва арабӣ забони ягонаро барои ҳамаи ақвомӣ турк ба вуҷуд орад. Ба андешаи ӯ, забони ягона таъсиси кишвари ягонаро низ осон мекард. Аммо хушбахтона ин мубаллиғи пантуркист ба мақсади худ ноил нашуд. То он вақт бештари ақвоми турктабор забонҳои миллии худро ба вуҷуд оварда буданд ва забони туркии усмонӣ танҳо яке аз онҳо буду бас. Аммо андешаи таъсиси забони ягонаи туркӣ аз ҷониби пантуркистон фаромӯш нашуд ва ахир с.1928 ислоҳоти забонии Камол Отатурк алифбои лотиниро ҷойгузини алифбои арабӣ кард ва калимоти эронӣ ва арабӣ аз забони туркӣ ҳазф шуданд. Аввалин кори назариявӣ дар мавзӯи пантуркизм бошад аз ҷониби Юсуф Акчура-мубаллиғи тоториасл навишта шуд. Номи пурраи ӯ Акчурин Юсуф Ҳасанович буд ва наслаш ба князҳои Акчурин мерасид. Юсуф хатмкардаи донишгоҳи Сорбони Фаронса буд ва ҳини таҳсил дар Париж бо Гаспринский мукотиба барқарор кард. Пас аз таҳсил ба Русия баргашт ва дар деҳаи аҷдодиаш-Зиёбошӣ (наздикиҳои Симбирск) сукунат ихтиёр кард. Маҳз дар ин давра (с.1904) Юсуф китоби маъруфаш "3 навъи сиёсат"-ро иншо кард. Соли 1911 аз тарси таъқиби сиёсии мақомоти рус ба Туркия гурехт ва он ҷо рӯзномаи нави худ "Турк урду" (Ватани туркӣ)-ро таъсис дод. Аммо аз ҳама саҳми муҳим дар рушди ин ҷараён китоби мубаллиғи дигари туркгаро Зиё Гёк-Алп "Усулҳои асосии туркизм" шуд. Ин китоб с.1923 ба чоп расид ва то ба имрӯз асоси идеологии пантуркизмро ташкил медиҳад.
Саҳифаи ҷадид дар таърихи пантуркизм ҳаракати ҷавонтуркон буд. Он ҳаракати сиёсие буд, ки с.1876 дар Туркияи Усмонӣ таъсис ёфт ва мехост бо роҳандозии ислоҳоти либералӣ Туркияро ба ҷумҳурии конститутсионӣ табдил диҳад. Ин ҳаракат баъди зуҳури пантуркизм ақоиди ин ҷараёнро усули ақидатии худ қарор дод. Албатта номгӯи ҷавонтуркон ба он маъно набуд, ки аъзои ҳаракат ҳама саросар ҷавонҳо буданд. Он шабу рӯз дар Аврупо ҳаракатҳои махфии зиёди инқилобӣ бо ин унвон фаъолият карда, пешванди ҷавон дар ин ибора маҳз ба ин хотир буд. Ҷавонтуркон с.1908 дар Туркия тавонистанд Абдулҳомиди 2-султони усмониро аз тахт нагун ва 1 қатор ислоҳотҳоро ҷорӣ кунанд, аммо баъди шикасти Туркия дар ҷанги ҷаҳонии 1 онҳо қудратро аз даст дода, бештарашон гурехтанд. Аз ҷумла, 1 қатор ҷавонтуркон аз қабили Анварпошо ва дигарон ба Осиёи Миёна омаданд, то империяи аздастрафтаи турконро дубора дар минтақа барпо кунанд. Дар ОМ бошад, дар аввали асри 20 ҳаракати ҷавонбухориён зуҳур кард. Он, ки бештар аз эронитаборон (тоҷикон)-и Бухоро иборат ёфта буд, дар оғоз ҷонибдори ислоҳоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар аморати Бухоро буд. Аммо тадриҷан зери нуфузи ақоиди туркӣ қарор гирифт ва бештари аъзояш пантуркистони ашаддӣ шуданд. Дар аввал теъдоди аъзои ҳаракати ҷавонбухориён наздики 200 кас ва чеҳраҳои маъруфаш-Абдулвоҳид Бурҳонов, Муҳиддин Мансуров, Мирзо Исам Муҳиддинов, Абдуқодир Муҳиддинов, Усмон Хоҷаев, Ориф Каримов, Мусо Саидҷонов, Файзулло Хоҷаев, Фитрат, Абдулло Раҳимбоев буданд. Баъди пирӯзии болшевикон дар Русия ҷавонбухориён апрели с.1918 "ҳизби ҷавонбухориёни болшевики коммунистӣ"-ро созмон доданд. Ин ҳизб баъди 6 моҳ ба Ҳизби коммунистии Бухоро тағйири ном кард ва пантуркистони Бухоро кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд, то зери қаноти болшевикон Туркистони ҷадидро дар ОМ таъсис диҳанд. Аммо болшевикон хеле зуд хатари ин ҷараёнро барои ҳукумати худ дарк карданд ва нақшаи пантуркистон ҷомаи амал напӯшид. Бо вуҷуди ин дар ОМ ба ҷои 1 Туркистони бузург чанд Туркистони хурд қомат афрохта, мардумии бумии ин сарзамин-Тоҷикон қариб ба пуррагӣ аз заминҳои аслии худ ҷудо шуданд. Бо ин вуҷуд ҷараёни пантуркизм ба куллӣ маҳв нашуд ва бори 2-ум с.1952, баъди ба НАТО ворид гаштани Туркия эҳё гашт. Ин бор пантуркизм чун олати муборизаи идеологӣ зидди СССР мавриди истифода қарор гирифт. Маҳз ба василаи пантуркизм ИМА ва иттифоқчиёнаш мақсад доштанд ҷамоҳири туркии ОМ ва Озарбойҷонро аз СССР ҷудо созанд. Чун сиёсати миллии ҳукуматдорони СССР ногузир дер ё зуд ба пайдоиши эҳсосоти ҷудоиталабӣ дучор мешуд, пантуркизм ба андешаи амрикоиҳо василаи хубе барои зарба задан ба аввалин кишвари Шӯроҳо маҳсуб меёфт. Суқути СССР нуфузи пантуркизм ва Туркияро дар ҷамоҳири собиқи ОМ боз ҳам афзуд ва яке аз васоили паҳн кардани ақоиди пантуркистӣ дар ин сарзамин литсейҳои туркӣ шуданд. Албатта бо гузашти замон ҳокимони туркӣ дар ОМ низ аз хатари ин ҷараён огоҳ шуданд ва литсейҳои туркӣ нахуст дар Ӯзбекистон, баъдан дар Туркманистон дарҳои худро бастанд.

Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter