ХАБАРИ ДОҒ

Аз генерали рус то маршали финн

  • Панҷшанбе, Дек 21 2017



Барон ва полковник
Карл Густав Эмил фон Маннергейм 4 (16) июни с.1867 дар шаҳраки Аскайнени Финляндия ба дунё омад.

Гузаштагонаш асолатан голландӣ буда, дар қарни ХVII аввал ба Олмон ва аз он ҷо ба Шветсия ҳиҷрат карданд. Яке аз гузаштагони ӯ ҳатто дар дарбори шоҳи Шветсия Карли ХI хизмат мекард ва унвони ашрофзодагӣ (дворянӣ) гирифт, лек баъди чанде оилаи онҳо ба Финляндия кӯчид. Финляндия он шабу рӯз ба ҳайси Князигарии бузурги Финляндия дар тобеъияти Русия қарор дошт ва бобокалонаш ба хизмати шоҳи рус даромад. Соли 1825 шоҳи рус Александри I-ум Карлро ба вазифаи ноиби раиси Бахши хоҷагидории маҷлиси императории Финляндия таъин ва ба ӯ унвони графӣ инъом намуд. Лек аз ин графигарӣ ба Густави ҷавон чун фарзанди аз ҳама кӯчак буд, танҳо унвони баронӣ насиб шуд. Баъди хатми таҳсилоти ибтидоӣ ӯро волидайнаш ба Омӯзишгоҳи саворааскарии Николаевӣ дохил карданд. Омӯзишгоҳ яке аз беҳтарин дар Русия маҳсуб ёфта, афсарони ояндаро барои Артиши подшоҳӣ омода мекард. Таҳсил дар он дар тақдири ояндаи Густав нақши калидӣ бозид. Ӯ зинаи ҳарбиро интихоб ва ба ҳайси 1 афсари тамомайёр Омӯзишгоҳро хатм намуд. 30 соли баъдро дур аз Финляндия ба сар бурд. Дар Русия зодагони Князигарии Финляндия, ки дар хидмати низомии кишвар буданд, ҳақ надоштанд ин хизматро дар зодгоҳашон адо кунанд. Вай чанд сол ба сифати афсари дастаи саворагон дар марзи ғарбии Русия адои вазифа намуд ва пас ӯро ба полки савораи вежаи лейб-гвардияи кавалергардӣ ба пойтахти кишвар гузаронданд. Густав дар полк ба рутбаи полковникӣ сарфароз шуд.

Ма Та Хара
Баҳори с.1906 полковникро якбора ба Раёсати асосии Ситоди генералии Артиш даъват карда, пешниҳод доданд бо 1 сафари пинҳонӣ ба Шарқ равад. Густав мебоист тариқи Осиёи Миёна вориди Чин мешуд. Ҳукумати подшоҳӣ он шабу рӯз мехост аз харитаҳои роҳ, захираҳои фоиданок, иқтисод ва аҳолии Чин огоҳ шавад. Ӯ ин пешниҳодро ба камоли майл пазируфта, дар авохири моҳи августи с.1906 ба ОМ расид. Аз Туркистон бо шаҳодатномаи шведӣ сафари худро тариқи биёбони Гобӣ ва кӯҳҳои Тян-Шон ҷониби Чин идома дод. Пеш аз сафар ӯро аз ҳайъати артиши Русия ихроҷ карданд, то дар сурати ҳабс ё зиндонӣ шуданаш нашавад ӯро ба Артиши Русия гиреҳ зад. Тирамоҳи ҳамон сол дар ҳайати 1 экспедитсияи фаронсавӣ ба Қошғар расид. Дар ин шаҳр ба полковник иҷозаи вуруд ба Чинро доданд, аммо исми баронро натавонистанд ба чинӣ тарҷума кунанд. Аз ин хотир, ӯро кӯтоҳакак “Ма Та Хара” номиданд. Тарҷумаи таҳтуллафзии он "Аспе, ки миёни абрҳо метозад" буд. Густав ҳатто аз он завқ ҳам мебурд, лек баъди чанде фаронсавиҳо ба таъбире полковникро фурӯхта, иқрор карданд, ки ӯ шаҳрванди Русия аст. Паноҳ кардани номи аслӣ дигар барои полковник маъно надошт ва бо номи аслии худ ба сафар идома дод. Полковник зимистонро дар Қошғар гузаронид ва тамоми харитаҳои ин маҳалро дар ин муддат наққошӣ кард. Баҳори с.1907 дастаи барон ба убури Тян-шон оғоз кард. Қад-қади роҳ полковник кулли нақшаҳои муҳимро наққошӣ карда, харита месохт. Ахир, ин даста қариб тамоми Чинро аз шарқ ба ғарб убур кард ва зимистони с.1908 ба дарёи Хуан-хе расид. Июни с.1908 полковник пинҳонӣ ба шимолу шарқи Чин омада, бо Далай-лама, пешвои буддоиҳои Тибет, ки бо чиниҳо зиддияти ошкор дошт, дидор намуд. Ӯ ҳатто аз дасти Далай ҳадяи махсус (порчае аз абрешими сафед бо навиштаҳои тибетӣ)-ро барои императори рус гирифт. Дар иваз ӯ ба Далай-лама таппончаи ҳафтираи худро ҳадя карда, тарафайн бо камоли ризоият аз ҳам ҷудо шуданд. Ӯ Далайро бовар кунонид, ки русҳо дар ин моҷаро тарафдори мардуми Тибетанд. Баъди бозгашт ӯро худи император-Николаи II ба ҳузур пазируфт. Дар ин дидор, ки зиёда аз 1 соат тӯл кашид, полковник тӯҳфаи Далайро ба Николай супурд. Ҳини хайрухуш Николай ваъда дод, ки ба зудӣ ӯро фармондеҳи полки савора таъйин мекунад. Баъди чанде вай фармондеҳи уланҳои округи ҳарбии Варшава таъйин карда шуд. Феврали с.1911 бошад ба ӯ рутбаи генералӣ инъом карданд.

Генерал ва маршал
Баъди инъоми рутбаи генералӣ фармондеҳии бригадаи савораро ба ӯҳда гирифт ва ҳамроҳи ҳамин бригада вориди Ҷанги ҷаҳонии 1 шуд. Густав дар ин ҷанг зидди немисҳо, австрягиҳо ва руминҳо далерона размид ва ҳатто дар амалиёти машҳури "Рахнаи Брусилов" ширкат варзид. Ӯ инқилоби Февралии Русияро тарафдорӣ намекард, аммо муқовимати ошкоро низ аз ӯ дар самти зиддият бо ҳокимияти муваққат дида намешуд. Майи с.1917 ба вай рутбаи генерал-лейтенантӣ дода, фармондеҳи корпуси савора таъинаш карданд. Билохира аз ҷонибдорони Лавр Карнилов шуд ва дар исёни генерал ширкат варзид. Баъд аз саркӯбии ин ошӯб ҳукумати муваққат сафҳои артишро поксозӣ кард ва Густав дар қатори афсарони дигар ба истеъфо фиристода шуд. Дар ин шароити вежа барон қарор дод ба зодгоҳаш баргардад. Дар ватан дӯстони зиёд дошт ва қобилиятҳояш низ мавриди назар буданд. Ӯ он шабу рӯз дар Одесса истиқомат мекард ва сафараш ба Финляндия хавфнок буд. Бо ин вуҷуд, декабри с.1917 ба Гелсингфорси Финляндия ворид шуд. Финляндия низ аз таъсири инқилоби Петроград бе таъсир намонд ва низоъ миёти сотсиалистҳо ва аҳзоби дигар кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид. Ин ҷанг январи с.1918 оғоз шуд. Гвардияи сурх зидди Финҳои сафед қарор гирифтанд. Густав дар ин вазъи ҳассос вориди майдон шуда, фармондеҳии Финҳои сафедро ба ӯҳда гирифт. Ҷангҳои шадид то миёнаҳои баҳори с.1918 тӯл кашида, дастаҳои Гвардияи сурх торумор шуданд ва боқимондаи он ба ҳудуди СССР гузашт. Пас аз пирӯзӣ дар ҷанг ба истеъфо рафт ва зиёда аз 10 сол ба ҳеҷ кори сиёсие даст назад. Аммо с.1931 ҳукумати вақти Финляндия ӯро раиси Шӯрои мудофиаи кишвар таъйин кард. Дар сурати оғози ҷанг раиси Шӯро ба таври автоматӣ фармондеҳи артиши Финляндия мешуд. Соли 1933 Свинхувуд-президенти Финляндия ба ӯ рутбаи маршалӣ инъом кард, ки он шабу рӯз болотарин рутба дар артиши кишвар будӣ. Худи ӯ тарафдори ҷанг бо СССР набуд, ҳатто дар арафаи "ҷанги зимистонӣ" барои ҳалли мусолиҳатомези зиддиятҳо баромад мекард. Аммо баъди оғози ҷанг Густави 72-сола фармондеҳии Артишро ба ӯҳда гирифта, маҳз истеъдоди фавқулоддаи ӯ ба финҳо имкон дод чанд моҳ зидди Артиши Сурх истодарагӣ кунанд. Маскав низ баъди ҷанги зимистона назари худро нисбати ин кишвари кӯчак дигар кард ва марти с.1940 муоҳидаи оташбасро бо Финляндия ба имзо расонд.

Хатти Маннергейм
Финляндия ҷанги зимистонаро бохт, аммо тавонист муддати тӯлонӣ ва бобарор зидди ҳамсояи қудратманди ҷанубиаш муқовимат кунад. Ҳеҷ кас дар он шабу рӯз тасаввур намекард, ки артиши фин метавонад бо Артиши Сурх тӯлонӣ биҷангад ва талафоти сангине ба душман ворид кунад. Аммо ин кор ба финҳо муяссар шуд ва хатти маршал Карл Маннергейм дар ин ҷанг нақши калидӣ дошт. Сохтмони хатти мудофиавӣ с.1920 аз ҷониби ҳукумати вақти Финляндия роҳандозӣ шуд, лек баъди чанде сохтмони он мутаваққиф ва танҳо с.1932 баъди омадани дубораи ӯ ба фармондеҳии артиш аз нав оғоз шуд. Дар асл хатти Карл садди мудофиавии бисёр бузурге буд, ки дар солҳои 1920-1939 дар наздикии марзи СССР сохта шуд. Ин хат тибқи табиат ва замин (ландшафт)-и гарданаи Карелия поярезӣ шуда буд ва дар ғарб ба халиҷи Фин ва дар шарқ ба кӯли Ладога мебаромад. Хат аз 6 садди дивоъ ва 22 маркази муқовимат иборат ёфта буд. Финҳо инчунин дар арзи хат 136 км монеъаҳои зиддитонкӣ, 330 км симхор ва теъдоди зиёди майдонҳои мин сохта буданд, ки ба артиши ҳуҷумкунанда монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекард. Финҳо тавонистанд ДОТҳо ва ДЗОТҳои бешуморро хеле моҳирона пинҳон кунанд ва миёни аскарони сурх ҳатто овозае паҳн шуда буд, ки мегуфтанд: Дотҳои финҳо резинианд. Аммо бо вуҷуди ин хатти ӯ садди фатҳнопазир набуд ва ба андешаи мутахассисон чанд нуқси асосӣ дошт. Аввалаш хатт дар оғози ҷанг ҳоло пурра бунёд нашуда буд ва корҳои сохтмонии зиёде ҳанӯз боқӣ монда буданд ва дуввум бештари таҷҳизоти ин хат он шабу рӯз кӯҳна шуда буд ва финҳо натавонистанд таҷҳизот ва силоҳи навро дар хат иваз кунанд. Агар хат дар ҷое рахна мешуд нерӯи душман ба ақибгоҳи финҳо медаромад ва муқовимати баъди дигар суд надошт. Бо вуҷуди ин Артиши Сурх танҳо баъди 2 моҳи муқовимати сахт тавонист хатти Карлро рахна карда ба ақибгоҳи финҳо гузарад. Баъди оғози ҷанги ҷаҳонии 2 ва ҳуҷуми Адолф Гитлер ба СССР ӯ бо фюрер ҳамроҳ ва ҷанги шӯравию фин дубора оғоз шуд. Маршал пеш аз ҳама мехост ҳудуди аздастдодаи кишварашро баргардонад ва ҳуҷуми Гитлер барои ин кор фурсати хуберо фароҳам овард. Финҳо танҳо дар ҳудуди гарданаи Карел меҷангиданд ва ба мантиқи дигар таваҷҷӯҳ надоштанд. Карл, ки худ қисмати зиёди умрашро дар Санкт-Петербурги собиқ гузаронида буд, зидди вайрон кардани Ленинград баромада, ҳатто артиши финро аз зиёд пеш рафтан ҳам бозмедошт. Бо вуҷуди ин фюрер ба маршал ҳурмати хос дошт, ҳатто ӯро бо олитарин мукофоти Рейхи 3, ордени "Салиби оҳанин" қадр намуд. Соли 1944 баъди ба сари қудрат расидан бошад Карл аз иттиҳод бо фюрер даст кашида, гуфтушунидро барои аз ҷанг баромадани Фин бо намояндагони ИМА ва Англия сар кард. Маҳз ба шарофати дурандешии ӯ Фин бо СССР сулҳ баст ва аз ҷанг баромад.

Маршали демократ
Густав ягона маршали дар таърихи қарни 20-и Фин аст, ки аз диктатураи шахсӣ даст кашид. Он ҳам дар даҳаи 30 ва 40-и асри 20, ки шумораи чунин диктаторҳо дар Аврупо аз Испания гирифта то Олмони Маҷористон доман паҳн карда буданд. Франко дар Испания, Хорти дар Маҷористон, Пилсудский дар Полша, Салазар дар Португалия, Муссолини дар Италия ва Гитлер дар Олмон, ҳамаи инҳо дар сиёсат тарафдори "дасти қавӣ" буданд ва аз ҳуқуқи инсон сарфи назар мекарданд. Дар Аврупои он шабу рӯз нақши ниҳодҳои демократӣ ба 0 баробар шуда буд. Аммо генерали собиқи рус роҳи дигареро интихоб кард. Карл, ки марти с.1917 афсарони худро барои наҷоти сохти подшоҳӣ даъват намуда буд, с.1918 баъди пирӯзӣ бар болшевикони фин қудрати сиёсиро дар Финляндия комилан дар даст дошт, якбора демократ шуд. Карл бо сиёсатмадорони финӣ, ки мехостанд Финро шоҳигарӣ эълон намуда, шоҳзодаи олмониро подшоҳи он кунанд, зид баромад, аммо ҳеҷ аксуламале накард. Вақте Олмон шикаст хӯрд ва сулҳи Версал имзо шуд, ҳамон сиёсатмадорон пеши ӯ зону зада, хостанд бо англисҳо ва фаронсавиён гуфтугӯ кунад ва кишварро аз парокандагӣ наҷот диҳад. Декабри с.1918 Карлро регенти Финляндия интихоб карданд ва барон 6 моҳ дар ин маснади олӣ боқӣ монд. Дар ин муддат ӯ артишро мустаҳкам ва бо намояндагони Англия, Фаронса ва ИМА гуфтушунид оғоз кард ва онҳо истиқлолияти Финро ба расмият шинохтанд. Барон баъди ин афви умумӣ эълон намуда аскарони сурхи асирро озод ва дар кишвар интихоботи парлумониро роҳандозӣ кард. Аммо парлумони нав профессори либерал Карл Столбергро президенти Финляндия интихоб кард. Дар интихобот профессор аз барон бештар раъй овард. Бо вуҷуди ин Карл бе ҳеҷ муқобилат ва норозигӣ аз регентӣ даст кашида, аз сиёсат берун рафт.

Маршали президент
Баъди каноргирӣ аз сиёсат бекор нанишаст ва Иттиҳоди ҳифзи кӯдаконро таъсис дода, чанд вақт сарварии Салиби Сурхро дар Фин ба ӯҳда дошт. Бозгашти ӯ ба сиёсат низ дар давраи бисёр ҳассос иттифоқ уфтода, дар оғоз Шӯрои мудофиаро роҳбарӣ мекард. Августи с.1944 бошад тамоми сиёсатмадорон ва ҳизбҳои сиёсии Фин боз ба маршали пир муроҷиат карда, хостанд бори дигар кишварро наҷот диҳад. Онҳо муътақид буданд танҳо ӯ метавонад Сталинро розӣ кунонад ва ҷангро бе рафтани обрӯи кишвар анҷом диҳад. Августи с.1944 Карлро президенти Финляндия таъин карданд. Ӯ ин бор низ масъулияти худро сарбаландона иҷро кард ва ҳанӯз дар оғози с.1944 ба СССР барои оғози гуфтушунид ҳайати баландпояеро ирсол намуда буд. Юхо Паасикиви (президенти ояндаи Финляндия) ва бародарон Карл ва Оскар Энкелҳо аз Маннергейм дар Маскав намояндагӣ мекарданд. Юхо аз сиёсатмадороне буд, ки дар Маскав ба ӯ эътимод доштанд ва бародарон Экел бошанд аз одамони бовариноки Карл буданд. Намояндагони ӯро дар Маскав шахси 2-уми давлатии СССР Вячеслав Молотов пешвоз гирифт. Дар сӯҳбат инчунин генерал Штеменко аз ҷониби Артиши Сурх ҳузур дошт. Дар дидори аввал тарафҳо ба мувофиқа нарасиданд. Сталин аз финҳо ҳудуди зиёдеро дар ивази бастани сулҳ талаб намуд. Маршал ба ин розӣ нашуд. Аммо қадами аввал ниҳода шуд ва гуфтушуниди тарафайн идома ёфтанд. Ахир, сентябри с.1944 ҷонибҳо оташбас эълон карданд. Олмон дар ин вақт Белоруссия ва нимҷазираи Балканро аз даст дод ва англису амрикоиҳо бошанд пойтахти Фаронса-Парижро озод намуданд. Артиши фин низ дигар нерӯи зиддият бо Артиши шӯравиро надошт. Бастани сулҳ ба Фин имкон дод, сохти демократиро бо иқтисоди бозорӣ ҳифз кунад ва саҳми Карл дар ин сулҳ хеле зиёд буд. Ӯ баъди ҷанг 1 сол дар маснади президентӣ боқӣ монда, с.1946 дӯсти деринааш Энкел ба ӯ маслиҳат дод аз маснади президентӣ даст кашад. Ӯ ба ин маслиҳат гӯш дода, аз президентии Финляндия бо хоҳиши худ даст кашид. Вай вазифаи худро иҷро кард ва Финро бо сари баланд аз ҷанг берун овард. Аммо нерӯҳои чапгаро зидди маршал, ки дар вақташ аз ҷониби фюрери олмонӣ бо салиби Ритсарӣ қадр шуда буд, мавқеъ гирифта буданд ва истеъфои ӯро тақозо мекарданд. Роҳбарияти СССР низ аз чапгароҳо ҳимоят мекард ва дар Маскав Юхоро дар маснади президентии Фин дидан мехостанд. Баъд аз дидор бо дӯсташ Маннергейм ҳуҷҷати махсусеро тайёр ва истеъфояшро эълон кард. Маршал баъд аз истеъфо ба ҳеҷ таъқиботе дучор нашуд ва с.1951 дар Шветсария аз олам даргузашт. Ҷасадашро ба Финляндия оварда, дар зодгоҳаш бо тантана ба хок супориданд.

Меҳрубон Салимшоев,
муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter