Принт

Суиқасд ба Андропов

Аз М.Салимшоев: Яке аз дӯстони газетаи мардумии СССР, узви ихвон ал СССР Гулдаст Алибахшов бо телефони 93 544 55 40 бо мо тамос гирифт ва зимни ташаккур аз ҳамаи кормандони СССР дархост намуд, ки дар мавриди таърихи таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон матлабе бинависем.

 

Пурмуаммотарин чеҳра

9.02.1984 баъди бемории тӯлонӣ котиби аввали ҲК ИҶШС, Юрий Владимирович Андропов вафот кард. Ӯ яке аз пурмуаммотарин чеҳраҳои роҳбарияти СССР ба шумор мерафт ва марги ӯ сару садоҳои зиёд дар ҷомеаи шӯравӣ эҷод кард. Баъзеҳо ақида доштанд, ки Андроповро духтурон нодуруст табобат карданд ва ГенСек пеш аз мӯҳлат дунёро тарк намуд. Аммо иддаи дигар, ки миёни онҳо собиқ вазири дифои СССР Дмитрий Устинов, аъзои Бюрои сиёсӣ, Громико ва Чебриков қарор доранд, бар ин ақидаанд, ки Андропов бар асари захми тир фавидааст. Баъди мурдани Андропов қудратро дар СССР боз командаи собиқи Брежнев дар симои Константин Черненко ишғол кард ва муборизаи тӯлонии Андропов ва Брежнев бо ғалабаи дуввумӣ поён пазируфт.

Кишвари фосид

Давраи Брежневро одатан давраи “тилоии” СССР ном мебаранд. Лек дар авохири ҳукуматдории Иличи 2-ум вазъияти СССР ба шиддат бӯҳронӣ буд. Кулли зинаҳои ҳукуматиро фасод печида буд ва дар зинаҳои болоӣ аз ҳама бештар ба назар мерасид. Вазъият ба ҳадде расид, ки ҳар масъули ҳукуматиро мешуд бо ин айб ҳабс кард. 1 кофтукоби сатҳии манзили ҳар масъул фасодкории ӯро ба осонӣ собит мекард. Андропов баъди марги Брежнев роҳбарияти чунин кишварро ба ӯҳда гирифт. Ӯ ба ҳайси сарвари КГБ аз ин вазъ ба хубӣ огоҳ буд ва баъди омадан ба сари қудрат хост вазъро ислоҳ кунад. Саросари кишварро тафтишу назоратҳо фаро гирифтанд. Дигар касе наметавонист то вақти муайяншуда ҷои кориашро тарк кунад. Мавҷи тозакуниҳо дар зинаҳои болоии ҳукумат ҳам дида мешуданд. То ҳатто чандин нафар аз масъулини баландпоя худкушӣ карданд. Андропов пеш аз ҳама ВКДи кишварро мехост поксозӣ кунад. Баъди чанде вазири ВКД Шёлоков, ки аз соли 1966 ба ин ниҳоди бонуфуз сарварӣ мекард, ба ҳабс гирифта шуд.

Ҳамсояҳо

Дар СССР ҳанӯз аз замонҳои Ленину Сталин суннате роиҷ шуда буд, ки манзили истироҳатӣ ба таъбири имрӯза “дача”-и роҳбарони 2 ниҳоди қудратии СССР-ВКД ва КБД дар ҳамсоягии ҳамдигар қарор доштанд. Миёни онҳо ҳатто девори муштарак вуҷуд надошт. Тибқи ин суннат роҳбарони ин 2 ниҳод мебоист бо ҳам дӯсту рафиқ мешуданд ва ҳамсоягӣ ба ин амр кӯмак мекард. Аммо ба фикри муаррихин Андропов бо Шёлоков ҳеҷ гоҳ дӯст набуданд ва девор низ миёни манзили онҳо, танҳо ба хотири суннати қаблӣ бунёд нашуд. Ӯ бо Шёлоков дар Маскав низ дар 1 бино ҳамроҳи Брежнев ва 1 ошёна болотар аз Брежнев истиқомат мекард. Манзили Шёлоков бошад, 1 ошёна поинтар қарор дошт ва занаш дугонаи аз ҳама наздики ҳамсари Брежнев буд. Баъди ҳабси Шёлоков ва ҷонишини ӯ Юрий Чурбанов (домоди Брежнев) утоқи кории Анроповро ёру ошноҳои вазири собиқ пур карда, илтимос мекарданд аз гуноҳи Шёлоков гузарад. Аммо ӯ андеша дошт, ки Шёлоков милисаи шӯравиро ба “клани мафиозӣ” табдил дод ва бояд ҳатман ҷазо бинад. Он рӯзе, ки ин ҳодиса иттифоқ уфтод Андропов дар дачаи худ қарор дошт. Ӯ дар айвони манзилаш китоберо мутолиа мекард. Баъди чанде аз хонаи Шёлоков зане берун шуд ва ҷониби хонаи вай омадан гирифт. Муҳофизи ГенСек инро дид ва Андроповро огоҳ кард, ки зани Шёлоков ба шумо кор дорад. “Боз илтимос мекунад” гуфт ӯ ва ба муҳофиз дастур дод, ки монеаш нашавад. Касе аз зани Шёлоков суиқасдро интизор надошт ва ӯ наздиктар омада, таппончаашро берун кашид. Мегӯянд, Андропов аз дасташ тир хӯрд. Тибқи назари расмӣ сабаби марги ГенСек норасоии кори гурдаҳо буд, аммо ба андешаи ин гурӯҳ, маҳз ин захм сабаби вуқӯи ин ҳолат шуд. Ба фикри Устинов суиқасд ба Андропов дар ҳузури писари 2-уми котиби генералӣ Юра ва котиби 1-уми кумитаи ш.Маскав-Гришин, ки аъзои Бюрои сиёсӣ ҳам буд, иттифоқ уфтод. Ба ақидаи Устинов маҳз Гришин ба ин дидор пофишорӣ кард ва зани гирёни Шёлоковро ба ҳузури Андропов овард. Аммо Владимир Крючков, ки он замон сарварии шӯъбаи 4-уми КГБ буд, ин фарзияро рад мекунад ва мӯътақид аст, ки Андропов бо марги табиӣ аз дунё рафт. Ба андешаи Крючков, ГенСек аз гипертония, диабети қанд, дарди рӯдаҳо, артрит, селмонеллёз, шукуфа, ниқриз, норасоии кори гурдаҳо азият мекашид ва дар охир дилаш низ аз кор монд.

Роҳбари самаранок

Ситораи сиёсии Андропов бо таъини ӯ ба ҳайси роҳбари вақти КГБ ба ҳама ҷилвагар шуд. Ӯ то ин вақт ҳатто 1 рӯз ҳам дар ин ниҳод кор накарда буд ва кам касе гумон мекард, ки рӯзе роҳбарии ин ниҳодро ба зимма мегирад. Аз ин болотар ӯ дар таърихи фаъолияти КГБ баъди Феликс Дзержинский шояд самараноктарин роҳбари ин ниҳод ба шумор мерафт. Замони роҳбарии ӯ КГБ СССР ҳеҷ кӯтоҳӣ дар анҷоми вазифа намекард ва тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаи шӯравиро таҳти назорат қарор дода буд. Пеш аз ӯ дар КГБ Владимир Семичастний роҳбар буд. Лек миёнаҳои маймоҳи соли 1967 Брежнев якбора дар 1 нишасти Бюрои сиёсӣ ӯро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи роҳбари КГБ холӣ кард. Сабабҳои аслии аз роҳбарияти КГБ гирифтани Семичастнийро муаррихин ба фирори Светлана Аллилуева, духтари Сталин ба ИМА рабт медиҳанд. Аммо ба фикри дигарон сабабҳои халъи Семичастний дар ҷои дигар нуҳуфта шудаанд. Ба диди ин гурӯҳ солҳои 1965-67 Брежнев ҳанӯз қудрати комилро дар СССР соҳиб нашуда буд ва бисёриҳо ӯро чун одами муваққат дар раъси кишвар меҳисобиданд. Он шабу рӯз дар қатори Брежнев, раиси Шӯрои Вазирон Алексей Косигин ва раиси Раёсати ШО СССР Николай Подгорний низ аз обрӯи зиёде бархурдор буданд. 1 давра маҳз ин 3 тан масоили асосии кишварро ҳаллу фасл мекарданд. Баъд аз Пленуми октябрии соли 1966 нақши Михаил Суслов якбора боло рафт ва ӯро “иделоги асосии ҳизб” лақаб ниҳода буданд. Лек аз ҳама бештар Александр Шелепин барои Брежнев хавфнок менамуд. Шелепин ҳамагӣ 49 сол дошт ва ошкоро довталаби роҳбарӣ мекард. Ӯ аъзои Бюрои сиёсӣ ва Котиботи ҲК ИҶШС буд ва вазифаи ноиби аввали раиси Шӯрои вазиронро ишғол мекард. Ғайр аз ин Шелепин ба ташкилоти махсуси назорати ҳизби давлатӣ сарварӣ мекард. Ин ташкилот замони Хрушев роҳандозӣ шуд ва аз истиқлоли зиёд бархурдор буд. Семичастний дӯсти наздики Шелепин ва одами ӯ дар КГБ буд. Аммо миёнаҳои моҳи майи соли 1967 Шелепин бемор шуд ва ӯро бо ташхиси аппендисит ба бемористони Кремл интиқол доданд. Маҳз дар ин ҳангом Брежнев бо ризоияти Косигин, Подгорний ва Суслов нишасти фаврии Бюрои сиёсиро даъват карда, Семичастнийро аз курсӣ канор заданд. Баъди нишаст, бегоҳии 19.05.1967 комиссияи ҲК ИҶШС дар ҳайати Суслов, А.Кириленко ва И.Капитонов ба бинои КГБ омада, ба чекистон хабар доданд, ки роҳбари нави онҳо Андропов таъин шуд. Мегӯянд худи Андропов зидди ин амалкард баромад ва дар нишасти Бюрои сиёсӣ гуфт, ки “Шояд ин корро накунед. Ман ҳеҷ тассавуре дар бораи кор дар ин ниҳод надорам”. Аммо Брежнев ва дигарон, ки мехостанд ба ҳар васила Семичастнийро аз роҳбарии ин ниҳод сабукдӯш кунанд, ба зиддияти Андропов эътино накарданд. Бо вуҷуди ин, ӯ 15 сол ба қудратмандтарин ниҳоди СССР сарварӣ кард ва маҳз ишғоли ин вазифа ӯро ба симои қудратманди ҲК табдил дод.

Зокирҷон Бобоев, таърихшинос, н.Ҳисор

Матлабҳои дигар