Принт

Зуҳури тероризми сиёсӣ

Аз М.Салимшоев: Яке аз мухлисони доимии газетаи мардумии СССР Ёқуби Бахтиёр бо телефони 92 817 68 79 бо ман дар тамос шуд ва гуфт: "Камина ҳамаи матолиби газетаи СССРро мехонам ва саҳифаи таърихиатон бароям бисёр писанд аст. Ман худ муаллими таърихам ва гоҳе ҳангоми дарс аз СССР истифода мекунам. Хоҳиши ман ин аст, ки навиштаҳои таърихиатонро бештар кунед ва аз таърихи давраи шӯравии кишварамон низ нависед. Ба ҳамаи кормандони газетаи СССР орзӯи тандурустӣ дорам."

1.03.1881 дар яке аз кӯчаҳои Петербург инқилобиёни сотсиалисти рус, ки дар ҳизби “Народная воля” (Иродаи халқ) гирд омада буданд, император Александри 2-ро ба қатл расонданд. Бо амри тақдир инқилобиёни аввалин подшоҳеро куштанд, ки миёни оммаи мардум бо лақаби “Озодкунанда” маъруф буд. Маҳз ӯ бо фармони махсуси худ чанде қабл (соли 1861) ба деҳқонони рус озодӣ дода буд.

Сотсиализми русӣ

Афкори сотсиалистӣ ҷомеаи русро дар солҳои 70-и асри 19 фаро гирифт. Ногуфта намонад, ки низоми истибдодии рус он замон аз тамоми Аврупо фарқ мекард. Урупо баъд аз инқилоби Фаронса, қариб куллан низоми ҳукуматдории худро дигар кард, аммо русҳо ҳеҷ тан намедоданд. Дар ин импературии азим 1 иддаи бисёр кам, 1 иддаи бисёр зиёдро мисли ғулом истифода мекарданд ва ҳеҷ ҳуқуқи сиёсӣ барояш қоил намешуданд. Русия 1 кишвари деҳқонӣ ба шумор мерафт ва сотсиалистони аввалӣ низ маҳз деҳқононро оммаи пешбарандаи инқилоби оянда медонистанд. Бо вуҷуди ин дар миёни сотсиалистон ҳамоҳангӣ набуд ва онҳо ақоиди мухталифе дар бобати расидан ба инқилобро доштанд. Солҳои 1870 инқилобиёни сотсиалисти рус ба 3 даста ҷудо шуданд. Дастаи 1-ро анархистон ташкил доданд. Намояндаи асосии анархистон Михаил Бакунин буд. Инҳо ақида доштанд ҳар навъ давлатдорӣ бар зиёни ҷомеаи сотсиалистист ва кишвари ояндаи сотсиалистиро бе давлат медиданд. Дастаи 2-ум “таблиғотчиён” ном гирифтанд. Аз инҳо П.Л.Лавров намояндагӣ мекард. Ӯ инқилобро дар деҳот мепазируфт, аммо ақида дошт, деҳқонон ҳоло барои инқилоб омода нестанд ва онҳоро аввал бояд барои ин кор тайёр кард. Дастаи 3-уми сотсиалистон бо сарварии П.Н.Ткачев “суиқасдчиён” ном гирифтанд. Ткачев мегуфт, ки инқилоб дар Русия метавонад танҳо тавассути “суиқасд”, яъне гирифтани ҳукумат бо дасти гурӯҳи хурди инқилобӣ амалӣ шавад. Ӯ ақида дошт, ки низоми подшоҳии рус миёни оммаи мардум маҳбубият надорад ва 1 гурӯҳи инқилобӣ, метавонад бо роҳи “суиқасд” ва террор онро сарнагун намояд. Барои амалӣ сохтани ин мақсад сотсиалистон ба 1 ташкилоти пинҳонии мустаҳкам ниёз доштанд ва баъди чанде “Народная воля” дар саҳнаи сиёсии Русия зуҳур кард.

“Народная воля”

Бо ин вуҷуд дар миёни ҳаракати сотсиалистии рус афкори Лавров таъсири зиёд доштанд ва дар оғоз ақидаи “таблиғгароӣ”, яъне омодасозии деҳқонон барои инқилоб миёни сотсиалистон тарафдори бештар дошт. Сотсиалистон аввалин амалиёти худро маҳз зери таъсири ақидаи “таблиғгароӣ” оғоз карданд. Солҳои 1873-74 ҷомеаи русро ҳаракати сотсиалистии “азимат ба сӯи мардум” печид. Садҳо ҷавонписару ҷавондухтарони рус баъди хатми макотиб ихтиёрӣ ба ҳайси духтурон, муаллимон ва коргарони дигар ба деҳаҳои рус равон шуданд, то мардумро бедор карда, ба инқилоб омода кунанд. Лек деҳқонон ҳеҷ ба ин ақоиди онҳо сарфаҳм намерафтанд ва вуҷуди ҷавонони зиёди шубҳанок дар деҳаҳо аз нигоҳи маъмурони ҳукуматии рус низ пинҳон намонд. Баъди чанде ҳукуматдорон бедор шуданд ва ҳабси оммавии инқилобиён роҳандозӣ шуд. Ҳамаи таблиғгарон ба маҳкама кашида шуданд, аммо баъзеро мисли қотилони шоҳи оянда Андрей Желябин ва София Перовская пурра сафед ва озод карданд. Нокомии сиёсати “таблиғот” сотсиалистонро водор кард, боз ба чораҳои ифротии мубориза руҷӯъ кунанд. Сотсиалистон бояд нақшаи фаъолият ва ташкилоти марказонидашударо таъсис медоданд. Соли 1876 аввалин ташкилоти сиёсии сотсиалистон “Земля и воля” (Замин ва озодӣ) таъсис дода шуд. Он аз ҷониби Г.Плеханов, Марк ва Олга Натансон ва О.Аптекман бунёд ёфт ва баъди чанде сотсиалистони дигар низ, аз қабили Вера Фигнер, С.Перовская, Л.Тихомиров ба он шомил шуданд. “Земля и воля” ин бор низ сиёсати “таблиғгароӣ”-ро асоси фаъолияти худ эълон кард, аммо баъди чанде назароти сотсиалистон боз мухталиф шуданд. Сотсиалистон ахир маҷбур шуда, моҳи июни соли соли 1879 дар Воронеж Анҷумани “Земля ва воля”-ро даъват кунанд. Дар съезд ташкилоти сиёсии сотсиалистон ба 2 даста тақсимбандӣ шуд. “Земля и воля” ба “Черный передел” (бо сарварии Плеханов) ва “Народная воля” (А.Михайлов, А.Желябов, В.Фигнер, М.Фроленко, С.Перовсая ва С.Халтурин) ҷудо гардид. “Народная воля”, ки онро кумитаи иҷроия идора мекард, забти қудратро бо роҳи террор мақсади асосии худ эълон кард.

10 суиқасд

“Народная воля” ҳукми қатли император Александри 2-ро содир ва ташкилоти сотсиалистони ифротӣ дар ҷамъ 10 суиқасд ба ҷони ӯ амалӣ карданд. Лек ҳар бор Александри 2 аз суиқасд ҷон ба саломат мебурд. 19.11.1879 сотсиалистони ифротӣ қатораи подшоҳиро, ки аз Қрим ба самти пойтахт меомад, тарконданд. 5.02.1880 ба сотсиалистон муяссар шуд, ҳатто дар Қасри Зимистона низ таркишро амалӣ созанд. Аммо император боз зинда монд. Бо вуҷуди ин кумитаи иҷроияи “Народная воля” нақшаи нави нобуд сохтани подшоҳро кашид. Сотсиалистон дар оғоз мехостанд зери пули “Сангин”, ки аз болои канали Екатеринаи Петербург мегузашт, бомба гузоранд, аммо баъди чанде нақшаҳояшонро иваз карданд. Бомбаи нав дар кӯчаи “ Малая садовая” гузошта шуд. Сотсиалистон барои амалӣ кардани ин кор дӯконеро дар ин кӯча ба иҷора гирифта, тариқи нақб бомбро зери роҳ гузоштанд. Тибқи нақшаи сотсиалистон, агар бомб бо сабабе корношоям мегашт 4 тан инқилобиён мебоист бомбҳои дар даст доштаашонро мавриди истифода қарор медоданд. Агар император боз ҳам зинда мемонд, Желябов бо ханҷар мебоист ба ӯ ҳамла карда, корро тамом мекард. Аммо дар охири моҳи феврал яке аз сарварони сотсиалистон Андрей Желябин ба дасти полис афтод ва ин инқилобиёни дигарро водор кард, корро тезонанд. Роҳбарии амалиётро София ба зимма гирифт. 1.03.1881 император Александри 2 аз Қасри Зимистона берун омад ва бо чанд тан муҳофиз ҷониби Манеж ҳаракат намуд. Лек дар бозгашт ӯ ногаҳон масири ҳаракатро тағир дод ва тариқи канали Екатерина ба қаср бозгашт. Ин кори Александр нақшаи аввалаи сотсиалистонро барбод дод ва Перовская таъҷилан нақшаи навро кашид. Тибқи нақшаи нав 4 тан инқилобии бо бомб мусаллаҳ (Гриневитский, Рисаков, Емелянов, Михайлов) қад-қади канали Екатерина мавқеъ гирифтанд. Вақте император ва ҳамроҳонаш ба кӯчаи Екатерина расиданд, Перовская ба террористон ишораи рамзӣ намуд ва аввалин шуда, Рисаков бомби худро ба сӯи император партофт. Таркиши сахт ба вуқӯъ пайваст, аммо Александр ин бор низ ҳеҷ осеб надид. Аммо давоми ҳаводисро худи подшоҳ бесарусомон кард. Александр ба ҷои он, ки зуд савор шуда, роҳро ҷониби Қасри Зимистона идома диҳад, аз фойтун пиёда шуд, то террористро бо чашми худ бубинад. Вақте ӯ назди Рисаков омад, сотсиалист Гриневитский, ки миёни оммаи мардум паноҳ бурда буд, ногаҳон бомби 2-умро зери пои император партофт. Ин таркиш Александрро аз по афтонд. Худи Гриневитский низ сахт маҷрӯҳ шуда, баъди чанде дар беморхона ҷон дод. Александри маҷрӯҳ ба муҳофизонаш дастур дод: “Маро ба қаср баред. Мехоҳам он ҷо мурам”. Ӯро фавран ба Қасри Зимистона интиқол доданд ва баъди чанд соат подшоҳи “Озодкунанда” фавтид. Баъд аз марги ӯ полиси рус қариб ҳамаи иштирокчиёни суиқасдро қапид. 3.04.1881 қариб ҳамаи аъзои “Народная воля” Желябов, Перовская, Кибалчичев, Рисаков ва Михайлов ба қатл маҳкум шуданд. Аммо умеди сотсиалистон, ки мехостанд ба воситаи куштани подшоҳ асосҳои ҳукумати монархиро ба тазалзул дароранд, ҷомаи амал напӯшид. Баъд аз марги Александр дар кишвар ҳеҷ шӯриши мардумие иттифоқ науфтод, чун ақоиди сотсиалистон барои оммаи мардум нофаҳм ва бегона буд. Зиёиёни рус низ баъди ин теракт аз инқилобиёни ифротӣ канораҷӯӣ карданд ва “Народная воля” дигар дар ҷомеа тарафдор пайдо накард. Александри 3, ки ба ҷои падараш зимоми қудратро ба даст гирифт, пурра аз иқдоми лебералии падар даст кашид ва Русия барои солҳои тӯлонӣ ба гирдоби ҳукумати истибдодии мутлақ ғӯтид.

 

Меҳрубон Салимшоев, Муаррихи СССР

 

Матлабҳои дигар