ХАБАРИ ДОҒ


Аз Сезар то Петр
Соли нав таърихи қариб 25-асра дорад. Ба ақидаи олимон аввалин бор ин ҷашнро дар гаҳвораи тамаддун Байнанаҳрайн дар 1000-солаи 4-уми пеш аз милод пешвоз мегирифтанд. Мардуми қадим Соли навро дар баҳор-моҳи март ҷашн мегирифтанд. Масалан, дар Рими қадим чун дар моҳи март вақти кишту кор оғоз мешуд, ин моҳро оғози сол меҳисобиданд.

Танҳо с.46-уми пеш аз милод императори Рим Юлий Сезар аввалин моҳи солро январ муайян кард. Мардуми Аврупо то ҳол чун анъана Соли навро 1 январ ҷашн мегиранд. Дар Русия бошад баъди ҷорӣ шудани масеҳият ва пос доштани анъанаҳои гузаштагони худ солшумориро ё аз моҳи март ё аз ҷашни Пасхаи муқаддас оғоз мекарданд. Соли 1492 князи бузург Ивани 3 оғози солро 1 сентябр муайян кард. Чун дар моҳи сентябр ҳама хироҷҳо ситонда ва андозҳо ҷамъоварӣ мешуданд. Охирин бор Соли нави сентябриро дар Русия с.1698 ҷашн гирифтанд. Баъди сари қудрат омадан, Петри I ҳам солшуморӣ ва ҳам тарзи ҷашнгирии Соли навро тағйир дода, русҳо дигар Соли навро чун мардумони аврупоӣ 1 январ ҷашн мегиранд. Пётр ба мардум амр дод: “Назди дарвозаҳоятонро бо дарахтони арча оро диҳед ва ороишҳоро аз 1 то 7 январ касе ҳақ надошт бигирад”. Таърихи пайдоиши қаҳрамони асосии ин ҷашнвора Бобои Барфиро бошад дар баъзе мамолик ба гномҳо нисбат медиҳанд, дар баъзеи дигар бошанд, масхарабозони ҳамеша дар сафари асримиёнагӣ ё фурӯшандагони ришдори бозичаҳои кӯдаконаро мепиндоранд.

Қадимтарин ҷашн                                                                                                                        
Ҳамин тариқ, соли нав қадимтарин ҷашни дунёст. Ҳангоми кашфиётҳои археологӣ дар аҳромҳои Мисри қадим бостоншиносон кӯзаеро кашф карданд, ки дар болояш  «Оғози соли нав» навишта шуда буд. Дар Мисри қадим Соли нав ҳангоми сероб гаштани дарёи Нил (тақрибан охирҳои сентябр) ҷашн гирифта мешуд. Серобии  Нил барои мисриён бисёр муҳим буд, чун танҳо ба хотири оби дарё, дар биёбон  гандумашон мерӯид. Дар Соли нав мисриён ҳайкали худояшон Амонро ҳамроҳ бо зану писараш даруни қаиқе мегузоштанд. Қаиқ 1 моҳ дар Нил шино мекард ва тайи ин муддат мардум хурсандию сурудхонӣ мекарданд. Баъди 1 моҳ ҳайкалҳоро ба маъбад бармегардонданд. Дар Англияи қадим низ Соли навро моҳи март ҷашн мегирифтанд. Танҳо с.1752 парлумони ин кишвар санаи онро ба 1 январ тағйир дод. Ин кор ҳатто ба мухолифати занон рӯбарӯ шуд. Намояндагони занони англис ба раиси парлумон изҳор доштанд, ки парлумон ҳақ надорад занҳоро қариб 2 моҳ калонсол гардонад. Раиси парлумон бошад ин амалкарди онҳоро «Намунаи классикии мантиқи занона» номид.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter