ХАБАРИ ДОҒ

Таъсиси аввалин кишвари Шӯроҳо

  • Панҷшанбе, Янв 04 2018


Комиссияи муллои гурҷӣ
Августи с.1922 бо таклифи Бюрои сиёcии КМ ҲК комиссияе таъсис дода шуд, ки мебоист масъалаи равобити ояндаи РСФСРро бо ҷамоҳири советии тозабунёд баррасӣ намояд.

Раиси комиссия-И.Сталин таъин шуд. Ӯ аз оғози барпо шудани ҳукумати шӯроҳо дар ин ҳукумат вазифаи Комиссари халқӣ оид ба корҳои миллатҳоро ба ӯҳда дошт. Аз сӯи дигар ӯ ҳанӯз аз пеш аз инқилоб миёни болшевикон чун мутахассиси масоили муносибати байни миллатҳо шинохта шуда буд. Ба комиссия инчунин болшевикони собиқадори дигар, аз ҷумла, Куйбышев, Г.Орджоникидзе, Х.Раковский ва Г.Саколников шомил шуданд. Комиссия бо сарварии Сталин баъди баррасии масъала қарор дод, Украина, Белорусия ва ҷумҳуриҳои шӯравии Қафқоз, чун ҷумҳуриҳои автономӣ ба ҳайати РСФСР ҳамроҳ шаванд. Қарори комиссияи сталинӣ бо номи "Лоиҳаи мухторикунонӣ" баъди чанде таҳия шуд. Тибқи лоиҳа КИМР (ВЦИК) РСФСР ва ШКХ (СНК) РСФСР мебоист ба органҳои олии давлатии ин иттиҳоди нав табдил ёфта, аксарияти комиссариатҳои халқии ҷумҳуриҳо аз комиссариатҳои халқии РСФСР итоат мекарданд. Қарори ин комиссия барои баррасӣ ба КМ ҲКии ин ҷамоҳир фиристода шуд. КМ ҲК Озарбойҷон ва Арманистон аз ин қарор ҷонибдорӣ карданд, аммо КМ ҲК Гурҷистон зид баромад. Коммунистони гурҷӣ гуфтанд, ки Иттиҳод ба ин шакл ҳанӯз бемаврид аст. Онҳо пешниҳод карданд, ҷумҳуриҳои мазкур сиёсати хоҷагидорӣ ва умумии худро ҳамоҳанг кунанд, яъне сиёсати ягона дошта бошанд, лек истиқлоли ҳар кадом маҳфуз бимонад. Ин маънои барпо гаштани 1 навъ федератсияи ҷумҳуриҳои шӯравиро дошт, ки фаъолиятҳои ягонаи ҳарбӣ, сиёсӣ, дипломатӣ ва хоҷагидориро дошт. КМ ҲК Белорусия барои нигоҳ доштани равобит ба шакли кунунӣ овоз дод. КМ ҲК Украина бошад қарорро баррасӣ накард, аммо гуфт, ки истиқлолияти Украинаро маҳфуз медорад. Дар нишасти навбатии комиссия, ки 23-24.09.1922 бо сарварии В.Молотов барпо шуд, лоиҳаи Сталин қабул ва пешниҳоди коммунистони гурҷӣ рад карда шуд. Комиссия қарор дод баъди баррасии ин масъала дар Пленуми навбатии КМ лоиҳаи худро ба КМи миллии ҷумҳуриҳои навтаъсис равона ва аз КМи ин ҷумҳуриҳо иҷрои ҳатмии онро талаб кунад. Пленум бояд 5 октябр баргузор мешуд ва қарорҳои комиссия барои Ленин, ки дар ин вақт дар Горкий мариз буд, фиристода шуданд.

Мактуби доҳӣ
Баъди ошноӣ бо қарорҳои комиссия Ленин бо раиси комиссия-Сталин вохӯрда, ӯро розӣ мекунад, то банди аввали лоиҳаи худро тағир диҳад. Худи ҳамон рӯз Ленин ба аъзои Бюрои сиёсӣ мактуб дар бораи «Ташкилёбии СССР»-ро нигошта, таъкид мекунад, ки РСФСР бояд худро бо дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ баробарҳуқуқ бидонад ва «ҳамроҳ ва баробар бо онҳо» ба Иттиҳоди нав шомил шавад. Бояд гуфт, ки пешниҳоди Ленин ягона шакли дурусти Иттиҳод бе ҷанги нави шаҳрвандӣ буд. Дар Гурҷистон вазъияти фавқулода ба миён омад. Дар Тифлис Серго Орджоникидзе, ки намояндаи Маскав дар ҷумҳуриҳои Қафқоз буд, яке аз аъзои КМ ҲК Гурҷистонро латукӯб мекунад. Бюрои сиёсии КМ барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала комиссияи хосе бо сардории Ф.Дзержинский ба Гурҷистон мефиристад. Бештари аъзои КМ ҲК Гурҷистон барои бевосита ва чун ҷумҳурии соҳибистиқлол ба ҳайати СССР шомил шудани Гурҷистонро ҷонибдорӣ карданд. Орджоникидзе ин амалро миллатгароӣ хонд ва Сталин низ гуфт, ки дар Гурҷистон сотсиал-миллатгароӣ лона сохтааст. Комиссияи Дзержинский бе баррасии далелҳо рафтори ӯро дуруст донист ва ин норозигии коммунистони гурҷиро боз ҳам афзуд. Дар охирҳои моҳи сентябр Ленин бо раиси ШКХ Гурҷистон П.Мдиванӣ ва аъзои КМ ҲК Гурҷистон вохӯрда, рафтори Орджоникидзеро маҳкум ва талаб мекунад, ки комиссияи нав барои баррасии масъала ташкил дода шавад. Аммо Сталин ҳоло ҳам иддаъо дошт, ки КМИР РСФСР бояд органи олии ҳокимият дар иттиҳоди нав шавад. Баъди ин Ленин боз бо ӯ вохӯрда, ин бор талаб мекунад, лоиҳаашро дигар кунад ва Сталин ночор мепазирад. 6.10.1922 Пленуми КМ лоиҳаи Ленинро қабул кард ва дар асоси он қарори нав баровард. 18.12.1922 Пленуми КМ лоиҳаи шартномаи Иттиҳоди навро баррасӣ ва қабул кард. Барои тасдиқи шартнома Съезди Умумииттиҳодии шӯроҳо даъват карда шуд ва он 30.12.1922 ба кори худ шурӯъ кард.

Анҷумани таърихӣ
Анҷуман дар театри Калони Маскав мегузашт. Ба он аз тамоми ҷамоҳири шӯравӣ вакилон даъват шуда буданд. Соати 12-и рӯз ба минбар аъзои Раёсати КИМР иштирокчии 3 инқилоб, болшевики собиқадор Петр Смидович баромад ва гуфт: “Иродаи ягонаи меҳнаткашони Украина, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон ва Белорусия дар бораи якҷо кардани ҷумҳуриҳои парокандаи шӯравӣ дар шакли 1 иттиҳоди воҳид, давлати пурзӯр-СССР дар Анҷуманҳои Шӯроҳои ин кишварҳо чандин маротиба иброз шуд. Меҳнаткашони РСФСР ҳам ин иродаро ҷонибдорӣ мекунанд ва мо инро дар Анҷумани Шӯроҳои Русия боз шоҳид будем. Анҷумани Шӯроҳо ба барпо кардани чунин иттиҳод розигӣ дод. Асоси иттиҳодро принсипи баробарии комили тамоми ҷумҳуриҳо ва озодона ба иттиҳод дохил ва аз он хориҷ шудани ҷумҳуриҳои шӯравӣ ташкил медиҳад. Ин принсипҳо асоси созишномаи моро ташкил хоҳанд дод. Ба шакли 1 давлати воҳид бо ҳам муттаҳид шуда, иттиҳоди ягонаи сиёсӣ ва хоҷагидориро таъсис медиҳем. Ҳар захме, ки аз берун ба мо ворид мешавад, ҳар дарде, ки аз дарун мубталои мо мегардад, дар ҳар гӯшае аз ин иттиҳод бе посух намемонад. Мо ҳама, ба 1 тани ягона табдил меёбем ва тамоми Иттиҳод ба по мехезад». Ҳамин тариқ таъсиси абарқудрати нав заминагузорӣ шуд.

Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter