ХАБАРИ ДОҒ


Ҷанги нобарор
9.01.1905 дар пойтахти Русия - Санкт-Петербург намоиши осоиштаи коргарон аз ҷониби нерӯҳои ҳукуматии рус тирборон карда шуд. Тибқи баъзе маъхазҳо дар натиҷа беш аз 100 нафар куштаву 300 тани дигар захмӣ шуд. Коргарон барои ҷустуҷӯи адолат назди подшоҳ Николайи 2 мерафтанд, аммо ба ҷои адолат насибашон тир шуд. Он шабу рӯз Русияи подшоҳӣ бо Япония дар ҳолати ҷанг қарор дошт. Ин ҷанг барои Русия чандон бобарор набуд.

20.12.1904 нерӯҳои японӣ Порт-Артур қалъаи калидиро дар Шарқи Дур тасарруф ва манотиқи зиёдеро ишғол карданд. Шикасти артиши рус дар баробари японҳо эътирози зиёдеро дар кишвар ба бор овард. Дар пушти японҳо Англия ва ИМА қарор дошт. Артиши японӣ бо силоҳи англисӣ муҷаҳҳаз шуда буд ва ин абарқудрати вақт мехост бо дасти японҳо сиёсати худро пиёда кунад. Бо вуҷуди ин Японияи кӯчак наметавонист ба Русияи бузург пирӯз шавад. Мебоист зарбаи дигаре дар дохили кишвар зада мешуд ва англисҳо инро ба хубӣ дарк мекарданд. Ин зарбаро танҳо инқилобиён метавонистанд ворид кунанд. Душманони Русия ба ҳар роҳе мебоист миёни мардум ва ҳукумат зиддият меофариданд ва боварии мардумро ба подшоҳ коҳиш медоданд. Ногуфта намонад, боварӣ ба адолати подшоҳ дар хуну пӯсти мардуми рус ҷо шуда буд ва танҳо хун метавонист ин бовариро коҳиш диҳад, лек барои эътироз баҳонае лозим буд. Дар авохири декабри с.1904 миёни коргарон ва роҳбарияти заводи Путилови ш.Петербург муноқиша сар зад ва он баҳонаи хубе барои тазоҳуроти оянда шуд. Роҳбарияти корхона музди меҳнати коргаронро сари вақт намепардохт ва ба гуфтушунид бо коргарон низ розӣ намешуд. Аз коргарон дар ин корхона ташкилоти ғайридавлатии "Маҷлиси коргарони руси Санкт-Петербург" ҳимоят мекард ва яке аз роҳбарони он рӯҳонии рус Георгий Гапон, яке аз шахсиятҳои пурасрори "якшанбеи хунин" будӣ. Дар бораи ин шахс маълумоти дақиқ нест. Иддае бар инанд, ки Гапон бо хадамоти пулиси рус робитаи зич дошт ва ин намоишро ба дастури онҳо роҳандозӣ кард, лек бархе ӯро намояндаи инқилобиён ва ҳатто ҷосуси хориҷӣ медонанд. Бо вуҷуди ин, баъд аз тирборон шудани намоиши коргарон аз Русия гурехт ва ба Женева рафт. Пеш аз фирор ӯро ба хонаи Максим Горкий оварданд. Мегӯянд, Горкий вақте Гапонро дид, сахт ба оғӯш кашида гуфт: "Акнун бояд то охир биравӣ". Ӯ дар хонаи Горкий ба коргарони рус номае навишта, дар ин нома шоҳро "дарранда" хитоб карда, онҳоро барои идомаи мубориза даъват намуд. Тибқи андешаи баъзе аз муаррихин маҳз Гапон аввалин касе буд, барои сарнагунии сохти подшоҳӣ ва барпо кардани ҳукумати муваққат садо баланд кард. Дар Женева, ки бештари инқилобиёни рус он ҷо ҷамъ омада буданд, рӯҳонии гурезаро хеле хуб пешвоз гирифтанд. Он шабу рӯз тамоми нашрияҳои аврупоӣ дар бораи рӯҳонии инқилобии рус менавиштанд ва Гапон аз шӯҳрати беандозае бархурдор шуд. Феврали с.1905 бо Ленин дидор дошт ва Илич тавсия дод, ба таърифҳо гӯш надиҳад ва бештар омӯзад. Ахир, Гапон ба сафи эсерон пайваст, лек баъди чанде бо онҳо низ ихтилофи назар пайдо карда, с.1906 баъди бозгашт ба Русия эсерҳо рӯҳонии инқилобиро ба қатл расониданд.

Подшоҳи бе ирода
Ба шаҳодати бархе Николайи 2 дар оғоз мехост бо намояндагони интихобии коргарон дидор кунад ва талабҳояшонро шунавад. Аммо лоббии англисӣ дар зинаҳои болоии ҳукумати рус вайро аз ин иқдом мунҳариф карданд. Барои эҷоди монеа ба ин дидор 6.01.1905 ба ҷони ӯ ҳатто суиқасд ташкил карданд. Он рӯз тӯпи қалъаи Петропавловск, ки ҳар нисфирӯзӣ бо “холостой” оташ мекушояд, бо тири ҷангӣ ҷониби Қасри зимистонӣ оташ кушод. Албатта дар қаср касе осеб надид, лек шоҳи беирода аз дидор бо коргарон сарфи назар кард. 9 январ бошад Николай умуман дар пойтахт ҳузур надошт. Бисёриҳо бар инанд, ки агар ӯ бо коргарон во мехӯрд инқилоби Русия шояд сар намезад. Аммо подшоҳи вақти Русия ин корро накард ва тирборони намоиши коргарон сароғози рӯйдодҳои инқилобӣ дар ин кишвар шуд.

Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter