ХАБАРИ ДОҒ


Моҳи сурх
12.04.1961 Юрий Гагарин аввалин инсоне шуд, ки ба фазои кайҳонӣ парвоз кард. Аввалин парвози инсон ба кайҳон 108 дақиқа давом кард ва киштии кайҳонии Восток-1 бо суръати 28 269 км/соат дар зарфи якуним соат, дар баландии 327 км Заминро чархид. Чанде қабл аз парвози таърихии ӯ киштии кайҳонии Восток ЗКА-2 бо манекени монанд ба одам ва 1 сагча ба фазои кайҳонӣ фиристода шуд. Ин манекенро Иван Иванич ва сагчаро Ситорача (Звездочка) номиданд. Соли 1993 ин манекени Иванич дар музоядаи Сотбис бо маблағи 2,88 млн доллар фурӯхта шуд. Парвози Юра ба мухолифати чандсолаи СССР ва ИМА барои тасхири кайҳон хотима гузошт ва СССР дар ин мухолифат пешдастӣ кард. Тобистони с.1955 СССР ва ИМА қариб дар 1 вақт эълон карданд, ки дар соли нав ба кайҳон моҳвора мебароранд. Дар нерӯҳои мусаллаҳи ИМА 3 гурӯҳи мушаксозон бо сарварии Варнер фон Браун заҳмат мекашиданд ва ҳама бар он бовар буданд, ки ИМА дар ин самт яккатози майдон аст.

Дар СССР бошад 21.08.1957 аввалин мушаки балистикии байнисайёравӣ озмоиш карда шуд. Дар ИМА ба ин хабар эътиное накарданд, лек дар асл мушаки Р-7, ки бо муваффақият партоб шуд, роҳро сӯи кайҳон боз кард. Баъди чанде, 4.10.1957 маҳз ҳамин мушак аввали моҳвораи сунъии Заминро ба кайҳон баровард. Субҳи 5 октябр амрикоиҳо фаҳмиданд, ки ҳангоми хоб буданашон моҳвораи шӯравӣ 4 маротиба аз болои ИМА давр зада гузаштааст. Дар матбуоти ИМА моҳвораи шӯравиро "Моҳи Сурх" ном ниҳоданд ва калимаи "моҳвора" (Спутник) низ дар забони амрикоӣ роиҷ шуд. Он шабу рӯз ҷомеаи амрикоиро ваҳшат фаро гирифта буд. Президенти ИМА Эйзенхауер дар баёнияи расмиаш моҳвораи шӯравиро "1 пуфаки хурд дар осмон" номида гуфт, ки "парвози он ӯро ҳатто лаҳзае беқарор накард". Аммо баъзе аз сиёсатмадорони дигар партоби моҳвораи шӯравиро "Перл Харбори технологӣ" номида, талаб мекарданд фавран ҷавоби шӯравиҳоро боз диҳанд. 6.12.1957 дар димоғаи Канаверал аввалин кӯшиши баровардани моҳвора ба кайҳон аз ҷониб амрикоиҳо ба нокоми дучор шуд. Мушаки "Авангард" танҳо 4 фут боло рафт ва таркид. Ба амрикоиҳо муяссар шуд, танҳо 31.01.1958 моҳвораи худро таҳти унвони "Explorer 1" ба фазои кайҳони бароранд. Дар СССР бошад дар ин муддат аллакай моҳвораи 2-ум "Лайка" (Спутник-2) ва баъди чанде Спутник-3-ро, ки якуним тонна вазн дошт, ба кайҳон бароварданд. Бо партоби моҳвора СССР аввалин кишвари кайҳонӣ шуд. Барои кишваре, ки тоза аз ҷанги хонумонсӯзе берун омада буд, партоби моҳвора нишони беҳтар шудани вазъият буд. 19.08.1960 дар СССР "Спутник-5" бо ҷондорони зинда ин бор ба фазои кайҳонӣ баромад. СССР 2 саги зиндаро бо исмҳои Белка ва Стрелка, дар ҷавоб амрикоиҳо 1 сол пас (1961) киштии кайҳониро бо 1 шимпанзе бо исми Хэм ба фазо баровард. Хэм низ зиндаву саломат ба Замин боз гашт.
Гагарин ва "Ҳафтгонаи Меркурий"
Акнун навбати парвози одам ба кайҳон буд. Ин бор амрикоиҳо корро ҷиддӣ гирифта, 1.10.1958 дар ИМА агентии NASA таъсис дода шуд. Аввалин барномаи агентӣ "Меркурий" ном гирифт ва ҳадафи асосии он парвози одам ба кайҳон буд. Онҳо барои парвози кайҳонӣ аз миёни садҳо халабони озмоишгар танҳо 7 касро интихоб карданд. Ин 7 тан кайҳоннаварди оянда "Ҳафтгонаи Меркурий" ном гирифта, зед дар саросари ИМА машҳур шуданд. Мардум мехост ҳама чизро дар бораи онҳо бидонад. Дар СССР бошад, кайҳоннавардони ояндаро аз миёни сарнишинони қиркунандаҳо интихоб мекарданд. Ин қарори Сергей Королев буд. Олими шӯравӣ ақида дошт, ки халабонҳои тайёраҳои қиркунанда аз маҳорат ва таҷрибаи бештар бархурдоранд. Ӯ ва гурӯҳи кориаш барои парвози оянда 20 касро интихоб карданд. Ҳангоми интихоб авомили дигар низ мисли узвияти ҳизбӣ, фаъолияти сиёсӣ ва баромади иҷтимоӣ ба инобат гирифта мешуданд. Дар дастаи аввали кайҳоннавардон 2 тан аз ҳама бештар ба ин талабот мувофиқат мекард. Лейтенантҳои калон Юрий Гагарин ва Герман Титов. Сергей шитоб мекард, чун роҳбарияти СССР хабар дошт, ки амрикоиҳо мехоҳанд дар авохири апрели с.1961 кайҳоннаварди худро ба фазо бароранд. Дар СССР парвози кайҳониро аз 11 то 17.04.1961 ба нақша гирифта буданд. Якумин кайҳоннавардро бошад дар лаҳзаҳои охирин ҳангоми нишасти Кумитаи Давлатӣ интихоб карданд. Юра ба ҳайси аввалин сарнишин интихоб шуд ва дӯсташ Титов сарнишини эҳтиётӣ буд ва дар сурати лозим мебоист ӯро ҷойгузин мекард. 3.04.1961 Раёсати КМ қарори парвози одамро ба кайҳон ба тасвиб расонид. 8 апрел нишасти Кумитаи Давлатӣ, ки ба ин мавзӯъ бахшидашуда буд, баргузор шуд. Дар нишаст барои партоби киштии кайҳонии "Восток" иҷозат ва супориши кайҳоннаварди оянда муайян карда шуданд. Тибқи супоришнома Гагарин бояд дар баландии 180-230 км дар муддати 1,5 соат гирди Замин чархида, имкони истиқомати инсонро дохили киштии махсус, дар фазои кайҳонӣ муайян мекард. Ахир, "Восток" 12.04.1961, соати 09:07 дақиқа аз Байконури Қазоқистон ба фазои кайҳонӣ баромад. Юра дар парвоз тахаллуси "Кедр" (Сидр) дошт ва бо муваффақият супориши худро иҷро намуд.

Пауэрси хоболуд
Парвози Гагарин бори дигар амрикоиҳоро ғофилгир кард. Мегӯянд, Ҷон Паурес-котиби матбуотии NASA ҳоло хоб буд, ки журналистон ба ӯ занг зада суол мекунанд: “Русҳо одамро ба фазои кайҳонӣ бароварданд! Шумо шарҳе барои ин хабар доред?” Пауэрс мегӯяд: "Мо ҳама ҳоло хобему...". Баъди 1 моҳи парвози Юра амрикоиҳо парвози кайҳоннавард Алан Шепардаро, он ҳам зери мадори Замин ва ба муддати 15 дақиқа амалӣ сохтанд. Якумин парвози пурраи кайҳониро бошад ИМА танҳо с.1962 амалӣ намуд. Кайҳоннавард Ҷон Глен гирди Замин якуним давр зада ба Замин баргашт. Аммо тарафи шӯравӣ бошад дар фатҳи кайҳон аллакай пештоз буд. Он шабу рӯз кайҳоннаварди 2-уми шӯравӣ Титов гирди Замин аллакай 17 давр зада буд. Баъди 1 сол, 11.08.1962 СССР аввалин парвози гурӯҳиро ("Восток-3" ва "Восток-4) амалӣ намуд ва 16.06.1963 бошад дар киштии "Восток-6" нахустин зани кайҳоннавард Валентина Терешкова ба парвози кайҳониро анҷом дод. Умуман, амрикоиҳо то с.1966 дар соҳаи технологияҳои кайҳонӣ аз СССР сахт ақиб монда буданд. Соли 1966 Королев аз дунё рафт ва танҳо баъди ин ИМА тавонист ақибмонии худро то ҳадде ҷуброн кунад.

Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter