ХАБАРИ ДОҒ


Вақте Барбаросса бармехезад дунё дам фурӯ мебандад ва сукут мекунад.

Адолф Гитлер


Амалиёти «Барбаросса» (ба хотири императори олмониҳо-Фридрих Барбаросса) номгузорӣ шудааст. Ин амалиёт маҳз чунин унвонро гирифт, ки бо он Германияи фашистӣ чун одати ҳамешагӣ бе эълони ҷанг ба СССР дарафтод. Ба нақшагирии амалиёт 21.07.1940 оғоз шуд. Нақшаи амалиёт, ки зери роҳбарии генерал-Ф.Паулюс кашида шуда буд, 18.12.1940 бо дерективаи №21-и Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Олмон (Вермахт) тасдиқ шуд. Умуман, қарори ҳамла ба СССР ва нақшаи умумии амалиёти ояндаро Гитлер баъд аз ғалаба бар Фаронса 31.07.1940 ба генералҳои худ гуфт: «Умеди Англия танҳо Россия ва Америка аст. Агар умед ба Россия барбод биравад Америка низ аз Англия даст мекашад чун торумори Россия ба пурзӯршавии Япония дар Шарқи дур меоварад. Агар Россия торумор гардад Англия охирин умеди худро аз даст медиҳад. Он вақт дар Аврупо ва дар Балкан мо ҳукмронӣ хоҳем кард. Пас Россия бояд аз байн бурда шавад. Вақти амалиёт-баҳори соли 1941. Ҳар чӣ зудтар мо Россияро торумор кунем беҳтар аст.

Амалиёт танҳо вақте маъно пайдо мекунад ва натиҷа медиҳад, ки агар мо бо 1 зарбаи пурзӯр тамоми давлатро аз байн бибарем». Россия гуфта, Гитлери ориёӣ маҳз СССРро дар назар дошт!

Чаро 22 июн?
Тибқи нақшаи амалиёт қисми асосии Артиши шӯравӣ мебоист ба дарёҳои Днепр ва Двинаи Ғарбӣ тит мешуданд ва ақибнишинии онҳо ба шарқи кишвар бояд пешгирӣ карда мешуд. Дар рӯзи ҳаштуми амалиёт артиши Олмон бояд ба мавзеи Квунас, Барановичи, Лвов, Могилев-Подолский мерасиданд. Дар рӯзи 20-уми амалиёт немисҳо мебоист ба Днепр расида, мавзеҳои Мозыр, Рогачев, Орша, Витебск, Великие Лукиро ишғол мекарданд. Баъди ин дар амалиёт таваққуфи 20-рӯза ҷудо карда мешуд, то қувваҳо аз нав ҷо ба ҷо карда шаванд, аскарон дам гиранд ва базаҳои таъминотии нав ташкил карда шаванд. Дар 40 рӯзи ҷанг марҳилаи дувуми амалиёт оғоз мешуд. Дар ин марҳила немисҳо мебоист Москва, Ленинград ва Донбасро ишғол мекарданд. Диққати махсус ба ишғоли Москва дода мешуд. Фармондеҳони олмонӣ гумон доштанд, ки Артиши Сурх барои ҳимояи Маскав тамоми қувваҳои боқимондаи худро мепартояд ва ин ба немисҳо имконият медиҳад, ки дар 1 муҳориба онҳоро торумор кунанд. Дар интиҳо тибқи нақшаи худ немисҳо бояд ба хатти Архангелск-Волга-Астрахан мерасиданд. Дар дерективаи №21 Гитлер мӯҳлати наздиктарини амалиётро 15 май зикр кард, аммо бо сабаби бандшавии қувваҳои зиёди немисҳо дар Югославия ва Юнон мӯҳлати амалиёт 22 июн таъйин карда шуд. Барои ҳамла ба СССР Гитлер 3 гурӯҳи армияро ташкил намуд; 1.Гурӯҳи армияҳои Шимол зери фармондеҳии генерал-фелдмаршал, Вилгелм фон Лееб дар фронти аз Клайпеда то Голдап (ҳамагӣ 29 дивизия, аз ҷумла 4 дивизияи танкӣ ва 2 дивизияи моторикунонидашуда). Инчунин армияи 16, армияи 18 ва гурӯҳи 4-уми танкӣ ба ин гурӯҳ шомил буданд. Ҳамлаи ин гурӯҳро флоти 1-уми ҳавоӣ, ки қариб 1070 ҳавопаймои ҷангӣ дошт, дастгирӣ мекард. Гурӯҳи армияҳои шимол мебоист Прибалтика ва Ленинградро ишғол мекард ва инчунин бандарҳои соҳили Балтик (Таллин ва Кронштадт)-ро мегирифт. 2.Гурӯҳи армияҳои «Марказ» бо фармондеҳии генерал-фелдмаршал Федор фон Бок дар фронти аз Голдап то Влодава (ҳамаги 60 дивизия, аз ҷумла, 9 дивизияи танкӣ ва 6 дивизияи моторикунонидашуда ва 2 бригада). Ҳамлаи ин гурӯҳи армияҳоро флоти 2-юми ҳавоӣ, ки 1680 ҳавопаймои ҷангӣ дошт, дастгирӣ мекард. Ба зимаи ин гурӯҳи армияҳо задани зарбаи асосӣ вогузор шуда буд. Гурӯҳи армияҳои «Марказ» бояд фронти стратегии СССРро рахна карда, қисмҳои Артиши Сурхро дар Белоруссия муҳосира ва торумор мекард ва сипас ба самти Маскав ҳамларо идома медод. 3.Гурӯҳи армияҳои «Ҷануб» зери фармондеҳии генерал-фелдмаршал Герд фон Рундштед фронти аз Люблин то саргаҳи Дунайро ишғол мекард (ҳамагӣ 57 дивизия, аз ҷумла 9 дивизияи танкӣ ва моторикунонидашуда, инчунин 13 бригада ба ин гурӯҳи армияҳо дохил мешуданд). Ҳамлаи ин гурӯҳро флоти 4-уми ҳавоӣ тақрибан 1300 ҳавопаймои ҷангӣ дастгирӣ мекард. Ин гурӯҳи армия вазифадор буд, ки Артиши советиро дар соҳили рости Украина торумор кунад ва ба соҳили Днепр барояд. Дар СССР дар асоси округҳои ҳарбӣ, ки дар сарҳади Ғарбӣ ҷойгир буданд, бо қарори Политбюро аз 21.06.1941 4 фронт ташкил карда шуд. Фронти Шимолу Ғарбӣ зери фармондеҳии генерал-Ф.И.Кузнецов дар Прибалтика ташкил гардид (ҳамагӣ 34 дивизия, аз ҷумла 6 дивизияи танкӣ ва мехоникунонидашуда). Фронтро ҳавопаймоҳои фронти Шимолу Ғарбӣ дастгирӣ мекарданд. Фронти Ғарбӣ зери фармондеҳии генерал-Д.Г.Павлов дар Белоруссия созмон ёфт (ҳамагӣ 45 дивизия ва 20 дивизияи танкӣ ва моторикунондашуда дошт). Ин фронтро ҳавопаймоҳои ҷангии фронти Ғарбӣ дастгирӣ мекард. Фронти Ҷанубу Ғарбӣ зери фармондеҳии генерал-М.Крипонос (ҳамагӣ 45 дивизия, аз ҷумла 18 дивизияи танкӣ ва мехоникунонидашуда) ҳавопаймоҳои фронти Ҷанубу Ғарбиро дастгирӣ мекарданд. Фронти Ҷануби зери фармондеҳии генерал И.Тюленев дар Молдавия ва Украинаи Ҷанубӣ ташкил гардида (ҳамагӣ 26 дивизия, 9 дивизияи танкӣ ва мехоникунонидашуда), ҳавопаймоҳои фронти Ҷанубӣ дастгирӣ мекарданд.

Субҳе, ки дигар ором набуд…
22.06.1941, тақрибан соати 3:15 дақиқаи субҳ бо вақти Маскав артиши фашистии Олмон бо 153 дивизия, 600.000 адад техника, 3580 тонк, 7184 тӯп ва 2740 ҳавопаймо ба ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла кард. Умуман ин бузургтарин артиш дар таърихи башарият буд, ки дар 1 майдон амалиёти ҳарбӣ мекард. Якҷо бо немисҳо дар ин ҳамла 12 дивизия ва 10 бригадаи артиши руминҳо, 18 дивизияи финӣ, 3 бригадаи венгерӣ, инчунин 2 бригадаи словакҳо ва баъдтар ба онҳо 3 дивизияи италиявиҳо ва дивизияи «кабуди» испанӣ ҳамроҳ шуд. Мутаассифона ҳамлаи ногаҳонии немисҳо Артиши Сурхро ғофилгир кард. То соати 12 рӯз немисҳо 1200 ҳавопаймои шӯравиро нест карда, то охири рӯз ин талафот ба 1811 ҳавопаймо расид, ки бештарашон дар замин нобуд карда шуданд. Немисҳо тавонистанд, ки дар рӯзи аввали ҷанг бартарии комилро дар ҳаво ба дасти худ гиранд. Гурӯҳи армияҳои Шимол дар самти Ленинград ба амалиёт шурӯъ кард ва қувваи асосии зарбазани ин гурӯҳ (гурӯҳи 4 танкӣ) ба самти Даугавпилс ҳуҷум мекард. Кӯшиши фармондеҳии фронти Шимолу Ғарбӣ барои зарбаи ҷавобӣ (бо қувваи 2 корпуси мехоникунонидашуда тақрибан 1000 тонк) дар наздикии шаҳри Расейная ба нокомӣ анҷомид ва 25 июн қӯшунҳои ин фронт ба соҳили дигари Двинаи Ғарбӣ ақиб нишастанд. Аммо аллакай 26 июн гурӯҳи 4-уми тонкии немисҳо аз Двинаи Ғарбӣ дар наздикии Даугавпилс гузашт. 27 июн қисмҳои Артиши Сурх шаҳри Лиапеяро ба немисҳо таслим карданд ва 1 июл армияи 18-уми немисҳо Ригаро ишғол кард ва ба Эстонияи ҷанубӣ баромад. Дар ин ҳангом гурӯҳи 3-юми тонкии гурӯҳи армияҳои «Марказ» муқовимати артиши шӯравиро дар назди шаҳри Алитус шикаста, 24 июн Вилнюсро ишғол кард ва ба Ҷанубу Шарқ гашта, ба ақибгоҳи фронти Ғарбии шӯравӣ даромад. Аз ҳама вазъияти ногувор дар фронти Ғарбӣ ба амал омад. Дар рӯзи аввал армияҳои ин фронт (армияи 3 дар назди Гродно ва армияи 4 дар наздикии Брест) талафоти хеле калон дид. Зарбаи ҷавобии корпусҳои мехониконидашудаи ин фронт 23-25 июн натиҷа надоданд. Гурӯҳи 3-юми тонкии немисҳо армияи 3 ва 10-и ин фронтро аз Шимол ва гурӯҳи 2-юми тонкӣ аз Ҷануб ба иҳота гирифтанд. 28 июн немисҳо Минск-пойтахти Белоруссияро гирифтанд. Қувваҳои асосии фронти Ғарбӣ ба муҳосира афтиданд. Танҳо дар ҷануб, ки аз ҳама гурӯҳи пурзӯри артиши коргару деҳқони сурх (РККА) ҷойгир шуда буд, немисҳо бохти калон доданд. Ба хотири боздоштани ҳуҷуми гурӯҳи 1-уми тонкии немисҳо фармондеҳии фронти ҷанубу ғарбӣ бо қувваи 6 корпуси мехониконидашуда (қариб 2500 тонк) ба душман зарбаи ҷавобӣ заданд. Дар натиҷа дар наздикии Дубно-Луцк-Броды муҳорибаи шадиди тонкӣ ба вуқӯъ пайваст. Аммо қӯшунҳои фронт натавонистанд душманро шикаст диҳанд ва талафоти калон диданд. Бо вучуди ин онҳо ба немисҳо имкони рахна кардани фронтро надоданд ва армияҳои 6 ва 26, ки дар наздикии Лвов ҷойгир буданд аз асорат наҷот ёфтанд. 1 июл қӯшунҳои ин фронт ба мавқеи Коростень-Новоград-Проскуров ақиб нишастанд. Танҳо дар аввалҳои июл немисҳо қаноти рости фронти ҷанубу ғарбиро дар наздикии Новоград-Волинский рахна ва Бердичёву Житомирро ишғол карданд. Дар маҳалли якҷошавии фронти ҷанубу ғарбӣ ва фронти ҷанубӣ 2 июл артиши немису руминӣ аз дарёи Прут гузашта, ҷониби Могилёв-Подолский шитофтанд ва 10 июл ба соҳилҳои Днестр баромаданд.

Давлате, ки шикасту нарехт
Умуман даври аввали амалиёти Барбаросса барои немисҳо бо муваффакият анҷом ёфт. Онҳо тавонистанд, ки дар набардҳои назди марзӣ ба артиши шӯравӣ шикасти сахт расонанд. Марҳилаи аввали амалиёти Барбароссаро натиҷабандӣ карда, 3.07.1941 сардори штаби генералии артиши олмон, генерал Галдер дар дафтарчаи хотирааш қайд карда буд: «Умуман гуфтан мумкин аст, ки вазифаи шикаст додани қувваҳои пиёданизоми шӯравӣ дар назди Двинаи Ғарбӣ ва Днепр амалӣ гардид. Бинобар ин бе муҳобот гуфтан мумкин аст, ки амалиёт алайҳи Россияи шӯравӣ дар 14 рӯз бо пирӯзии мо анҷомид». Он шабу рӯз касе бовар надошт, ки СССР баъди ин зарбаи мудҳиш зинда мемонад. Воқеан ҳеч давлате дар дунё баъди чунин шикасти сахт натавониста буд, ки пойдор бимонад. Аммо СССР дар муддати хеле кӯтоҳ собит кард, ки мешавад баъди зарбаи сахт низ ба худ омад ва муқовимат кард…

Меҳрубон Салимшоев,
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter