ХАБАРИ ДОҒ



13.07.1930 дар Уругвай аввалин Ҷоми ҷаҳонии футбол баргузор шуд. Албатта баъзе машруъияти ин мусобиқаро тайид намекунанд, чун дар ин чемпионат танҳо 13 дастаи яккачин ширкат варзиданд. Бо вуҷуди ин, ҷоми ҷаҳонии Уругвай аввалин мусобиқае гардид, ки дар арсаи байналмилалӣ футболро муаррифӣ кард

Бозии англисӣ
Футбол чун бозӣ бори аввал дар ҷазираи Бритониё арзи вуҷуд пайдо кард. Дар оғоз он танҳо ҷанбаи ҳаваскорона дошт ва берун аз Англия доир намешуд. Якумин бозии байналмилалии футбол с.1872 дар Англия доир шуд. Дар бозӣ дастаҳои яккачини Англия ва Шотландия бо ҳам қувва озмуданд. Дар оғози қарни ХХ бошад футбол аллакай маъруфияти бештар пайдо карда, дар саросари дунё ассотсиатсияҳои миллии ин навъи варзиш қомат афрохтанд. Майи с.1904 аввалин бозии футбол берун аз Бритониё доир шуд. Дар пойтахти Фаронса, шаҳри Париж дастаҳои яккачини Фаронса ва Белжик бо ҳам бозӣ карданд. Ин сабаб шуд, ки дар Париж Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) таъсис дода шавад. Расман ФИФА аз 22.05.1904 ба кори худ сар кард.

Он ассотсиатсияҳои футболи Фаронса, Белжик, Ҳолланд, Испания, Шветсия ва Шветсарияро муттаҳид намуд. Ассотсиатсия футболи Олмон бошад қавл дод, ки ба ФИФА ҳамроҳ мешавад.

Футбол ва олимпик
Футбол рӯз аз рӯз маъруфият пайдо мекард ва Кумитаи Ҷаҳонии Олимпик (МОК) бозии навзуҳурро чун навъи варзиш ба бозиҳои Олимпии тобистонаи солҳои 1900 ва 1904 шомил гардонид. Бо вуҷуди ин, футбол танҳо дар бозиҳои Олимпии с.1908 ба ҳайси мусобиқаи расмии олимӣ шинохта шуд. Рафти мусобиқаро бевосита ФИФА назорат мекард. Он шабу рӯз футбол бештар дар Англия маъруф буд ва мусобиқот низ миёни дастаҳои ҳаваскори англисӣ барпо мешуданд. Ба ин хотир дастаи яккачини ҳаваскори Англия барандаи мусобиқоти с.1908 ва с.1912 шуд. Он шабу рӯз дар қатори мусобиқоти олимпӣ, ки танҳо дастаҳои ҳаваскорро дар бар мегирифт, инчунин бозиҳои дастаҳои касбӣ низ доир мешуданд. Яке аз аввалин мусобиқоти касбии футбол с.1908 дар шаҳри Турини Итолиё доир гардид. Соли 1909 яке аз ҳомиёни англисии футбол сэр Томас Липтон мусобиқаи 2-уми футболбозони ҳирфаиро роҳандозӣ кард. Он ҳам дар Турин барпо шуд. Дар ин мусобиқот дастаҳои ҷудогонаи футбол, ки ҳар кадом миллати худро муаррифӣ мекард, ширкат варзиданд. Ба ин хотир, мусобиқаи Томасро баъзеҳо чун аввалин Ҷоми ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунанд. Соли 1914 ФИФА розӣ шуд мусобиқаи олимпиро ҳамчун "ҷоми ҷаҳонии футбол миёни ҳаваскорон" эътироф кунад ва масъулияти баргузории мусобиқотро ҳам ба ӯҳда гирифт. Ин кор боис шуд, ки футбол ҷанбаи ҷаҳонитар бигирад. Дар бозиҳои Олимпики с.1920 аллакай дастаҳои футболи Амрикои Ҷанубӣ ҳам ширкат варзиданд. Дар бозиҳои Олимпики с.1920 Белжик пирӯз шуда, бозиҳои Олимпики с.1924 ва 1928-ро бошад дастаи яккачини Уругвай бурд.

Аввалин чемпионат
Бо вуҷуди ин ФИФА ҳамеша мекӯшид мусобиқаи ҷаҳониро берун аз бозиҳои Олимпик доир намояд. Аввалин чунин кӯшиш с.1906 дар Шветсария ба вуқӯъ пайваст. Мутаассифона, якумин мусобиқаи ҷаҳонии футбол берун аз бозиҳои Олимпик ба эътирофи худи ФИФА ба нокомӣ анҷомид. Қадами баъдӣ с.1928 гузошта шуд. Дар ин сол ФИФА қарор дод, мусобиқаи ҷудогонаи байналмилалии футболро доир кунад. Ҷои баргузории нахустин Ҷоми ҷаҳонӣ Уругвай, ба хотири пирӯзиҳояш дар мусобиқоти қаблии олимпик ва 100-солагии истиқлолияти давлатиаш интихоб шуд. Соли 1930 Уругвайи соҳибистиқлол 100-солагии таваллуди худро қайд мекард. Аз сӯи дигар ташкилкунандагони бозиҳои Олимпики тобистонаи навбатӣ футболро ба хотири маъруфияти кам доштанаш дар ИМА аз рӯйхати бозиҳо хориҷ карданд. Бозиҳои навбатии тобистонаи Олимпик с.1932 дар Лос-Анҷелеси ИМА доир мешуданд. Баъди ин президенти ФИФА Жюл Ремӣ бевосита ба таъсиси мусобиқаи мустақили ҷаҳонӣ сар кард. ФИФА ба ассотсиатсияҳои миллии кишварҳои ҷудогона пешниҳод намуд, дастаҳои яккачини худро ба Уругвай фиристанд. Аммо рафтан ба Уругвай барои дастаҳои аврупоӣ машаққат дошт. Дастаҳо бояд 2 моҳ қабл роҳии Амрикои Ҷанубӣ мешуданд, лиҳозо, бештари кишварҳо дастаҳои яккачини миллии худро ирсол накарданд. Ахир, ба Ремӣ муяссар шуд дастаҳои яккачини Белжик, Фаронса, Руминия ва Югославияро розӣ кунонад, то ба Уругвай бираванд. Умуман, дар аввалин мусобиқаи ҷаҳонии футбол 13 дастаи яккачин ширкат варзиданд. 7 даста аз Амрикои Ҷанубӣ, 4 даста аз Аврупо ва 2 даста аз Амрикои Шимолӣ. 2 бозии аввали ҷоми ҷаҳонӣ миёни дастаҳои Фаронса ва Мексик ва ИМА ва Белжик доир шуда, Фаронса Мексикаро бо ҳисоби 4:1 мағлуб кард. Футболбозони ИМА бошанд бар Белжик бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуданд. Аввалин голи ҷоми ҷаҳонии 1-ро бошад Люсен Лорани фаронсавӣ ба дарвозаи Мексика зад. Дар бозии ниҳоии ҷоми ҷаҳонӣ дастаҳои яккачини Уругвай бо Аргентина бозиданд. Бозии ниҳоӣ дар пойтахти Уругвай-шаҳри Монтовидео доир шуд ва дар он 93.000 мухлис ширкат варзиданд. Уругвай дар ин бозӣ бо ҳисоби 4:2 Аргентинаро шикаст дода, аввалин кишваре шуд, ки соҳиби ҷоми ҷаҳонии футбол шавад.

Меҳрубон
Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter