ХАБАРИ ДОҒ


Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи медали 100-солагии матбуоти Тоҷикистон, Гулчеҳра Фозилова, ки маъмулан миёни журналистон чун “апаи Гулчеҳра” маъруф аст, метавон гуфт умри худро дар хидмати матбуоти тоҷик сипарӣ намуд. Ӯро бе ҳеҷ мубоҳот мешавад Модари Матбуоти Тоҷик ном бурд. Апаи Гулчеҳра наздики 50 сол дар идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” заҳмат мекашад ва нисбати ҳамаи қаламкашон ҳисси модарона дорад.

Дар хидмати қалам
Апаи Гулчеҳра дар зиндагии худ фарозу нишеби зиёдеро таҳаммул кардааст. Ин шахси наҷиб дар оилаи шахсони оддӣ ба дунё омадааст. Падараш дар яке аз муассисаҳои давлатӣ посбон ва модараш замоне фаррош, сипас хонашин буданд. Соли 1967 падар аз дунё реҳлат кард ва ӯ аз ҳамон овони мактабхонӣ бори дӯши зиндагиро ба ӯҳда гирифта, дар қатори хондан кор ҳам мекард.

Соли 1969 мактаби миёнаро хатм кард ва чун шавқи зиёд ба адабиёт дошт, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон месупорад. Ба нақли худи апа, он замон дар Донишгоҳ системаи баллӣ вуҷуд дошт ва ӯ бо 16 балл аз мандат нагузашт. “Ман ноумед хона бармегаштам, ки ҳамсинфамро дар роҳ вохӯрдам. Баъди ҳолпурсӣ ва шунидани қиссаам ӯ маро дилбардорӣ намуд, ки “зиқ нашав, бо ин баллҳоят туро албатта ба факултаи шабона мегузаронанд”. Он шабу рӯз дар ДДТ таҳсил дар 3 бахш-рӯзона, ғоибона ва шабона роҳандозӣ шуда буд” мегӯяд апа. Ҳамин тавр ӯ донишҷӯи бахши шабонаи факултаи забон ва адабиёт шуд. Рӯзона кор мекарду шабона таҳсил. Дарсҳо дар бахши шабона соати 19:30 дақиқаи шом шурӯъ шуда, соати 23:30 ба итмом мерасиданд. Апа мегӯяд, “модарам аввал ба таҳсили шабонаи ман зид баромад, аммо чун замона ором буд ва Донишгоҳ низ аз хонаамон чандон дур набуд, билохира ба таҳсил ризоият дод”.

Ба кор омаданаш низ қиссае дорад
Аввал ба Комбинати равғанбарории ш.Душанбе ба кор омад, аммо чун сахт мехост коре ба касбаш наздик пайдо кунад, баъди чанде ба идораи рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” омад. Ҳамин тавр, 26 июли с.1969 ҷавондухтари либоси миллӣ пӯшида пеши дари сармуҳаррири рӯзнома рост шуд. Он шабу рӯз ба нашрия Абдулло Зокиров сарварӣ мекард, лек сармуҳаррир он шабу рӯз бо сафари хидматӣ ба Амрико рафта буд ва ҷавондухтари либоси миллипӯшро муовини сармуҳарир Муқимҷон Абдураҳмонов ба ҳузур пазируфт. Баъди сӯҳбати кӯтоҳ ӯро ба ҳайси хаткашони идора ба кор қабул карданд. Он шабу рӯз нашриёти рӯзнома дар “Хонаи матбуот” ҷойгир буд ва рӯзнома он ҷо ба чоп мерасид. Аммо хаткашонии апа дер напоид. Баъди чанд рӯз Зокиров аз сафари хидматӣ баргашт ва чун фаҳмид, ки идора соҳиби корманди нав шудааст, апаро наздаш даъват карда, падарвор гуфт: "Духтарам, аз ҳамин рӯз сар карда шумо ходими шӯъбаи мактубҳо мешавед. Ба вазифаи хаткашон каси дигарро таъин мекунем. Ба кор муносибати ҷиддӣ кун, иншоаллоҳ қадр меёбӣ".
Апа мегӯяд, ман худамро хеле хушбахт ҳис мекардам, чун кори дӯстдоштаамро ёфтам. Дар идораи рӯзнома он шабу рӯз журналистони шинохта заҳмат мекашиданд ва ҳамкорӣ бо онҳо бароям мояи ифтихор буд. Афроде мисли Бобо Расулзода, Сироҷиддин Музаффаров, Гулназар Келдӣ, Кароматулло Мирзоев, Ҳазрат Сабоҳӣ... Кор дар шӯъбаи мактубҳо масъулияти зиёд тақозо мекард. Он шабу рӯз нашрия яке аз рӯзномаҳои бонуфузи кишвар буд ва ҳар рӯз то 2000 мактуб аз гӯшаву канори гуногуни ҷумҳурӣ ба идора меомад. Апа ҳамаи ин номаро қайд мекард ва ба онҳо ҷавоб менавишт.

Таърихи зинда
Апаи Гулчеҳраро метавон “таърихи зиндаи "Ҷавонони Тоҷикистон" номид. Апа шояд ягона нафаре бошад, ки аз ҳама давру замони ин рӯзнома огоҳ аст. Тӯли фаъолияташ бо 13 сармуҳаррир кор кардааст, ки Абдулло Зокирӣ, Муқимҷон Абдураҳмонов, Мавҷуда Ҳакимова, Оқилхӯҷа Фахриев, Бахтиёр Муртазоев, Ато Ҳамдам, Талъат Нигорӣ, Абдуфаттоҳ Воҳидов, Давлат Назрӣ, Раҳим Сайдалиев ва Самариддин Асоев аз ҷумлаи онҳоянд. Апаи Гулчеҳра садоқати аҷибе ба рӯзнома дошт ва ҳатто кор дар Шӯрои Олиро, ки он замон бисёр пурифтихор маҳсуб меёфт, рад кард. Апа мегӯяд, “маро барои кор ба Шӯрои Олӣ даъват карданд, лек танҳо 1 рӯз то бегоҳ он ҷо кор карда, дубора ба редаксия баргаштам”.
Соли 1983 сармуҳаррир Ато Ҳамдам апаи Гулчеҳраро ба муддати 1 моҳ ба сафари хидматӣ ба ш.Маскав фиристод. Апа дар рӯзномаи “Известия”, ки ба Шӯрои вазирони СССР тааллуқ дошт, ба фаъолият шурӯъ кард. Он шабу рӯз дар назди Шӯрои вазирон маҷаллаи "Ведомости" нашр мешуд. Он бо тамоми забонҳои собиқ Иттиҳод чоп мешуд ва апа масъуляти чопи тоҷикии онро ҳамроҳи Аҳрор Ғафуров ба ӯҳда дошт. Ғафуров, ба гуфти апа, “бисёр шахси фозилу кордон буд ва бо ҳидояту дастгирии ӯ оромгоҳи шоири инқилобиамон Абулқосим Лоҳутиро дар қабристони Навадевичии Маскав зиёрат кардам. Инчунин он шабу рӯз дар пойтахти СССР-Москва ҷашни ёдбуди ин шоири шаҳир баргузор шуд ва шахсони аввали ҷумҳурӣ бо сарварии Қаҳҳор Маҳкамов дар он ширкат варзида буданд”.

Модари ғамхор
Апаи Гулчеҳра аз зумраи афроди нодирест, ки ба доди ҳама мерасад. Тамоми журналистон, ки ҳамкораш буданд, аз ӯ ҳамчун модари меҳрубону ғамхор ёд мекунанд. Агар пули касе тамом мешуд, пеши апа медавид, агар меҳмони касе ҷои хоб намеёфт, апа ба додаш мерасид, агар сармуҳаррир касеро ҷанҷол мекард, дилбардораш апа буд. То ҳол Апаи ҳама ҳаст! Хислатҳои наҷибаш, хосса, дар солҳои мудшиҳи ҷанги шаҳрвандӣ, ки вазъияти журналистика бисёр бад шуда буд, баръало намоён шуданд. Он солҳо Давлат Назрӣ сармуҳаррири "Ҷавонони Тоҷикистон" буду бо азоби алим тайи чанд сол рӯзномаро нашр кард ва ҳамаи ин муддат апа дар қатори дигар кормандони рӯзнома бо сахтиҳои рӯзгор панҷа нарм намуд. Ёфтани маблағ басо душвор буд. Пул намерасид. Ахиран, с.1995 рӯзномаро муваққатан бастанд ва ин аҳвол 3 сол идома ёфт. Аммо кормандони рӯзнома ба ин нигоҳ накарда, чун пештара ба идора, ки акнун дар ошёнаи 8-уми нашриёти "Шарқи озод" ҷойгир шуда буд, меомаданд. Онҳо аз ҳеҷ ҷо маош намегирифтанд ва ҳама мунтазири омадани апа буданд, то шояд хӯрдание барояшон биёрад. Апа бошад баъди бастани рӯзнома ба бозор рафт ва машғули тиҷорат шуд. Аз пули “бизнеси кучагӣ” гоҳе наск, гоҳе биринҷу дигар хурока оварда, баччаҳои идораро мехӯронд. Ба гуфти яке аз мухбирони рӯзнома-Сулаймони Сулаймон: "Агар ҳамин апа намебуд, ҳамаамон аз гушнагӣ мемурдем". Баъди кор ҳам журналистон хонаи апаро ба иҷора гирифта буданд ва дар ин ҷо зиндагӣ мекарданд. Ҳамин тариқ, апа дар бозори “Автовокзал”, ки бо "Аҷинабозор" маъруф буд, савдо мекард, то рӯзе Камоли Қурбониён ва Сайёфи Мизроб аз ин роҳ мегузаштанд ва бо апа вохӯрданд. “Ин ҷои ту нест, - гуфт Сайёфи Мизроб, - хез, дар идораи мо кор мекунӣ”.
Он шабу рӯз С.Мизроб рӯзномаи “Самар”-ро роҳандозӣ карда буд. Бо ҳамин апа ба кори дӯстдоштааш баргашт. “Ман ҳамон вақт ҳис кардам, - мегӯяд апа, ки фарзандонам маро дар кӯча намепартоянд”. Аммо “Самар”-ро низ баъди чанд муддат бастанд ва ӯ боз аз кори дӯстдоштааш маҳрум шуд. Ахир, моҳи сентябри с.1998 Сайёфи Мизроб (муовини аввал) ва Давлат Назрӣ (сардабир) дубора фаъолияти "Ҷавонони Тоҷикистон"-ро роҳандозӣ ва кормандони пештараро аз Душанбе ва навоҳии дигар ҷамъ намуданд. Апа яке аз аввалин даъватшавандаҳо буд. Ифтитоҳи дубораи "Ҷавонон" рӯҳи тоза ба апаи Гулчеҳра ато кард ва модари ғамхори матбуоти тоҷик то рӯзи ба нафақа рафтан дар ин даргоҳ заҳмат кашид. Апаи Гулчеҳра баъди нафақа ҳам дар хидмати матбуоти тоҷик қарор дорад ва бештари рӯзномаву маҷаллаҳои матбуоти тоҷик маҳз ба шарофати талошу кӯшиши апа имрӯз дастраси хонандагони азиз мегарданд.
50 сол дар 1 редаксия!!! Ин санадро метавон ба китоби рекордҳои Гиннеси матбуоти Тоҷик шомил кард. Муборакамон бод, ки чунин апа ва ингуна “Модари Матбуот” дорем. Мо Метавонем!

Меҳрубон
Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter