Принт

Ошӯби баҳрнавардон

Шӯриши Кронштадт, ё баромади мусаллаҳонаи гарнизони Кронштадт ва ҳайатҳои 1 қатор киштиҳои флоти Балтик, ки аз 1 то 18.03.1921 идома дошт, яке аз хунинтарин воқеаҳои авохири ҷанги шаҳрвандӣ дар Русия ба шумор меравад.

Мартмоҳи соли 1921 зидди ҳукумати шӯравӣ матрос (баҳрнаврд)-ҳо, ки моҳи октябри соли 1917 дар пирӯзии болшевикон ва ба қудрат расидани онҳо нақши калидӣ бозида буданд, сар бардоштанд. Воқеаҳои Кронштадт бо вазъи онрӯзаи Русия зич алоқаманд буданд. Дар авохири ҷанги шаҳрвандӣ вазъияти иқтисодӣ дар аввалин кишвари Шӯроҳо бисёр муташанниҷ шуд. Қисмати бештари коргарон ва деҳқонон на танҳо бо яккатозии болшевикон дар ҳокимияти сиёсӣ норозӣ буданд, балки мекӯшиданд ин яккатозиро аз миён бардоранд. Аз ҳама норозигии сахтро бедодгарии болшевикон дар зери шиори диктатураи пролетариат ё дар асл бошад диктатураи ҳизб ба миён оварда буд. Дар оғози соли 1921 шӯришҳои мусаллаҳонаи деҳқонон Сибири Ғарбӣ, губернияҳои Тамбов, Воронеж, Дон, Кубан, Украина ва Осиёи Миёнаро фаро гирифта буд. Вазъият дар шаҳрҳо низ рӯз аз рӯз батар мегашт. Озуқаворӣ намерасид, корхонаҳои зиёд аз сабаби нарасидани сӯзишворӣ ва ашёи хом аз кор монда, коргарони зиёд бекор мешуданд. Аз ҳама вазъи сангин дар аввали соли 1921 дар марказҳои бузурги саноатӣ Маскав ва Петроград ба вуқӯъ пайваст. Ҳамаи ин норозигии содиқтарин аскарони инқилоб-матросҳоро ба миён овард. Кронштадт аз авохири соли 1917 ба 1 навъ захираи кадрии болшевикон табдил ёфта буд. Роҳбарияти РКП(б) маҳз аз Кронштадт намояндагони боэътимод ва ба кори инқилоб содиқро барои қавӣ гардондани фронтҳои Ҷанги гражданӣ сафарбар менамуд. Ба инвази онҳо ба Кронштадт бо даъвати ҳарбӣ асосан намояндагони Ҷануби Русия ва Украина меомаданд, ки бештарашон деҳқонон буданд. Танҳо соли 1920 ба Кронштадт наздики 10.000 баҳрнаварди нав оварда шуда буд.

“Шӯроҳо бе коммунистон”

24.02.1921 дар Петроград корпартоӣ ва тазоҳуроти коргарон бо талабҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ сар шуданд. Кумитаи петроградии РКП(б) баромадҳои коргаронро ҳамчун ошӯб муаррифӣ кард ва дар шаҳр вазъияти ҳарбӣ ҷорӣ карда шуд. Роҳбарони тазоҳурот ба ҳабс гирифта шуданд. Маҳз ин рӯйдодҳо сабаби шӯриши гарнизони Кронштадт шуд. 26 феврал аз Кронштадт ба Петроград ҳайати вакилони матросҳо равона карда шуданд. Намояндагони матросҳо баъди баргаштан маҷлиси умумӣ даъват карданд ва вазъияти дар Петроград ба амал омадаро ба иштирокчиёни маҷлис шарҳ доданд. 1.03.1921 дар майдони Якорнии Кронштадт гирдиҳамоии 15.000-нафараи мардумӣ доир шуд. Ба гирдиҳамоӣ дар Кронштадт раиси КИМ (ВЦИК) Михаил Калинин ташриф овард ва кӯшиш кард, ки гирдиҳамомадагонро ором созад ва пешниҳод намуд матросҳо аз талаботи сиёсӣ даст кашанд, лек матросҳо ӯро гӯш накарданд. Баромади болшевики дигар, комиссари флоти Балтик Н.Кузмин низ натиҷае надод. Баъд аз ин Калинин Кронштадтро бе мамониат аз ҷониби матросҳо тарк кард. Аммо баъдан Кузмин ва раиси шӯрои Кронштадт П.Василев ба ҳабс гирифта шуданд. Гирдиҳамоии матросҳо бо қабули қарор дар мавриди дастгириии коргарони Петроград ба анҷом расид. Дар қарор матросҳо аз ҳукумати болшевикӣ талаб карданд, то тамоми намояндагони аҳзоби сотсиалистӣ аз маҳбас озод, интихоботи нави Шӯроҳо баргузор, институти комиссарон, шӯъбаҳои сиёсӣ барҳам дода шаванд, озодии сухан, ҷамъомадҳо ва иттиҳодҳо ба тамоми ҳизбҳо дода шавад, савдои озод таъмин карда шавад, ба деҳқонон иҷозаи озодона истифода аз заминҳояшон ва маҳсулоти истеҳсолкардаашон дода шавад. Ба ибораи дигар матросҳо барҳам додани диктатураи озуқавориро талаб карданд. 1.03.1921 дар қалъаи Кронштадт “Кумитаи муваққатии инқилобӣ” (ВРК) таҳти сарварии матрос С.Петриченко ва таъсис дода шуд. Ба кумита инчунин ҷонишини ӯ Яковенко, старшинаи мошинӣ Архипов, устои заводи электромеханикӣ Тукин ва мудири мактаби 3-уми меҳнатӣ И.Орешин шомил шуданд. Баъдан теъдоди аъзои Кумита ба 15 кас расонида шуд. Шӯришгарон бо истифода аз дастгоҳҳои радиоии пурзӯри киштиҳо фавран қарори гирдиҳамоии худро ба ҳама ҷо паҳн ва дархости кумак карданд. Кумитаи муваққатии инқилобӣ кӯшиш мекард аз хунрезӣ ҷилав гирад ва масоили ихтилофиро бо роҳи гуфтушунид ҳал кунад. Барои пешгирӣ аз фитна ВРК қарор дод коммунистони фаъолро ба ҳабс гирад. Дар Кронштадт он шабу рӯз теъдоди коммунистон 2680 нафарро ташкил медод. Беш аз 900 тан коммунистон аз сафҳои РКП(б) берун омада, ба шӯришгарон ҳамроҳ шуданд. Сарварони матросҳо барои ҳукумати шӯроҳо, аммо бе диктатураи коммунистон баромад мекарданд. Аслан ақидаи демократияи беҳизбӣ аз ақоиди болшевикони собиқ (бештари аъзои Кумитаи Муввақати Инқилобӣ ва иштирокчиёни шӯриш аз ҷумлаи онҳо буданд) сарчашма мегирифт. Онҳоро шиорҳои озодихоҳонаи инқилоб ҷалб карданд, лек таҷрибаи тоталитарии болшевизм маъюс карда буд. Сарварони Кронштадт умед доштанд оммаи васеъи коргаронро, ки дар вақташ аз қафои болшевикон рафта буданд, ба тарафи худ ҷалб созанд. Матросҳо худро “идомадиҳандагони роҳи Октябр” муаррифӣ карда, ҳаракати худро “инқилоби 3-ум” меномиданд. Ин нукта дар мақолае, ки 15.03.1921 дар рӯзномаи шӯришгарон “Известия ВРК” таҳти унвони “Тамоми ҳокимият ба шӯроҳо, на ба ҳизбҳо” чоп шуда буд, баръало намоён мегардид.

Аксуламали болшевикон

Воқеаҳои Кронштадт аксуламали манфии болшевиконро ба бор овард. Ленин ва Тротский дар баромади матросҳо хатари ҷиддиро барои ҳукумати худ эҳсос мекарданд. Тамоми кӯшиши шӯришгарон барои гуфтушунид ва фаҳмонидани мавқеи худ бенатиҷа анҷомиданд. 2 март дар Петроград вазъияти муҳосиравӣ ҷорӣ карда шуд. 4 март ҳукумати болшевикӣ бо қарори худ шӯриши Кронштадтро чун “исён”-и гвардиячиёни сафед ва ҷосусони Антанта муаррифӣ ва тамоми иштирокчиёни онро “ғайри қонунӣ” эълон кард. Ба болшевикон муяссар шуд, нооромиҳоро дар Петроград хомӯш ва акнун тамоми нерӯҳояшро барои пахши шӯриши Кронштадт равона созад. Ба шӯришгарон талаби қатъии таслимшавӣ равона карда шуд. Баъди ин ба Кронштадт аз тайёраҳо варақаҳои таҳдидомез бо имзои Тротский партоб карда шуданд, ки дар онҳо омада буд: “Таслим шавед! Вагарна мисли кабк парронда хоҳед шуд”. Тайёрии саркӯбии мусаллаҳонаи шӯришро Тротский ва Каменев ба зимма гирифтанд. Барои ин кор армияи 7 аз нав барқарор ва тамоми нерӯҳои ҳарбии округи Петроград ба армия ҳамроҳ карда шуданд. Яке аз масоили асосӣ таъини фармондеҳи армия нав шуд. Тротский ва Каменев барои ин кор фармондеҳи фронти Ғарбӣ Михаил Тухачевскийро интихоб карданд. 3 март Каменев бо Тухачевский дар тамос шуд ва ӯро аз воқеаҳои Кронштадт огоҳ сохта, пешниҳод кард ба Петроград омада фармондеҳии армияи 7-ро ба ӯҳда гирад. Тухачевский дарҳол розӣ шуд. Умуман саркӯб кардани шӯриши Кронштадтро метавон “тулӯи дубораи ситораи” Тухачевский номид. Баъд аз нокомӣ дар Полша ӯ наметавонист дубора хато кунад. Шӯришгарон бошанд баъди нокомии гуфтушунид 3 март ситоди мудофиаро таъсис доданд. Ба ситод капитани собиқи артиши подшоҳӣ Е.Соловянинов сарварӣ мекард. Шӯришгарон аз нерӯи пурзӯри ҳарбӣ бархурдор буданд. Гарнизони қалъаи Кронштадт 26.000 касро ташкил дода, 140 тӯп ва қариб 100 пулемёт дошт. 8 март армияи 7-и Тухачевский, ки тақрибан 18.000 сарбоз дошт, ба ҳуҷум гузашт. Болшевикон сахт шитоб мекарданд, чун агар ях дар халиҷи Фин об мешуд, Кронштадт дигар дастнорас мегашт ва киштиҳои ҷангӣ ба баҳри кушод баромада, барои болшевикон хатари ҷиддӣ мегаштанд. Лек ҳуҷуми аввалӣ бебарор анҷомид. Аскарони сурх зидди матросҳо ҷангидан намехостанд. Болшевикон баъди ин қисмҳои беэътимодро иваз карда, теъдоди армияи Тухачевскийро ба 45.000 тан расониданд. Шаби 18 март ҳуҷуми 2-ум ва ҳалкунандаи армияи 7 оғоз ёфт. Билохира, соатҳои 12-и 18 март аскарони Тухачевский ба Кронштадт зада даромаданд ва шӯриши матросҳо саркӯб карда шуд. Зиёда аз 2000 иштирокчии шӯриш ба қатл маҳкум ва 6000 нафар ба муддатҳои гуногун ба ҳабс маҳкум шуданд. 8000 нафари дигар ба Финляндия гурехтанд.

Зокирҷон Бобоев, таърихшинос, н.Ҳисор

 

Матлабҳои дигар