Принт

Хиёнати нарком


Атаман
С.1944 хадамоти ҷосусии шӯравӣ навори сӯҳбати собиқ комиссари халқии корҳои хориҷии СССР Максим Литвиновро бо яке аз мухбирони амрикоӣ ба даст овард. Дар рафти сӯҳбат ӯ рӯирост Сталин ва низоми шӯравиро зери танқиди сахт қарор дода, аз амрикоиҳо даъват кард, ки дар сарнагунии ин низом саҳм гузоранд. Кори Литвинов хиёнати ошкор буд, аммо бо вуҷуди ин Сталин аз ин хиёнат сарфи назар кард ва ӯ танҳо ба нафақа фиристода шуд. Максим Литвинов ё ҳамон Меер-Генох Моисеевич Валлах дар оилаи тоҷири яҳудӣ ба дунё омад. Мисли садҳо яҳудитабори дигар аз овони ҷавонӣ ба ҳаракати инқилобӣ ҳамроҳ шуда, с.1898 ба сафи РСДРП пайваст. Нашриётеро таъсис дода, ба нашри варақаҳо ва китобчаҳои инқилобӣ пардохт. С.1901 Валлахро ҳабс ва дар зиндони Лукянови ш.Киев зиндонӣ карданд.

Ин зиндон дар импературии Русия бо ҷое маъруф буд, ки аз ин ҷо намешуд гурехт, лек ба ӯ ин кор муяссар шуд. Маҳбусони сотсиал-демократ дар ин зиндон ӯро ба хотири ҷасорат ва нерӯи ҷисмониаш "атамани" худ интихоб карданд. Августи с.1902 ӯ ва 10 тан ҳамроҳонаш бо банд аз селюлҳои зиндон поин омада, дар шаҳр нопадид шуданд. Маҳбусони фирорӣ рӯзи дароз дар ҳаммомҳои Киев руст шуда, баъди чанде шаҳрро тарк карда, тариқи ҷангалҳо то Вилно расиданд. Дар инҷо бо кумаки қочоқчиён аз марзи Олмон гузаштанд. Максим ва ҳамроҳонаш ахир ба Шветсария паноҳ бурда, аз Цюрих ба номи сардори раёсати полиси ш.Киев генерал Новицкий, ки қасам хӯрда буд маҳбусони фирориро дастгир намуда ба дор мекашад, телегроми табрикотие ирсол намуданд.

Сирқати Тифлис
С.1903 Анҷумани 2-и РСДРП иттифоқ уфтод. Дар он сотсиал-демократҳои рус ба 2 даста болшевикон ва меншевикон тақсимбандӣ шуданд. Вай ҷониби Ленинро гирифта, ба сафи болшевикон пайваст, гарчи ба ақидаи худ тамоюли бештар ба гурӯҳи меншевикон дошт. Литвинов дар муҳоҷират низ нақши боризе дар ҳаракати инқилобӣ ифшо мекард ва ба интиқоли рӯзномаи "Искра" дар Русия машғул буд. Аз оғози инқилоби аввали Русия бошад ба зиммаи ӯ вазифаи сангинтар, интиқоли силоҳ ба инқилобиёнро гузоштанд. С.1907 бошад ӯ дар сирқати Тифлис, ки аз ҷониби инқилобии гурҷӣ Камо (Симон Тер-Петросян) амалӣ шуд, нақш бозид. 27.10.1907 ба хадамоти полиси Русия мактубе ирсол шуд, ки дар он омада буд: "Тибқи маълумоти ба даст омада, инқилобии гурҷӣ, ки бо тахаллуси "Камо" маъруф аст, бо ҳамроҳии дӯстонаш дастаеро барои амалисозии сирқати бузург таъсис дод. Ба ин даста аён шуд, ки дар ҷои мушаххасе наздики 15 млн рубл пули давлатӣ нигаҳдорӣ мегардад. Онҳо ният доранд ин пуро бидузданд ва барои ин амалиёт автомобилеро харидаанд. Ба нақшаи ин сирқат Валлах ҳам огоҳӣ дорад". Лек дар асл дар сирқати Тифлис, ки дар рӯзи равшан аз ҷониби Камо ва ҳамроҳонаш амалӣ шуд, дахл надошт. Ин сирқат бо роҳбарии Сталин ва Красин амалӣ шуд ва Литвинов он шабу рӯз дар Фаронса қарор дошт. Бо вуҷуди ин полиси фаронсавӣ ӯро барои ин амалиёт ба ҳабс гирифт. Инқилобиён баъди сирқат миқдори зиёди пулҳои дуздидашударо ба хориҷа интиқол дода, Максим ба обу лой кардани онҳо машғул буд. Ҳангоми ҳабс дар дасти ӯ теъдоди зиёди 500 рублиҳои русӣ ёфт шуданд. Бо вуҷуди ин, фаронсавиҳо ӯро ба Русия таҳвил надоданд ва баъди чанд мурофиаи судӣ ба Литвинов дастур доданд Фаронсаро тарк кунад.

Тавтиъаи сафирон
Инқилоби октябриро ӯ дар Лондон истиқбол кард. Январи с.1918 ӯ намояндаи дипломатии Русияи Шӯравӣ дар Бритониё шуд. Дар оғоз, ҳукумати Бритониё масъулияти Литвиновро ба расмият эътироф намекард ва танҳо равобити маҳрамонае бо намояндаи РСФСР барқарор карда буд. Январи с.1918 ҳукумати англис қарор дод намояндаи худро ба Русияи фиристанд. Намояндаи англисҳо дар Маскав ҷосуси маъруф Роберт Локкарт интихоб шуда, англисҳо барои машварат ба Литвинов муроҷиат карданд. Локкард шахсан бо Валлах вохӯрда, Литвинов бо хоҳиши дӯсти деринааш, бонкири яҳудӣ Ф.Ротштейн барои ин ҷосус номаи тавсиявӣ ба номи Лев Тротский навишт. Дар нома аз ҷумла омада буд: "Рафиқ Тротский, ҷаноби Локкарт бо супориши расмӣ ба Русия омадааст. Ман бо ҷузъиёти супориши ин ҷаноб огоҳ нестам, аммо ӯро шахсан чун инсони ростқавл мешиносам, ки вазъияти моро ба хубӣ дарк мекунад ва бо мо ҳамфикр аст. Сафари ҷаноби Локкартро ба Русия барои манофеъи мо муфид медонам". Баъди чанде Локкарт дар Маскав чун ҷосуси англис дастгир ва ба ташкили "тавтиъаи сафирон" айбдор карда шуд. Дар ҷавоб ҳукумати англис Литвиновро ба ҳабс гирифт ва тарафи шӯравӣ ӯро бо Локкарт мубодила кард ва ӯ ба Маскав боз гашт.

Валлах ва Барух
Ҳангоми фаъолияташ дар Лондон ӯ бо бонкирҳои яҳудитабор равобити густардае барқарор кард. Дар раъси бонкирҳои яҳуд Бернард Барухи амрикоӣ меистод. Яҳудиён аз оғози сари қудрат омадани болшевикон ба Русия таваҷҷӯҳи хосе зоҳир карданд. Хоса, Барух дар ин ҷода фаъол буд. С.1921 роҳбарияти РСФСР Барух, Химмер ва Гарриманро ба кишвар даъват намуд, то дар барқарорсозии хоҷагии халқи Кишвари Шӯроҳо ширкат варзанд. Бонкирҳои яҳудӣ ба ин даъват лаббайк гуфта, солҳои 1920-30 маҳз бо пули онҳо заводҳои тракторбарории Харков, Волгоград ва Челябинск сохта шуданд. Ширкатҳои амрикоии Барух ва Форд инчунин заводҳои мошинсозӣ ва металургии Шӯравиро дар шаҳрҳои Горкий, Магнитогорск ва Кузнеск роҳандозӣ карданд. Литвинов яке аз наздиктарин афроди Барух дар СССР буд ва ба ҳар роҳ аз манофеи бонкирҳои яҳудӣ ҷонибдорӣ мекард. С.1933 ӯ ҳамроҳи Евгений Розенголтс ба ИМА фиристода шуд ва Барух онҳоро истиқбол кард. Маҳз Барух ба Рузвелт талқин кард, ки муносибати дипломатии ИМАро бо СССР пурра барқарор созад ва ӯро ба ҳайси намояндаи доимии СССР дар кишвараш бипазирад. Ӯ аз с.1930 комиссари халқии корҳои хориҷии СССР таъин шуда, то апрели с.1939 дар ин вазифа фаъолият кард. Апрели с.1939 дар нашасти махсус, ки дар он Сталин, Молотов, Литвинов ва Майский ҳузур доштанд, аз вазифаи комиссари корҳои хориҷӣ сабукдӯш карда шуда, феврали с.1941 дар конфронси XVIII-и ҳизбӣ ӯро аз ҳайати КМ ВКП(б) низ берун карданд. Гумон мерафт, ки қисмати Литвинов аллакай ҳал шудааст ва Сталин ӯро қатори дигарон ба хиёнат айбдор намуда ҷазо медиҳад, аммо ҷанг ҷони ӯро наҷот дод.                                                                                                 Баъди ҳуҷуми немисҳо СССР сахт ба пул ва лавозимоти ҷангӣ эҳтиёҷ дошт ва инҳоро метавонист танҳо аз ИМА дастрас кунад. Литвинов боз ба назди бонкирҳои яҳудӣ фиристода шуд. Амрикоиҳо ба Сталин кумак карданд ва ӯ намояндаи СССР дар ИМА боқӣ монд. Дар авохири ҷанг мавқеъи бадбинонаи Литвинов ба Сталин комилан ошкор шуд, аммо ин бор низ Сталин ҷуръат накард намояндаи бонкирҳои яҳудиро ҷазо диҳад ва ӯ ахир бо марги табиӣ, с.1951 дар Маскав фавтид.

Меҳрубон  Салимшоев,
Муаррихи СССР

Матлабҳои дигар