Принт

Рашидов-аз журналистӣ, то президентӣ

Шароф Рашидов яке аз чеҳраҳои маъруфи сиёсии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор меравад. Рашидови ӯзбек тавонист дар зинаи номенклатурии Ҳизби Коммунист дар қатори Ҳайдар Алиеви Озарбойҷон ва Эдуард Шеварднадзеи гурҷӣ ҷои намоёнеро ишғол кунад ва дар тӯли 20-у чанд сол яккаҳокими Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбакистон ба ҳисоб мерафт.

Ҳамсинни инқилоб

 

Рашидов ҳамсинни Инқилоби октябрӣ буда, 6.11.1917 дар шаҳри Ҷиззахи Ӯзбекистон ба дунё омад. Он рӯзҳо ин шаҳри қадима ҳамагӣ чанд ҳазор аҳолӣ дошт ва 1 шаҳраки начандон калон маҳсуб меёфт. Роҳбари ояндаи Ӯзбакистон дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омад ва агар баъди 1 рӯзи таваллудаш, дар Петрогради Русия болшевикон қудратро соҳиб намешуданд қисмати ин тифли навзод шояд монанди падараш мебуд. Чун дар низоми пештара камбағалзодагон ҳеҷ гоҳ имкони ба сари қудрати 1 кишвар расиданро пайдо намекарданд. Рашидов соли 1924 ба мактаби ибтидоӣ рафт ва ба андешаи ҳамсабақонаш аз донишу заковати волое бархурдор буд. Дар авохири солҳои 1920 модараш даргузашт ва маҳз ин воқеаи ғамангез дар тақдири ояндаи ӯ аҳамияте вежа пайдо кард. Падари ӯ ба танҳоӣ аз ӯҳдаи нигоҳубини ҳамаи фарзандонаш намебаромад ва Шарофи навҷавонро бобову бибии модариаш ба назди худ бурданд. Дар оилаи нав писараки боҳуш зери нигоҳубини тағояш Ҳомид Азимов қарор гирифт. Азимов он шабу рӯз чун нависандаи ҷавони болаёқат аллакай дар РСС Ӯзбакистон аз маъруфияти хос бархурдор буд ва бо тахаллуси Ҳомид Олимҷон ашъори зиёдеро ба нашр дароварда буд. Шарофи ҷавон баъди хатми мактаби ибтидоӣ дар соли 1931 бо тавсияи тағояш ба техникуми омӯзгории Ҷиззах ҳуҷҷат месупорад. Баъди хатми техникум чанд муддат дар мактаби ибтидоии Ҷиззах ба ҳайси муаллим фаъолият намуд ва соли 1937 ба кори журналистӣ мегузарад.

Аз журналист то политрук

Дар авохири даҳаи 30 Ӯзбакистонро низ «инқилоби кадрии» сталинӣ песид. Дар натиҷаи «инқилоб аз боло» самарқандиҳо, ки аз замони таъсиси Узбакистони шӯравӣ зимоми қудратро дар ҷумҳурӣ дар даст доштанд, курсиро аз даст доданд ва муллои гурҷӣ дар Ӯзбекистони шӯравӣ «фарғонагиҳоро» бо сарварии Усмон Юсупов сари мансаб овард. Албатта ин аввалин тозакунии сафҳои ҳизбӣ дар РСС Узбакистон набуд. Бори аввал ин иттифоқ дар аввали даҳаи 30 ба вуқӯъ пайваст. Он замон ҳизби коммунисти ӯзбек 40.000 нафар аъзои худро аз даст дод. Бори 2-ум низ сафҳои ҳизбӣ ба маротиб коста шуданд. Мебоист фавран сафҳои ҳизбиро пур кард ва аз соли 1938 раванди сафарбаркунии коммунистони нав ба ҳизб оғоз шуд. Бештари коммунистони навро ҷавонон ташкил мекарданд. Бо амри тақдир Шароф низ дар сафи ҷавонкоммунистони нав қарор гирифт. Он шабу рӯз ӯ ҳамагӣ 20 сол дошт. Соли 1937 ӯро ба ҳайси котиби масъули рӯзномаи «Ленин йӯли» (Роҳи Ленинӣ) ба Самарқанд мефиристанд. Рашидов соли 1939 ба сафи Ҳизби коммунист шомил ва баъди чанде муҳаррири «Ленин йӯли» таъин шуд, аммо ҷанг ба фаъолияти журналистии ӯ нуқта гузошт. Охирин амалиёте, ки Рашидов дар арафаи ҷанг ба ҳайси журналист дар он ширкат варзид, кандани гӯри Амир Темур дар Самарқанд буд. Ба андешаи бархе маҳз кандани гӯри Темури ланг сабаби сар задани ҷанг шуд. Августи соли 1941 ӯро ба сафи Артиши Сурх даъват ва ба омӯзишгоҳи ҳарбии воқеъ дар ш.Фрунзе (ҳоло ш.Бишкек) роҳӣ карданд. Вазъият дар фронт он шабу рӯз бисёр муташанниҷ буд ва курсантони омӯзишгоҳ баъди омӯзиши кӯтоҳ ба фронт фиристода шуданд. Вай дар фронти Калинини Маскав ба ҳайси политрук фаъолият мекард, аммо бархе аз муаррихин «политрук» будани ӯро саҳеҳ намедонанд. Умуман, давраи ҷангӣ яке аз пӯшидатарин саҳифаҳои зиндагии Рашидов аст. Аз ин давра ҳамин қадар аён аст, ки дар аввалҳои соли 1942 маҷрӯҳ мешавад ва ӯро баъди чанде комилан аз хизмати ҳарбӣ озод мекунанд. Ӯ ба Узбакистон бозгашта, ба ҳайси директори мактаб фаъолияти кориро идома медиҳад. Танҳо 1 сол дар ин вазифа кор кард ва баъд таҷрибаи журналистиашро ба назар гирифта, ӯро ба кори пештарааш муҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ленин йӯли» баргардонданд. Рашидов дар муҳаррирӣ низ аз худ қобилияти хуби роҳбарикунандаро ба намоиш гузошт ва соли 1944 ӯро ба кори ҳизбӣ мегузаронанд.

Раиси нависандагон

Он шабу рӯз дар ниҳодҳои ҳизбии кишвар кадрҳои корӣ намерасиданд, аз ин рӯ, ашхосе чун Рашидов (кадри ҷавон ва дорои таҷрибаи ҷангӣ) барои ҲК мисли ҳаво зарур буданд. Ӯро котиби кумитаи вилоятии ВКП (б)-и Самарқанд таъин карда, масъулияти интихоби кадрҳоро ба зиммаш мегузоранд. Ӯ дар ин ҷода низ муваффақ буда, тез тез ба гӯшаву канорҳои гуногуни Узбакистон сафар мекард ва дар ҳама сохтмонҳои бузурги ҷумҳурӣ ширкат варзид. Ин фаъолияти густардаи Рашидов аз нигоҳи ҳамшаҳриҳояш клани «самарқандиҳо», ки дар ниҳодҳои болоии ҳизбӣ дар Тошканд фаъолият мекарданд, пӯшида намонд ва онҳо ҳама кӯшиши худро ба харҷ доданд, то ҳамшаҳриашонро ба пойтахт кашида биёранд. Дар натиҷа соли 1947 Рашидов ба Тошканд омад ва муҳаррири масъули рӯзномаи ҷумҳуриявии «Қизил Узбекистон» (Ӯзбекистони сурх) таъин карда шуд. Худи ҳамон сол ӯ ғоибона ба Мактаби олии ҳизбии КМ ВКП(б) дохил мешавад. Вай дар қатори журналистӣ ба китобнигорӣ ва шеъргӯӣ низ мароқ зоҳир мекард. Бояд иқрор шуд, ки аз Рашидов нависандаи хуб набаромад. Чанд китоби ӯро барои гирифтани ҷоизаи Ленинӣ дар соҳаи адабиёт пешниҳод карданд, аммо ҳар бор дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон аз ин фикр даст кашида, касе намехост хандахариши мардум шавад. Бо ин вуҷуд, июлмоҳи соли 1949 Рашидов раиси Иттиҳоди нависандагон таъин мешавад. Ин кор бо дахли бевоситаи Маскав ва шахсан раиси Иттифоқи нависандагони СССР-Александр Фадеев амалӣ шуд. Ӯ дар ин мансаб низ танҳо 1 сол фаъолият намуд, аммо барои худ таҷрибаи бебаҳоеро кашф кард, ки баъдан таҷрибаро ба ҳар 1 масъули «ҷумҳурии офтобии худ» гӯшзад мекард: «Бояд ҳамеша бо рафиқони москвагӣ дӯстии сахт дошт».

Президент

Бояд гуфт, ки Рашидов ба роҳбари аввали РССУ Усмон Юсупови фарғонагӣ низ писанд омада буд. Маҳз бо дастгирии бевоситаи Юсупов дигаргунии навбатӣ дар рушди карераи ӯ ба вуқӯъ пайваст. Апрели соли 1950 дар Пленуми КМ ҲК Узбакистон Юсупов пешниҳод намуд, ки Рашидовро аъзои Бюрои КМ ва Раиси Раёсати Шӯрои Олии РСС Узбакистон таъин кунанд. Ин вазифа дар зинаи номенклатурии СССР маънии президентро дошт. Ин ҳама аз он гувоҳӣ медод, ки дар Узбекистони шӯравӣ «фарғонагиҳо» ҳоло ҳам ҳокимияти олии сиёсиро дар даст дошта, танҳо мансабҳои дуюмдараҷаро ба намояндагони манотиқи дигар вогузор мекарданд. Вазифаи Раиси Раёсати Шӯрои Олӣ ё ба таъбире «президент» дар СССР аз вазоифи дуюмдараҷа маҳсуб меёфт ва дорандаи он, танҳо ба қонунҳо имзо мегузошт, ҳайати вакилони хориҷиро истиқбол мекард ва ғ. Умуман, «фарғонагиҳо» ва «тошкандиҳо» 20 сол зимоми қудратро дар РСС Узбакистон зери султаи худ дошта буданд. Чун вилоятҳои Тошканду Фарғона яке аз пешрафтатарин вилоятҳои Узбакистон ба шумор мерафтанд. Лек дар миёнаи солҳои 1950 ба андешаи Маскав намояндагони ин вилоятҳо лимити бовариро аз даст дода, дар сиёсати миллӣ низ ба хатоиҳои сахт роҳ доданд. Дар Максав якбора огоҳ шуданд, ки масалан, Фарғона исломитарин вилояти Узбакистон ба шумор меравад. Ин ҳама ба нафъи намояндагони клани «самарқандӣ», ки Шароф низ яке аз чеҳраҳои намоёни ин клан маҳсуб меёфт, кор кард. 

Бобоев Зокирҷон, таърихшинос, н.Ҳисор



 

Матлабҳои дигар