Принт

Амалиёти "Уран"


Кори мастона
19.11.1942 Артиши Сурх ба ҳуҷуми ҷавобии худ, дар рафти муҳорибаи Сталинград оғоз намуд. Ин амалиёт Уран ном гирифт ва дар натиҷа армияи 6-уми фелдмаршал Паулюс ба муҳосира гирифта шуд. Ин муҳориба бузургтарин набард миёни нерӯҳои СССР аз 1 тараф ва артиши Рейхи 3-ум аз сӯи дигар дар рафти ҶБВ ба шумор меравад. Инчунин дар ин ҳарб нерӯҳои мусаллаҳи Руминия, Италия ва Венгрия низ аз ҷониби артиши немисӣ ширкат варзида буданд. Набард барои Сталинград 17.07.1942 оғоз ва 2.02.1943 поён ёфт. Муҳорибаи Сталинградро бисёриҳо хунинтарин даргирӣ дар таърихи инсоният муаррифӣ кардаанд ва тибқи оморҳои расмӣ, талафоти ҳарду тараф дар ҷанг аз 2 млн нафар зиёд аст. Ҳуҷуми тобистонаи Вермахт "Фалл Блау" ном дошта, Фюрери олмонӣ дар оғоз мехост Қафқозро тасарруф карда, СССРро аз манобеи нафтиаш маҳрум созад. Аммо дар рафти амалиёт Гитлер ақидаашро дигар карда, армияи 6-уми саҳроии Паулюс ҷониби Сталинград роҳ гирифт. Номгузории амалиёт низ хеле аҷиб ба назар мерасад.

"Фалл Блау" (“Fall Blau”) дар забони немисӣ маънои собити синтаксисӣ надорад ва забоншиносон онро ба маъноҳои гуногун тарҷума кардаанд, аз ҷумла, "кори мастона". Амалкарди Фюрери олмониро дар рафти амалиёт бисёриҳо маҳз амалкарди мастона меноманд. 23.08.1942 нерӯҳои ҳавоии олмонӣ бомбаборони шадиди шаҳрро оғоз карданд. Сталинград ба як майдони оташин табдил ёфт. Дар пайи ин бомбаборон зиёда аз 40.000 одам ҷони худро бохт. Задухӯрдҳои шадид на фақат дар рӯи замин, балки дар зери он низ ба вуқӯ мепайвастанд. Сталинград системаи зеризаминии бузурге дошт ва ҳар 2 тараф дар рафти ин ҳарб аз ин система истифода мебурданд. Немисҳо бошанд ҳатто системаи зеризаминии худро бунёд карданд. Корҳои сохтмонӣ дар ин системаи зерзаминии нав қариб то охири муҳориба идома доштанд ва танҳо январи с.1943, вақте фармондеҳии олмонӣ дарк кард, ки муҳорибаро бохт, ин система аз миён бурда шуд. 1 аскари немис дар бобати сохтани ин системаи зеризаминӣ дар ёддоштҳояш навишта буд: "Ман гумон мекардам фармондеҳии мо бо сохтани ин система мехост ба дӯзах бирасад ва шайтонҳоро ба кӯмак бихоҳад".

Набарди Уран бо Марс
Бисёре аз муаррихон бар инанд, ки дар амалкарди фармондеҳии шӯравӣ мунаҷҷимон дахл доштанд. Ба андешаи онҳо Уран ном гирифтани ҳуҷуми ҷавобии Артиши Сурх маҳз бо пешниҳоди ситорашиносон сурат гирифт. Ба диди эшон артиши олмонӣ ба сайёраи Уран вобастагӣ дошт ва 19.11.1942 ҳангоми оғози ҳуҷуми шӯравӣ ин сайёра, нуқтаи болораванда (ботия) дар сайёраи Марс қарор дошт ва нуқтаи поинии эклептикӣ бошад ба сайёраи Уран рост меомад. Мавориди аҷибу ғариби дигаре низ дар рафти муҳорибаи Сталинград ба назар мерасиданд. Мисол, дар армияи 51-и шӯравӣ дастаи автоматдорон бо сардории лейтенанти калон Александр Невский амал мекард. Мубаллиғони фронти Сталинград бошанд овозаҳоеро паҳн карданд, ки афсари шӯравӣ насли мустақими князи рус аст ва немисҳоро дар кӯли Чуд шикаст дода буд. Фармондеҳии шӯравӣ ҳатто лейтенанти калон Невскийро ба ордени Байрақи Сурх пешбарӣ намуд. Дар тарафи олмонӣ бошад, абераи Отто Бисмарк канслери маъруфи олмонӣ меҷангид. Бисмарк бошад ҳамеша таъкид мекард, ки Олмон ба ҳеҷ ваҷҳ бояд бо Русия наҷангад. Ҷониби шӯравӣ дар рафти муҳориба навоварии инқилобии дигар, фишори равониро бар душман роҳандозӣ намуд. Аскарони шӯравӣ дар хатти пеши ҷанг баландгӯякҳоро насб карда буданд ва мусиқии немисиро барои аскарони Паулюс мешунавониданд. Аммо аз ҳама таъсири зиёд тақ-тақи зарбасанҷ дошт. Баъди ҳар 7 зарба тақ-тақ боз дошта, эълон мешуд, ки "ҳар 7 сония дар фронт 1 аскари немис мемирад". Немисҳо билохира тоб наоварда, таслим шуданд. Дар натиҷаи муҳориба нерӯҳои шӯравӣ 1 фелдмаршали немис ва 24 генерали армияи 6-ро асир гирифтанд. Шумораи умумии асирон бошад 91.000 нафар буд. Артиши Сурх инчунин 5762 тӯп, 1312 миномёт, 12701 пулемёт, 156987 туфанг, 10722 автомат, 744 тайёра, 1666 тонк, 261 мошини зиреҳпӯш, 80438 мошин, 10679 мототсикл, 240 трактор ва 3 поезди зиреҳпӯшро ба ғанимат гирифтанд.

Меҳрубон  Салимшоев,
Муаррихи СССР

Матлабҳои дигар