Принт

Аз "Дропшот то "Троян"


Амалиёти "Дропшот"
3.11.1945 президенти ИМА Гарри Трумэн лоиҳаи "Троян"-ро ба имзо расонид. Тибқи лоиҳа ИМА мебоист 1.01.1950 ҷанги атомиро зидди СССР оғоз мекард. Декабри с.1945 дар Маскав машварати вазирони корҳои хориҷии давлатҳои иттифоқчӣ доир шуд. Котиби давлатии ИМА Бирнс, ки дар нишаст ширкат дошт, баъди бозгашт ба ИМА гуфт, “ҳангоми дидор бо Сталин итминон пайдо кардам, ки сулҳи дарозмуддат дар Аврупо фаро хоҳад расид”. Аммо Трумэн ӯро сахт интиқод кард, ки "Барои мо сулҳ бо СССР лозим нест". Бояд гуфт, ки Трумэн аз оғози ба сари қудрат расидан нақшаи ҷанги навро зидди СССР дар сар мепарварид. Ҳанӯз ҳин и бозгашт аз конфронси Потсдам дар киштии "Аугуста" ӯ ба сарфармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Аврупо генерал Эйзенхауэр фармон дода буд, нақшаи ҷанги атомиро алайҳи СССР омода кунад. Аввалин бахши нақшаи "Троян" амалиёти "Дропшот" буд. "Дропшот" с.1949 вақте Трумэн дубора ба маснади президенти ИМА омад, омода карда шуд. Тибқи нақша амрикоиҳо мебоист дар давраи аввал 300 бомби атомии 50 киллотонна ва 200 000 тонн бомбҳои оддиро болои 100 шаҳри СССР мепартофтанд.

Аз инҳо 25 бомби атомӣ мебоист болои Маскав, 22 бомб болои Ленинград, 10 бомб болои Свердловск, 8 бомби атомӣ болои Киев, 5 бомб болои Днепропетровск, ҳамин тавр болои чанд шаҳри дигар мезаданд. Тибқи ҳисобу китоби амркоиҳо дар натиҷаи бомбафканӣ наздики 60 млн аҳолии аввалин кишвари Шӯроҳо мебоист ба ҳалокат мерасид. Трумэн нақшаи амалиётро 19.12.1949 тасдиқ намуд.

РДС-1 ва Р-7
ИМА он шабу рӯз дар масоили силоҳи атомӣ яккатози майдон буду мутахассисонаш фол мезаданд, ки СССР танҳо дар с.1954 ё 1955 метавонад ба сохтани бомби атомӣ даст ёбад. Лек дар Маскав ҳам хатарро эҳсос карда, олимон шабу рӯз дар ин самт заҳмат мекашиданд. Ахир, дар авохири августи с.1949 ба олимони шӯравӣ бо сарварии И.Курчатов ва Ю.Харитонов муяссар шуд, аввалин бомби атомиро омода кунанд. Ин бомб РДС-1 ном гирифт. Озмоиши он 29.08.1949 дар Семипалатински Қазоқистон доир шуд. РДС-1 22 килотонна вазн дошт ва озмоиш бо муваффақият анҷомид. Бомби атомии шӯравӣ барои амрикоиҳо ғайричашмдошт шуд ва нақшаи ҷанги атомиро ба чолиш кашид. С.1957 бошад СССР озмоиши аввалин мушаки байниқитъавии худро, ки қодир буд силоҳи атомиро интиқол диҳад, доир намуд. Мушаки шӯравии Р-7 қудрат дошт 1 бомби атомии 3 мегатоннаро ба масофаи 8800 км бубарад. Дар ҳоле, ки масофа аз Петропавлоск-Камчатски то Лос-Анҷелес 6600 км ва аз Маскав то Вашингтон бошад 7850 км буд. Ҳамин тариқ амрикоиҳо мутаваҷҷеҳ шуданд, ки ҳамлаи атомиашон бе ҷавоб нахоҳад монд ва аз нақши "Троян" ба куллӣ даст кашиданд.

Меҳрубон  Салимшоев,
Муаррихи СССР

Матлабҳои дигар