ХАБАРИ ДОҒ

Плутоний - 239 ва лоиҳаи Манхэттен

  • Чоршанбе, Апр 03 2019


28.03.1940 олимони амрикоӣ Мак-Милан, Кеннедӣ ва Вал изотопи нави ураниюм – плутоний-239-ро кашф карданд, ки поягузории асосии бомбаи атомӣ гардид. Ин изотоп бисёр қавӣ буда, давраи пароканишии он 24.000 солро ташкил медиҳад. С.1942 олимони амрикоӣ тавонистанд плутонийи тозаро ба даст оранд ва баъдан аён шуд, ки ин изотоп дар шакли табиӣ низ вуҷуд дорад. Ин лоиҳа аз мактуби маъруфи Алберт Эйнштейн ба президенти ИМА Франклин Рузвелт оғоз меёбад. Эйнштейн дар ин нома ҳушдор медиҳад, ки Олмони фашистӣ метавонад дар солҳои наздик соҳиби бомбаи атомӣ гардад. Рузвелт баъди баррасии нома дастур медиҳад, ки дар ИМА таҳқиқотҳо дар ин самт ба роҳ монда шаванд ва ин таҳқиқотҳо “лоиҳаи Манхэттен” ном гирифтанд. Мақсади асосии лоиҳа сохтани бомбаи атомӣ шуд. Лоиҳа аз 12.08.1942 ба фаъолияти худ сар кард. Декабри с.1942 амрикоиҳо дар Чикаго аввалин реактори атомиро ба кор дароварданд. Он имкон медод теъдоди зиёди плутонийро ба даст орад. Барои истеҳсоли плутоний аз ураниюми 238 ва ураниюми 235 истифода мекарданд. Тобистони с.1943 амрикоиҳо ба сохтмони реактори атомии нав, ки реактори "В" ном гирифт, оғоз карданд ва он имкон медод плутонийро аллакай дар сатҳи саноатӣ истеҳсол кунанд. Иқтидори реактори нав 250 МВт-ро ташкил медод.

Тринитӣ ва Фарбеҳак
Ахир, баҳори с.1945 амрикоиҳо аз реакторҳои худ плутонийи зиёде истеҳсол намуданд ва ин ба онҳо имкон дод 2 бомби атомӣ бисозанд, ки Тринити ва Фарбеҳак ном гирифтанд. Аввалин озмоиши атомӣ 16.07.1945 дар назди шаҳраки Аламогордо дар иёлоти Ню-Мексика амалӣ шуд. Бомби Тринити 6 тонн вазн дошт ва вазни умумии плутоний дар он ҳамагӣ 6,2 кг-ро ташкил медод.

Бомби дувуми амрикоиҳо Фарбеҳак ном гирифт ва он 9.08.1945 ба шаҳри Нагасакии Япония партоб карда шуд. Дар натиҷаи таркиш якбора 70.000 одам фавтида, 100.000 нафар захмӣ шуд. Амрикоиҳо бомби 3-умро ҳам сохтанд, ки он Пакана ном гирифт, лек дар ин бомб ба ҷои плутоний ураниюми 235 мавриди истифода қарор гирифт. Ин бомбро амрикоиҳо ба болои Хирасима партоб карданд.

"Дропшорт"
Баъди марги Рузвелт ва сари қудрат омадани Трумэн самти сиёсати ИМА комилан тағйир кард ва акнун СССР душмани №1-и Амрико муаррифӣ шуд. Ҳанӯз ҳини бозгашт аз конфронси Потсдам дар киштии "Аугуста" Трумэн ба сарфармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Аврупо генерал Эйзенхауэр фармон дод, нақшаи ҷанги атомиро зидди СССР омода кунад. Аввалин бахши ин нақша амалиёти "Дропшорт" ба шумор мерафт. Нақшаи "Дропшорт" с.1949 вақтеТрумэн дубора ба маснади президентӣ расид, омода карда шуд.Тибқи ин нақша амрикоиҳо мебоист дар давраи аввал 300 бомби атомии 50 киллотонна ва 200.000 тонн бомбҳои оддиро ба болои 100 шаҳри СССР мепартофтанд. Аз ин 25 бомби атомӣ мебоист болои Маскав, 22 бомб болои Ленинград, 10 бомб болои Свердловск, 8 бомби атомӣ болои Киев, 5 бомб болои Днепропетровск ва ҳамин тавр болои чанд шаҳри дигар партоб мешуданд. Тибқи ҳисобу китоби амрикоиҳо дар натиҷаи бомбафканӣ наздики 60 млн аҳолии аввалин кишвари Шӯроҳо мебоист ба ҳалокат мерасид. Роҳбарияти ИМА нақшаи ин амалиётро 19.12.1949 тасдиқ намуд.

РДС-1 ва Р-7
Амрикоиҳо он шабу рӯз дар масоили силоҳи атомӣ яккатози майдон буданд ва мутахассисонашон пешгӯӣ мекарданд, ки СССР танҳо дар с.1954-55 метавонад ба сохтани бомби атомӣ даст ёбад. Аммо дар Маскав ҳам хатарро эҳсос мекарданд ва олимони шӯравӣ шабу рӯз дар ин самт заҳмат мекашиданд. Билохира, дар авохири августи с.1949 ба олимони шӯравӣ бо сарварии И.Курчатов ва Ю.Харитонов муяссар шуд, аввалин бомби атомиро омода кунанд. Ин бомб РДС-1 номгузорӣ шуд. Озмоиши бомби аввалин 29.08.1949 дар Семипалатинскийи Қазоқистон доир шуд. РДС-1 22 килотонна вазн дошт ва озмоиши он бо муваффақият анҷом гирифт. Бомби атомии шӯравӣ барои амрикоиҳо ғайричашмдошт шуд ва нақшаи ҷанги атомиро ба чолиш кашид. С.1957 бошад СССР озмоиши аввалин мушаки байниқитъавии худро, ки қодир буд силоҳи атомиро интиқол диҳад, доир намуд. Мушаки шӯравии Р-7 қудрат дошт 1 бомби атомии 3 мегатоннаро ба масофаи 8800 км ҳамл диҳад. Дар ҳоле, ки масофа аз Петропавлоск-Камчатски то Лос-Анҷелес 6600 км ва аз Маскав то Вашингтон бошад 7850 км-ро ташкил медод. Ҳамин тариқ амрикоиҳо мутаваҷҷеҳ шуданд, ки ҳамлаи атомиашон бе ҷавоб нахоҳад монд ва аз нақши "Дропшорт" ба куллӣ даст кашиданд.

Меҳрубон  Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter