ХАБАРИ ДОҒ

Сарбозони ҷангалӣ ва Дастури №46

  • Чоршанбе, Май 15 2019


Чекистон ва сарбозони ҷангалӣ
16.05.1942 Артиши олмонӣ яке аз бузургтарин амалиётҳои зиддипартизанӣ "Барони лӯлиҳо"-ро амалӣ кард. Партизанҳо воқеан дарди сари сахте барои немисҳо дуруст карданд. Баъди ишғоли манотиқи зиёди СССР артиши олмонӣ ба муқовимати сахт дар ақибгоҳи худ дучор шуд. Партизанҳо, ки худро сарбозони ҷангалӣ меномиданд, ногаҳ ба душман зарба зада, зуд дар ҷангал руст мешуданд. Бештари мо филмҳои партизанҳоро дидаем ва ҳамаи онҳо партизанҳоро муборизони мардумӣ, ки барои муқобила бо фашистон дар ҷангалҳо таҷаммӯъ карда буданд, тасвир мекунанд. Аммо дар асл қазия ранги дигар дошт. Ин ҳаракат баъди чанде барои артиши олмонӣ дарди сари азим ва маҳз аз ҷониби чекистони шӯравӣ роҳандозӣ шуд. Тамоми амалиётҳои ҷосусиро зидди Олмон дар солҳои ҶБВ, раёсати 4-и НКВД амалӣ мекард. Баъди оғози ҷанг то моҳи август вазифаи асосии чекистон наҷот додани қисмҳои дар муҳосирамондаи Артиши Сурх буд, лек амалиётҳо натиҷаи дилхоҳ надоданд. Дар марҳалаи 2-ум чекистон дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии ҳизбӣ, ба фиристодани гурӯҳҳои тахрибкор ба ақибгоҳи душман оғоз карданд. Ин дастаҳои тахрибкор партизанҳо ном гирифтанд. Ба ҳар даста афсарони таҷрибадор ва радистҳо ҳамроҳ карда шуданд. Аввалин дастаҳои партизанӣ маҳз аз ҳисоби кормандони раёсати 4-и НКВД таъсис дода шуданд. С.1942 дар НКВД Ситоди марказии ҳаракати партизанӣ созмон дода шуд. Раёсати 4 тамоми имконияти мавҷударо дар ихтиёти Ситод қарор дод. Ин раёсат нақши муҳимеро дар таъмини пинҳонии ҳаракати партизанӣ дар Белорусия, Украина ва ҷамоҳири Назди Балтик ифшо намуд.

Дар рафти ҷанг аз ҷониби раёсат беш аз 2000 гурӯҳҳои зудамал, ки теъдоди умумиашон 15.000 тан буд, ба ақибгоҳи душман фиристода шуданд. 23 афсари ин раёсат барои ташкили дастаҳои партизанӣ бо унвони Қаҳрамони СССР қадр шуданд. Жуков ва Рокосовский дар рафти ҷанг борҳо ба НКВД муроҷиат намуданд, то барои аз миён бурдани истеҳкомҳо ва коммуникатсияҳои душман, аз ниҳодҳои ҷангии раёсати 4 истифода баранд. Ниҳодҳои ҷангии раёсат дар рафти ҷанг беш аз 157.000 аскар ва афсарони душманро маҳв карда, 87 масъули баландпояи рейхи 3-ро аз миён бардошта, 2045 гурӯҳи тахрибкори душманро муайян ва безарар карданд.

Фюрер ва сарбозони ҷангалӣ
Ҳаракати партизанӣ баъди чанде тамоми манотиқи ишғолиро фаро гирифта, немисҳо аҳамияти партизанҳоро дарк карданд. Яке аз манотиқи доғи ҳаракат вил.Брянски РСФСР шуд. Немисҳо ин манотиқро с.1941 фатҳ карданд ва зуд ба муқовимати сахти партизанҳо рӯ ба рӯ шуданд. Ин муқовимат с.1942 шиддати бештар гирифт. Баҳори с.1942 раванди муттаҳидшавии дастаҳои партизанӣ оғоз шуд ва апрели с.1942 дар вил.Брянск аллакай 3 гурӯҳи бузурги партизанӣ-ҷанубӣ, ғарбӣ ва шимолӣ таъсис ёфтанд. Баҳор ва тобистони с.1942 сарбозони ҷангалӣ дар Брянск садҳо амалиёти харобкорӣ анҷом дода, ба немисҳо зарари ҷиддии ҳарбӣ расониданд. Хоса, роҳи оҳани немисҳо аз амалиёти партизанҳо зарар медид. Аз май то сентябри с.1942 сарбозони ҷангалӣ дар хатти роҳи оҳани Гомел-Брянск 15 поезди пурбори немисҳоро тарконида, 9 км роҳи оҳанро хароб карданд. Дар роҳи оҳани Брянск-Орёл бошад дастаҳои партизанӣ 13 қатораро хароб ва 285 вагонро бо аскарони немис ва техникаи ҳарбӣ нест карданд. Тибқи маълумотҳои ситоди фронти Брянск, партизанҳо дар 1 моҳ ба ҳисоби миёна 8-10 қатораро бо 150-200 вагон аз кор мебароварданд. Ҳамин тариқ, партизанҳо аз сентябр то декабри с.1942 226 қатораи душманро аз кор бароварданд. Муваффақияти партизанҳо аз назари Берлин ҳам пинҳон намонд. Августи с.1942 худи Фюрер ба партизанҳо таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуд ва дарк кард, ки ҳаракати партизанӣ ба артиши ӯ хатари зиёд дорад, лиҳозо, 18.08.1942 фармони қатъӣ дод, бо партизанҳо муборизаи ҷиддӣ оғоз карда шавад. Ин фармони Фюрер, ки бо Дастури №46 маъруф аст, аз роҳбарияти Артиш ва нерӯҳои пулис талаб мекард, то фарорасии зимистони с.1943 партизанҳоро торумор кунанд. Дар дастур аз ҷумла омада буд: "Бераҳмии яғмогарон дар Шарқ чунон ранге ба худ касб кард, ки мо наметавонем дар баробараш хомӯш монем. Фаъолияти ин роҳзанон барои таъмини ақибгоҳи артиши мо ва идораи манотиқи ишғолшуда хавфи ҷиддӣ доранд". Гитлер роҳбарияти амалиётро алайҳи партизанҳо ба зиммаи рейхсфюрери СС Генрих Гимлер вогузошт. Фюрер дарк мекард, ки барои пирӯзӣ ба ҳаракати партизанӣ фақат нерӯи ҳарбӣ кофӣ нест ва бори аввал эътироф кард, ки барои пирӯзӣ бояд муносибатро бо аҳолии маҳаллӣ хуб кард.

Пухи афсонавӣ
Дар солҳои ҷанг миёни партизанон қаҳрамонони зиёде буруз ва номашонро барои таърих ҷовидон карданд. Яке аз чунинҳо, ки воқеан барои хадамоти ҷосусии шӯравӣ хизмати назаррас намуд, Николай Иванович Кузнетсов шуд. Ӯро, ки бо лақаби махфии “Пух” маъруф буд, раёсати 4 с.1942 дар наздикиҳои Ровно ба ақибгоҳи немисҳо партофт. Ӯ бо сару либоси афсари немис дар ин шаҳр пайдо шуда, тибқи ривояте, ки барояш сохта буданд  дар рухсатӣ қарор дошта, мебоист барои дивизияаш, ки дар наздикиҳои Ленинград буд, сару либоси зимистона муҳайё мекард. Ӯ худро немиси Прибалтика муаррифӣ мекард. С.1940 ба Олмон омада буд. Пух шахсан чанд губернатори олмонии Галитсияро ба қатл расонид. Бештари амалиётҳои интиқомҷӯёнаи худро дар рӯзи равшан дар кӯчаҳои марказии Ровно ва Лвов анҷом дод. Ӯ, ки дар тан либоси афсари немисӣ дошт, бе ҳеҷ тарс ба рақиб наздик шуда, баъди эълони ҳукми қатл ба тирандозӣ сар мекард. Боре ӯро сарвари маъмурияти Полша ва Галитсия, ёвари фюрери олмонӣ Эрих Кох ба ҳузур пазируфт. Ӯ мебоист Кохро мекушт, лек баъди шунидани хабари навбатӣ аз ин кор худдорӣ кард. Кох ба Пух хабар дод, баъди чанде дар наздикиҳои Курск ҳуҷуми навбатии немисҳо сурат мегирад ва ӯ бояд ҳарчи зудтар ба қисми низомии худ баргардад. Ин хабар аллакай ба Маскав расид. Пух танҳо 1 хатоӣ кард ва маҳз ин хато боиси марги ӯ шуд. С.1944 ӯ ва ёронаш хостанд дар наздикиҳои Лвов хатти фронтро буррида, ба нерӯҳои Артиши Сурх, ки ба шаҳр наздик омада буданд, пайванданд. Аммо дар наздикиҳои Лвов ба дастаи миллигароёни украинӣ дучор шуданд. Дар ҷанги шадид Пух худро метарконад ва роҳбарияти НКВД танҳо баъди ишғоли шаҳр аз бойгонии немисҳо муфассалоти рӯйдодро фаҳмида, аз тақдири ӯ огоҳ мегардад.

Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев. Тел: 93 777 66 30.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter