Принт

Вундеркинди болшевикон

Ҳукумати яҳудӣ

Инқилоби болшевикии Русияро бе тардид мешавад яке аз инқилобҳои аҷиби дунё номид. Инқилоб бо шиорҳои зиддиистисморӣ ва зиддияҳудӣ пирӯз шуд, лек 1 ҳукумати комилан яҳудиро сари кор овард. Аҷиб аст, аммо аз 22 нафар комиссари халқии аввалин ҳукумати болшевикӣ 17 тан яҳудӣ буданд. Теъдоди яҳудиҳо дар комиссариатҳои халқии ин ҳукумат низ аксариятро ташкил медод. Барои мисол, дар Комиссариати халқии бехатарӣ аз 5 масъул 4 кас яҳудӣ ва дар комиссариати корҳои дохила аз 64 масъул 45 нафар яҳудӣ, дар комиссариати умури молия аз 30 корманд 26 нафар яҳудӣ буданд. Дар ин раванд комиссариати корҳои хориҷа низ истисно набуд. Дар оғоз Лев Тротский ба ин комиссариати халқӣ сарварӣ мекард, аммо баъди чанде зимоми қудратро дар ин ҷо, яке аз олитарин узви ҳизби болшевикӣ Чичерин ба ӯҳда гирифт.

Геннадий Василевич Чичерин с.1872 дар вил.Тамбови Русия, дар оилаи ашрофзода (дворян) ба дунё омад. Дар кӯдакӣ ба мусиқӣ ва таърих рағбати зиёд дошт ва баъди хатми гимназия ба факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи Санкт-Петербург дохил шуд. С.1898 бо маслиҳати амуяш ба бойгонии Вазорати корҳои хориҷии Русия (ВКХ) ба кор даромада, дар навиштани таърихи ВКХ ширкат варзид. Тӯли фаъолият дар ин даргоҳ дониши хуби дипломатӣ гирифта, ба нозукиҳои кори 1 дипломат ба хубӣ ошно шуд. Маҳз ин ҳангом ӯ бо адабиёти инқилобиёни сотсиалист ошно шуда, ба ҳаракати инқилобӣ пайваст. С.1904 ба хориҷа рафта, мехост бо ҳаракати сотсиал-демократии Ғарб ошно гардад. Ӯ дар Олмон, Фаронса ва Англия зист ва бо инқилобиёни зиёде робита барқарор намуд. Ин кор боис шуд, зери назорати раёсати хориҷии пулиси рус қарор гирад ва ӯро акнун чун 1 инқилобӣ ошно кунанд.

С.1905 ба сафи РСДРП пайваста, чун шахси сарватманд ба ҳизб ёрии зиёди молӣ мекард. Ба ҳайъати Бюрои марказии хориҷии РСДРП ва ба Ҳизби сотсиалистии Англия низ шомил шуд. Ин ҳангом ӯро чун меншевик-интернатсионалист мешинохтанд. С.1917 дар оғози инқилоби болшевикӣ дар Англия иқомат дошт ва ба ҳайси котиби "Комиссияи русӣ барои мусоидат ба бозгашти муҳоҷирон ба ватан" фаъолият мекард. Дар Англия барои таблиғоти зиддиҷангиаш ва "алоқа бо душманон" ба ҳабс гирифта, баъди 1 сол (1918) болшевикон ӯро бо сафири Англия дар Русияи подшоҳӣ Бюкенен иваз карданд.

Комиссари вундеркинд

Баъди бозгашт ба Русия Чичерин ба ҳизби болшевикон шомил шуда, Комиссариати нави корҳои хориҷиро дар ҳукумати болшевикон ба ӯҳда гирифт. Ӯ миёни ҳамаи комиссарҳои халқӣ бо маълумот буду бо бештари забонҳои аврупоӣ ва чанд забони шарқӣ суҳбат мекард. Чунон фидоии кор буд, ки ҳатто дар Комиссариати корҳои хориҷӣ мезист. Нақши ӯ дар сиёсати хориҷии аввалин кишвари Шӯроҳо низ хеле бориз аст. Дар имзои сулҳи Брест бевосита ширкат варзида, с.1922 дар конфроси Генуя ва с.1923 дар конфронси Лозан низ аз РСФСР намояндагӣ кард. Мазҳ бо кӯшиши ӯ РСФСР бо Олмон сулҳи Раппалро баст ва дар арзаи байналмилалӣ эътироф шуд. Ба ақидаи коммунистӣ содиқ буд, аз инқилоби ҷаҳонии коммунистӣ тарафдорӣ мекард. Нақши ӯ дар тақсими миллӣ-маҳаллии Осиёи Миёна (ОМ) низ дида мешавад. Болшевикон дар сафи тақсимоти миллӣ, инчунин тақсимоти иқтисодиро низ дар назар гирифта буданд ва тибқи назарияи 2-ум дар ОМ мебоист 2 ҷумҳурии аз нигоҳи иқтисоди пурзӯр таъсис дода мешуд. Ӯ дар ҳамкорӣ бо ховаршиносони маъруфи рус лоиҳаи мустақими худро ба Бюрои сиёсӣ пешниҳод намуд. Тибқи лоиҳаи ӯ, ки бар асли тақсими иқтисодии ОМ барпо гашта буд, дар ҳудуди собиқ аморати Бухоро ва қисмате аз хонигарии Қӯқанд мебоист Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон таъсис меёфт. Мутаассифона, дар Маскав ба ин лоиҳа ризоят надоданд ва он танҳо дар коғаз боқӣ монд. Муносибати ӯ бо Сталин низ чандон хуб набуд. Аммо Сталин, ки ба донишу заковати ӯ арҷ мегузошт ва медонист, ки қудратталаб нест, ҳамеша боадабона муносибат мекард. Ӯ с.1930 аз вазифаи комиссари корҳои хориҷӣ истеъфо дода, 7.07.1936 фавтид. Мушовири сафорати Олмон Густав Хилгер дар бораи ӯ навишта буд: "Ин одами хурдакак аз манофеи кишвари худ дар конфронсҳои байналмилалӣ чунон бо виқор ва сухандонӣ дифоъ мекард, ки ҳатто душманонаш ҳам ӯро ҳурмат мекарданд".

 

Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30

 

Матлабҳои дигар