ХАБАРИ ДОҒ

 

Аз масъули саҳифа: Ин матлаб бо дархости хонандаи СССР-Ҷоншоев Бунёд, омӯзгори Гимназияи №1-и н.Дӯстӣ пешкаши хонандагон мегардад...

Сиёсати шарқӣ ё "Ostraum"

Усулҳои умумии сиёсати миллигароёни олмонӣ нисбати СССР ва халқҳои маскуни он, ҳанӯз дар солҳои 1920-30 муайян шуда буданд. Тибқи ин усулҳо СССР ба сифати мустамликаи олмонӣ таҳти унвони "Ostraum" матраҳ мешуд. Баъди сари қудрат омадани фашистон дар с.1933 "сиёсати шарқӣ” ба яке аз асоситарин самтҳои сиёсати давлатии Рейхи 3-ум табдил ёфта, дар Олмон марказҳои зиёди илмӣ таъсис дода шуданд, ки муносибатҳои қавмӣ ва сиёсати миллии ҳукумати СССРро мавриди омӯзиш қарор доданд. Дар авохири майи с.1941 вазорати таблиғоти Рейхи 3-ум ҳуҷҷатеро бо номи "Иқдомоти пешгирона зидди Русия" тартиб дод. Тибқи ин ҳуҷҷат, ба артиши олмонӣ дастур дода шуд ҳамвора таъкид кунанд, ки душмани Олмон халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ нестанд ва немисҳо барои озод кардани онҳо аз юғи болшевикон ба Русия қадам ранҷа кардаанд. Тибқи сиёсати шарқии Рейхи 3-ум, дар ҳудуди ҷамоҳири Осиёимиёнагии СССР мебоист рейхскомиссариати "Туркистон" таъсис дода мешуд. Албатта дар оғоз Фюрер ва дову дастааш ҳамкорӣ бо мардуми таркнажоди СССРро пешбинӣ накарда буданд. Чун туркон мардуми "ғайриориёӣ" маҳсуб меёфтанд, мебоист барои нозиҳо хизмат мекарданд. Лек баъди шикасти олмониҳо дар назди Маскав ва ҳуҷуми зимистонаи Артиши Сурх сиёсати Фюрер нисбат ба ақвоми таҳҷоии СССР тағйир кард. Немисҳо дарк карданд, "блитскриг" ба нокомӣ дучор шуд ва ҷанг зидди СССР тӯлонӣ хоҳад буд. Аз ин лаҳза, давраи нави сиёсати олмонӣ нисбати миллатҳои СССР оғоз шуд. Фармондеҳии олии Вермахт қарор дод, дар ҳайъати артиши олмонӣ дастаҳои мусаллаҳи хориҷиро аз ҳисоби қавму миллатҳои ғайрирус таъсис диҳад. Ин дастаҳо мебоист таҳти фармони афсарони немис меҷангиданд, то талафоти низомиёни олмониро камтар кунанд.

Ин пешниҳод барои баррасӣ ба Гитлер ирсол карда шуд ва декабри с.1941 Фюрер олмонӣ иҷоза дод, то дар ҳайъати артиши олмонӣ воҳидҳои низомӣ аз собиқ шаҳрвандони шӯравии миллаташон ғайриславян таъсис дода шаванд. Ҳамин тариқ, ноябр-декабри с.1941 дар ҳайъати дивизияи 162-и олмонӣ 4 легиони миллӣ-легиони Туркистон, легиони Гурҷӣ, легиони Арманӣ ва легиони мусалмонии Қафқоз таъсис ёфтанд. Апрели с.1942 бошад Фюрер шахсан иҷозат дод, то қафқозиҳо ва казакҳоро дар мубориза бо партизанҳо ба сифати "иттифоқчии комилҳуқуқ" мавриди истифода қарор диҳанд. Ба афсарони олмонӣ дастур дода шуд, бо сарбозони легион муносибати хуб барқарор намуда, рӯҳияи зиддиболшевикии онҳоро таҳрик диҳанд.

Фатвои муфтии бузург

Баъди оғози амалиёти тобистонаи Вермахт дар Фронти шарқӣ дар с.1942 масъалаи таъсиси дастаҳои мусаллаҳи мусалмонон барои роҳбарияти олмонӣ, дар қатори аҳамияти ҳарбӣ ва таблиғотӣ, инчунин аҳамияти сиёсӣ низ пайдо кард. Вуҷуди дастаҳои мусаллаҳи мусалмон тибқи андешаи немисҳо мебоист дар қатори мардуми Қафқоз ва ОМ инчунин Туркияро низ ба Олмон наздик мекард. Дар ин раванд нақши руҳонияти мусалмон аҳамияти вежа меёфт. Яке аз аввалинҳо шуда, ақидаи иттиҳоди мусалмононро бо Олмон зидди "душмани воҳид" муфтии бузурги Байтулмуқаддас Амин ал Ҳусайн ҷонибдорӣ кард. Муфтии бузург бо Фюрер дидор ва қонунияти таърихии ин иттиҳодро дар 3 сабаб арзёбӣ намуд. Ба фикри Амин ал Ҳусайн Олмон ҳеҷ гоҳ зидди мусалмонон наҷангидааст, Олмон алайҳи яҳудияти ҷаҳонӣ мубориза мебарад, Олмон зидди Англия, ки садсолаҳо мусалмононро азият медод ва болшевион, ки 40 млн мусалмонро тобеъи худ кардаанд, меҷангад. Ҳамин тариқ, иттиҳоди немисҳо бо мусалмонон шаръан низ ҷоиз хонда шуд.

Хони узбак

Дар таъсиси дастаҳои мусаллаҳи мусалмон дар ҳайъати артиши олмонӣ нақши вежаро Валӣ Қаюмов ифо кард. С.1922 ҳукумати Шӯравӣ 44 ҷавони бухороиро интихоб ва барои таҳсил ба Олмон равона кард. Дар миёни ин ҷавонон 2 фарзанди зиёии тоҷик Мирзо Мунзим, Адбурашид ва Раҳим, инчунин донишҷӯи 17-солаи ӯзбек В.Қаюмов низ буданд. Худи Мунзим роҳбаладии ин гурӯҳро ба ӯҳда дошт. Валӣ он шабу рӯз донишҷӯи Техникуми омӯзгории Бухоро буд ва барои таҳсил аввал ба мактаби аграрӣ ва сипас ба Донишгоҳи Кеслин фиристода шуд. С.1925 намояндаи шӯравӣ ба Кеслин омад, то донишҷӯёни бухороиро ба ватан бозгардонад, лек ӯ аз бозгаштан сарфи назар карда, дар Олмон монд. Валӣ ба "мубориз алайҳи низоми шӯравӣ" табдил ёфта, ӯро ғоибона дар ватан ба қатл маҳкум карданд. Ситораи ӯ баъди сари қудрат омадани нозиҳо дурахшид. Ӯ дар таъсиси легиони Туркистонӣ аз ҳисоби асирони турктабори Артиши Сурх саҳми аз ҳама зиёд дошт. Ин донишҷӯи узбактабор худро хон эълон кард ва Валӣ Қаюмхон шуд. Немисҳо ба ӯ ваъда доданд, аз ҳисоби ҷамоҳири осиёмиёнагии СССР, Қазоқистон, Бошқирдистон, Тотористон, Озарбойҷон, Қафқози Шимолӣ ва минтақаи Синтзяни Чин Туркистони бузургро таъсис медиҳанд. Қаюмхон умед дошт бо артиши навтаъсиси худ вориди Туркистони бузург шавад ва зимоми қудратро дар ин кишвар ба даст гирад.

Легиони Туркистон

Фюрер фармони таъсиси легиони Туркистонро 17.12.1941 ба имзо расонид. Ба ин легион асосан туркманҳо, узбакҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ва қарақалпоқҳо шомил шуданд. Теъдоди бисёри андаки тоҷикҳо низ ба легион дохил шуданд. Легиони Туркистон ба ҳайси иттифоқчии баробарҳуқуқ, ки бар ба бари аскарони немис зидди болшевикон меҷангид, пазируфта шуд. Теъдоди сарбозони турктабори артиши олмонӣ тибқи оморҳо 210.000 танро ташкил медод. Аз ин теъдод наздики 70.000 касро қазоқҳо, узбакҳо, туркманҳо ва дигар халқҳои ОМ ташкил медоданд. Инчунин дар артиши олмонӣ 40.000 озарбойҷонӣ, 25.000 гурҷӣ, 20.000 арманӣ ва 30.000 мардуми Қафқози Шимолӣ хизмат мекарданд. Легиони Туркистон дар Фронти Шарқӣ, дар самти Астрахан, Сталинград ва Қафқоз мавриди истифода қарор гирифт. Баъди шикасти немисҳо дар Сталинград ва Қафқоз туркистониҳо ба Фаронса интиқол дода шуданд ва дар ҷангҳо зидди англисҳо ва амрикоиҳо ширкат варзиданд. Ахир, боқимондаҳои легиони Туркистон ба дасти иттифоқчиён асир шуданд ва англисҳову амрикоиҳо асирони турктаборро ба СССР интиқол доданд.

Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter