Принт

Суиқасд ба Гитлер

20.07.1944 дар қароргоҳи Адолф Гитлер, ки бо “Хонаи гург” маъруф буд, аз ҳама суиқасди маъруф ба ҷони ӯ ба вуқӯъ пайваст. Полковники ситоди нерӯҳои захиравии артиши пиёданизом граф Клаус Шенк фон Штауффенберг ва ҷонишини ӯ обер-лейтенант Вернер фон Хефтен ба ҷони сарфармондеҳи олии худ суиқасд намуданд. Бори аввал онҳо ният доштанд 6 июл амалиётро доир кунанд. Дар ин рӯз бомби тайёркардаро ба қароргоҳи Гитлер оварданд, лек ӯ дар вақти муайяншуда ба машварат ҳозир нашуд. Кӯшиши дуввум, 15 июл мебоист иттифоқ меуфтод. Клаус дар “Хонаи гург” маърузаашро ба охир расонид. 1 соат пеш аз машварати фюрер суиқасдчиён фармони амалиёти Валкирияро содир карданд, аммо ин бор низ кӯшиш бе натиҷа анҷом ёфт. Клаус баъди маъруза барои тамос бо Олбрихт берун рафт ва вақте баргашт Гитлер дар толор набуд ва боз ногаҳонӣ машваратро тарк кард. Клаус фавран Олбрихтро аз қазия огоҳ кард ва фармони амалиёт бекор карда шуд. Ахир ба суиқасдчиён аён шуд, ки 20 июл дар қароргоҳи "Хонаи гург" машварати навбатӣ бо Фюрер баргузор мегардад. Фон Тресков ва афсари зертобеи ӯ майёр Иоахим Кун бомбҳоро омода карданд ва Клаус расониданд. Таркиши 2 бомб дар бинои маҳкам, ки аз 2 кг маводи тарканда иборат буд, ба Фюрер ҳеҷ умед боқӣ намегузошт. Дар қароргоҳи ӯ Клауси маъюб тавонист бо дасти чапи нисбатан солим танҳо қисмати таркандаи 1 бомбро ба кор дарорад. Гарчи таркиши 1 бомб бомби 2-умро низ ба кор медаровард, лек Клаус бо сабабҳои ноаён онро аз кифаш берун овард. Маҳз ин сабаби наҷоти ҷони Гитлер гашт.Дар ин машварат масъалаи мусаллаҳгардонии “ихтиёриёни халқӣ” баррасӣ мешуд ва Клаус бе восита бо таъсиси ин нерӯҳо машғул буд. Бо ҳамроҳии Клаус ба қароргоҳ инчунин сардори алоқаи артиши олмонӣ генерал Фелгибел ва обер лейтенант Хефтер, ки ҳар 2 шомили ташкилоти суиқасдчиён буданд, ҳозир шуданд.

Вақте машварат сар шуд, Филгибел ва Хефтер дар маркази алоқаи қароргоҳ бо баҳонаи гуфтугӯ бо Берлин боқӣ монданд ва Клаус ба толори машваратӣ рафт. Маърузаи ӯ аввал оғоз мешуд ва Клаус иҷоза хост барои чанд дақиқа ба маркази алоқа берун равад ва кифи худро зери миз дар наздикии ҷойгиршавии Гитлер гузошту рафт. Аммо чанд сония қабл аз таркиш полковник Хайнтс Брандт кифи бомбдорро каме дуртар тела дода, мизи бузурги булӯрин фюрерро аз мавҷи таркандаи бомб ҳифз кард. Гитлер харитаи болои миз густурдаро тамошо мекард, ки таркиш сар зад. Адютанти ӯ Гюнше ва майёр Ион, ки назди тиреза қарор доштанд, бо мавҷи тарканда ба берун париданд. Генералҳо Шмундт, Кортен ва полковник Брандт ҷароҳатҳои сахт бардошта, баъди чанде фавтиданд. Фюрер бошад ҳанӯз назди миз рост меистод. Бо мавҷи тарканда шими фюрер пора-пора шуд, лек осеби ҷиддӣ надид. Клаус, Филгебел ва Хефтер садои таркишро шунида, зуд савори мошин шуда, тавонистанд “Хонаи гург”-ро бе мамониат тарк ва ба Берлин парвоз кунанд. Клаус ва Хефтен ба ситоди яке дигар аз аъзои суиқасди афсарон, генерал полковник Фромм ҳозир шуда, гуфтанд, ки Гитлерро куштанд ва суиқасд бо муваффақият анҷом гирифт. Аммо Фромм аллакай аз натоиҷи таркиш огоҳ буд ва Клаусу Хефтер ҳамон ҷо ба ҳабс гирифта шуданд. Фромм, ки худ узви суиқасд буд, аз тарси он, ки номашро ифшо накунанд, фармон медиҳад Клаус ва Хефтерро дар ҳавлии бинои ситоди артиши захиравӣ ба қатл расонанд. Ва ин 2 нафар худи ҳамон рӯз парронда шуданд.

 

Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30

 

Матлабҳои дигар