Принт

Ҳисобдори дунёгир!

Ин матлаб тибқи хоҳиши 1 нафар капитани БДА ҶТ омода шуд...

Пайрави Гегел

Карл Маркс яке аз файласуфон ва мутафаккирони барҷастаи қарни XIX таъсири фаровон дар зиндагии теъдоди зиёде аз мардуми дунё дошт. Аз ҷумла, мо-тоҷикон 70 сол тобеъи ақидаи Ӯ қарор доштем. Мегӯянд, Отто фон Бисмарк-канслери Олмон дар мавриди Маркс гуфта буд: "Ин ҳисобдор (бухгалтер) ҳоло дунёро ба гиристан вомедорад".

Карл Генрих Маркс 5.05.1818 дар шаҳри Трири Олмон ба дунё омада, падараш аз яҳутаборони украинӣ буд ва аҷдодаш замони малика Мария Тереза ба Трир кӯч бастанд. Падараш ҳуқушинос буд ва барои аз даст надодани кору вазифа с.1824 ба дини масеҳият гаравид ва Карлро ҳам масеҳӣ кард. Карл с.1835 ба Донишгоҳи ш.Бон дохил шуда, ба омӯхтани ҳуқуқ оғоз кард. Маҳз дар ин айём дили духтари яке аз баронҳои немисро тасхир ва бо Женни фон Вестфален издивоҷ кард. Ҳини донишҷӯӣ дар Донишгоҳ ба романтизм ва сотсиализми Сен-Симон ошно шуд. Баъди чанде бо хоҳиши падар Донишгоҳро тарк карда, шомили Донишгоҳи пурнуфузи Берлин ва ба фалсафаи Гегелу Фейрбах ошно шуд ва дигар аз ақоиди ин 2 файласуф пайравӣ мекард. С.1839 аввалин кори илмии ҷиддии худро бобати таърихи фалсафаи эпикурӣ ва скептик навишта, баъди 2 сол, замоне ҳанӯз ба синни 30 нарасида буд, пеш аз мӯҳлат имтиҳоноти худро супорида, кори докториро муҳофизат ва Донишгоҳро хатм мекунад.

Журналист

Баъди хатм мехост ба ҳайси омӯзгор дар Донишгоҳ фаъолият кунад, лек ҳаводиси баъдӣ ба ин нияти ӯ монеъ шуданд. С.1842 ба ҳайси журналист дар "Rheinische Zeitung" (“Газетаи Рейн”) ба кор пардохт. Рӯзнома аз манофеи буржуйҳо ва гегелчиёни чапгаро дифоъ мекард. Мутаассифона, бештари мақолаҳои ӯ зери сензураи сахт ба чоп намерасиданд ё нопурра чоп мешуданд.

С.1843 силсиламақолаҳои худро таҳти унвони "Истидлолҳои хабарнигори мозелӣ" рӯи чоп оварда, бори аввал аз мардум даъват кард, ҳокимияти мавҷударо сарнагун ва демократияро ҷойгузини он кунанд. Матолибаш боиси бастани газета гаштанд ва бо ҳамин фаъолияти журналистияш низ ғуруб кард.

Ҳиҷрат

Ӯ баъди басташавии рӯзнома маҷбур шуд ба Париж-пойтахти Фаронса кӯч бандад. Дар ин шаҳр бо шоири барҷастаи олмонӣ-Генрих Гейне ва Фридрих Энгелс ошно шуд. Шиносоӣ бо Энгелс дар ҳаёти ӯ нақши зиёд бозид ва ин 2 тан то охири умр риштаи дӯстиро қатъ накарданд. Маҳз Энгелс афкори Марксро сӯи синфи коргар ҳавл дод. Дар Париж ӯ бо муҳоҷирони рус ва немис, аз қабили Бакунин ва Прудон робита барқарор карда, с.1844 асари дигари худ "Дастнависи иқтисодӣ-фалсафӣ"-ро навишт. Мутаассуф, иқомати ӯ дар Париж дер напоид ва феврали с.1845 ӯро аз Фаронса ронданд. Бо дӯсташ Энгелс ба Брюссел ҳиҷрат карда, якҷо аввалин асари муштараки худ "Идеологияи немисӣ"-ро навиштанд ва дар он Гегелу пайравони ӯро зери танқид гирифтанд. С.1847 Маркс ба ташкилоти "Иттиҳоди адолатхоҳон", ки баъдан "Иттиҳоди коммунистон" ном гирифт, шомил шуд. С.1848 Маркс аввалин асари маъруфаш "Манифести ҳизби коммунистӣ"-ро ба қалам овард. Баъди ин, ӯро аз Брюссел ҳам берун карда, дубора ба Париж омад. Ва боз маҷбур ҳиҷрат карда, ин бор ба Кёлни Олмон рафт. Дар Кёлн бо ҳамроҳии Энгелс чопи рӯзномаи нав "Neue Rheinische Zeitung" (“Газетаи нави Рейн”)-ро ба роҳ мемонад. Ӯ сардабир ва Энгелс дабири рӯзнома буд. Рӯзнома танҳо 1 сол фаъолият кард ва с.1849 бастандаш. Ӯ бори дигар маҷбур шуд ҳиҷрат кунад. Олмон, Фаронса ва Белгия ӯро дигар иҷозати иқомат надоданд ва маҷбур шуд дар Лондон-пойтахти Англия маскан ихтиёр кунад. Ва то охири умр (с.1883) дар Лондон зиста, дар қабристони Хейтгет дафн шуд.

“Капитал”-ист

Солҳои 1848-49 Аврупо, хоса, Фаронсаро мавҷи ҳаракати инқилобӣ печида, ӯ наметавонист аз ин мавҷ ақиб монад. С.1864 Маркс ташкилоти ҷамъиятиро бо номи Ассотсиатсияи байналмилалии коргарон таъсис дод, ки баъдан чун Интернатсионали аввал маъруф шуд. Ба ин ташкилот дар оғоз анархистон, юнонистон, сотсиалистон ва ҷумҳурихоҳон шомил буданд. Аммо с.1872 дар кунгураи аввали Гаага анархистон бо сарварии Бакунин аз ташкилот хориҷ карда шуданд ва баъди чанде худи ташкилот низ пароканда шуд. Бакунин, ки ӯро Маркс "ҷосуси рус" номида буд, ҳатто ба дуэл даъват кард, аммо Маркс пешниҳоди анархисти русро рад кард. С.1867 ҷилди аввали бузургтарин асараш "Капитал"-ро чоп кард. Ҷилди 2 ва 3-уми асар танҳо баъди марги ӯ бо пули дӯсташ Энгелс нашр шуданд. Ин асар ҳоло ҳам маъруфияти худро аз даст надодааст ва хоса, ҳангоми буҳронҳои иқтисодӣ яке аз китобҳои серхонанда аст. Аввалин нусхаи хориҷии "Капитал" бошад дар Русия чоп шуд. Дар аввали солҳои 1870 ҳаракати коргарӣ дар ин кишвар қариб ки набуд ва сензорони рус гумон мекарданд, китоби Маркс хонандае чандоне нахоҳад дошт, лек таърих собит кард, ки сахт хато мекунанд. Умуман, Маркс дар Русия аз шӯҳрати фарогире бархурдор буд ва с.1904 Донишгоҳи Маскав Марксро дар қатори Данте, Валтер ва Моммзен бузургтарин мутафаккири ҷаҳонӣ унвон кард.

Марксизм

Маркс назарияи ба худ хосеро ихтироъ кард, ки сарчашмаи онро ба гуфтаи Ленин, фалсафаи клоссики немис, иқтисоди англис ва сотсиализми хаёли (утопияви)-и фаронсавӣ ташкил медоданд. Ин ақида марксизм ном гирифт ва 3 ҷузъи асосии онро материализми диалектик, коммунизми илмӣ ва иқтисоди сиёсӣ ташкил карданд. Ин ақида ахир танҳо дар Русия, кишваре, ки худи Маркс ҳеҷ интизорашро надошт, пирӯз шуд. С.1881 инқилобизани рус Вера Засулич ба ӯ номае навишта, хост, роҳҳои таҷассуми назарияи марксистиро дар Русия фаҳмонад. Маркс рӯи номаи ӯ зиёд андешида, ҷавоб дод, ки дар Русия ин кор ғайриимкон аст. Зеро назарияи ӯ бар асоси сотсиологияи немис, фаронсавӣ ва англис бунёд ёфтааст ва ҷомеаи русӣ бошад, барои пирӯзии кори пролетариат "тормоз" аст. Яъне марксизм аввал бояд дар Аврупои Ғарбӣ пирӯз шавад ва танҳо пас дар Русия. Бо вуҷуди ин, ӯ дар ин андешааш хато кард ва назарияи ӯ аввалин бор, маҳз дар ин кишвар пиёда карда шуд. Дар СССР Маркс аз шӯҳрати беандоза бархурдор буд ва аввалин ҳайкали ӯ дар ҷаҳон, с.1918 дар шаҳри Пензаи Русия қомат афрохт. Ҳатто дар аввали асри 21 дар Русия беш аз 1300 кӯча, хиёбон ва майдонҳо номи ин мутафаккири яҳудитабори олмониро соҳиб буданд.

Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30

 

Матлабҳои дигар