Принт

Рейхи 3-ум ва Эрон

 

Мюллер ва ориёият

Достони ориёиҳо қиссаи роиҷест ва дар китобҳои дарсии таърихӣ ҳам ба он ишора мешавад. Асли достон бар он бармегардад, ки қабоиле ба номи ориёиҳо буданд ва он ориёиҳо аз сукунатгоҳи аввалияашон (шимоли Осиё), муҳоҷират карданд. Шохае роҳашро самти Аврупо каҷ кард ва шохаи дигар самти фалоти Эрон ва Ҳинд рафтанд. Ин фарзияро Макс Мюллер Фридрих, забондон ва шарқшиноси олмонӣ, ки аз қазо бештари умрашро дар Англия гузаронд, ҳудуди 170 сол пеш матраҳ кард. Аз ҳамин ҷо даъво оғоз шуд. Ҳар касе ба суди барномаи сиёсии худ бо ин фарзия каланҷор мерафт. Хоса, дар Аврупо низои шадиде байни "ориёиҳо" сурат гирифт. Дар ин қора ҳам англисҳо ва ҳам олмониҳо даъвои "ориёият" доштанд. Аврупо саргарми нозидан ба табори тозакашфшудаи ориёиаш шуда, вожаи "ориёиро" ба як мафҳуми нажодӣ табдил дод. Нажоде, ки муддаӣ буд вежагиҳои зистшинохтӣ ва тамаддунии бартаре дорад ва бояд сарварии ҷаҳонро ба ӯҳда гирад. Фарзияи муҳоҷирати ориёиҳо акси садоҳои мутафовит ва гоҳ зиддияте миёни истеъморгарон барангехт ва ҳар кадом мехост, аз он ба суди манофеъаш истифода барад. Англисҳо дар Ҳинд ва немисҳо дар Эрон аз ҳама бештар сари мафҳуми "ориёӣ" пофишорӣ карданд.

 Аз Қоҷор то Ризохон

Табиатан Эрон ба ҳайси кишвари муросбари ориёҳо аз ҳама бештар мавриди таваҷҷӯҳи "ориёиҳои аврупоӣ" қарор дошт. Аз ҳама зиёд, англисҳо ба Эрон чашм ало карда буданд ва дар ин кишвар мавқеи вежа доштанд. Бо вуҷуди ин, немисҳо ҳам намехостанд аз қофила ақиб монанд ва ҳамвора мекӯшиданд дар кишвари аз ҳама ориёӣ, нуфузеро соҳиб шаванд.

Нахустин шуда, подшоҳони қоҷори Эрон ба Олмони навтаъсис муносибатро ба роҳ монданд. Насриддиншоҳи қоҷор дар Эрон ислоҳоти маъмуриро роҳандозӣ намуд ва мехост 1 олмониро маъмури ин ислоҳот таъин кунад. Аммо Отто фон Бисмарк ин пешниҳоди шоҳро рад кард. Ӯ нахост ҳеҷ масъули давлатиашро ба Эрон фиристад. Бо вуҷуди ин, 2 генерали собиқи олмонӣ ихтиёран лозим донистанд ба Эрон раванду ба бародарони "ориёиашон" кумак кунанд. Дар оғози қарни ХХ муносибати Олмон бо Эрон боз ҳам густардатар шуданд. С.1905 ширкати маъруфи олмонии "HAPAG" дар халиҷи Форс хатсайри дарёиро роҳандозӣ карда, тоҷирон ба Эрон роҳ ёфтанд. Эрониҳо кӯшиданд бо ёрии олмониҳо аввалин бонки миллии кишварашонро бунёд кунанд ва пиёдасозии ин тарҳро Бонки шарқии Олмон ба зимма гирифт. Ин кор миёни бародарони "ориёӣ" махфӣ нигоҳ дошта мешуд, аммо бо вуҷуди ин англисҳо аз қазия хабардор шуда, дар якҷоягӣ бо Русия иқдомро пешгирӣ карданд. Баъди шикасти Олмон дар ҷанги ҷаҳонии 1 муносибати Эрон бо "ориёиёни" аврупоӣ қатъ шуд. Ин вазъ то с.1926 идома ёфт. С.1926 равобити дуҷонибаи Эрон ва Олмон аз нав ба роҳ монда шуданд. Маҳз дар ин давра Абдул Ҳусайн Темуртош-вазири дарбори Ризохон, ки ҷавобгӯи сиёсати хориҷӣ дар давлати Ризохон буд, шоҳро ба робитаи бештар бо Олмон ташвиқ намуд. Ин бор ба немисҳо таъсиси бонкро пешниҳод намуданд. Сентябри с.1928 бо кумаки олмониҳо Бонки миллии Эрон таъсис ва Курт Линделбатти олмонӣ сарвари он таъин шуд. С.1929 миёни Олмону Эрон созишномаи ҳамкорӣ ва дӯстӣ ба имзо расид.

Гитлер ва Эрон

Муносибати Эрон бо Олмон баъди сари қудрат омадани Гитлер ранги комилан тоза гирифт. Акнун мафҳуми "ориёӣ" бештар аз забони Фюрер ва дову даскааш шунида мешуд ва аз назри эрониён пинҳон намонда буд. Дар Эрон низ бо мероси ориёии худ фахр ва аз пайдо кардани бародари нав изҳори хурсандӣ мекарданд. Январи с.1933 дар Теҳрон маҷаллаи "Эрони бостон" рӯи чоп омад, ки бо сифати олӣ ва барои таблиғи андешаи ориёигарӣ нашр мешуд. Шумораи 2-уми он бо акси бузурги Фюрер ба чоп расида, дар он Гитлерро "одами бузурги дорои ақоиди ҷиддӣ" муаррифӣ мекард ва гуфта мешуд, ақидаи ӯро миллионҳо кас ҷонибдорӣ мекунанд. Дастгоҳи таблиғотии Олмон низ аз қофила ақиб намемонд ва ақидаи "бародарии ориёии" немисҳо ва эрониҳоро васеъ таблиғ мекард. С.1935 дар Берлин, дар бинои сафорати Эрон шабнишиние доир шуд ва дар он намояндагони олимақоми олмонӣ ширкат карданд. Мегӯянд, маҳз дар ҳамин шабнишинӣ Гитлер ба сафири Эрон маслиҳат дод, то шоҳ номи кишварро тағйир диҳад. То он вақт Эронро Форс мехонданд ва ин ном дар бештари кишварҳои аврупоӣ роиҷ буд. С.1935 бошад Ризохон аз тамоми кишварҳо талаб кард, кишварашро аз ин ба баъд Эрон бихонанду аз номи расмии "Форс" даст кашанд. Бо ҳамин, Форс дубора ба номи таърихиаш баргашт ва Эрон ё ҳамон "сарзамини ориёиён" ном гирифт. Муносибатҳои дуҷонибаи ҳар 2 кишвар ҳам равнақи тоза гирифтанд.

С.1936 Ялмар Шахт-раиси Рейхсбонк ва яке аз касоне, ки Фюрерро сари қудрат оварда буд, бо сафари расмӣ ба Эрон омада, бо ҳукумати Ризохон созишномаи тиҷоратӣ баста, ширкатҳои олмонӣ ҳаққи дар Эрон фаъолият карданро ёфтанд. С.1937 бошад, Раиси Маҷлиси Эрон Исфандиёрӣ ба Олмон сафари расмӣ анҷом дод. Соле баъд Булдор фон Ширах-сарвари Гитлерюгенд меҳмони Теҳрон буд ва чанд ҳафта пеш аз ҳуҷуми Олмон ба СССР, дар оғози июни с.1941 раиси хадамоти ҷосусии олмонӣ "Абвер", адмирал Канарис аз Эрон дидан намуд. Рушди босуръати нерӯи Рейхи 3 ва сиёсати ориёипарастии он диққати хубрагони эрониро ба худ ҷалб кард ва баъзеҳо дар Эрон аз ин сиёсат ҳатто ба ваҷд омада буданд. Аз ҳама бештар, рӯҳияи олмонпарастӣ миёни фармондеҳони олии артиш вуҷуд дошт. Ҳузури англисҳо низ барои эрониён бисёр сангин буд ва бисёриҳо дар кишвар мехостанд бо дасти олмониҳо аз англисҳо халос шаванд.

Фурупошии умед

Миёни Теҳрону Берлин муносибати зичи ҳарбиён ба роҳ монда шуд. Немисҳо ба Эрон силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва мушовирони ҳарбӣ мефиристоданд ва афсарони ҷавони эронӣ низ барои тадрис ба муассисаҳои ҳарбӣ-таълимии Олмон роҳӣ мешуданд. Умуман, дар с.1940 нисфи савдои хориҷии Эрон ба Олмон рост меомад. Немисҳо дар сохтмон ва азнавсозии зерсохтҳои нақлиётӣ (ҳамлу нақл) ва роҳи оҳани Эрон фаъолона ширкат доштанду мехостанд дар оянда аз ин зерсохтҳо истифода баранд. Инчунин, тарафи олмонӣ хатсайри ҳавоии Берлин-Кобулро роҳандозӣ кард, ки аз Теҳрон мегузашт. Аммо оғози ҶБВ, хоса, ҳуҷуми Олмон ба СССР ба муносибати зичи 2 кишвари ориёӣ хотима дод. СССР ва Англия аз Ризохон талаб карданд, ки тамоми шаҳрвандони олмониро аз Эрон берун ва робитаро бо Олмони "ориёӣ" қатъ кунад, лек ӯ ба ҳарфи русҳову англисҳо гӯш надод. Гарчи Эрон дар ҷанг бетарафии худро эълон карда буд, лек русҳо ва англисҳо, ки аз шимолу ҷануб артишҳояшонро ба Эрон дароварданд, ӯ ба истеъфо рафт. Баъди 2 соли ҷанг маҳз дар Эрон, дар ин кишвари меросбари "ориёиҳо" аввалин дидори сарони 3 кишвари иттифоқчӣ доир шуд.

 

Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30

 

Матлабҳои дигар