Принт

Қатл дар рӯзи муқаддас

Суқути 4 императорӣ

28.06.1914 дар Сараево, валиаҳди императории Австро-Венгрия эртсгертсог Франс Фердинанд аз ҷониби миллигарои серб Гаврила Принтсип кушта шуд. ин қатл баҳонаи хубе ба дасти ҷангафрӯзони австрягӣ ва олмонӣ дод ва баъди чанде онҳо ин ҷангро дар амал пиёда карданд. Мардуми Босния ва Гертсоговин, ки аз ҷониби Австро-Венгрия тасхир шуда буданд, бо габсбургҳо муносибате хубе надоштанд ва аз ҳама бештар сербҳоро ҳузури австриягиҳо дар ин манотиқ озурда мекард. Сербҳо доимо дар орзӯи Югославияи бузург буданду тавонистанд ба русҳо низ ин фикрро талқин кунанд. Русия бошад барои пиёда кардани аҳдофи ниҳоии сербҳо ёрӣ мекард ва баъди чанде дар гӯшаҳои гуногуни импературии габсбургҳо ташкилотҳои гуногуни махфӣ пайдо шуданд ва ин ҳама бо пули русӣ таъмин шуда, ба таъбири имрӯз, фаъолияти азими террористиро дар қаламрави импературии австро-венгерӣ ба роҳ монданд. Вақте валиаҳди импературӣ эртсгертсог Франс дар авохири июни с.1914 барои назорат аз машқҳои ҳарбӣ ба Босния сафар кард, яке аз ин ташкилотҳо "Млада Босния" нақшаи қатли ӯро пиёда намуд. Машқҳои ҳарбӣ дар Босния 28 июн оғоз мешуданд, ки ин рӯз мутобиқ буд бо иди миллии сербҳо "Рӯзи Видов". Сербҳо дар ин рӯз шаҳидони худро дар майдони Косово (муҳорибаи таърихии туркҳо бо сербҳо дар с.1389) ёд мекунанд ва ин ид барояшон мисли 9 май барои собиқ СССР муқаддас аст. Австрягиҳо инро хуб медонистанд, лек бо вуҷуди ин аз кор даст накашиданд. Баъзе муътақиданд, ки императур Франс Иосиф дидаву дониста ҷиянашро ба куштан дод. 

Чанд тан аз қотилон дастгир ва яке ҳини пурсуҷӯ иқрор шуд, силоҳу лавозимотро барои амалиёт ҳукумати Сербия дар ихтиёри онҳо қарор додааст. Чун дар суиқасд Сербия гумонбар шуд, Австро-Венгрия ба ҳукумати ин кишвар бо талаби таҳдидомез баромад кард, ки дар таърихнигорӣ бо "ултиматуми июлӣ" маъруф аст.

Сербия танҳо 1 банди ин ултиматумро напазируфт, лек бо вуҷуди ин Австро-Венгрия ба Сербия эълони ҷанг кард. 1 август кайзери Олмон ба Русия, ки ба дифоъ аз сербҳо иқдом карда буд, ҷанг эълон намуд ва бе эълон ба Люксембург дарафтод. Сипас олмониҳо ба Фаронса эълони ҷанг ва аз шоҳи Белгия талаб карданд, барои гузаштани артиши олмонӣ ба сӯи Фаронса иҷозат диҳад. Аммо шоҳи Белгия розӣ нашуд ва немисҳо ба ин кишвар низ эълони ҷанг намуданд. Англия дар оғоз худро бетараф эълон кард ва танҳо баъди дархости шоҳи Белгия англисҳо низ ба Олмон ҷанг эълон намуданд. Бо ҳамин, оташаке, ки тавассути чанд ифротӣ дар Сараево афрӯхта шуд, ба ҷанги тамомаёри ҷаҳонӣ табдил ёфт. 

Орзӯи олмонӣ

Аммо заминаҳои асосии даргирии оянда ҳанӯз солҳо қабл дар Аврупо ба вуҷуд омаданд. Импературии Олмонӣ, ки с.1870 баъди ҷанг бо Фаронса пайдо шуд, дар оғоз чандон тамоюле ба ҳукумати сиёсӣ ва иқтисодӣ дар минтақаи Аврупо надошт. Аммо дар зарфи 10 сол немисҳо аз нигоҳи иқтисодӣ ва ҳарбӣ сахт нерӯ гирифта, ба яке аз асоситарин бозигарон дар қитъаи Аврупо табдил ёфтанд. Албатта то он ҳангом абарқудратҳои дунё (Англия, Фаронса ва Русия) бештари мамолики Шарқ ва Африқоро таҳти тасаллути худ гирифта буданд ва сарвату энержии азими немис дигар ҷое барои рафтан надошт. Барои рафъи ин мамониат ба немисҳо тақсими нави ҷаҳон ва он ҳам ба нафъи Олмон ва сарвати олмонӣ мисли ҳаво зарур буд. Барои ин Олмон пеш аз ҳама мебоист абарқудратҳоро дар Аврупо торумор ва мавқеашро дар ин қитъа мустаҳкам мекард. Дар авохири асри 19 ва аввали қарни 20 нақшаҳои ҷангҷӯёнаи Олмон барои ҳамсояҳо низ ошкор шудан гирифт ва дар ҷавоб Русияю Фаронса-2 абарқудрати вақт дар с.1891 миёни ҳам иттиҳоди ҳарбиеро ба имзо расониданд, ки Англия низ с.1907 ба он ҳамроҳ ва бо номи "Антанта" ("Ризояи дилҳо") маъруф гашт. Немисҳо низ барои нақшаҳои оянда ниёз ба иттифоқчӣ доштанд. Австро-Венгрияи ҳамсоя иттифоқчии Олмон шуд. Ин импературӣ, ки дар раъси он боз ҳам олмониҳо (хонадони Габсбургӣ) қарор доштанд, аз миллатҳои гуногун таркиб ёфта, меҳвари асосии ҳамаи нооромиҳо дар Аврупо буд. Австро-Венгрия аз ҳама бештар бо Русия зиддият дошт, чун русҳо табиатан аз славянҳои болконӣ (хоса, сербҳо) дифоъ мекарданд ва ин мардум таҳти султаи габсбургҳо қарор доштанд. Аммо тӯъмаи аз ҳама лазиз Ховари Наздик буд. Импературии Усмонӣ дар остонаи суқути худ қарор гирифта, ғарбиён мехостанд аз ин вайронаҳо ҳар кадом саҳми бештареро соҳиб шаванд. То оғози ҷанг ҳар як аз тарафҳо ба ғалабаи худ итминон дошт ва ҳама танҳо дар интизори 1 чошнӣ ё баҳонае буданд ва Сербия ин нақшро ба хубӣ ифшо кард.

Аз Марна то Тонненберг

Олмониҳо ният доштанд то анҷоми даъвати ҳарбӣ дар Русия фаронсавиҳоро торумор кунанд. Фармондеҳии олмонӣ барои ин кор нақшаеро тартиб дод, ки бо "нақшаи Шлифен" маъруф аст. Амалиёт дар оғоз барои немисҳо бобарор буд. Дар тӯли моҳи август немисҳо тавонистанд ба фаронсавиҳо ва англисҳо чунон зарбаи сахт ворид кунанд, ки танҳо ҳуҷуми русҳо дар шарқ ва паррондани аскарҳои гуреза Фаронсаро аз торумор наҷот дод. Немисҳо ҳеҷ умед надоштанд, ки русҳо ба зудӣ даъвати оммавиро ба анҷом мерасонанд. Ҳуҷуми русҳо ба Пруссия немисҳоро водор намуд аз ҳуҷум ба Париж даст кашанд ва нерӯҳоро саросема аз ғарб ба шарқ интиқол диҳанд. Фаронсавиҳо бо истифода аз ин ва чун вақт хеле танг буд барои зудтар бурдани нерӯҳо аз таксиронҳои Париж ёрӣ хостанд. 600 таксии Париж дар интиқоли нерӯҳои фаронсавӣ ширкат варзида, маҳз ба шарофати ин таксиронҳо фаронсавиҳо дар назди Марна немисҳоро боздоштанд. Дар Шарқ бошад соли аввали ҷанг 2 набарди шадид иттифоқ уфтод, ки асоситаринаш ҳарби Тонненберг аст. Дар ин ҷанг ба немисҳо муяссар шуд артиши русро, ки таҳти фармондеҳии генерал Александр Василевич Самсонов амал мекард, ба муҳосира гиранд. Дар натиҷа артиши Самсонов торумор шуда, худи ӯ худкушӣ кард. Дар Тонненберг немисҳо нерӯҳои 2 карат зиёди русро торумор карданд. Аммо барои немисҳо таассуфовар он буд, ки нерӯҳои аз Ғарб гирифта шуда, ба Тонненберг сари вақт нарасиданд ва ҳеҷ нақше набозиданд. Дар Ғарб бошад маҳз набуди ин нерӯҳо ба фаронсавиҳо ва англисҳо имкон дод, артиши олмониро дар соҳили Марна боз доранд ва пойтахти Фаронсаро наҷот диҳанд.

 

Дар натиҷаи ҷанг 4 импературӣ (Русия, Австро-Венгрия, импературии Усмонӣ, Олмон) аз миён бардошта шуданд. Талафоти умумии кишварҳои ҷанганда 10 млн аскар ва 12 млн аҳолии осоишта буд. Беш аз 55 млн нафари дигар дар натиҷаи ин ҷанг захмӣ шуданд. Ин ҷанги ҷаҳонӣ ахир 4 соли тӯлонӣ идома дошт ва муҳимтарин натоиҷи онро мешавад дар чанд ҷумла хулоса кард: Суқути 4 импературӣ, пайдо шудани алтернатива барои империализм, рушди бесобиқаи ИМА (амрикоиҳо ба василаи таъминоти ҳарбӣ сарвати ҳангуфте ба даст оварда, заминаи рушди ояндаи худро поярезӣ карданд), поин рафтани нуфузи Бритониё, Фаронса соҳиби Элзос ва Лотарингия мегардад, инқилоб дар Русия. Немисҳо бошанд ба ҷои заминҳои нав гуруснагӣ ва вазъи бисёр зиллатбореро касб карданд, ки билохира сабаби сар задани Ҷанги ҷаҳонии дуввум шуд.

 

 

Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30

 

Матлабҳои дигар