ХАБАРИ ДОҒ

Фирор

Баъди сари қудрат омадани болшевикон дар Петроград раиси Ҳукумати муваққат А.Керенский аз Петроград ба ситоди Фронти шимолӣ ба Псков гурехт ва ният дошт дар ин ҷо нерӯҳои мусаллаҳи ҷонибдори ҳукуматашро пайдо кунад, лек дар Псков пайдо накард. Роҳбарияти Фронти шимолии нерӯҳои мусаллаҳи Русия низ ҳеҷ амалкарде барои дифоъ аз ӯ ва ҳукуматаш нишон надод. Роҳбари Фронти шимолӣ генерал В.Черемисов мавқеи бетарафиро ишғол намуд. Умуман, ҳарбиёни рус баъди пахши исёни Карнилов назари хуше ба Керенский надоштанд. Бо вуҷуди ин, комиссари ҳукумати муваққат дар Фронти шимолӣ В.Войтинский бо машаққати зиёд фармондеҳи корпуси 3-и казакӣ, генерал Красновро розӣ кунонд, ки нерӯҳояшро барои пахши ҳукумати болшевикон ба Петроград фиристад. Краснов розӣ шуд ва Войтинский дар ҳол ин хабарро ба Керенсикй расонид. Керенский дар навбати худ зуд ба нерӯҳои Краснов ҳамроҳ шуд. Албатта казакҳо низ, ки бештарашон аз Карнилов ҳимоят карда буданд, ҳеҷ хоҳиши ҷангидан барои ӯро надоштанд. Вазъи аҷибе ба амал омад. Керенский дар раъси нерӯҳое қарор гирифт, ки чанд моҳ қабл онҳоро шӯришчӣ хитоб карда, дар якҷоягӣ бо болшевикон торуморашон намуда буд.

Субҳи 8 ноябр Керенский ба казакҳо дастури ҳаракат сӯи Петроградро дода, шоми он рӯз аввалин дастаҳои казакҳо ҷониби пойтахт раҳсипор шуданд. Барои ҷунбиш ба Петроград Краснов тавонист танҳо 1000 нафар аз казакҳоро сафарбар кунад. Дертар ба ин нерӯҳо 900 тан юнкерҳо ва якчанд батареяҳои тӯпхонаӣ ва 1 поезди зиреҳпӯш ҳамроҳ шуданд. Ситоди олии сарфармондеҳии артиш бо сарварии генерал Духонин низ кӯшид то ба "шӯришиён" ёрӣ диҳад, лек бештари нерӯҳои сафарбаршуда аз ҷангидан зидди болшевикон сар боз заданд.

Бо вуҷуди ин, 9 ноябр казакҳо бе ҷанг Гатчинаро ишғол карда, 10 ноябр баъди ҳарби кӯтоҳмуддат ба Сарское село ворид шуданд. Ишғоли ин макон ба казакҳо имкон дод, то ба наздикиҳои Петроград бароянд. Худи ҳамин рӯз дар рӯзномаи эссерии "Дело народа" фармони генерал Краснов чоп шуда, дар он ӯ юриши худро ба Петроград эълон ва аз гарнизони пойтахт даъват кард, ба ҳукумати муваққат итоат кунад. 

Амалкарди болшевикон

Баъди расидани хабари ҷунбиши казакҳо ба Петроград Кумитаи ҳарбӣ-инқилобии пойтахт ба роҳиоҳанчиён дастур дод, ки роҳи оҳанро ба сӯи пойтахт бибанданд, то казакҳо натавонанд тариқи қатора ба Петроград ворид шаванд. Шаби 10 ноябр КМ РСДРП (б) ва ШКХ барои мудофиаи пойтахт комиссияи вежае таъсис дод. Ба комиссия В.Ленин сарварӣ мекард. 10 ноябр Ленин ба ситоди округи ҳарбии Петроград ҳозир шуд. Дар ситод тамоми роҳбарияти нерӯҳои инқилобӣ ҷамъ омада буданд ва ӯ роҳбарии онро ба дӯш гирифта, аз номи ШКХ В.Подвойскийро сарфармондеҳи нерӯҳои инқилобӣ таъин кард. Барои роҳбарияти бевоситаи амалиётҳои ҳарбии нерӯҳои инқилобӣ, ситоди ҳарбӣ дар ҳайъати Н.Подвойский, В.Антонов-Овсиенко, К.Еримеев, К.Мехоношин ва П.Дибенко созмон дода шуд. Тибқи нақшаи ин ситод Петроград дар ҳолати муҳосира эълон карда шуд ва дастаҳои Горди Сурх ва тамоми нерӯҳои инқилобӣ дар Петроград, Гелсингфорс, Виборг, Кронштадт ва Ревел ба ҳоли омодабош оварда шуданд. Бо дастури шахсии Ленин Сентробалт киштиҳои ҳарбиро ба Петроград равона кард ва ин киштиҳо дар рӯди Нева сангар гирифтанд. Бар замми ин, раиси ШКХ бо намояндагони ташкилоти ҳизбии заводҳои бузургтарини шаҳр ва қисмҳои ҳарбӣ машварат доир намуд. Шаби 11 ноябр Ленин ва Тротский шахсан аз заводи Путилов дидан ва коргаронро барои дифоъ аз пойтахт ташвиқ карданд. Тротский 11 ноябр ба баландиҳои Пулково рафт, то роҳбарияти мудофиаи ин хатти муҳимро ба ӯҳда гирад. Бо ҳамин, ҳар корхона, ноҳия, қисми ҳарбӣ вазифаҳои мушаххас барои дифои пойтахт дарёфт карданд. Бо фармони болшевикон беш аз 2000 гвардиячиёни сурх аз заводи Путилов ва 3500 нафари аз корхонаҳои дигари шаҳр ба мудофиа пойтахт сафарбар шуданд.

Шӯриши юнкерҳо

11 ноябр Кумитаи меншевикии наҷоти Ватану инқилоб зидди ҳукумати болшевикӣ дар Петроград шӯриданд. Маркази исён қасри Муҳандисони пойтахт қарор гирифт ва нерӯҳи асосии мусаллаҳи онро бошад юнкерҳои омӯзишгоҳи муҳандисӣ ташкил доданд. Фармондеҳи собиқи округи ҳарбии Петроград Г.Полковников худро фармондеҳи "нерӯҳои наҷот" эълон кард. Ба шӯришчиён муяссар шуд 1 муддати кӯтоҳ стансияи телефониро тасарруф дароранд ва алоқаро бо Смолний қатъ кунанд. Лек соати 11-и шаби 29 октябр нерӯҳои Кумитаи ҳарбӣ-инқилобӣ стансияи телефониро аз дасти юнкерҳо пас гирифта, қасри Муҳандисонро муҳосира карданд. Субҳи 12 ноябр шӯриши юнкерҳо пахш карда шуд. Дар арафаи даргирии ҳалкунанда, теъдоди нерӯҳои инқилобӣ 10-12 ҳазор ҷанговарро ташкил медод. Ин нерӯҳо ба 2 даста тақсим шуда буданд. Ба дастаи аввал полковник Валден ва ба дастаи 2-ум афсарони собиқи рус Ф.Хаустов ва В.Сахаров фармон медоданд. Субҳи 12 ноябр нерӯҳои генерал Краснов ҳуҷумро сӯи баландиҳои Пулково оғоз карданд. Краснов умед дошт, гвардиячиёни сурх ба ҳуҷуми казакҳо тоб намеоранд ва ақиб мешинанд, аммо кор ранги дигар гирифт. Нерӯҳои инқилобӣ кулли ҳамлаҳои казакҳоро зада гардонида, ба ҳуҷум гузаштанд. Баъди нокомӣ Краснов ба нерӯҳояш дастур дод ҷониби Гатчина ақиб нишинанд. Баъди ин, фармондеҳони болшевикӣ Дибенко ва Трухин ба Гатчина назди казакҳо рафта, миёни онҳо гуфтушунид оғоз шуд. Казакҳо бо Дибенко созишномаи оташбасро имзо карданд.

Казакҳо бо ӯ шартҳои оташбасро низ муайян карданд. Тибқи шурут болшевикон ба казакҳо роҳро сӯи Дон боз мекарданд ва ҳукуматашон сари қудрат мемонд. Казакҳо танҳо шарт гузоштанд, ки Ленин ва Тротский аз ҳукумати болшевикӣ берун карда шаванд. Дибенко аз оғоз медонист, ин шартҳоро иҷро намекунад, лек ба хотири хобонидани шӯриш ба ҳама чиз розӣ шуд. Зимни гуфтушунид бо казакҳо Дибенко ҳатто шӯхиомез пешниҳод кард, Керенскийро бо Ленин иваз кунад. Баъди ин, ӯ бо либоси матроси аз хатти ҷанг гурехт. Ахир, вазири ноком ба Дон гурехт ва 20 ноябр ба Новочеркаск ҳозир шуд. Аммо дар ин ҷо атамани казакҳо Каледин аз ҳамкорӣ бо ӯ даст кашид. Январи с.1918 Керенский пинҳонӣ ба Петроград омад ва ният дошт дар Маҷлиси муассисон баромад кунад, аммо эсеррон ӯро аз ин кор боздоштанд. Ин вазири ноком боз чанд кӯшиши дигар кард, то алайҳи болшевикон мубориза кунад, аммо ҳама кӯшишҳо ба нокомӣ рафтанд. Билохира, ӯ июни с.1918 тариқи Владивосток Русияро ба қасди Амрико барои абад тарк кард.

Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter