Принт

Теҳрон-43

 

28 ноябри соли 1943 дар пойтахти Эрон, шаҳри Теҳрон дидори таърихии се роҳбари кишварҳои иттифоқчӣ дар ҷанг алайҳи Олмон-СССР, ИМА ва Англия иттифоқ  афтод. Интихоби Теҳрон низ баъди музокироти тулонӣ ба амал омад. Дар оғоз Черчил барои дидор шаҳри Қоҳираро дар Миср пешниҳод намуд. Аммо роҳбари Шӯравӣ ин пешниҳодро напазируфт. Баъди ин Истамбул ё Бағдод пешниҳод карда шуд. Аммо ин ду шаҳр низ пазируфта нашуданд. Билохира қуръа ба номи Теҳрон афтид ва дидор дар ин шаҳр доир гашт. Ин нахустин дидори Сталин, Рузвелт ва Черчил дар рафти ҷанг ба шумор мерафт ва бо конфронси Теҳрон дар таърихнигории муосир маъруф гардидааст.

Роҳ ба сӯи Теҳрон

     Роҳи омадани се роҳбар ба Теҳрон низ гуногун буд. Иосиф Сталин охирҳои моҳи ноябр бо поезди № 501, ки бо хатсайри Маскав-Сталинград-Боку ҳаракат мекард, махфиёна ба пойтахти Озарбойҷон омад. Аз Боку ба Теҳрон бошад бо тайёра парвоз намуд. Роҳбари ИМА Рузвелт бошад, тавассути киштӣ ба бандари Орани Алҷазоир омад ва аз инҷо ба Қоҳира парвоз кард. Дар Қоҳира бо Черчил ҳамроҳ гашт ва ҳар ду якҷоя ба Теҳрон омаданд. Ҳар се роҳбар бо намояндагони худ 28 ноябр ба Теҳрон омаданд.                                                                                                                                           

 Сталин ба Рузвелт пешниҳод кард дар бинои сафорати СССР маскан гузинад ва роҳбари ИМА низ пешниҳоди ӯро пазируфт. Черчил бошад дар намояндагии Бритониё, ки рӯ ба рӯи сафорати СССР ҷойгир гардида буд, маскун шуд.                                        Асоситарин масъале, ки тарафҳо дар рафти конфронс баррасӣ намуданд, ифтитоҳи фронти дуввум гардид. СССР се сол боз бори асосии ҷангро ба дӯш дошт ва ба танҳоӣ алайҳи Олмон меҷангид. Дар Теҳрон тарафи Шӯравӣ ба ин масъала таъкид кард ва аз иттифоқчиён хост ба ҷанг ҳамроҳ шаванд. Сталин 7 маротиба ин масъаларо ба баррасӣ гузошт. Черчил дар оғоз пофишорӣ мекард ва намехост ваъдаи қатъии ифтитоҳи фронти дуввумро ба Сталин бидиҳад.

Черчил ба ҳар васила мехост аз вуруди нерӯҳои шӯравӣ ба Аврупои Ҷанубу-Шарқӣ ҷилавгирӣ кунад, бинобар ин исрор мекард, ки фронти дуввум дар нимҷазираи Балкан поярезӣ гардад, аммо Сталин талаб мекард англисҳо ва амрикоиҳо дар шимоли Фаронса амалиёти ҷангиро алайҳи немисҳо оғоз кунанд. Сталин ва Рузвелт ин иқдоми Черчилро ба хубӣ дарк карданд ва гуфтӯшунид қариб ба нокомӣ анҷом меёфт.                                                 

 Тибқи ёддоштҳои яке аз намояндагони шӯравӣ О.Б.Рахманин, дар яке аз лаҳзаҳо Сталин ба ғазаб омад ва аз ҷояш баландшуда ба Молотов хитоб кард: "Бархез. Меравем мо дар хона корӣ зиёд дорем". Аммо Черчил, ки нақша надошт нишасти Теҳронро ба ҳам занад, Сталинро боз дошт ва пешниҳодашро пазируфт.               

    Дар конфронси Теҳрон ба масоили баъдиҷангӣ низ диққати зиёд дода шуд. Рузвелт пешниҳод дод, барои пешгирии ҷанг дар оянда ташкилоти бонуфузи умумиҷаҳониро, назири Лигаи Миллатҳо ташкил диҳанд. Сталин пешниҳоди Рузвелтро пазируфт ва таъсиси Созмони миллали оянда маҳз дар Теҳрон поярезӣ гардид. Дар бобати ояндаи Олмон низ тарафҳо назари гуногун доштанд. Рузвелт пешниҳод намуд Олмонро ба 5 кишвари мустақил тақсим намоянд ва Черчил низ дар ин амр ӯро дастгирӣ намуд, аммо Сталин зидди ин пешниҳод баромад. Маҳз ба хотири пофишории Сталин немисҳо баъди ҷанг дорои кишвари соҳибистиқлол гардиданд. Инчунин, дар нишасти Теҳрон Иттиҳоди Шӯравӣ ӯҳдадор шуд баъди шикасти Олмон ба ҷанг бо Япония ҳамроҳ гардад ва ба ин ваъдаи худаш вафо кард.    

"Ҷаҳиши дароз"

     Аммо дидори се роҳбари кишварҳои иттифоқчӣ аз назари хадамоти ҷосусии олмонӣ пинҳон намонд. Маълумотро оиди дидори роҳбарияти "Сегонаи калон"  ҷосуси бо таҷрибаи олмонии миллаташ албан Эдиас Безна дарёфт намуд.            Безна, ки бо лақаби Тсиисерон маъруф буд, ба ҳайси ёрдамчии сафири Бритониё дар Туркия фаъолият мекард. Тсиисерон Берлинро аз ин дидори таърихи хабардор кард ва сардори Раёсати бехатарии Рейхи саввум Эрнст Калтербрунер таъҷилан ба Фюрер нақшаи амалиёти ояндаро пешниҳод кард.                                                 

  Тибқи нақшаи немисҳо, дастаи тахрибкорон мебоист тавассути қабристони арманиҳо ба сафорати СССР дар Теҳрон ворид мегарданд. Ин нақшаро худи ҷосусони олмонии дар Эрон фаъол ба Берлин пешниҳод намуданд. Немисҳо дар Эрон шабакаи густардаи ҷосусӣ доштанд. Он шабу рӯз дар ҳудуди ин кишвар тақрибан 6500 ҷосуси олмонӣ фаъолият дошт. Немисҳо бо ҳукумати шоҳи собиқ Ризохон равобити танготанге доштанд ва ҷосусҳояшон ҳатто дар болотарин зинаҳои ҳукуматии Эрон низ мавҷуд буданд. Нақшаи аввал мебоист тавассути штурбанфюрер Франс Майер амалӣ мегардид. Майер ҳамчун армании пир дар қабристони арманиҳо ба ҳайси қабркан кор мекард ва мебоист аз дохили қабре ҷониби сафорат роҳи зеризамини канда, дастаи тахрибкоронро тавассути он вориди сафорати СССР мекард.                                                                                                                                       

    Амалиёт "Ҷаҳиши дароз" номгузорӣ гардид ва пиёда кардани он ба зиммаи тахрибкори маъруфи олмонӣ, сардори гурӯҳи махсуси СС Отто Скортсеннӣ вогузор карда шуд. Скортсеннӣ яке аз беҳтарин тахрибкорони Олмон ба шумор мерафт ва чанде қабл роҳбари Итолиё Беннито Мусолиниро аз асорат наҷот дода буд. Нақшаи немисҳо дар Эрон аз дуздии роҳбарияти "Сегонаи калон" иборат ёфта буд. Ба андешаи Калтербрунер қатли роҳбарони СССР, Бритониё ва ИМА ҷангро мутаввақиф намекард, аммо асорати роҳбарони кишварҳои зиддигитлерӣ метавонист мардуми ин кишварҳоро ваҳшатзада ва ноумед гардонад.           

     Немисҳо мехостанд Сталинро тавассути Туркия ба Берлин интиқол диҳанд ва он ҷо дар дохили қафас дар малаи омм нигаҳдорӣ кунанд. Дар бобати Рузвелт назарҳо дар Берлин мутафовит буданд. Баъзе пешниҳод мекарданд Рузвелтро маҷбур кунанд, то кишварашро ба таслим шудан водор созад ва баъзеи дигар хостори қатли ваҳшиёнаи ӯ буданд. Аз ҷумла Калтербрунер пешниҳод намуд Рузвелтро ба наҳангон бихӯронанд ва ин корро наворбардорӣ кунанд. Дар мавриди Черчил бошад немисҳо ҳама ҳамақида буданд. Роҳбари Бритониё мебоист дар ҷои ҳодиса ба қатл мерасид. Аммо худи Скортсеннӣ зидди рабудани Сталин, Рузвелт ва Черчил буд. Ӯ пешниҳод намуд ин се нафарро дар сафорати СССР дар Теҳрон тавассути тайёраи пур аз бомб, ки онро сарнашини фидоӣ идора мекард ба ҳалокат расонанд. Аммо Фюрер ва Калтенбрунер ин фикри тахрибкорро рад карданд.

Набарди ду арманӣ

Аммо ин нақша ҷомаи амал напӯшид. Садди роҳи армании немис, армании дигар, ҷосуси шӯравӣ Геворк Вартанян гардид. Иттиҳоди Шӯравӣ низ дар Эрон шабакаи ҷосусии густардае барпо карда буд ва асоси ин шабакаро мардуми арманитабори ин кишвар ташкил медоданд. Ба яке аз гурӯҳҳои ҷосусии шӯравӣ дар Эрон ҷавони 19 солаи арманӣ Геворк Вартанян сарварӣ мекард. Маҳз гурӯҳи Вартанян дар хунсо кардани амалиёти "Ҷаҳиши дароз" нақши калидӣ ифо кард. Вартанян ва ҳамгурӯҳонаш тавонистанд макони Майер ва радистони немисро ошкор намоянд. Аз Маскав барои пешгирии амалиёти немисҳо зиёда аз 3000 корманди НКВД ба Теҳрон  фиристода шуданд ва баъди чанде Мейер ва шариконаш дастгир гардиданд. 

 

 Меҳрубон  Салимшоев,

Муаррихи СССР

 

Матлабҳои дигар