Принт

ФЕВРАЛ - ИНҚИЛОБИ САДШИКАН

 

Рӯзи 25 феврал бо баҳонаи гаронии нон коргарони Петроград ба майдонҳои шаҳр мебароянд. Шаби ҳамон рӯз, подшоҳ Николаи-2 юм, ки худ дар пойтахт набуд ба нерӯҳои полис фармон медиҳад, ки бетартибиҳоро дар шаҳр қатъ кунанд. Дар баробари ин, Николаи 2-юм Думаи давлатиро низ пароканда мекунад. Аммо аз соати 12-и рӯзи 26 феврал дар Петроград гирдиҳамоиҳои нав шурӯ мегарданд. Пойтахти Русияро корпартоии умумӣ фаро мегирад ва нерӯҳои Артиш ба тарафи инқилобиён мегузаранд. Рӯзи дигар (27.02.) шӯришгарон бинои Арсенал ва Қасри Зимистонаро тассаруф намуда, бо ҳамин дар Русия ҳукумати сулолаи Романовҳо сарнагун гардид ва Кумитаи Муваққати Думаи Давлатӣ ба фаъолият шурӯ кард. Дар баробари ин коргарон низ ниҳоди ҳукуматии худро бо номи Кумитаи иҷрояи Шӯрои вакилони коргарон ва аскарон таъсис доданд. 

Замин ва Сулҳ

Инқилоби Февралӣ дар таърихи навини Русия нақши вежа дорад. Ин инқилоб ба ҳукумати 300-солаи сулолаи Романовӣ ва ҳамин тариқ ба сохти подшоҳӣ дар ин кишвар хотима дод ва аз ҳама асосӣ, як садди равониро (боварӣ бар устувории тартиботи вуҷуддошта, ки қарнҳо тавассути синфҳои ҳоким ба мардум иблоғ мегардид) бартараф намуд.                                                                               

Ин инқилоб чун ҳамоиши осоиштаи зиддиҷангии коргарон оғоз гардид, аммо нақши калидиро дар он боз деҳқонон бозиданд. Аскарони гарнизони Петроград, деҳқонбачаҳои шинелпӯш аз тиркушодан ба коргарони пойтахт сар боз заданд ва ҳамоиши осоишта ба шӯриш мубаддал гардид. Мавқеъи ишғол намудаи роҳбарияти Думаи давлатӣ низ ғалабаро осон кард. Аскарони шӯришгар худашон ба назди Дума омаданд ва аз вакилони мардуми талаб карданд қудратро дар кишвар ба дасти худ гиранд.      Ҳамин тариқ моҳи феврали соли 1917 ҳукумати мутлақаи подшоҳӣ дар симои Николаи 2-юм бо кӯшиши якҷояи тамоми нерӯҳои сиёси иҷтимоии мухолифин барканор карда шуд ва қудрат ба дасти Ҳукумати муваққат гузашт, ки асоси ин ҳукуматро намояндагони ҳизби кадетӣ, ки дар Дума аз ҳама зиёд намоянда доштанд, ташкил намуданд.

Аммо аллакай баъд аз 1 моҳ маълум гардид, ки мардум ва Ҳукумати муваққатӣ ба ҳалли ду масъалаи асосӣ-замин ва сулҳ назари мухталиф доранд ва аз ин ду масъала, масъалаи замин ҳалли душвортаре дошт.

Кадетҳо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонистанд талаби деҳқононро дар мавриди барҳам додани моликияти хусусӣ ба замин ва тақсими баробари он миёна ҳамаи деҳқонон иҷро намоянд. Чун дар амал татбиқ додани ин барнома, на танҳо ба заминдорони калон зарба мезад балки асоси моликияти хусусиро зери суол мебурд. Заминдорони калон бештари замини худро дар бонкҳо ба гарав гузошта ва қисмати дигари замин бошад тавассути иддае аз деҳқонон ва сокинони шаҳрӣ боз бо қарзҳои бонкӣ харидорӣ шуда буд. Агар талаби оммаи деҳқонон ҷомаи амал мепӯшид, бӯҳрони шадидеро дар истеҳсолоти шаҳрӣ ба бор меовард. Масъалаи замин масъалаи сулҳҳо дар кишвар дуюмдараҷа намуд. Иттиҳод бо Антанта барои кадетҳо бисёр муҳим буду маҳз ин кадетҳоро аз бастани сулҳи сепаратӣ бо немисҳо боз медоштанд. Ҳукумати муваққатӣ ба хубӣ дарк мекард, ки поёни ҷанг (ба ҳар навъе. ки он поён наёбад) ислоҳоти аграриро ба мавзӯи рӯз табдил медод. Бинобар ин, ба андешаи кадетҳо идома додани ҷанг имконияти боздоштани инқилобро дар зери шиорҳои мустаҳкам намудани интизом дар фронт ва ақибгоҳ муҳаё мекард. 

Диктотураи ҳарбӣ

Кадетҳо бо вуҷуди ҷаҳонбинии рӯшанфикронаашон хеле зуд ба хулосаи зарурати ҷорӣ намудани диктатураи ҳарбӣ расиданд. Инро метавон лаҳзаи калидӣ номид. Равшанфикрони рус дар симои кадетҳо маҷбур буданд иқрор кунанд, ки бо усулҳои либералӣ инқилобро дар чаҳорчӯби демократияи буржуазӣ дигар нигоҳдошта  наметавонанд. Нақши диктаторро кадетҳо ба генерал Л. Карнилов супурданд. Аммо шӯриши генерал ба нокомӣ дучор гардид ва сабабҳои нокомиаш низ маълум буданд. Аскарон таҳти таъсири таблиғоти инқилобӣ, аз афсарон тарафдорӣ накарданд. Фосилаи бузург миёни болоҳо ва поинҳо мисли ҳамеша нақши худро ифшо кард. Кадетҳо баъди нокомии генерал Карнилов дигар ба пуррагӣ аз боварии коргарон ва деҳқонон баромаданд.

Акнун қисмати ояндаи инқилоб аз мавқеъи эссерон ва меншевикҳо вобастагӣ дошт. Баъди баҳсу мунозироти шадид, сотсиалистони ростгаро ба гирифтани қудрат розӣ нашуданд ва ба ҳимоя ҳукумати Керинский овоз доданд. Керинский бошад дар асл ҳамон сиёати кадетҳоро идома медод ва ҳалли масъалаи замин ва сулҳро ба таъхир меандохт. Аммо ин сиёсат дигар имкони худро аз даст дода буд ва ҳар ки онро пиёда мекард ночор ба нокомӣ дучор мегардид. 

Аз Директория то Ҷумҳурӣ

Тирамоҳи соли 1917 деҳқонони рус ба ишғоли оммавии худсаронаи заминҳои помешикҳо шурӯ карданд. Ҳукумати Керенкий бошад, на метавонист садди роҳи ин ишғолгариҳо гардад ва на мехост онҳоро ба рамият шиносад. Ҳамаи ин ба буҳрони навбатии ҳукуматӣ мунҷар гардид. Билохира 14 сентябри соли 1917 дар импературии собиқ ниҳоди нави ҳукумати Директория таъсис ёфт. Ин ниҳоди нав аз 5 нафар иборат буд ва ба он Керенский сарварӣ мекард. Худи ҳамон рӯз, намояндагони ниҳоди нав Русияро Ҷумҳурӣ эълон намуданд. Ҳукумати нави Керенский интизори Маҷлиси Муасисон нашуда, дар кишвар озодиҳои сиёсиро ҷорӣ намуд. Эссерон ба осонӣ метавонистанд Керинскийро маҷбур кунанд ислоҳоти аграриро низ эълон кунад, аммо ин корро накарданд. Дар тамоми ин вақт эссерон кӯшиданд бо кадетҳо дар масъалаи аз ҳама душвор-замин ба тавофуқ бирасанд. Хатогии асосии эссерон дар ин буд, ки соли 1917, вақте масъалаи гузаштан ба сотсиализм ба масъали рӯз дар кишвар мубаддал гардид, пешвоёни эссерҳо ба хулосае омаданд, ки чунин гузариш дар шароити Русия ҳанӯз бармаҳал мебошад ва худ нохоста аз мавқеъи меншивикон дифоъ намуданд. Ҳамин тариқ  сар боз задани ҳукумати Керенский ва сотсиалистони рус (эссерону меншевикон), аз ҳалли масъалаи замин ва сулҳ барои болшевикон роҳро ҷониби қудрати сиёсӣ ҳамвор намуд. Ба таъбири дигар маҳз ин 2 масъала сабабҳои бевоситаи таърихии инқилоби Октябрӣ гардиданд. Талабҳои аграрии деҳқонон, инқилоби февралии русро аз чаҳорчӯби инқилоби буржуазӣ хориҷ мегардонд ва танҳо ҳизбе, ки таёр буд аз ин чаҳорчӯб берун ояд, ба тарафдори оммаи васеъи мардум ноил мегардид. Сотсиалистони ростгарои рус бошанд ин масъулиятро ба дӯш нагирифтанд.

 

 Меҳрубон  Салимшоев,

Муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

Матлабҳои дигар