ХАБАРИ ДОҒ

 

Нахустин кайҳонавард

Имрӯз қариб тамоми дастовардҳои илмии бани башар, аз алоқаи мобилӣ гирифта, то интернет ба кайҳон бастагӣ доранд. Солҳои тӯлонӣ тасхири кайҳон ба масъалаи доғи сиёсӣ низ табдил гардида буд ва асоситарин майдони рақобат миёни абарқудратҳои вақт, хусусан СССР ва ИМА ба шумор мерафт. Ва дар ин рақобат, аввалин кишвари Шӯроҳо ҳамеша як қадам аз ИМА пеш ҳаракат мекард ва аввалин шуда, кайҳонаварди шӯравӣ Юрий Гагарин 12 апрели соли 1961 ба фазои кайҳонӣ баромад. 

Мушак ва таърихи он

Заминасози парвози аввалин техникаи мушакӣ гардид. Маҳз ба шарофатии мушакҳо, аввалин киштиҳои кайҳонӣ ва аз ҷумла "Восток”-и Гагарин сохта шуданд. Мушакҳо ва моҳвораҳоро мешуд ҳам ба мақсади осоишта ва ҳам бо мақсади ҳарбӣ истифода бурд. Пешгоми мушаксозӣ дар ҷаҳон немисҳо ба шумор мерафтанд. Олмон баъди шикаст дар ҷанги ҷаҳонии аввал, тибқи сулҳномаи Версал аз доштани тупхонаи дурзан маҳрум гардида, фармондеҳии олмонӣ қарор дод, силоҳи мушакиро бисозад. Олимони немис аз миёнаҳои даҳаи 20-уми қарни гузашта, ба сохтани силоҳи мушакӣ рӯй оварданд ва соли 1942 гурӯҳи кории олимони немис бо сарварии Варнер фон Браун, ба партоби аввалин мушак муваффақ шуданд. Соли 1943 бошад Олмон ба истеҳсоли саноатии мушакҳои "Фау-2" оғоз намуд. Ин мушак то 1000 кг маводи тарканда дошт ва метавонист 300 км масофаро тай кунад.                                                                                                     

  Дар авохири ҷанги ҷаҳонии дуввум ҳам СССР ва ҳам ИМА мекӯшиданд ба технологияҳои мушакии немисҳо даст ёбанд. Амрикоиҳо дар ин ҷодда муваффақтар буданд. Фармондеҳии амрикоӣ баҳори соли 1945 дар Олмон амалиёти махсусеро таҳти унвони "Скрепка" (Часпаки оҳанин) пиёда кард. Дар натиҷаи ин амалиёт "падари" саноати мушакӣ Варнер фон Браун бо гурӯҳи калони олимони немис ба ИМА интиқол дода шуд. Бо вуҷуди ин аввалин кишвари Шӯроҳо дар ин сабқат пештоз гардид. Ба андешаи мутахассисон пештозии СССР чанд сабаб дошт. Баъди анҷоми Ҷанги ҷаҳонии дуввум ИМА аз теъдоди зиёди тайёраҳои бомбафкани дурпарвоз бархурдор буд.

Ин тайёраҳо дар базаҳои ҳарбии амрикоиҳо, дар сар то сари ҷаҳон ҷойгир буда, ба осонӣ метавонистанд ҳудуди СССР-ро зери борони атомӣ қарор диҳанд. Дар ҷавоби ин, роҳбарони СССР қарор доданд техникаи мушакиро рушд диҳанд. Чаро, ки СССР танҳо бо мушак метавонист ҳудуди ИМА-ро мавриди ҳадаф қарор диҳад. Амрикоиҳо бошанд бо тайёраҳои бомбафканашон ин корро ба осонӣ анҷом медоданд. Ин вазъият роҳбарияти шӯравиро водор кард, ки дар ин самт кӯшиши бештар кунад ва аз он тараф амрикоиҳо низ аз оғоз мекӯшиданд бомбҳои атомии хурд-хурд бисозанд ва бинобар ин, ниёзи чандоне ба мушак надоштанд. Аз ин ҷиҳат мушакбарҳои шӯравӣ солҳои тӯлонӣ аз мушакбарҳои амрикоӣ пурқуваттар буданд. Аз тарафи дигар, доштани мушак он шабу рӯз нишони абарқудратии кишвар буд ва дар Кремл инро ба хуби дарк мекарданд. 

Оғози рақобат барои кайҳон

Тобистони соли 1955 СССР ва ИМА қариб дар як вақт эълон намуданд, ки дар соли ҷадид ба кайҳон моҳвора мебароранд. Дар нерӯҳои мусаллаҳи ИМА се гурӯҳи мушаксозон бо сарварии Варнер фон Браун заҳмат мекашиданд ва ҳама бар он бовар буданд, ки ИМА дар ин самт яккатози майдон аст. Дар СССР бошад 21 августи соли 1957 аввалин мушаки балистикии байнисайёравӣ озмоиш карда шуд. Дар ИМА ба ин хабар эътиное накарданд, аммо дар асл маҳз мушаки Р-7, ки бо муваффақият партоб гардид роҳро ба сӯи кайҳон боз кард.   

 4 октябри соли 1957 бошад, ҳамин мушак аввали моҳвораи сунъии Заминро ба кайҳон баровард. Субҳи 5 октябр амрикоиҳо фаҳмиданд, ки ҳангоми хоб буданашон моҳвораи шӯравӣ чаҳор маротиба аз болои ИМА давр зада гузаштааст. Дар матбуоти ИМА моҳвораи шӯравиро "Моҳи Сурх" (Красная Луна) ном ниҳоданд ва калимаи "моҳвора" (Спутник) низ дар забони амрикоӣ роиҷ гардид. Он шабу рӯз ҷомеъаи амрикоиро ваҳшат фаро гирифта буд. Президенти ИМА Эйзенхауер дар баёнияи расмиаш моҳвораи шӯравиро "як пуфаки хурд дар осмон" номид ва иброз намуд, ки "парвози он ӯро ҳатто лаҳзае беқарор накард". Аммо баъзе аз сиёсатмадорони дигар партоби моҳвораи шӯравиро "Перл Харбори технологӣ" қаламдод карданд ва талаб мекарданд фавран ҷавоби шӯравиҳоро диҳанд. 6 декабри соли 1957 дар димоғаи Канавералл аввалин кӯшиши баровардани моҳвора ба кайҳон аз ҷониб амрикоиҳо ба нокоми дучор гардид. Мушаки "Авангард" (Vanguard) танҳо 4 фут боло рафт ва таркид.                                 

 Ба амрикоиҳо муяссар гардид, танҳо 31 январи соли 1958 моҳвораи худро таҳти унвони "Explorer 1" ба фазои кайҳони бароранд. Дар СССР бошад дар ин муддат аллакай моҳвораи дуввум "Лайка" (Спутник-2) ва баъди чанде Спутник -3 ро, ки якуним тонна вазн дошт ба кайҳон бароварданд. Бо партоби моҳвора СССР аввалин кишвари кайҳонӣ гардид. Барои кишваре, ки тоза аз ҷанги хонумонсӯзе берун омада буд, партоби моҳвора нишони беҳтаршудани вазъият шуд. 19 августи соли 1960 дар СССР "Спутники-5" ба фазои кайҳонӣ баромад. Дар дохили моҳвора бошад ин бор ҷондорони зинда ба фазо баромаданд. СССР ду саги зиндаро бо номҳои Белка ва Стрелка ба кайҳон баровард. Дар ҷавоб амрикоиҳо як сол баъд (1961) киштии кайҳониро бо як шимпанзе бо исми Хэм ба фазо бароварданд. Хэм низ зиндаву саломат ба Замин боз гашт.

ИнтихобиГагарин

 

Акнун навбати парвози одам ба кайҳон буд. Ин бор амрикоиҳо корро ҷиддӣ гирифтанд  ва 1 октябри соли 1958 дар ИМА агентии NASA таъсис дода шуд. Аввалин барномаи агентӣ "Меркурий" ном гирифт ва ҳадафи асосии он парвози одам ба кайҳон буд. Амрикоиҳо барои парвози кайҳонӣ, аз миёни садҳо халабони -озмоишгар, танҳо 7 нафарро интихоб карданд. Ин 7 нафар кайҳонаварди оянда "Ҳафтгонаи Меркурий" ном ниҳода шуданд. Ин ҳафтгона дар ҳол дар сар то сари ИМА машҳур шуд. Мардум мехост ҳама чизро дар бораи онҳо бидонад.                                                                                 

  Дар СССР бошад, кайҳонавардони ояндаро аз миёни сарнишинони қиркунандаҳо интихоб карданд. Ин қарори Сергей Каролоёв буд. Ин олими шӯравӣ ақида дошт, ки халабонҳои тайёраҳои қиркунанда аз маҳорат ва таҷрибаи бештар бархурдоранд. Королёв ва гурӯҳи кориаш барои парвози оянда 20 нафарро интихоб карданд. Ҳангоми интихоб авомили дигар низ мисли узвияти ҳизбӣ, фаъолияти сиёсӣ ва баромади иҷтимоъӣ ба инобат гирифта мешуданд. Дар дастаи аввали кайҳонавардон 2 нафар аз ҳама бештар ба ин талабот мувофиқат мекарданд. Лейтенанҳои калон Юрий Гагарин ва Герман Титов.                             Корёлов шитоб мекард, чун роҳбарияти шӯравӣ иттилоъ дошт, ки амрикоиҳо мехоҳанд  дар авохири апрели соли 1961 кайҳонаварди худро ба фазо бароранд. Дар СССР парвози кайҳониро аз 11 то 17 апрели соли 1961 ба нақша гирифта буданд. Аввалин кайҳонавардро бошад дар лаҳзаҳои охирин, ҳангоми нишасти Кумитаи Давлатӣ интихоб карданд. Юрий Гагарин ба ҳайси аввалин сарнишин интихоб гардид ва дӯсташ Титов сарнишини эҳтиётӣ буда, дар сурати лозима мебоист Гагаринро ҷойгузин мекард.                                                                                       

3 апрели соли 1961 бошад Раёсати КМ қарори парвози инсонро ба кайҳон ба тасвиб расонид. 8 апрел нишасти Кумитаи Давлатӣ, ки ба ин мавзӯъ бахшидашуда буд, баргузор гардид. Дар нишаст барои партоби киштии кайҳонии "Восток" иҷоза дода шуда, супориши кайҳонаваради оянда муаян карда шуданд. Тибқи ин супоришнома, Гагарин бояд дар баландии 180-230 км дар муддати 1,5 соат гирди Замин давр мезад ва имкони истиқомати инсонро дохили киштии махсус, дар фазои кайҳонӣ муаян мекард. Билохира, киштии кайҳонии "Восток" 12 апрели соли 1961, соати 09:07 дақиқа аз Байконури Қазоқистон ба фазои кайҳонӣ баромад. Гагарин дар парвоз тахаллуси "Кедр" (Сидр) дошт ва бо муваффақият супориши худро иҷро намуд.

 

Меҳрубон  Салимшоев,

Муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter